Барои муътақид шудан ба масъулиятшиносиву шабзиндадории кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» бояд талошҳояшонро дар робита ба иҷрои рисолат бо чашми сар дид.
Баъзан маврид ҳастанд нафароне, ки нигоҳдории роҳро кори саҳлу сода пиндошта, ба фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «аз паси панҷа менигаранд». Дар ҳоле, ки аз лиҳози моҳият нигоҳдории роҳ аз бунёди он камтар набуда, дар сурати сари вақт ва тибқи талаботи мавҷуда амалӣ нагардидан дар як муддат ғайри қобили истифода шудани роҳ амри муқаррарист.
Бо дарки масъулият мегӯям, ки аз рӯзҳои аввали фаъолият масъулиятшиносӣ дар сархати авлавиятҳои филиали IRS қарор дошту дорад. Илова бар ин, бунёдкориву ободонӣ раванди муттасил буда, таваҷҷуҳи роҳбарият ба он хоса аст.
Шоҳид будем, ки имсол тармаборӣ дар масири роҳи Душанбе-Чаноқ хеле барвақт шуруъ гардид. Сарфи назар аз ин, дар заминаи омодагии ҷиддӣ рисолат дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро шуда истодааст. Масъулин қариб ҳама дар масири роҳ буда, бартарафсозии пайомадҳои офатҳои табиӣ зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарият қарор дошту дорад. Дар давоми ин рӯзҳо теъдоди зиёди техникаҳои пуриқтидори филиали Ширкат машғули тоза кардани тарма буданд.
Бо дарназардошти вазъияти мавҷуда, роҳбарияти филиали Ширкат тасмим гирифт, ки барои бартарафсозии тарма маротибаи аввал булдозерҳоро истифода намояд. Ёдовар мешавем, ки дар робита ба боришоти шадиду тармафароии зимистони солҳои 2016-2017 филиали Ширкат теъдоди муайяни булдозерҳоро, ки истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи олам мебошанд, харидорӣ намуда буд. Масъулини филиали Ширкат аз ин корхонаҳо дидан намуда, баъд аз муътақид шудан ба махсусиятҳои булдозерҳои мавриди назар ва мувофиқ буданашон барои истифода дар роҳи Душанбе-Чаноқ барои харидории онҳо иқдом намуда буданд.
Ҳамрадиф бо ин, барои сари вақт ба макони зарурӣ интиқол додани онҳо трейлер низ харидорӣ шуд. Дар муддати кӯтоҳ тавассути трейлери мазкур булдозерҳо ба макони хавфи тармаборӣ зиёд — километрҳои 48 — 73 интиқол дода шуданд. Мардуми зиёд, ки ҷаҳду талоши кормандони филиали Ширкатро шоҳид буданд, ба ин тадбирандешӣ таҳсин хонданд. Муҳимтар аз ҳама, ронандагону мусофирон эътироф карданд, ки маҳз ба шарофати кормандони масъулиятшинос ва техникаҳои пуриқтидоре, ки барои рафъи ин ҳолат аз ҷониби филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» сафарбар шуданд, тармаҳое, ки ҳаҷмаш қобили мулоҳиза маҳсуб мешуд, дар муддати кӯтоҳ бартараф гардид.
— Воқеан ҳам роҳи Душанбе-Чаноқ дар симои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳбони боэътимод дорад. Ин корҳоро нодида гирифтан беинсофӣ аст. Дидем, ки онҳо (манзур кормандони филиали Ширкат) хеле масъулиятшиносанд. Ҷаҳду талош мекунанд, то роҳ кушода ва дар ҳолати хуб қарор дошта бошад. Кормандон ҳамеша дар такопӯ буда, ба ронандагону мусофирон бо алфози ширин муносибат мекунанд. Аҳсан ба онҳо!,- гуфтанд ронандагону мусофирон.
Мавриди зикр аст, ки боришоти барфу борон дар масири роҳи Душанбе-Чаноқ аз моҳи ноябри соли гузашта шуруъ гардида, бо таваққуфи кӯтоҳмуддат бемайлон идома дорад. Ҳарчанд ҳоло дар водиҳо аз барф нишоне нест, вале дар ин масир боридани барф, борони пуршиддат, тармафароӣ, лағжидани куҳпора хеле зиёд ба амал меояд. Табиист, ки чунин ҳолат аз кормандони филиали Ширкат истифодаи густурдаи нерӯ ва техникаву механизмҳои мавҷударо, ки теъдодашон зиёда аз 210 ададро ташкил медиҳад, тақозо менамояд. Метавон гуфт, ки ин рисолат аз ҷониби онҳо дар сатҳи хуб ва бо сифати баланд иҷро шуда истодааст. Дар навбати аввал, техникаҳои филиали Ширкат роҳро аз барф тоза намуда, пошидани маводи зиддилағжиш мунтазам ҷараён дорад. Муҳимтар аз ҳама, новобаста аз боришоти шадиди барфу борон ва тармафароӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин масир қатъ нагардидааст.
Тибқи таҷрибаи ҳосилшуда, тармафароӣ асосан дар километрҳои 65-159, лағжиши сангпораҳо дар километрҳои 20 ва 39, бориши беисти борон дар километрҳои 10-157-уми роҳ ба амал меояд.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки роҳбарияти филиали Ширкат низ тамоми вақт дар канори кормандон қарор дошта, кор зери назорати ҷиддӣ қарор дорад.
— Омодагии филиали Ширкат ба ин мавсим хеле ҷиддӣ ва ҳамаҷониба буда, дар ин раванд таваҷҷуҳи хоса ба сатҳи омодагӣ ва ҳолати кории техникаву механизмҳо зоҳир гардида, ба қадри кофӣ маводи зиддилағжиш ва сӯзишворӣ захира шуд. Биноан, бо дарки масъулият мегӯем, ки рисолати хеш — нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқро минбаъд низ дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро хоҳем кард,- мегӯянд онҳо.
Хотиррасон мешавем, ки дар мавсими сармо кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза теъдоди зиёди тармаҳои хурду бузург ва куҳпораҳои фаромадаро бетаъхир бартараф мекунанд. Ба шарофати «ҳарб»-и кормандону техникаҳои филиали Ширкат бо офатҳои табиӣ ҳоло роҳ кушода аст. Вале бояд мадди назар дошт, ки кушода шудани роҳ маънои хотимаи шабзиндадориву фарҷоми афзоиши сарбории кормандони филиали Ширкатро надорад. Зеро ҳар лаҳза хавфи фаромадани тарма мавҷуд буда, онҳо доимо ба тадбирандешии бетаъхир омода буда, аз он ки масофаро коҳиш дода, қалбҳоро бо ҳам мерасонанд, ифтихорманданд. Ба онҳо барору комёбӣ таманно дорем. Хаста набошед! Мисраъҳои зер дар васфи онҳо иншо шудааст:
Набошад раҳкушоӣ даркушоӣ,
Намо андеша пеш аз лабкушоӣ!
Шаби туфону боду барфу борон,
Намояд марди раҳ бас ҷонфидоӣ!
Далери АБДУЛЛО, журналист