Пардохти ғайринақдӣ ба маънои томаш мададрасони беминнат аст
Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, дар давоми рӯзҳои охир кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташонро ҷиҳати зиёд намудани пардохти ғайринақдӣ ҳангоми гузариши воситаҳои нақлиёт аз тариқи плазаҳои толлингии филиали Ширкат тавсеа бахшиданд. Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешниҳоди кортҳои электронӣ ва зиёд намудани хатсайрҳои экспресс аз корҳои дар робита ба ин масъала амалишуда ба ҳисоб мераванд.
Мутаассифона, на ҳама моҳияти ин корро дуруст дарк карданд ва аз ин лиҳоз миёни як қисмати шаҳрвандон фаҳмиши нодуруст ба миён омад. Дар ҳамин ҳол баъзе нафарони аз бартариҳои ин кор бехабар онро “ихтироъ”-и филиали Ширкат арзёбӣ карда, доир ба манфиатҳояш “ба лаб муҳри хомӯшӣ заданд”.
Ронандагон бояд дуруст дарк намоянд, ки истифодаи кортҳои электронии филиали Ширкат бартариҳои зиёд дорад. Аввалан, он воситаи хеле қулайи баҳравар гаштан аз хизматрасониҳои пешниҳодменамудаи филиали Ширкат ба ҳисоб меравад.
Сониян, ин омил то андозае ба коҳиш ёфтани пули нақд дар гардиш, ки аз лиҳози иқтисодӣ хеле муҳим аст, боис мегардад. Таъкид менамоем, ки истифодаи ин намуди хизматрасонӣ ба майлу иродаи шаҳрвандон вобаста буда, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар низоми толлингии филиали Ширкат дар муддати кӯтоҳ суратҳисоби худро кушоянд ва аз имкони пардохти маблағи убури плазаҳо бо роҳи ғайринақдӣ баҳравар шаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки кортҳои зикршуда аз ҷониби филиали Ширкат пешниҳод шуда, истифодаи он бе иштироки хазинадор, ки қаблан тариқи нақдӣ маблағро қабул мекард, имконпазир аст. Ба дорандаи чунин корт кофӣ аст, ки корташро ба панели берунаи пардохт, ки дар ҷойгоҳи хазинадор насб шудааст, наздик барад. Таҷҳизоти замонавии насбшуда фавран ба кор даромада, маблағи пешбинишуда гирифта, роҳ барои гузариши воситаи нақлиёт кушода мешавад. Истифодаи чунин корт дар баробари бартариҳои зикршуда, ҳамчунин, замина фароҳам меорад, ки тамбашавии автомобилҳо дар плазаҳои толлингӣ умуман аз байн равад. Зеро сураъати хизматрасонӣ бамаротиб афзуда, сифати он беҳбуд меёбад.
Хотиррасон бояд кард, ки кушодани суратҳисоб ва гирифтани корт осон ва дар муддати кӯтоҳ имконпазир буда, шаҳрвандонро мебояд нусхаи шиноснома, нусхаи РМА (ИНН), нусхаи шиносномаи техникии автомобил, нусхаи ваколатномаро (агар воситаи нақлиёт таҳти соҳибияти дигар шахс бошад), ба пешниҳод намояд. Маълумоти иловагӣ дар саҳифаи филиали Ширкат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, сайти филиали Ширкат ва аз тариқи телефони 48 701 10 20 қобили дарёфт аст.
Ёдовар бояд шавем, ки моҳи апрели соли 2016 мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. Моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Риоя накардани тартиби истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва баҳисобгирии хазина» ном дошта, тибқи иловаҳо ба номи модда калимаҳои «терминалҳои электронӣ» ва қисми нав дар таҳрири зерин пешниҳод гардидааст: «Барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то яксаду шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду шаст то яксаду ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешаванд».
Ба густариши пардохти ғайринақдӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан далели возеҳи он аст, ки роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои ин муқаррароти қонунгузорӣ фаъол буда, дар ин самт корҳои зиёдро ба иҷро расонидаанд.
Бо дарки масъулият мегӯем, ки пардохти ғайринақдӣ ба маънои томаш мададрасони беминнати ронандагон аст. Ба шарте ки моҳияти он дарк гардаду ин раванд дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ шавад.
Бо назардошти ин гуфта боварӣ дорем, ки ояндаи наздик истифодаи кортҳои электронии филиали Ширкат миёни ронандагон маҳбубият касб карда, аксарият аз он истифода хоҳанд кард.
Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон