Инак, маъракаи хеле ҷиддии сиёсӣ, яъне интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт ва довталабон дар ниҳоят барои бештар ба даст овардани овози мардум барномаҳои гуногуни худро пешниҳод карда истодаанд.
Банда бо барномаи аксари ҳизбҳо аллакай шиносам ва ба назари ман дар барномаҳои аксари номзадҳо дастгирии як қишри ҷомеа — муҳоҷирон мавриди фаромӯшӣ қарор гирифтааст ва ё хеле кам ба назар мерасад, ки бояд баръакс бошад. Зеро, ба ҳамагон маълум аст, ки сол ба сол раванди муҳоҷират дар кишвар ба ҷои кам шудан рӯ ба афзоиш аст ва бо буҳрони КОВИД-19 ин чиз дар ояндаи наздик боз ҳам бештар хоҳад шуд. Имрӯз оилаеро (ба истиснои оилаҳои мансабдорон ва соҳибкорони муваффақ) номбар кардан душвор аст, ки ягон нафар аз аъзои он дар муҳоҷират қарор надошта бошад. Набудани ҷои кори дуруст дар Тоҷикистон, фалаҷ шудани инфрасохтори хоҷагии қишлоқ, аз ҳад зиёд будани андози замин аксарро водор намуда истодааст, ки рӯ ба муҳоҷират оранд. Дигар новобаста ба он ки шаҳрвандони Тоҷикистон кадом мактаби олиро хатм мекунанд, дипломи кадом коллеҷро мегиранд, аксари онҳо дипломҳои худро ба гӯшае монда, ба муҳоҷират рӯ меоранд. Ба муҳоҷират рӯ оварданашон на барои он аст, ки аксари онҳо мактабро бесавод хатм мекунанд ё ихтисоси бозоргир надоранд, балки вобаста ба он аст, ки дар кишвар ҷои кор ҳар сол хеле кам созмон дода мешавад, ки ҳатто талаботи 15-20 фоизи хатмкунандагонро қонеъ намекунад. Ҳатто онҳоеро дучор меоем, ки донишгоҳҳоро бо дипломи сурх хатм намуда, рӯ ба муҳоҷират овардаанд. Пешгӯӣ кардан душвор аст, ки дар ояндаи наздик имконияти боздошти раванди муҳоҷират ба вуҷуд ояд.
Фаромӯш набояд кард, ки муҳоҷирон айни замон маблағгузори асосии буҷа ва таъминкунандаи вазъи муътадили иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба ҳисоб рафта, маҳз маблағи ирсолменамудаи муҳоҷирон инфрасохтори Тоҷикистонро ба таври бояду шояд нигоҳ дошта, муҳаррики пешбари иқисодиёти кишвар дониста мешавад. Тибқи маълумоти омории Хадамоти муҳоҷирати Россия, айни замон шумораи муҳоҷирони мо зиёда аз 1 миллион аст, вале оморҳои дигар ин шумораро бештар нишон медиҳанд. Муҳоҷирон ҳар сол баробари 48-50 фоизи даромади буҷа ба кишвар маблағ мефиристанд.
Муҳоҷир дар барбари он ки таъминкунандаи асосии иқтисодиёти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, аз беҳуқуқтарин табақи аҳолӣ ба шумор меравад. Ҳуқуқҳои ӯ на дар Русия ва на дар Тоҷикистон ба таври бояду шояд ҳимоят карда намешавад ва ин масъала бояд дар барномаҳои номзадҳо ба президентӣ хеле рӯшан инъикос ёбад. Бояд роҳҳое пайдо карда шаванд, ки ин табақаи аҳолӣ аз имтиёзҳое бархӯрдор бошанд. Зеро ин як миллион ҳама ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд ва метавонад овози онҳо барои ҳар як номзад ҳалкунанда бошад. Бинобар ин, ба довталабони курсии президенти Тоҷикистон барои беҳтар кардани вазъи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии муҳоҷирон якчанд пешниҳод дорам:
— Ташкили фонди махсус барои дастгирӣ ва пуштибонӣ аз муҳоҷирон.
— Ҷудо намудани маблағ аз буҷа, ба таври ройгон дастрас намудани ҷасади муҳоҷирони фавтида ба ватан ва расонидани кӯмак ба оилаҳои онҳо. Ин таҷриба дар кишварҳои мутамаддини дунё аллакай вуҷуд дорад ва самараи хуб ҳам медиҳад.
— Расонидани кумакҳои пайваста ба оилаҳои муҳоҷирони фавтида ва маъюб.
— Ройгон ба ватан овардани ҳар муҳоҷири ихроҷшуда ва расонидани кумаки моддӣ ба онҳо ё ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок барои ёфтани ҷои кор ва ё машғул шудан ба тиҷорат.
— Ба муҳоҷирон додани ҳуқуқи мондани номзадӣ ба вакилӣ ва иштирок дар маъракаҳои сиёсӣ.
— Ҳарчи зудтар ба имзо расонидани шартнома бо Федератсияи Россия ва таъин намудани нафақаи пиронсолӣ барои онҳое, ки солҳои зиёд дар муҳоҷират буданд.
Ҳар нафаре, ки дар барномаи худ аз манфиати муҳоҷирон бештар ҳимоя мекунад ва дар оянда дастгирии онҳоро ҳам дар хориҷ ва ҳам дар дохил ба нақша мегирад, боварӣ ҳаст, ки овози аз ҳама бештарро соҳиб мешавад. Ман дар ҳамин андешаам.
Дигарон чӣ?
Холиқи МУҲАММАДНАЗАР