Қисми зиёди иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро пиёдагардонанд. Баҳри бехатарии ҳаракати пиёдагардон дар роҳҳҳои автомобилгард аломатҳои роҳ, аз қабили аломати пиёдагард ва чароғаки роҳнамо насб гардида, хатҳои гузашти пиёдагардон кашида ва роҳҳои зеризаминӣ сохта шудаанд.

Дар ҳудуди шаҳри Душанбе 18 гузаргоҳи зеризаминии ба стандартҳои ҷаҳони ҷавобгӯ мавриди истифода қарор доранд. Мутаасифона, баъзе сокинон ва меҳмонони пойтахт инро нодида гирифта, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, аз ҷойҳои номуайяншудаи роҳ мегузаранд, ки ронанда бо дидани пиёдагард дао ҷойи номуайян бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда наметавонад.

Аз таҳлилҳои коршиносони БДА бар меояд, ки зиёда аз 60 дарсади садамаҳои роҳу нақлиёт бо айби пиёдагардон рух медиҳанд. Онҳо ҳангоми гузаштан аз роҳ бо телефони мобилӣ гуфтугӯ мекунанд, баъзе бо гушмонак мусиқӣ гуш мекунанд, ки наздикшавии воситаи нақлиётро намефаҳманд. Баъзеҳо ногаҳонӣ ба роҳ баромада, босуръат онро убур мекунанд. Аз роҳи назди чароғаки раҳнамо, гузаргоҳҳои рӯизаминӣ ва  зеризаминӣ истифода накарда, аз болои панҷараҳои оҳанӣ ва дигар воситаҳои техникии ташкили ҳаракат ба роҳ баромада онро убур мекунанд. Онҳо бояд роҳро тариқи роҳи пиёдагард убур карда, баъд аз бовар ҳосил кардан, ки ҷода холист, аз роҳ гузаранд.

Назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки бештари пиёдагардон ба хотири сарфаи вақт ва надонистани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ баҳона пеш меоранд, ки роҳҳоро аз ҷойҳои номуайяншуда гузаштаанд. Оқибати ин гуна роҳгузариро кормандони БДА ба онҳо мефаҳмонанд ва барои ин кирдорашон нисбати онҳо тибқи моддаи 340, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маъмурӣ, яъне бо истифода аз баргаҳои ҷаримавӣ ба маблағи 7 сомонию 50 дирам тадбиқ мекунанд.

Дар ду моҳи соли ҷорӣ аз тарафи ҳайати шахсии ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе нисбати 7148 нафар пиёдагарде, ки роҳҳоро аз ҷойҳои номуайяншуда убур кардаанд, ҷарима таъийн шудааст.

Пиёдагардони муҳтарам, танҳо аз ҷойҳои муайяншуда, аз он ҷумла, гузаргоҳи пиёдагарди рӯизаминӣ ва зеризамини аз роҳ гузаред. Дар ҷойҳое, ки чароғаки роҳнамо амал мекунад, роҳро ҳангоми сабз будани чароғаки пиёдагардӣ убур кунед. Аз пеши нақлиёти дар ҳоли ҳаракат ё дар канори роҳ истода, нагузаред. Автобус ва микроавтобусҳоро танҳо дар истгоҳ интизор шавед.

Мирзохон Саидов,

нозири калони гурӯҳи ташвиқоту-тарғиботи ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе, майори милитсия                               

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here