Дар марҳилаи тараққиёти пурвусъати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 яке аз марҳилаҳои муҳими сиёсиву таърихӣ маҳсуб ёфта, дар ин давра кишвари азизамон ба пешрафту музаффариятҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву маданӣ ва фарҳангиву илмӣ расид, ки дар тараққиёти минбаъдаи самтҳои мухталифи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад. Бахусус, дар сатҳи матлуб баргузор гардидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз падидаҳои назарраси сиёсиву иҷтимоӣ дар давлатдории навини мо мебошад, ки бевосита барои ташаккули минбаъдаи пешрафтҳои рӯзафзуни давлату ҳукумат заминаи мусоид муҳайё мекунад. Дар партави сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар радифи дигар муассисаҳои олии кишвар дар тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори муосири меҳнат омода аст, ки дар ҷомеа нақши сазовор гузорад.

Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2019 ва вохӯрӣ бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ бахшида ба Рӯзи дониш — 1-уми сентябри соли 2019 дар маросими ифтитоҳи бинои замонавии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар маросими ба истифода додани муассисаи миёнаи умумии №102-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи дониш 17-уми августи соли 2020 баён намуданд, иҷрои чорабинӣ ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои расидан ба ҳадафи асосии донишгоҳ — таъмин намудани маълумоти босифат ва дастрас дар асоси рушди технологияҳои таълимӣ ва илмӣ барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, рақобатпазир, эҷодкор ва таҳаммулпазир, ки барои такмил додани нерӯи зеҳнӣ ва иқтисодиёт, рушди технологӣ ва ташаккули иқтисодиёти инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузоранд ва ҷиҳати баланд бардоштани мақоми донишгоҳ дар фазои ҷаҳонии таҳсилот тамоми нерӯи зеҳнии ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳро равона намуда истодааст.

Дар шароити муносибатҳои бозорӣ баланд бардоштани сифати таълим дар донишгоҳ ҳамчун яке аз омилҳои ҳалкунандаи рақобатпазирӣ пазируфта шудааст. Аз ин лиҳоз, ба даст овардани сифати зарурии таълим қатъиян нав кардани фаъолияти анъанавии таълимию тарбиявӣ ва илмию тадқиқотии донишгоҳ ва такмили системаи менеҷменти сифатро талаб мекунад.

Дар шароити имрӯза кори бобарори донишгоҳро бе такмили доимии фаъолият — дар навбати аввал бе беҳдошти сифати хизматҳои таълимӣ, илмӣ, иттилоотӣ ва хизматҳои дигар таъмин намудан ғайриимкон мебошад.

Раёсати донишгоҳ барои таъмин намудани маълумоти босифат ба омилҳои зерин, ки муайянкунандаи сифати таҳсилот мебошанд, аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд:

— мазмуни барномаҳои таълим (замонавӣ будани барномаҳои таълим, мувофиқати назария ва амалия, интихоби фанҳо бо назардошти талаботи рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва ғайра);

— навоварона (инноватсионӣ) будани технологияҳои таълим;

— дараҷаи дониши хатмкунандагони мактабҳои миёна ва талабот ба онҳо ҳангоми дохилшавӣ;

— салоҳият ва маҳорати касбии кадрҳои илмию омӯзгории донишгоҳ (миқдори омӯзгорони бо дараҷаю унвонҳои илмӣ, дараҷаи талаботи омӯзгорон, вуҷуд доштани таҷрибаи фаъолияти амалӣ ва ғайра);

— вазъи ҳамкории донишгоҳ бо бозори меҳнат — кордиҳандагони имконпазир (бо кор таъмин намудани хатмкунандагон, таҷрибаи истеҳсолӣ ва ғайра);

— дараҷаи таъминот бо имкониятҳои таълимию методӣ ва иттилоотию коммуникатсионӣ;

— вазъи базаи моддию техникии донишгоҳ (толорҳои лексияхонӣ, аудиторияҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, хизматрасонии тиббӣ, комплекси варзишӣ ва ғайра);

— ташкили ҷараёни таълим (саривақтӣ ва дастрас будани иттилоот, мувофиқ будани ҷадвали дарсӣ ва реҷаи кори хадамоти мактаби олӣ ва ғайра);

— вазъи фаъолияти беруназаудиторӣ (ташкили худидораи донишҷӯён, иттиҳодияҳои эҷодӣ (маҳфилҳо, сексияҳо ва ғайра);

— фаъолияти илмию тадқиқотӣ (чопи мақолаҳои омӯзгорон ва донишчӯён, дар ҷараёни таълим истифода бурдани маълумоте, ки дар рафти кори илмии омӯзгор ба даст оварда шудаанд, дар амал ҷорӣ намудани пешниҳодҳои илмии худ);

— дараҷаи донистани забонҳои хориҷӣ;

— низоми идоракунии донишгоҳ, факултет;

— вусъат додани серҳаракатии байналмилалӣ.

Агар фаъолияти ДТТ аз нигоҳи баланд бардоштани сифати таҳсилот арзёбӣ карда шавад, дар ин самт донишгоҳ барои баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбия, ҷавобгӯ будани он ба стандартҳои байналмилалии таҳсилоти олии касбӣ чандин нақша ва чорабиниҳо андешида, онҳоро зина ба зина амалӣ намуда, мавқеи худро дар фазои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он баланд намуда истодааст. Агар дар соли 2018 ДТТ дар рейтинг байни 40 МТОК ҶТ ҷои 12-умро ишғол намуда бошад, пас донишгоҳ дар соли 2020 мақоми 8-умро ишғол менамояд, ки нисбат ба соли 2018 чор зина боло мебошад.

Инчунин, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон моҳи марти соли 2019 панҷумин маротиба аз аттестатсияи навбатии Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият гузашта, соҳиби Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ то соли 2024 дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва таҳсилоти иловагӣ гардид. Инчунин, моҳи декабри соли 2019 бо муваффақият аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта, мақоми донишгоҳро сарбаландона ҳифз намуд.

Баҳри баланд бардоштани мақоми ДТТ дар фазои ҷаҳонии таҳсилот 21-уми июни соли 2019 ДТТ бо Агентии мустақили рейтинг ва аккредитатсияи Ҷумҳурии Қазоқистон, ки ба реестри Аврупоии ташкилотҳои аккредитатсионии байналмилалӣ шомил мебошад, барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани се барномаи таълимии худ шарнома ба имзо расонид.

Бояд қайд намуд, ки барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштан фаъолияти донишгоҳ бояд ба Стандартҳои Аврупо ва роҳнамо оид ба таъмини сифати таҳсилоти олӣ дар фазои Аврупо ҷавобгӯ бошад.

Раёсати ДТТ бо назардошти муваффақияти ба даст овардаи хатмкунандагон ва саҳми онҳо дар рушди иқтисоди ҶТ, пояи моддӣ-техникӣ, нерӯи зеҳнии ҳайати омӯзгорону прфессорон ва зудҳаракатии (мобильность) донишҷӯёну омӯзгорон се барномаи таълимии худро барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштан омода намуд.

Бо қарори Шӯрои аккредитатсионии Агентии мустақили рейтинг ва аккредитатсияи Ҷумҳурии Қазоқистон аз 28-уми феврали соли 2020, №49 ду барномаи таълимии донишгоҳ ба муҳлати 5 сол ва як барномаи таълимӣ ба муҳлати 3 сол соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалии аккредитатсияи барномавӣ гардиданд. Ногуфта намонад, айни ҳол танҳо ба чаҳор МТОК Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардидааст, ки соҳиби Шаҳодатномаи аккредитатсионии байналмилалӣ гарданд. Дар байни онҳо ДТТ ягона донишгоҳе мебошад, ки 2 барномаи таълимиаш ба муҳлати 5 сол аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби Шаҳодатнома гаштааст.

Яке аз дигар дастовардҳои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар соли сипаригашта бо назардошти ҷавобгӯ будан ба Стандартҳои Аврупоии Сифат таъмин намудани самтҳои асосии фаъолияти донишгоҳ бо низомномаҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии таълимию методӣ мебошад. Бо супориши раёсати донишгоҳ дар ин муддат зиёда аз 60 низомнома ва ҳуҷҷатҳои меъёрии таълимию методӣ таҳия карда шуда, дар Шӯрои олимони донишгоҳ тасдиқ карда шуд. Дар ин давра низомнома ва ҳуҷҷатҳое ба монанди «Стратегияи рушди ДТТ то давраи соли 2030», «Сиёсати сифати маълумот», «Низоми дохилии баҳодиҳии сифати маълумот дар ДТТ», «Низомномаи таҳияи барномаҳои таълимӣ», «Қоидаҳои риояи ростқавлии академӣ» ва даҳҳо дигар таҳия гардидааст, ки дар таърихи донишгоҳ нахустин мебошанд.

Барои баланд бардоштани низоми сифати таҳсилот Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар соли 2019 аввалин маротиба “Низомномаи низоми баҳодиҳии дохилии сифати таҳсилот дар ДТТ”-ро таҳия намуда, онро амалӣ намуда истодааст. Дар ҳуҷҷати мазкур мақсад ва вазифаи низоми мустақили арзёбии сифати таҳсилот, принсипҳо, ташкил ва фаъолияти низоми дохилии баҳодиҳии сифати таҳсилот, ҷузъҳои таркибии низоми дохилии баҳодиҳии сифати таҳсилот, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои низоми дохилии баҳодиҳии сифати таҳсилот дар донишгоҳ бо шакли мушаххас нишон дода шудааст. Аз ҷумла:

— арзёбии дохилии сифати таълими донишҷӯён;

— арзёбии дохилии сифати мазмун ва мундариҷаи барномаҳои таълимӣ;

— арзёбии дохилии сифати омӯзгорони донишгоҳ;

— арзёбии дохилии сифати таъминоти моддӣ-техникии ҷараёни таълим;

— арзёбии дохилии сифати ҳамкорӣ бо ташкилотҳои дахлдор дар масъалаи такмили ҷараёни таълим;

— татбиқи зуҳуроти зидди коррупсионӣ дар татбиқи барномаҳои таълимӣ;

— арзёбии дохилии сифати ташкили корҳои тарбиявӣ бо донишҷӯён;

— арзёбии дохилии сифати корҳои илмию методӣ.

Таҳлили натиҷаи сесияи имтиҳонӣ тайи чор соли охир нишон медиҳад, ки дар донишгоҳ сатҳи сифати таълим то андозае беҳтар шуда истодааст. Агар фисади донишҷӯёне, ки сесияи имтиҳонии соли таҳсили 2016-2017-ро бо баҳои хубу аъло ҷамъбаст намуданд, 18,5%-ро ташкил диҳад, пас ин нишондиҳанда дар давраи сесияи аввали соли таҳсили 2019-2020 ба 26% расидааст.

Таҳлилҳои солҳои охир нишон дод, ки дар ин давра тамоюли мусбат дар теъдоди қабули донишҷӯён ба курси якум ба назар мерасад. Суръати миёнаи афзоиши қабули донишҷӯён дар ин давра 13,6%-ро ҳамасола ташкил медиҳад, ки ин ифодагари баланд гардидани нуфузи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар назари довталабон, кордиҳандагон ва ҷомеа мебошад.

Ба дастовардҳои донишгоҳ дар самти баланд бардоштани сифати таълим таҷдиди назар намудани мазмун ва мундариҷаи барномаҳои таълимии донишгоҳ мансуб мебошанд. Барои вусъати рушд, густариш, таҳким ва тавсеаи сифати низоми таҳсилот дар донишгоҳ дар нақшаҳои таълим як қатор амалҳо ба анҷом расонида шудаанд:

— мукаммалгардонӣ ва мазмунану сифатан беҳтар гардонидани нақша ва барномаҳоӣ таълимӣ;

— ба стандарҳои байналмилалии муваффақ мутобиқ гардонидани нақша ва барномаҳои таълимии донишгоҳ;

— муайян кардани меъёри сифати таҳсилот барои ҳар як фанни таълимӣ ва таҳияи қолаб ё усули сифати таҳсилот оид ба саҳми омӯзгор ва донишҷӯ дар раванди татбиқи технологияҳои инноватсионӣ.

Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба яке аз самтҳои афзалиятноки худ дар раванди баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва рақобатпазир дар бозори озоди меҳнат дар таъмин намудани ҷараёни таълиму тарбия бо омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта аҳамияти аввалиндараҷа дода, дар ин самт низ ба дастовардҳои назаррас соҳиб гаштааст.

Дар навбати худ, мазмуни низоми мустақили арзёбии фаъолияти ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ, чорабиниҳои баҳодиҳиро, ки дар чаҳорчӯбаи аттестатсияи ҳайати профессорону омӯзгорон, озмунҳои маҳорати педагогӣ, мониторинги доимии дараҷаи тахассусии кормандони педагогӣ, баҳодиҳии муносибат ва тайёрии ҳайати профессорону омӯзгорон оид ба баланд бардоштани маҳорати педагогӣ, баҳодиҳии рейтингии фаъолияти ҳайати профессорону омӯзгорон, мониторинги доимии қаноатмандии донишҷӯён аз ҷараёни таълим

ба амал оварда мешавад, дар бар мегирад.

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ (2020-2021) ба миқдори 288 басти штати омӯзгорон ба кор ҷалб карда шудааст. Дар умум, дар донишгоҳ 152 устодони дорои унвон ва дараҷаи илмидошта фаъолият менамоянд, ки он 53%-и миқдори умумии омӯзгоронро ташкил менамояд.

Яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир дар бозори озоди меҳнат иқтидори зеҳнии ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Иқдоми саривақтии раёсати донишгоҳ имкон фароҳам овард, ки сол то сол шумораи ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ зиёд шуда истодаанд.

Дар донишгоҳ барои омода намудани кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогӣ аҳамияти хоса медиҳанд. Айни замон дар донишгоҳ 25 докторант (10 нафар дар курси 1-ум, 8 нафар дар курси 2-юм ва 7 нафар курси 3-юм), 5 нафар аспирант ва 30 нафар унвонҷӯён дар равияҳои саноати хӯрока, сабук, технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ ва иқтисодӣ таҳсил мекунанд, ки ин миқдор нисбат ба солҳои гузашта зиёд шудааст.

Бояд қайд намуд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», Низомномаи Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (КОА ҶТ) ва Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои диссертатсионӣ дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос Шӯрои диссертатсионӣ таҳти рамзи 6D.KOA — 039, бо фармоиши КОА ҶТ таҳти №6 аз 29-уми январи соли 2018 таъсис дода шуда, соли 2020 барои панҷ соли оянда тамдид карда шудааст. Дар фаъолияти ШД соли 2018-ум 2 нафар омӯзгорон ҳимоя карда, соҳиби дипломи номзади илмҳои техникӣ гаштанд, соли 2019-ум 6 нафар ва соли 2020-ум 2 нафар ҳимоя карда, ҳимояи 1 нафар моҳи декабр дар назар аст.

Дар солҳои 2019-2020 устодону кормандони донишгоҳ аз рӯи 2 лоиҳаи фармоиши буҷавии Вазорати маориф ва илми ҶТ зиёда аз 80 мавзӯи таҳқиқотҳои фардӣ, мувофиқи нақшаи тақвимии тасдиқшудаи корҳои илмӣ таҳқиқотии кафедраҳо пеш бурдаанд.

Маҷаллаи илмӣ-амалии “Паёми ДТТ” ба рӯйхати Индекси илмии иқтибосии Россия (РИНЦ) ва аз сентябри соли 2020 ба рӯйхати маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА назди Президенти ҶТ дохил шудааст, ки натиҷаҳои асосии илмии рисолаҳои номзадиву докторӣ бояд дар он нашр карда шаванд. Он ба нашри саривақтии мақолаҳои аспирантону унвонҷӯёни донишгоҳ мусоидат намуда, чопи мақолаҳои илмии олимони ҷумҳурӣ ва давлатҳои хориҷӣ аз эътирофи байналмилалӣ касб намудани он гувоҳӣ медиҳад.

Дар соли 2016 миқдори мақолаҳои илмӣ, ки аз ҷониби олимону омӯзгорони донишгоҳ ба чоп расонида шуданд, 299 адад, соли 2017-ум 360 адад, соли 2018-ум 375 адад, соли 2019-ум 389 адад ва дар 9 моҳи соли 2020-ум 183 ададро ташкил додааст. Инчунин, монографияҳо дар соли 2016-ум 12, соли 2017-ум 10, соли 2018-ум 8, соли 2019-ум 6 ва соли 2020-ум 4 адад ба нашр расонида шудаанд. Инчунин, олимон-ихтироъкорони донишгоҳ низ ба патентҳои ҶТ ва ФР ноил гардида, дар амал онҳо дар истеҳсолот татбиқ мешаванд. Ин иқдом дар соли 2016-ум 5 ихтироъ, аз онҳо 1 патенти ФР ва 4 патенти ҶТ; соли 2017-ум 4 ихтироъ, аз онҳо 1 патенти Авруосиё, 2 патенти ҶТ ва 1 шиносномаи моликияти зеҳнӣ; соли 2018-ум 6 ихтироъ, соли 2019-ум 6 ихтироъ, аз онҳо 1 патенти ФР, 1 патенти Авруосиё ва 4 патенти ҶТ ва соли 2020-ум 3  ихтироъ ва 1 шиносномаи моликияти зеҳниро ташкил додааст.

Аз соли 2016 тибқи Низомномаи озмуни “Ихтироъкори ҷавони ДТТ” ки 27-уми декабри соли 2016 тасдиқ шудааст, ҳамасола 2 маротиба озмуни байни донишҷӯёни донишгоҳ баргузор мегардад. Дар натиҷа иштирокчиёни озмуни “Ихтироъкори ҷавон” аз ҷониби раёсати ДТТ бо дипломҳо, Ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ, инчунин иштирокчиёни озмуни “Лоиҳаи инноватсионии донишҷӯён” бо маблағи пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Ба гуфтаи ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон муҳтарам Амонзода Илҳом Темур, “донишгоҳ баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ва вазифаҳои дар ҷараёни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида, хусусан, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосир, сатҳи азхудкунии фанҳои лозима, баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон саъю талош намуда, барои ташаккули афкори эҷодиву созанда ва гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона намуда, бо ин роҳ баҳри пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми муассир мегузорад”.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here