Аҷоиб мардуманд гулободиҳо. Ба ҳар як додаи Худованд шукргузор ҳастанду ба қавли пири хирадашон бобои Рӯдакӣ, ки гуфтааст, ки «Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ…» амал менамоянд. Вале ногуфта намонад, ки на ҳамаи гулободиҳо аз шукр огаҳӣ доранд.

Беҳуда бузургон нагуфтаанд, ки «Панҷ панҷа баробар нест». Махсусан, дар Вазорати маорифи Гулобод касе аз масъулини бемасъулияташ аз кӯчаи шукру қаноат, одаму одамгарӣ гузаштан он тараф истад, бо равған гирифтани чашмонашон он роҳро гум кардаанду дигар Худованди якто медонад, ки меёбанд роҳро ё хайр. Маҳз бо нотавонбинӣ ва ғайри гуфтаҳои пирону бузургон амал намудани Вазорати маорифи Гулобод имрӯз ҷомеаи Гулободро хараҷу мараҷи зиёде фаро гирифтаву ҳама дар ҷустани гунаҳкорони «бегуноҳ» ба сад дар сар мехалонанду ҳазорон фарзияро пешниҳод месозанд. Аз ҳама аҷоибаш, риёзидонии кормандони маориф мақоли машҳури «Харро хандаву бузро бозӣ»-ро ба хотир меорад. Чунки солҳои қабл муҳассилини Гулобод 31 рӯзи январ ва 11 рӯзи март ба шарофати «Ҷашни Наврӯз» дар маҷмуъ 43 рӯз истироҳат менамуданду 7-уми июн дарс ба поён мерасид. Бар замми ин, рӯзҳои идҳои миллливу мазҳабӣ истироҳат доштанд. Соли хониши 2018-2019 бошад, ба шарофати «эврика»-и математикони машҳури Вазорати маорифи Гулобод ва корҳои тадқиқотиву кушоиши Амрикои эшон муҳассилини рӯзнодидаи Гулобод бо рӯзҳои ид якҷоя ҳамагӣ 35 рӯз истироҳат намуданду боз бечораҳоро ба ҷойи як ҳафта пеш ҷавоб додан як ҳафтаи изофӣ ба макотиб ҷалб намуданд. Ин муаммои математикиро ҷуз кормандони Вазорати маориф касе аз уҳдаи ҳаллу фаслаш баромада натавонист. Кормандони ин вазорати бонуфузу оинаи кишвар бошанд, боз «гунаҳкорро» ёфтанд. Он ҳам бошад, муаллими ноуҳдабарои Гулобод, ки наметавонад вақти аз нақшаи барнома изофиро чӣ хел дарс гузарад. Ҳама таънаву маломат ба ин қишри гапгӯшкуну гапшунав ба қавле «молҳои явош» боридан мегирифт, ки ягон чатри ҷомеа наметавонист эшонро аз ин борони маломат муҳофизат намояд. Боз ҳам мардуми шарифи Гулобод тани танҳо аз илоҷи кор баромада наметавонанду рӯ меоранд ба бобои Гулбиддину кампири Гулбибӣ, ки аз коршиносону таҳлилгарони варзидаи Гулобод мебошанду чандин рисолаҳои эшон оид ба вазъи ин ё он соҳаи Гулобод новобаста аз он ки мавриди ҳимоя қарор нагирифтанду лек аз он рисолаҳои кормандони Вазорати маориф боқадртаранд, ҷавоби суолҳои хешро меёбанд. Дар ҳақиқат ба бобои Гулбиддин дар мавриди таҳлил ба ҷуз кампири Гулбибӣ аҳёнан, касе баробар шуда наметавонад. Ин дафъа низ мардуми шарифи Гулобод ба ин ҷуфти таҳлилгар муроҷиат намуданро авлотар донистанду озими кулбаи фақиронаи эшон шуданд.

Бобои Гулбиддин бо кампири Гулбибӣ дар баҳси гарми то 14-уми июн тӯл кашидани таҳсил дар макотиби Гулобод буданд, ки айни муддао ва мувофиқи хоҳиши муроҷиаткунандагон буд. Чун аз мақсаду мароми меҳмонон пиру кампир огаҳӣ ёфтанд, фавран кампири Гулбибӣ як каф ҳазориспандро гирифта, ба дуд намудан пардохт. Ҳозирин дар ҳайрат афтоданду бо чашмони калон-калон ба бобои Гулбиддин нигоҳ карданд. Бобои рамузфаҳм эшонро ором намуда, тарсро аз дили эшон дур сохту иброз дошт, ки то омадани меҳмонон онҳо низ ҳамин масъаларо радду бадал доштанд. Шояд кампири Гулбибӣ барои таъсири чашмро дур сохтан ба ин кор даст зада бошад. Қалби меҳмонон каме таскин ёфту мақсади ташрифи хеш баён намуданд. Бобои Гулбиддин баъди шунидани мақсаду мароми эшон аз ҳарфи аввалин дарк кард, ки ҳозиринро низ масъалаи саводнокӣ, махсусан, риёзидонии кормандону масъулони Вазорати маорифи Гулобод азият медодааст.

Ҳамчунин, эшон шикоят намуданд, ки дидаву дониста кормандони Вазорати маорифи Гулобод барои саводи кофӣ надоштани хешро пинҳон намудан ҳисобро тавре нишон медиҳанд, ки агар хонандаи синфи 1, ки нав рақамро ёд гирифтааст, бинад, дар ҳайрат мемонаду бо қалами сурх хатои калонпоҳоро ислоҳ менамояд. Зимни ҳисоботи масъулини Гулобод дар соли хониши 2018-2019-ум 204 рӯзи дарсӣ, ки ба 34 ҳафта баробар аст, хонандагон дарс хондаанду муаллимин дарс гуфтаанд.

Рагҳои чакаи бобои Гулбиддин бо шунидани ин «омори дақиқ» таранг шуда, ба ларзидан даромаданду ӯ бо ҷаҳл ба меҳмонон назар дӯхту дафтареро аз зери болиште, ки кампири меҳрубонаш барои каҷпаҳлу намуда фикр кардан гузошта буд, гирифта ба назди меҳмонон гузошт. Дафтарро кушодан замон ҳанги меҳмонон канд. Дар дафтар арқоми бисёре ҷой дошт, ки лучаку пӯсткандаи гуфтаҳои масъулини Вазорати маорифи Гулободро баёну фош мекард.

Беҳтараш он «омори» бобои Гулбиддинро айнан меорем: «Соли хониш 1-уми сентябр оғоз мегардад, ки новобаста аз Иди Қурбон будан, дар ин рӯзе, ки қонун чун рӯзи истироҳат муқаррар намудааст, дарс шуд. Дар ин моҳ 24 рӯзи дарсӣ буд, моҳи октябр бошад, 27 рӯзи дарсӣ дошт. Чоряки якум ба поён расиду баъди таътил аз 12-уми ноябр дарсҳо оғоз гардиданд. Дар моҳи ноябр 17 рӯзи дарсӣ ва дар моҳи декабр 26 рӯзи дарсӣ буд. Ҷамъулҷамъ дар нимсолаи аввали соли хониш хонандагон ҳамагӣ 94 рӯзак дарс хонданду халос. Лекин нимсолаи дуюми соли хониш бе -ак 121 рӯзи расои дилгиркунанда шуд, ки мутаносибан ба моҳҳои сол — январ — 18, феврал — 24, март — 16, апрел — 26, май — 26 ва июне, ки аз будану шуданаш ҳама пушаймон гаштаанд, 11 рӯзи дарсӣ дошт, ки бо қонуни ҷамъбандии Ал-Хоразмӣ ба 121 рӯз рафта мерасад. 121+94=215: 6 рӯзи дарсӣ = 35,8333333333 ва бо усули яклухткунӣ ба 36 ҳафта баробар мешавад».

Бобои Гулбиддин, ки шахси кунҷков ва якравест, то кореро, ки сар кард, ба охир нарасонад, ором намегирад, ба асарҳои бузургони соҳаи риёзӣ, махсусан Умари Хайём рӯй овард. Ӯ баъди ҷустуҷӯҳои зиёд «Мушкилоти ҳисоб» ном асари машҳури ин олими бузурги Гулободро, ки бояд китоби рӯйимизии кормандони маорифи Гулобод бошад, ёфта, аз «Тақвими Ҷалолӣ»-и ӯ соли хониши 2018-2019-ро муайян намуда, бо усули қиёс ин арқомро овардааст, ки ба дурустии он ягон олими асримиёнагиву ягон донои охирзамонӣ шак оварда наметавонад. Қабл аз овардани рӯйхати адабиёти истифодашуда, ки ягон мунаққид нуқсоне дар ин рисолаи бобои Гулбиддин намеёбад, муаллифи рисола бо охирсухани пурсӯзу гудоз рисолаи худро ҷамъбаст менамояд. Дар хулосаи хеш бобои Гулбиддин ба нафарони масъуле, ки соҳаи афзалиятноки ҷомеаро «пеш мебаранд», маслиҳат медиҳад, ки пеш аз баёнияе изҳор намудан аввал онро дар кӯраи ақли хеш, агар бошад, пазанду бо далелҳои раднашаванда асоснок намоянд. Баъдан, аз осори гузаштагону имрӯзиёни соҳа огоҳ гарданд, ки чаро солиёни зиёде дарс бо «Занги аввал» аз 1-уми сентябр оғоз мегардиду бо «Занги охир» 25-уми май анҷом меёфт ва ба қавле «осмон омада ба замин намечаспид», балки «нур болои нур» буд. Шояд эшон боре худро дар ҷойи он омӯзгороне, ки то 14-уми июн сабақ меомӯзонанд, мегузоштанд, ё ақаллан 1 чоряк ё 1 моҳаке дар макотиби Гулобод бо таълим машғул мешуданд, беҳтар мебуд. Беҳуда нагуфтаанд: «Сӯзанро аввал ба худат халон, агар писандат омад, ба дигарон халон». Зеро ин амале, ки ин масъулин роҳандозӣ доранд, мақоли машҳури мардуми Гулобод, «Аз болои уштур истода алаф даравидан»-ро мемонад. Шояд ин масъулин нисбат ба омӯзгоре, ки дар 1 сол 204 рӯз ба ҳисоби миёна агар рӯзе 4-соатӣ, дар як ҳафта 24 соат ва дар маҷмуъ 36720 соат асаби хешро бо таълиму тадрис монда месозаду ба ивазаш ҳамагӣ 1344 соат истироҳат менамояд, рашк мекунанду дида наметавонанд, ки бечора омӯзгор ду моҳ истироҳат мекунаду боз маблағ ҳам мегирад. Ин хулосаи бобои Гулбиддин посухеро талаб мекунад ва ӯ боварӣ дорад, ки боз ҳам масъулини маорифи Гулобод тавони додани онро надоранду бо «ғӯлунгхойӣ» ва сафсатахонӣ ҷавоб мегардонанду «доногиву корбарии хешро» бори дигар «исбот» месозанд.

Дар мавриди ба дараҷаи таълими ҷаҳонӣ баробар шудану баробар намудани сатҳу сифати таҳсилот дар Гулобод бошад, дафъаи дигар аз саҳифаҳои дигару бобҳои дигари рисола пешниҳод мегардад.

Бахтиёр Облоқулзодаи ГУЛОБОДӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here