Қазияе, ки алҳол дар бораи он менависем, қазияи печидаест, ки солҳо боз ҳаллаш кашол ёфтаву ҳанӯз ҳам ҳақ ба ҳақдор нарасидааст. Ва бояд зикр намоем, ки оид ба қазияи мазкур қаблан дар ҳафтаномаи “Самак” мақола таҳти унвони “Эҳтиёт: Амрико рафтан мехоҳӣ? Аз қаллобон гурез!» ба нашр расида буд.

Қазия дар мавриди рухдодест, ки ба сари сокинони шаҳри Истаравшан — Қаюмов Зафарҷон Маҳкамович ва Абдуллоев Зикрулло Убайдуллоевич омадааст. Ин ду сокини шаҳри Истаравшан ба фиребу найранги шаҳрвандон — Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна ва Қаюмов Умед Холмуҳаммадович афсун гашта, бо мақсади ба яке аз коллеҷҳои бонуфузи ИМА дохил кардани писаронашон ба номбурдагон дар маҷмуъ 10600 доллари ИМА-ро бо ду дасти адаб супорида, ба худ дарди сар хариданд.

Ҷабрдидагони қазияи мазкур баъди давутозу саргардониҳои зиёд ва ба ҳамаи ниҳодҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардан, билохира сабрашон лабрез шуда, барои рӯёнидани маблағҳои худ аз Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна ва Қаюмов Умед Холмуҳаммадович бо аризаи даъвогӣ ба Суди шаҳри Хуҷанд муроҷиат мекунанд. Суди шаҳри Хуҷанд ҷиҳати рӯёнидани маблағҳои тасарруфшуда аз ҷониби Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна ва Қаюмов Умед Холмуҳаммадович ба фоидаи ҷабрдидагон ҳалнома мебарорад. Аз баромадани ҳалномаи суд муддати зиёд мегузарад, аммо ҷабрдидагони қазияи мазкур — Қаюмов Зафарҷон Маҳкамович ва Абдуллоев Зикрулло Убайдуллоевич маблағҳои худро ба пуррагӣ бозпас гардонида наметавонанд. Онҳо танҳо тавонистанд, ки бо мусоидати Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд маблағи 3000 доллари ИМА-и худро бозпас соҳиб шаванд ва маблағи боқимонда ҳоло ҳам норӯёнида боқӣ мондааст.

Бояд гуфт, ки шаҳрванд Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна дар асоси суратҷаласаи маҷлиси умумии аъзои Ташкилоти ҷамъиятии маҳаллии «Шаҳриёр»-и шаҳри Хуҷанд таҳти №2 аз 12-уми августи соли 2014 ба вазифаи роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии маҳаллии «Шаҳриёр»-и шаҳри Хуҷанд таъин гашта, зимни фаъолияти кориаш бобати тасарруф намудани молу мулки ғайр бо шаҳрванд Қаюмов Умед Холмуҳаммадович маслиҳат карда, баҳри амалӣ гардонидани қасди худ бо роҳи сохтакорӣ тартиб додани ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ва аз уҳдадорӣ озодкунандаро дар назди худ мақсад гузоштаанд. Шаҳрванд Шодиева М. Ш. санаи 29-уми апрели соли 2015 ду адад шартномаҳоро бобати амалигардонии барномаҳои грантӣ байни худ ва сокинони шаҳри Истаравшан Қаюмов Зафарҷон Маҳкамович ва Абдуллоев Зикрулло Убайдуллоевич тартиб дода, ҳолати гирифтани маблағи пулии 8000 доллари ИМА-ро дарҷ намуда, бо баробари гузошта шудани имзоҳои тарафҳо қонунӣ будани шартномаҳои мазкурро вонамуд сохтааст.

Ғайр аз ин, шаҳрванд Шодиева М. Ш. кирдорҳои худро давом дода, санаи 4-уми ноябри соли 2015 маблағи пулии 2600 доллари ИМА-ро гирифта, дар ин хусус расидҳои хазинавиро таҳти №35-36 ба номи Абдуллоев З. У. ва Қаюмов З. М., ки гӯё маблағи пулии мазкур ба хазинаи ташкилот даромад шуда бошад, тартиб дода, бори дигар қонунӣ будани кирдорҳои худ ва инчунин, ҳуҷҷатҳои хазинавиро вонамуд сохтааст.

Шаҳрванд Шодиева М. Ш. дар давраи фаъолияти кориаш ҳамчун роҳбари ташкилоти ҷамъиятии маҳаллии «Шаҳриёр»-и шаҳри Хуҷанд, санаи 20-уми апрели соли 2015 бо Қаюмов Зафарҷон Маҳкамович ва Абдуллоев Зикрулло Убайдуллоевич, ки номбурдагон нияти ба омӯзишгоҳҳои кишварҳои хориҷа дохил кардани писаронашонро доштанд, вохӯрда, бобати тарзу усули ҳуҷҷатгузорӣ ва дар минбаъда ҳал намудани масъалаи мазкур дар асоси маслиҳати пешакӣ бо собиқ мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии МИҲД-и шаҳри Истаравшан Қаюмов Умед Холмуҳаммадович ҳалли масъалаи мазкурро пурра ваъда дода, бо баҳонаи гӯё ба суратҳисоби Коллеҷи забономӯзии шаҳри Вирҷинияи ИМА гузаронидани маблағи зарурӣ ва ҳарчи зудтар дастрас гардидани даъватномаҳо зарурияти додани маблағи пулии 8000 доллари ИМА-ро таъкид намудааст. Пас аз ин Қаюмов З. М. ва Абдуллоев З. У. ба гуфтаҳои Шодиева Мавҷуда ва Қаюмов Умед пурра бовар карда, ба додани маблағи пулӣ розӣ мешаванд.

Шодиева Мавҷуда ва Қаюмов Умед ҳолати мазкурро барои тасарруф намудани маблағи пулӣ мусоид шуморида, баҳри амалӣ гардонидан бо тариқи нотариалӣ бастани шартномаи қарзӣ ва бо ин роҳ гӯё қонунӣ вонамуд сохтани амалашонро тарҳрезӣ кардаанд. Бо чунин ният Қаюмов Умед Холмуҳаммадович санаи 7-уми майи соли 2015 дар асоси маслиҳати пешакӣ маблағи пулии 8000 доллари ИМА-ро иборат аз 80 адад купюраҳои 100-доллараи ИМА аз Қаюмов З. М. ва Абдуллоев З. У. гирифта, дар ин хусус тариқи нотариалӣ шартномаи қарзиро ба имзо расонида, аз ин ҳисоб маблағи 3000 доллари ИМА-ро барои эҳтиёҷоти худаш гирифта, боқимонда маблағи 5000 доллари ИМА-ро ба худи Шодиева Мавҷуда вогузор намудааст.

Инҷо қайд кардан бамаврид аст, ки Мавҷуда Шодиева шартномаи қарзиро дар идораи нотариалии шаҳри Хуҷанд ба қайд гирифта натавониста, онро дар идораи нотариалии шаҳри Истаравшан бо мусоидати шарикаш Қаюмов Умед Холмуҳаммадович корманди ин идора Дилрабо Азимова ба қайд гирифтааст.

Инҷо саволе ба миён меояд, ки чаро идораи нотариалии шаҳри Хуҷанд шартномаи қарзиро ба қайд нагирифтааст, аммо идораи нотариалии шаҳри Истаравшан ба қайд гирифтааст? Инҷо ҷавоб ба савол рушан мешавад, ки идораи нотариалии шаҳри Хуҷанд аз ба қайд гирифтани шартномаи қарзӣ бинобар ғайриқонунӣ буданаш сарфи назар кардааст. Аммо чаро корманди идораи нотариалии шаҳри Истаравшан дидаву дониста ин шартномаи қарзии ғайриқонуниро ба қайд гирифтааст?

Ғайр аз ин шаҳрванд Шодиева Мавҷуда санаҳои 30-юми апрел ва 4-уми ноябри соли 2015 бо баҳонаи ҳарчи зудтар омода кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва инчунин, бо воситаи Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бемаҳдуд гирифтани раводид, бори дигар ба боварии Қаюмов З. М. ва Абдуллоев З. У. даромада, бо ин роҳи фиреб ва сӯйистифодаи боварӣ маблағи пулии 2600 доллари ИМА-ро аз онҳо гирифта, ба эҳтиёҷоти худаш масраф кардааст.

Ҳамин тариқ, Шодиева Мавҷуда маблағи пулии 7600 доллари ИМА (тибқи маълумотномаи сомонаи интернетии БМТ — «nbt.tj» бо қурби асори миллӣ баробар ба маблағи 48 ҳазору 292 сомонӣ) ва Қаюмов Умед маблағи пулии 3000 доллари ИМА (тибқи маълумотномаи сомонаи интернетии БМТ — «nbt.tj» бо қурби асъори миллӣ баробар ба маблағи 18 ҳазору 870 сомонӣ)-ро ба манфиати худашон тасарруф намуда, ба Қаюмов З. М. ва Абдуллоев З. У. ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидаанд.

Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна ва Қаюмов Умед Холмуҳаммадович маблағи бо роҳи фиреб ба даст овардаашонро ба манфиати шахсӣ истифода бурда, ба ивази маблағи гирифтаашон ягон амалро иҷро накардаанд, яъне фарзандони ҷабрдидагон — Қаюмов З. М. ва Абдуллоев З. У.-ро ба коллеҷҳои ИМА дохил накардаанд. Ба муроҷиати чандинкаратаи Қаюмов З. М. ва Абдуллоев З. У. оиди чигунагии ҳолати кор оид ба шомилшавии писаронашон ба коллеҷҳои ИМА ин дугонаи фиребгар ҷавобҳои духӯра дода, инак се сол мешавад, ки онҳоро сарсону саргардон кардаанд. Инак чанд сол мешавад, ки Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна ва Қаюмов Умед Холмуҳаммадович падари довталабон — Қаюмов З. М. ва Абдуллоев З. У.- ро ба ҳар тариқ фиреб дода, на фарзандони онҳоро ба коллеҷҳои ИМА дохил кунониданд, на маблағи аз онҳо гирифтаашонро бармегардонанд.

Ҷабрдидагони қазияи мазкур баъди давутозу саргардониҳои зиёд ва ба ҳамаи ниҳодҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардан билохира сабрашон лабрез шуда, барои рӯёнидани маблағҳои худ аз Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна ва Қаюмов Умед Холмуҳаммадович бо аризаи даъвогӣ ба Суди шаҳри Хуҷанд муроҷиат мекунанд. Суди шаҳри Хуҷанд ҷиҳати рӯёнидани маблағҳои тасарруфшуда аз ҷониби Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна ва Қаюмов Умед Холмуҳаммадович ба фоидаи ҷабрдидагон ҳалнома мебарорад. Аз баромадани ҳалномаи суд чандин сол мегузарад, аммо то ҳол ҷабрдидагони қазияи мазкур — Қаюмов Зафарҷон Маҳкамович ва Абдуллоев Зикрулло Убайдуллоевич маблағҳои худро ба пуррагӣ бозпас гардонида наметавонанд.

Баъди муроҷиати ҷабрдидагон ба Суди шаҳри Хуҷанд мурофиаи судӣ дар чанд марҳила баргузор гардид. Дар ниҳоят Суди шаҳри Хуҷанд дар санаи 7-уми сентябри соли 2017 парвандаи №1-259/17-ро нисбати Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна дар ҳайати раискунанда Рустамзода М., Абдусатторзода М. (котиб) ва бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ — ёрдамчии калони прокурори шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Эшонов Э. ба баррасӣ гирифта, аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукм кард: «Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна бо моддаҳои 340 қисми 1 ва 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо қисми 1 моддаи 340 КҶ ҶТ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 1 (як) сол; бо банди «б» қисми 4 моддаи 247 КҶ ҶТ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 (ҳашт) сол бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, бо дастрасии қисми 3 моддаи 67 КҶ ҶТ аз рӯи маҷмуи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъингардида ҷазои ниҳоӣ нисбати Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 (ҳашт) солу 6 (шаш) моҳ бо адои он дар колонияҳои ислоҳи дорои низомаш умумӣ, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян таъин кард. Дар асоси моддаи 78 қисми 1 КҶ ҶТ ҷазои нисбати Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шуда, то ҳаштсола шудани кӯдакаш — Имомалиева Накҳат Фазлиддиновна (санаи таваллудаш 29-уми ноябри соли 2015) мавқуф гузошта шуд. Ҳамчунин, Суди шаҳри Хуҷанд дар ин ҳалномааш таъин кард, ки аз ҳисоби судшаванда Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна ба фоидаи ҷабрдидагон — Қаюмов Зафарҷон Маҳкамович 3800 (се ҳазору ҳаштсад) доллари ИМА ва Абдуллоев Зикрулло Убайдуллоевич 3800 (се ҳазору ҳаштсад) доллари ИМА зарари моддии расонидашуда рӯёнида шавад. Аз ҳукми баровардаи Суди шаҳри Хуҷанд муддати тӯлонӣ гузаштд, аммо то ба ҳол зарари расонидашудаи судшавандагон — Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна ва Қаюмов Умед Холмуҳаммадович (ба ғайр аз 3000 доллари ИМА) ба ҷабрдидагон — Қаюмов З. М. ва Абдуллоев З. У., ки маблағи боқимонда 7600 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, баргардонида нашудааст. Суд кӯдаки хурдсол доштани судшаванда Шодиева Мавҷуда Шамситдиновнаро ба назар гирифта, то ҳаштсола шудани кӯдакаш — Имомалиева Накҳат Фазлиддиновна аз озодӣ маҳрум кардани ӯро мавқуф гузоштааст. Саволе ба миён меояд, ки агар судшаванда Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна ҳар сол ҷинояти қаллобӣ содир карда ва ҳар сол як фарзанд ба дунё орад ва суд то ҳаштсола шудани ҳар як кӯдакаш ҳукми худро мавқуф гузорад, оё ҷиноятҳои ба ин монанд дар ҷомеа ва худи Шодиева Мавҷуда Шамситдиновна ислоҳ мешуда бошанд? Ин суоли нокушодае буд, ки онро ба қазовати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минҷумла, ба суду иҷрочиёни Суди шаҳри Хуҷанд вогузор карда будем. Аммо интизориямон бо чӣ анҷомид?

Баъди чопи мақола дар нашрия, ҳафтаномаи “Самак” дар шумораи 29-и худ аз 18-уми июли соли 2018 вокуниши Суди Олиро таҳти унвони “Суди Олӣ: парванда ба баррасии нав фиристода шуд” ба нашр расонид, ки дар он аз ҷумла, булаҷабона гуфта мешавад: “Аз ҳисоби судшаванда Шодиева М. Ш. ба фоидаи ҷабрдидагон Қаюмов З. М. 3800 доллари ИМА ва Абдуллоев З. У. 3800 доллари ИМА мутаносибан бо қурби пули миллӣ 48292 сомонӣ зарари моддии расонидашуда рӯёнида шудааст».

Аммо ин дурӯғи Суди Олиро ҳукми Суди шаҳри Хуҷанд аз 24-уми декабри соли 2018 фош мекунад. Дар санаи номбурда Суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар ҳайати раисикунанда — судя Аминзода Фирӯза Баҳромӣ парвандаи ҷиноятиро дида баромада, аз ҷумла ҳукм кардааст, ки «аз ҳисоби судшаванда Шодиева Мавҷуда ба фоидаи ҷабрдидаҳо — Қаюмов Зафарҷон Маҳкамович 3800 доллари ИМА ва Абдуллоев Зикрулло Убайдуллоевич 3800 доллари ИМА зарари моддии расонидашуда рӯёнида шавад».

Хулоса, Шодиева Мавҷуда 11 сол (ёздаҳ) аз озодӣ маҳрум карда шуд, ки дар низоми дорои умумӣ адои ҷазо мекунад.

Қаюмов Умед Холмуҳаммадович бо моддаи 247, қисми 4, банди б-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ бо андозаи 58400 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима баста шуд.

Бояд илова намоем, ки судияи ш. Хуҷанд Фирӯза Аминзода дар баррасии ҳалномаи суд хидмати хеле бузург намуданд, ки чадин нафарони дигар ҳарчанд дар ин кор даст заданд, аммо натиҷаи ҳалномаи судро пурра ба охир расонида натавониста буданд.

PS:

Дар ҷамъбасти ин матлаб зикр карданием, ки шаҳрвандон бо роҳи содагиву зудбоварӣ дар доми чунин нафарони тақаллубкору фиребгар ва найрангбоз наафтанд. Чун ҳар кас, ки ин матлабро мехонад, бидуни ҳеч мушкилӣ худ дармеёбад, ки шахсони тақаллубкору авомфиреб чи тур мардуми одиро дар боварии худ дароварда, пулҳои нисбатан калони онҳоро бо роҳи фиреб аз худ мекунанд. Аз ин лиҳоз, бори дигар таъкид мекунем, агар чунин нафарони фиребгарро дидед, нахус ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат намуда, онҳоро ба дасти қонун супоред, то дар доми фиребашон наафтед.

Таснифи Ҳаким РОЗИҚОВ, конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои журналистӣ, узви иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аълочии маориф

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here