Як қатор коршиносони амниятӣ аз Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти мушкилоти дунё дар Стокҳолм, ки масъалаҳои оқибати афзоиши гармо дар минтақаи Осиёи Марказиро мавриди омӯзиш қарор додаанд, ба ин натиҷа расидаанд, ки тағйироти иқлим метавонад ба манбаи нооромиҳо дар минтақа табдил шавад ва панҷ кишвари минтақа ба гирудори миёни ҳам рӯ ба рӯ шаванд.
Масъалаи асосӣ дар минтақа ин аст, ки ҳукуматҳои панҷ кишвар миёни ҳам равобити наздик надоранд. Ба андешаи коршиносон, агарчи ҳоло вазъи минтақа ором аст, вале мушкилоти обу энержӣ даҳсолаҳост, ки идома дорад. Дар баробари ин масъалаҳои дигари вобаста ба гармшавии иқлим дар минтақа ба ин мушкилот зам мешавад. Назар ба тадқиқоти номбурда, дар сурати об шудани пиряхҳо ва кам шудани об дар минтақа – боиси гармшавии иқлим шуда, метавонад боиси сар задани мухолифатҳои марбут ба об миёни кишварҳои болооб – Тоҷикистон ва Қирғизистон бо кишварҳои поёноб – Қазоқистон, Туркманистон ва Узбакистон бишавад. Бахусус сарчашмаҳои оби Тоҷикистон, ки 60%-и манбаъҳои оби минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, дар ин миён нигаронии калонро ба миён меорад. Тавре дар гузонриши тадқиқотчиён қайд шудааст, дар минтақа дар тули 30 соли охир беш аз 1000 адад қитъаи пиряхҳо аз байн рафтааст. Бинобар ин масъалаи кам шудани манобеъи об аз ҳоло ба масъалаи нигаронӣ дар минтақа табдил шудааст.
Дар иртибот ба ҳалли мусолиматомези масъалаи мушкилзои обу энержӣ коршиносони масоили минтақа ба равобити солими ҳукуматҳои минтақа ишора мекунанд. Яке аз гомҳои аввалин дар ин қарина тағйири сиёсати давлати Узбакистон аз соли 2016-ум ба ин тараф мебошад. Раиси Ҷумҳури ин кишвар Шавкат Мирзиёев дарҳои бастаи раҳбари пешинро ба рӯйи ҳамсояҳо боз кард ва робитаҳои сиёсӣ ва мардумӣ миёни давлатҳо ва сокинон рӯ ба гармиву ҳамоиш ниҳод. Вале раванди ҳамгироии минтақаӣ ба ҳамоиши бештар ва наздикии қавитар ниёз дорад. Ин ниёз ба рушди сатҳи иқтисодӣ ва гуфтугӯйи сиёсӣ, инчунин ҷалби сармояҳо иртиботи ҷиддӣ дорад.
Дар ҳоли ҳозир шароит барои имкони рушди ҳамгироии бештар, сармоягузориҳои минтақаӣ ва тақвияти равобити мусолиматомез миёни кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ба манзури коҳиш додани мушкилоти ояндаи марбут ба иқлим муҳаёст. Барои ин ояндабинии дурусти сиёсатмардони ин кишварҳо, ҳимати баланди ҳамсоягии нек ва пеш гузоштани гомҳои қавию далеронаи роҳбарон ва коршиносони давлатҳо зарур аст. Барои расидан ба ин ҳадафҳои баланд азхудгузариҳои сиёсӣ низ корсоз хоҳад буд, ки дар ин сурат пайдо кардани роҳи ҳалли мушкилоти обу замин ва иқлим осонтар ва манфиатбахштар хоҳад буд. Ин масъала рушан аст, ки кишвари мо Тоҷикистонро зарур аст дар ин замина талошҳои бештар анҷом бидиҳад. Зеро ба гуфтаи коршиносон, ба сабаби кундии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, институтҳои идора ва нотавонии мутобиқшавӣ ба тағйирот, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои минтақа дар баробари тағйироти иқлим бештар осебпазир мебошад.
Тавре дида мешавад, ба ин мушкилот масъалаҳои баҳсбарангези марзӣ, ки гоҳе боиси ихтилофоти милливу низомӣ мешаванд, ҳамроҳанд. Дар ҳоли ҳозир, ин ихтилофот, ки ба гуфтаи бархе аз коршносон аз тарафи доираҳои манфиатхоҳи минтақа доман зада мешаванд, бештар ба заминаҳои обу энержӣ иртибот доранд. “Дар минтақа, ки ихтилофоти марзӣ идома дорад, мардум барои обу замин дар муқобили ҳам қарор мегиранд. Камбуди захираҳои обӣ ва чарогоҳҳо метавонад ин ихтилофотро шиддат бахшида, мардумро ба бархӯрди низомӣ бирасонад” навишта шудааст дар гузориши Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти мушкилоти дунё дар Стокҳолм.
Воқеоти як соли охир дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки то ҳанӯз давом дорад, аз ин мушкил дарак медиҳад. Таъриф ва марзбандии расмӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон амалан ба поён расидааст. Вале ин мушкил дар ҳудуди 400 километри марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон то ҳанӯз барои ҳамгироии минтақавӣ мушкилзо боқӣ мондааст. Танҳо дар як соли охир мушкилоти марзии миёни ду кишвар ба куштору хунрезии сокинони ду ҷумҳурӣ анҷомидааст. 27-уми июли соли ҷорӣ сарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков барои аввалин бор ба нуқтаҳои доғтарини марзи ду кишвар – Ворухи Тоҷикистон ва Оқсойи Қирғизистон омаданд. Мардуми минтақа аз ин вохӯрӣ интизороти зиёд доштанд. Аммо ба гуфтаи коршиносон, ин мулоқот чандон натиҷаи зиёд надоштааст, зеро пас аз ин мулоқот боз ихтилофоту мушкилот миёни мардуми ду сӯйи марз идома дорад.
Ҷорӣ кардани технологияи омӯзиши иқлим дар сатҳи усулҳои нав, ки масъалаҳои гуногун, аз ҷумла мухолифатҳои марзиро дар бар мегирад, яке аз равишҳои муҳимми барномаи CAMP4ASB (Барномаи мутобиқсозии иқлим ва осебпазирии барномаи ҳавзаи баҳри Арал) дар минтақа мебошад. Ҳамчунин Барномаи муҳити атрофи Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕП), Барномаи рушди саноати Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИДО) зимни барномҳои мушаххас дар ҳалли масъалаҳои гуногуни марбут ба иқлим, аз ҷумла мушкилоти марзӣ саҳм мегузоранд.
Давлатҳои минтақаро зарур аст, ки аз имконот ва ёриҳои созмонҳои ҷаҳонӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардумашон, ҳалли низоъҳои мавҷуда ва пешгирӣ аз мушкилоти афзояндаи тағйироти иқлим пурсамар истифода кунанд.
Шаҳноз КОМИЛЗОДА