Мутахассисони Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА хӯроки зудтайёр, чипсиҳои аз картошка тайёршуда, питса, маҳсулоти макаронӣ ва ҳасибҳоро ҳамчун маҳсулоти ғизоии барои саломатӣ бештар хатарнок ном бурдаанд. Аз рӯи натиҷаи таҳқиқот маҳз ҳамин маҳсулот бемориҳои дилу рагҳоро таҳрик медиҳанд. Аммо хатари асосӣ на дар худи маҳсулот, балки намаки дар таркиби ин маҳсулот мавҷудбуда мебошад. Ҳиссаи зиёди намак дар маҳсулоти зикршуда боиси баландшавии фишори хуни раги варид мешавад.
— Имрӯз дар ҳар қадам фурӯши маҳсулоти зудтайёр ба чашм мерасад — мегӯяд номзади илмҳои тиб Саидҷон Нодирӣ. — На танҳо дар бозор, балки дар мактабу донишкадаҳо низ гамбургу сендвич, ҳотдог, питса, ролтон ва дигар маҳсулоти камвитамину дорои иловагиҳои ғизоӣ мефурӯшанд. Ин гуна ғизоҳои зудтайёр ба организм зараровар буда, табодули моддаҳоро вайрон, миқдори тестостеронро кам ва иммунитетро заиф намуда, хатари сар задани бемориҳои саратонӣ ва диабети қандро меафзояд. Касоне, ки муддати тӯлонӣ ин гуна ғизоҳоро истеъмол кунанд, дучори авитаминоз (норасоии витаминҳо) мегарданд.
Табибон ғизои сервитамини аз меваю сабзавот тайёршударо барои рушду нумуи организм муфид меҳисобанд. Аммо бештари сокинони мамлакат аз манфиати ғизоҳои табиӣ огоҳӣ надоранд.
— Баъзеҳо ба ҷои хӯрокҳои аз сабзавот омодашуда хӯрокҳои зудтайёр ба монанди картошкабирён ё ролтонро дӯст медоранд, — мегӯяд парҳезшинос Нигина Раҳимова.
— Масалан, баъзеҳо чандон ба каду таваҷҷуҳ надоранд. Ҳол он ки дар каду бетакаротинҳо, калий ва магний хеле фаровон аст. Истеъмоли бардавоми каду бемориҳои дилу рагҳоро пешгирӣ менамояд. Аз сабаби дар таркиби каду зиёд будани ғози набототӣ истеъмоли он организмро аз холестерин, металлҳои вазнин, чарби зиёдатӣ ва дигар моддаҳои зарарнок пок месозад. Касоне, ки истеъмоли ғизои кадугиро дӯст медоранд, аз бадҳазмӣ ва қабзият шикоят намекунанд.
Аз рӯи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ҳар сол ба мамлакат барои гирифтани ҳосили баланд аз хориҷа 200000 тонна нуриҳои минералӣ ворид мешавад. Шояд барои гирифтани ҳосили баланди зироатҳои техникӣ ба нуриҳои минералӣ зарурат бошад, вале барои сабзавоту полезиҳо аз нуриҳои органикӣ истифода бурдан беҳтар аст. Зеро ба замин зиёд андохтани нуриҳои минералӣ боиси дар таркиби сабзавот ва зироатҳои полезӣ ҷамъ шудани нитратҳо мегардад, ки ба организм зарар доранд. Дар баробари порӯи пӯсидаи парандаҳо ва ҳайвонот хазону пасмондаи растаниҳоро низ ҳамчун нурии серғизо истифода бурдан мумкин аст.
— Баъзеҳо хазони дарахтон ва баргу пояи хушкшудаи зироатҳоро месӯзонанд, ки ҳаворо ифлос месозад, — мегӯяд сокини деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор, деҳқони собиқадор Саодат Ҳикоятуллоев.
— Дар гӯшаи ҳавлӣ чуқурчае канда, хазону пасмондаи рустаниҳоро дар он гӯронидан ягон хел хароҷот талаб намекунад. Баъди 7- 8 моҳ компости хушсифат тайёр мешавад, ки аз нурии минералӣ дида муфидтар аст. Ҳам маблағ сарфа мешаваду ҳам ҳосили гирифташуда аз лиҳози экологӣ тозаю бехатар мегардад.
Дар баробари истифодаи барзиёди нуриҳои минералӣ истифодаи заҳрхимикатҳо низ ба сифати ҳосил таъсири манфӣ мерасонад. Ҳол он ки ба ҷои заҳрхимикатҳо бар зидди ҳашароти зараррасон бо усули биологӣ мубориза бурдан мумкин аст.
— Дар табиат ҷонваракони муфиде ҳастанд, ки ҳашароти зараррасонро нобуд мекунанд,- мегӯяд устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ Икром Тешаев — Масалан, канаи сурхи ҳафтхолдор, тиллочашмак, ҳабрабракон ва дигар ҷонваракон шираву кирми ғӯза барин зараррасонҳоро нест мекунанд. Агар дар ҳар минтақа лабораториҳои биологӣ бунёд карда, ҷонваракони фоиданокро парвариш намоем, ҳоҷати бар зидди зараррасонҳо истифода бурдани заҳрхимикатҳо намемонад. Аз ин ҳам манфиати иқтисодӣ ба даст меояду ҳам муҳит тоза монда, меваю сабзавот хушсифат мешавад.
Яке аз собиқадорони соҳаи кишоварзӣ, собиқ раиси хоҷагии овозадори «Бешкент»- и ноҳияи Шаҳритус Раҳимқул Ҳайдаров ҳанӯз дар даврони шӯравӣ гуфта буд: «Заҳрхимикатҳо дар навбати аввал ба зараррасонҳо не, балки ба одамон таъсири манфӣ мерасонанд. Зеро мо аз ҳавои бо заҳрхимикатҳо олуда нафас мекашем, ҳосили бо заҳрхимикат омехташударо менӯшем».
Ҳанӯз на ҳама кишоварзон аз усули биологии муборизаи зидди зараррасонҳо, истифода бурдани нуриҳои органикӣ ва аз як майдон соле 2-3 ҳосил рӯёнидан огоҳанд. Зеро аксари роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ маълумоти олии кишоварзӣ надоранд. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати заминдории аҳолии кишвар ҳоло дар 12 ноҳияи вилояти Хатлон Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» амал мекунад. Ба гуфтаи мутахассиси кор бо ҷомеаи Лоиҳаи мазкур Санавбар Шерова ин лоиҳа ба деҳқонону боғдорон, алалхусус бонувон кӯмак мекунад, то онҳо сатҳи истеҳсолот ва нигоҳдории сабзавот, меваҷот, донагӣ ва маҳсулоти ширии серғизоро бештар кунанд. Инчунин, Лоиҳа ба корхонаҳои хусусӣ ҷиҳати шуруъ намудан, беҳтар сохтан ва ё тавсеа бахшидани фаъолияти марбут ба коркард, нигоҳдорӣ, интиқол ва бозорёбии меваҷот, сабзавот, хӯроки чорво ва маҳсулоти ширӣ ёрии техникӣ пешниҳод карда, онҳоро маблағгузорӣ менамояд. Пешбинӣ шудааст, ки дар натиҷаи амалишавии лоиҳа 33000 нафар кишоварзон, аз ҷумла 23100 нафар бонувон аз омӯзишҳои кӯтоҳмуддат оид ба усулҳои нави кишоварзӣ бархӯрдор мегарданд.
Ҳадаф аз тарғиби коркарду нигоҳдории дурусти меваю сабзавоту маҳсулоти ширӣ ин ҳифзи солимии аҳолии мамлакат, пешгирии маъюбшавии аъзои ҷомеа ва билохира ҳимояи генофонди миллат аст. Зеро танҳо миллати солим ҷомеаи солим месозад.
С. СУННАТӢ