Субҳи рӯзи 2-юми декабри соли ҷорӣ дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии раиси ноҳия Ғайрат Азиззода ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо онҳое, ки тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз идомаи ҷазо ва ҷавобгарии ҷиноятиву маъмурӣ озод шудаанд, баргузор гардид.
Ғайрат Азиззода — раиси ноҳияи Мастчоҳ дар оғози мулоқот доир ба мақсаду талаботи қонуни мазкур сухан гуфта, дар остонаи 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидани онро яке аз бузургтарин амалҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донист.
— Ҳамаи моро зарур аст, ки дар ҷавоби ин ҳама ғамхориҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, барои ободию пешрафти бештари Тоҷикистони азиз саҳми шоистаи худро гузорем,- таъкид кард Ғайрат Азиззода — раиси ноҳияи Мастчоҳ.
Муҳсин Убайдзода — и.в. раиси Суди ноҳияи Мастчоҳ зимни суханронии худ гуфт, ки дар маҷмуъ 110 нафар сокинони ноҳия тибқи Қонун “Дар бораи авф” ба озодӣ баромадаанд.
— Ҳамчунин, фақат бо ҳукми суди ноҳия ба 59 нафар шаҳрвандоне, ки нисбаташон парвандаи ҷиноиву маъмурӣ оғоз шуда буд, қонуни мазкур татбиқ гардид. Фақат аз ноҳияи мо ҷаримаву дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба маблағи умумии 500 ҳазор сомонӣ авф шуд. Ин ҳама нишонаи муҳаббату боварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба он сазовор бояд буд,- гуфт дар идомаи суҳбат М. Убайдзода.
Акобир Иззатуллозода — прокурори ноҳияи Мастчоҳ оид ба баъзе масоили ҳуқуқию иҷтимоии авфшудагон сухан гуфта, таъкид кард, ки зиндагию фаъолиятро аз саҳифаи тоза оғоз мебояд кард.
— Камбудӣ кардед, ба ҷавобагарӣ кашида шудед. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуморо авф карданд. Шумо низ узви ҷомеа ҳастед, чун дигар шаҳрвандони кишвар барои кору фаъолият ва пеш бурдани зиндагии худ талош варзед, меҳнат кунед. Гузаштаро фаромӯш кунед, имрӯзу ояндаро бисозед,- таъкид кард А. Иззатуллозода.
Сипас, сокини ноҳия Назар Боқиев аз номи ҳамаи авфшудагони дар толор ҳузурдошта баромад намуда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тасвиби қонуни мазкур ибрози сипосу миннатдорӣ кард.
Пас аз вохӯрӣ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид. Тибқи иттилои масъулини шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, дар ярамаркаи мазкур 11 адад ташкилоту муассисаҳо иштирок намуда, ба шаҳрвандон 142 ҷои кори холиро пешниҳод карданд.
— Имрӯз дар маҷмуъ 18 нафар шаҳрвандоне, ки тавассути қонуни авф озод шудаанд, бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд. Аз ҷумла, 16 нафар ба корхонаи муштараки Ширкати саноатию куҳии Тоҷикистону Хитой, ки дар аввалин бор дар ярмаркаҳои мо иштирок кард ва 2 нафар ташкилотҳои сохтмонии ноҳия роҳхат гирифтанд. Барои бо ҷои кори хуб таъмин намудани дигарон низ мо тадбирҳои мушаххасро дар даст дорем, ки зина ба зина амалӣ мешаванд,- мегӯяд Мирзо Назаров — сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Мастчоҳ.
Мамнуни БАХТИЁР