Дар кори пешравии ҷомеа, пойдории сулҳу ваҳдат бартараф намудан ва решакан кардани маҳалгароӣ аҳамияти муҳим дорад. Маҳалчигиву маҳалпарастӣ инсонҳоро ба гуруҳҳову маҳалҳо ҷудо намуда, теша ба решаи ҳамзистии осоиштаи мо мезанад. Ҳамаи мо бо ҳам бояд дӯсту қарин бошем.

Дар ҳама давру замон танҳо нафароне аз уҳдаи корҳо баромада метавонанд, ки агар дониши хубу лаёқати баланди роҳбариро дошта бошанд. Дуруст аст, ки имрӯз давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба кадрҳои донишманду соҳибистеъдод ниёз дорад ва баҳри омода намудани чунин кадрҳо пайваста кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Барои расидан ба мақсадҳои наҷиб баҳри пешбурди зиндагии хуби мардум роҳбар аз кадом минтақае бошад, нақше надорад. Аз ҳама муҳимаш шахси доно, хирадманд ва болаёқат бошаду виҷдони пок дошта бошад. Яъне, мо набояд ба маҳалчигиву маҳалбозиҳо роҳ диҳем. Зеро маҳалбозиҳо буд, ки мо як маротиба натиҷаашро дидем. Имрӯз вақти он расидааст, ки мо ба ин «беморӣ» нуқта гузорему ҳама якдилу яктан баҳри оромию боз ҳам гулгулшукуфонии мамлакати азизамон — Тоҷикистон камари ҳиммат бандем ва ҳеҷ гоҳ нагуем, ки ту куҷоӣ?

Маҳалгароӣ чун теғе мебошад, ки пояҳои давлатро заиф мегардонад. Маҳалгароӣ метавонад ба мафкураи ҳамдигарфаҳмӣ халал расонад, нобоварии одамонро аз ҳамкору рафиқ дур намояд, иттифоқи ҳамкоронро вайрон кунад. Ин падида ба чизи аз ҳама муқаддас барои ҳамкорон — дӯстию ёрии байниҳамдигарӣ зарар ворид мекунад. Коллектив ҳамон вақт муваффақият ба даст меоварад, ки дар байни ҳамкорон ҳамдигарфаҳмӣ бошад, ҳамкорон дӯсту тифоқ бошанд. Вале зуҳури маҳалгароӣ оқибати ногувор дорад. Мутаассифона дар кишвари мо ин падида низ дида мешавад ва он ба кирме монанд аст, ки шираи дарахтонро макида, барои хушк шудани дарахт мусоидат мекунад. Ин падидаи номатлуб авзои ҷомеаро носолим мегардонад.

Дар кори решакан кардани пояҳои маҳалгароӣ, баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷомеа, густариш додани ғояҳои худшиносии миллӣ ва ифтихори миллӣ аҳамияти муҳим доранд.

Бо баробари ин, ба хотир овардан ба маврид аст, ки ҳамин хел бозиҳои сиёсӣ — маҳалгароии ифротии солҳои 90-уми асри гузашта ба ҷумҳуриамон бадбахтиҳои зиёде оварда буд. Имрӯз мо онро набояд фаромӯш кунем.

Салоҳ аст, ки шахсиятҳое, ки дар мансабҳои баланди давлатию ҳукуматӣ кор мекунанд, аз ин падида орӣ бошанд ва ҳама кӯшишҳоро барои ҳамбастагии миллат равона созанд, дар он сохторҳое, ки онҳо роҳбарӣ мекунанд, ин падида роҳ наёбад. Ба кор қабул кардани одамон бояд аз рӯи маҳорати кордонӣ сурат бигирад. Шахсони ба падидаи маҳалгароӣ роҳ медода, бояд ба ҷазо гирифтор карда шаванд. Ба тарбияи ватандӯстӣ бештар бояд эътибор дод. Усулҳо ва роҳҳои тарбияи ватандӯстиро бояд беҳтар кард. Барои дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия кардан ба донишомӯзон таърихи ҳақиқии халқи тоҷикро бояд омӯзонд. Хонандагонро дар руҳияи идеяҳои милливу инсондӯстӣ бояд тарбия кард. Барномаҳои мактабу донишкадаҳо бояд ба он мусоидат кунанд, ки толибилмон зарурияти якдилӣ ва якдигарфаҳмиро фаҳманд ва онҳо ба муваффақиятҳои халқи тоҷик фахр кунанд.

Таибов С.А., сардори шуъбаи итилооти ДДТТ ба номи Абӯалӣ Сино,

Турсунова З.Г., сармутахассиси шуъбаи итилооти ДДТТ ба номи Абӯалӣ Сино

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here