Рустам Эмомов 37 сол дорад. 30 қабл дар садамаи нақлиётӣ аз пойи равонаш маҳрум шуд. Падару модар бисёр кӯшиш карданд, то саломатии ӯро барқарор кунанд, аммо ин ба онҳо имкон надод.  

— Замони кӯдакӣ, ягона мушкили ман баъди он рӯзи нохуш, гирифтани таълим буд. Чун дар мактабҳо шахсони маъюб, ба хусус нафарони бо аробача ҳаракатмекарда, шароити хуб надоштанд. Ман маҷбур будам, ки бештари вақт дар хона таълими илм бигирам. Муаллимон омада, дар хона маро дарс медоданд ва волидайнам ҳам дар ин самт саҳми калон доранд. Чун худам хоҳиши хондан доштам, бештар худомӯзӣ мекардам ва ҳамаи ин дар маҷмӯъ кӯмакам кард, то мактабро хатм кунам. Баъди ба балоғат расидан, хуб дарк кардам, ки бояд ягон касб ё ҳунареро аз худ кунам, то тавонам обу нонамро ёбам. Аз соли 2005 то 2007 дар литсеи касбии маъюбон хонда, соҳиби касб шудам. Яъне, ҳарчанд қаблан ҳам дар хона ба таъмини асбобҳои барқӣ машғул будам, аммо зарур шуморидам, ки бояд ин касбро хубтар аз худ карда, соҳиби шаҳодатнома шавам, — мегӯяд ӯ. 

Рустам имрӯз соҳиби оила ва як писараки дусола аст. Лаҳзаҳои хотирмон аз аввалин вохӯрӣ то кунун дили ӯро ба ваҷд меоранд.

-Ман дар беморхона табобат мегирифтам. Ҳамсарам ба аёдати дугонааш ба беморхона омада буд. Аз дугонааш хоҳиш кардам, ки моро шинос кунад. Баъдан бо волидонаш шинос шудем ва онҳо барои оиладор шуданамон дуо доданд. Ҳоло як писарчаи дусола дорем, ҳафт сол шуд оиладорем. Шукрона аз он мекунам, ки ҳамдигарфаҳмӣ миёни мо ҳукмфармо аст. Ман кӯшиш мекунам, ки оилаамро таъмин карда тавонам,- мегӯяд бо табассум Рустам.  

Рустам бовар дорад, ки ҳар нафаре меҳнат мекунад, ҳатман баракаташро мебинад. Зеро, мегӯяд ӯ, «шахсан ман имрӯзҳо ба таъмири асбобҳои барқӣ ва телефонҳои мобилӣ машғул ҳастам. Дар бозори Гипрозем қарор менишинам. Рӯзона вобаста аз кор 20-30 сомонӣ кор мекунам. Бо ин маблағ метавонам зиндагиамро пеш барам». 

— Вақте одамон маро дар аробачаи маъюбӣ мебинанд, «вой-вой», ё «бечорае…» гуфта сар меҷунбонанд. Чунин муносибат одами маъюбро дилшикаста мекунад. Барои ҳамин, хоҳиш дорам, ки одамон эҳсосоти худро идора кунанд ва маъюбонро узви комили ҷомеа ҳисобанд. Зеро мо ҳам метавонем мисли одамони солим кору зиндагӣ кунем. Муҳим ақли расо ва хоҳиши мустақил будан аст», — мегӯяд Рустам.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ки имрӯз яке аз мушкилоти ҳалталаби ӯ ва оилааш, надоштани манзили зисти шахсӣ аст. Дигар тамоми мушкилот барояш ҳалшавандаанд.

— Ягона мушкиле, ки маро азият медиҳад, ин надоштани хонаи шахсӣ аст. Мо ҳоло дар хобгоҳи давлатӣ зиндагӣ мекунем. Қаблан ин хобгоҳ аз як тоҷир буд ва мо иҷорапулӣ месупоридем. Ҳоло шукр, ки бароямон ройгон аст зиндагӣ дар ин хобгоҳ. Хонаи ман аз як ҳуҷра иборат аст ва ростӣ на ҳама шарту шароитро барои зиндагӣ дорад. Барои ҳамин, зиёд мехоҳам ва омодаам, ки барои харидани хонаи шахсӣ кор кунам, агар он барои мо ба таври имтиёзнок ва нархи дастрас дода шавад».

Рустам боварӣ дорад, ки ашхоси маъюб ҳам метавонанд бо меҳнати ҳалоли худ рӯзгорашонро пеш баранд ва дастнигари дигарон набошанд. Барои мисол, мегӯяд ӯ, «ман новобаста аз вазъиятам, касберо аз худ кардам ва имрӯз аз пушти он нон мехӯрам. Чанд сол қабл як лоиҳа ҳам навишта будам, ки тибқи он мехостам курсҳои омӯзишӣ таъсис диҳам ва барои нафарони маъюб ҳамин касби худамро омӯзонам. Мутаассифона, он лоиҳаи ман дар рӯйи коғаз монд, чунки ягон нафари сарватманд ҳам ёфт нашуд, ки онро дастгирӣ кунад. Барои ман ҷойи дарсдиҳӣ барои хоҳишмандон лозим буд. Агар чунин имкон пайдо шавад, ман омодаам, ки то ба 10 нафар мисли худам маъюбон ҳамин касбамро омӯзонам. Гоҳо ягон нафар маро дар аробача дида, як сомонӣ дароз мекунад, аммо ман шахсан ба ин ниёз надорам, чунки худам кор мекунам ва нонамро меёбам. Ман боварӣ дорам, ки агар шахс ҳунар дошта бошад, ҳеҷ гоҳ хор намешавад, — гуфт дар хулосаи сӯҳбаташ Рустам.  

 

М. Нозимӣ

Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии Олмон оид ба рушд ва ҳамкории  иқтисодӣ маблағгузорӣ мешавад, омода ва нашр шудааст. Мундариҷаи маводи мазкур мояи масъулияти муаллиф буда, ифодагари нуқтаи назари маблағгузорон намебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here