Шахсони дорои доғи судӣ аксар вақт бо ҷойи кор таъмин намегарданд. Соҳибназарон ин мушкилро ба се омил рабт медиҳанд: кордиҳандагон ба ислоҳ шудани онҳо бовар надоранд, надоштани маълумоти олию таҷрибаи корӣ ва аз шарм ё тибқи одат ҳазар кардани маҳкумшудагону маҳбусон аз ҷомеаи муқаррарӣ.
Сокини ноҳияи Бохтар Абдулхалил Назаров чанд сол боз бинобар наёфтани ҷойи кор эҳтиёҷоти аҳли оиларо аз ҳисоби даромади кам ва моҳдармиёни замини наздиҳавлигӣ фароҳам меорад. «Гоҳо Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтам. Пас аз вафоти падар, душвор шудани корёбӣ дар он кишвар ва сабабҳои дигар аз сафар худдорӣ кардам»,- афзуд вай.
— Барои пайдо кардани кор ба бисёр идораҳо сар халонидам,- мегӯяд истиқоматкунандаи шаҳри Қӯрғонтеппа Ҳайдаралӣ Мирзоев.- Мепурсиданд: «Доғи судӣ дорӣ?». Мегуфтам: «Дорам». Ҷавобам медоданд: «Кор нест!». Баҳонаи бисёр пеш меоварданд. Ноилоҷ ки мондам, ҳамроҳи фарзандонам рӯ ба замин ва пахтакорӣ овардам. Саҳми заминамонро аз хоҷагӣ гирифтем. Аммо ин фаъолияти мавсимист. Ҳозир ҳам ҷойи кори доимӣ ёфтан мехоҳам.
Ин ҳамсуҳбати мо, ки ҳанӯз соли 2013 бо моддаи 247, қисми 2 (қаллобӣ) аз озодӣ маҳрум гардида буд, бо вуҷуди ронанда ва тракторчии хуб будан муддати тӯлонӣ дар ҷустуҷӯйи кор аст.
Бар хилофи вазъи мусоҳиби аввал, Саймуҳаммад Каримов, ки то ҳукми ҳабс дар як мақоми қудратӣ кор мекард, доғи судиашро бардоштааст. Вале бо вуҷуди ин фақат пас аз чандин соли такопӯ тавонист ҷойи коре пайдо кунад, ки эҳтиёҷоти рӯзгорашро андаке қонеъ месозад. «Мехостам дар ҷойи кори қаблиям барқарор шавам, то ин ки аз он ҷо баъди 1-1,5 сол ба нафақа бароям, аммо муваффақ нашудам»,- гуфт Каримов.
Як сокини 50-солаи шаҳри Сарбанд, бо шарти ифшо накардани ному насаб гуфт, ки аз сабаби бе ҷойи кори доимӣ будан ризқу рӯзии аҳли оилаи калонашро бо заҳамоти мардикорӣ пайдо мекунад. “Як рӯз пул меёбам, як рӯз не. Дар рӯзҳои бобарор аз 10 то 50 сомонӣ кор мекунам. Чанд бор чанд ҷой коркобӣ рафтам, гуфтанд, ки кор нест”,- изофа кард ин мард.
Модари марди дигаре зимни як тамоси телефонӣ зикр кард, ки писараш бинобар надоштани шуғл ё кори доимӣ боз бо шахсони бадкирдор ошноӣ карда, оқибат бо ҷурме дубора ҳабс шуд.
Дар ҳамин ҳол, Бахтиёр Давлатов, сармутахассиси Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон чунин иддао кард: “Сабаби асосии кам бо ҷойи кор таъмин шудани маҳбусони собиқ дар он аст, ки бисёри онҳо муҳтоҷи ҷойи кор нестанд. Фақат бисёртар ба ҳамон маблағе, ки аз тарафи шуъбаҳои шуғли аҳолӣ пардохт мешаванд, эҳтиёҷ доранд. Масъалаи асосӣ ин аст, ки бисёр ташкилоту корхонаҳо ишғоли вазифаҳои холиро бо тариқи озмун мегузаронанд. Сабаби дигари камтар будани бо ҷойи кор таъминкунӣ мумкин ихтисос надоштани шахсони аз маҳбас озодшуда ё ки маълумоти олӣ надоштани онҳо аст. Пас аз маҳбас озод шудан як муддати муайян даркор аст, то ин ки онҳо дар байни ҷомеа бо ҷойи кор таъмин шаванд”.
Ба иттилои мусоҳиби мо, давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳарчанд 230 шахси аз маҳбас озодшуда ба шуъбаҳои агентӣ муроҷиат кардаанд, аммо аз ин шумора ҳамагӣ нуҳ нафарашон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шудаанду бас.
Гуфтанист, ки Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ҳамзамон ба маҳкумшудагони собиқ кӯмаки молӣ мерасонад, аммо дар сурате, ки худашон хоҳиш кунанд. Тибқи муқаррарот, кӯмакпулии давраи бекорӣ бояд то се дафъа на кам аз 400 сомонӣ, яъне баробар бо музди маоши ҳадди ақал пардохт гардад. Ба қавли манбаи болозикр, ин маблағҳо имсол ба 216 нафар ироа гардидааст. Аз ин шумора 16 нафарашон зан будаанд, ки ба онҳо дар ҳаҷми 2700 сомонӣ кӯмакпулӣ дода шудааст.
— Бисёр вақт маҳбусони собиқ ба мо — масъулони Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон муроҷиат мекунанд, то барои бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо мусоидат намоем,- иброз дошт Раҳмоналӣ Давлатов, мудири бахши ҳуқуқи ин ниҳод.- Инҳо афроде ҳастанд, ки то ба маҳкама кашида шудан аъзои иттифоқҳои касаба буданд ва дар ҳама соҳаҳои тараққиёти ҷумҳурӣ кор мекарданд. Аммо новобаста ба он, ки муроҷиаткунандагон аъзои мо ҳастанд ё не, кӯшиш мекунем, то ба онҳо мадад расонем.
Ҳуқуқшиносон бар ин назаранд, ки тибқи моддаи 35-и Конститутсияи ҶТ, ҳар кас ҳуқуқ ба меҳнат дорад, ҳуқуқ дорад касбу ҳунар интихоб кунад. Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ шудааст. Яъне дар робита ба кор ва меҳнат шахсро фарқгузорӣ кардан бо миллат, ҷинс, мавқеи сиёсӣ ва маҳалли истиқомат куллан манъ аст. Ин талабот дар моддаи 7-и Кодекси меҳнати ҶТ ҳам таъкид шудааст. Тибқи моддаи 210-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ низ маҳбус баъд аз баромадан ба озодӣ ҳуқуқ ба меҳнат дошта, метавонад дар муносибатҳои меҳнатӣ бе ягон маҳдудият иштирок кунад.
Пас, месазад, ки барои инсони ислоҳшуда ва комилҳуқуқи ҷамъият гардидани маҳкумшудагону маҳбусони собиқ муносибати фориғболона бо онҳо таҷидид назар гардад.
Зокир ҲАСАН, рӯзноманигор
Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.