Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2015 “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025” қабул карда шудааст.
Мақсади асосии барномаи мазкур тақсимоти вазифаҳои сиёсат ва идоракунӣ аз вазифаҳои истеҳсолию хоҷагидорӣ, инчунин гузариш ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои обӣ мебошад, ки бо дарназардошти сарҳадҳои гидрологӣ системаи дарёҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чор ҳавзаи дарё ҳамчун воҳидҳои идорашаванда тақсим карда шудааст: ҳавзаи дарёи Кофарниҳон, Вахш, Панҷ ва Сирдарё, ки зерҳавзаи дарёи Зарафшонро дар бар мегирад.
Бо ин мақсад бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо барои беҳтарсозии амнияти озуқаворӣ ва идоракунии захираҳои обӣ дар доираи барномаи мазкур лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон” фаъолият мекунад, ки раванди татбиқи лоиҳаи мазкур қисматҳои зеринро дар бар мегирад:
— Барқарорсозии системаи обёрӣ;
— Рушд ва устувор намудани муассисаҳои идоракунандаи обёрӣ ва захираҳои обӣ;
— Идоракунии лоиҳа.
Фаъолияти лоиҳа ҳавзаи дарёи Зарафшон — ш. Панҷакент, н. Айнӣ ва Куҳистони Масчоҳ ва атрофи он — н. Шаҳристон ва Деваштичро дар бар мегирад. Марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа солҳои 2018- 2019-ро дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Деваштич ва марҳилаи дувум солҳои 2019-2020-ро дар ноҳияҳои Шаҳристон, Айнӣ ва Куҳистони Масчоҳ дар бар мегирад. Корҳои тозакунии каналҳои хурд асосан дар ҷамоату деҳаҳои ноҳияҳои дар боло зикршуда гузаронида мешавад.
Бояд гуфт, ки дар қисмати аввали кори лоиҳа, ки барқарорсозии системаи обёрӣ мебошад, барқарорсозии каналҳои хурди обёрӣ бо роҳи ташкили шуғли кӯтоҳмуддат барои қишри камбизоати аҳолӣ, ки аз ҳисоби озуқавории ноустувор тавассути иҷро намудани корҳои тозакунии дастӣ дар каналҳои дохилихоҷагии обёрӣ ҷалб гардидаанд, амалӣ карда мешавад.
Ҳамчунин, барои тоза кардани ҳар як метри кубии хоки баровардашудаи каналҳои 2 ва 3-юмдараҷа ва ё обпартовҳое, ки дар асоси санад барои тоза намудан қабул гардидааст, 20 сомонӣ муқаррар карда шуда, аз он 2 сомониву 80 дирам барои пардохти андози даромад (13%) ва суғуртаи иҷтимоӣ (1%) равона карда шуда, бақия 17,20 сомонӣ ба иштирокчиёни корҳои дастӣ тавассути “Амонатбонк” пардохт карда мешавад. Ба иҷрои кори мазкур аз рӯйи талботи дар барнома қабулгардида чунин оилаҳо ба кор ҷалб карда шудаанд:
— Оилаҳое, ки сарварашон зан мебошанд;
— Лоақал нафаре аз аъзои оила ҳамчун шахси бекор дар Агентии шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шуда бошад;
— Нафаре аз аъзои оила дар хориҷи кишвар кор намекунад ва ё оила аз ҳисоби интиқоли маблағҳои аз хориҷи кишвар воридшаванда даромад намегирад;
— Оилаҳое, ки зиёда аз 3 кӯдакони аз панҷсола боло доранд ва ё нафаре дар оила маъюб аст;
— Оилаҳое, ки аз зиёда аз 7 нафар иборатанд;
— Рӯйхати кормандоне, ки музди кор ба даст меоранд, дар тахтаҳои иттилоотӣ бо мақсади таъмин намудани шаффофият инъикос меёбанд;
— Каналҳои барқароршуда ва дигар объектҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувозинаи Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об барои истифодабарӣ супорида мешавад.
Ҷалби занҳо дар корҳои ҷамъиятӣ
Зерқисмати мазкур аз рӯйи таҷрибаи муваффақи барномаи корҳои ҷамъиятӣ, ки дар доираи “Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ”, ки бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ ба даст омадааст, амалӣ карда мешавад. Дар татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии системаҳои обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон” бештар занҳои ниёзманди аҳолии минтақа ҷалб карда мешаванд. Бояд гуфт, ки ба ҷалби амали мазкур на як шахси алоҳида, балки хонаводаҳо аҳамияти махсус пайдо мекунанд. Бинобар ин, ҷалб гардидани хонаводаҳои ниёзманд ва ба сардори ин оилаҳо пардохтани маблағи корҳои анҷомдодаи онҳо мувофиқи мақсади лоиҳа ба ҳисоб меравад. Тибқи амалӣ намудани ин ҳадаф ҳам аз нигоҳи иҷтимоӣ ва ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ вазъи аҳолии ниёзманди минтақа беҳтар карда мешавад. Дар доираи лоиҳа ба масъалаҳои вобаста ба овоздиҳии занҳо, ҳамчунин нақши занҳо тавассути ҳавасмандгардонии иштироки хонаводаҳо ва ҷалби онҳо дар корҳои Ассотсиатсияи истифодабарандагони об диққати махсус зоҳир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки барои амалӣ гардидани лоиҳа “Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон” Вазорати энергетика ва захираҳои об, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, зерсохторҳои вилоятӣ ва ноҳиявии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, ҷамоатҳо, кумитаҳои маҳаллӣ, Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Маркази идоракунии лоиҳаҳо — Лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дастаҷамъона фаъолият бурда истодаанд.