Ҳукумати мамлакат рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат эълон карда, ба масъалаи баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар рушди нерӯи инсонӣ ва умуман ҳаёти ҷомеа эътибори ҷиддӣ медиҳад ва омӯзгорро аз ҷумлаи қувваҳои асосии пешбаранда ва фаъоли ҷомеа меҳисобад.

Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистои, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, дар самти таъмини сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва мустаҳкам намудани ҷиҳати моддӣ-техникии муассисаҳои таълимии ноҳия як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Бо дарназардошти талаботҳо соли равон ба соҳаи маориф 56 млн сомонӣ, яъне 66%-и маблағҳои буҷетӣ равона гардида, омӯзгорон бо маоши саривақтӣ таъмин ва аз имтиёзҳои аввалиндараҷа бархӯрдор гардида истодаанд.

Тибқи нақшаи кории шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар нуҳ моҳи соли 2020 нуҳ Шӯрои шуъбаи маориф бо баррасии 47 масъала гузаронида шудааст, ки аз он 40 масъала ба вазъи таълиму тарбия, 7 масъала оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу қарорҳо, нақша-чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба соҳаи маориф мебошанд ва нисбати иҷроиши онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шудаанд.

Айни ҳол дар ноҳия 15 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 1756 нафар кӯдакон дар 59 гуруҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Мувофиқи таҳлилҳо, дар муассисаҳои томактабӣ 59 нафар мураббиён, аз ин шумора 26 нафар (44,6%) бо маълумоти олӣ, 2 нафар бо маълумоти олии нопурра (3,3%), 29 нафар (47,4%) бо маълумоти миёнаи махсус ва 3 нафар бо маълумоти миёна (5,0) фаъолият намуда истодаанд.

Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2013, №1056 «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ва дар доираи талаботҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2014, №785 «Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ҳалли мушкилоти мавҷуда давра ба давра кӯшиш ба харҷ дода истодааст.

Баҳри баланд бардоштани савияи дониши мураббияҳои муассисаҳои давлатии томактабии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2020-ум 6 нафар мудирони муассисаҳои томактабӣ ва 8 нафар мураббияҳо аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузашта, сатҳи дониш ва маҳорати касбии худро такмил додаанд.

Тибқи иҷрои нақша ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми майи соли 2014, №295 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» дар ноҳия аз тарафи соҳибкорони ватанӣ 2 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода мешавад.

Соли таҳсили 2020-2021 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 70 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 4 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 11 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 55 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 гимназияи давлатӣ, 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим, 1 муассисаи таҳсилоти иловагӣ, 1 Маркази таълимӣ-касбинтихобкунӣ, 1 Маркази дарёфти рушди истеъдодҳо, 1 Маркази техналогияи информатсионӣ ва коммуникатсия фаъолият мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия 2555 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 221 нaфap зан ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 149 нафар аз ин шумора 62 нафар зан зиёд мебошад. Аз шумораи умумии омӯзгорон имрӯзҳо 1750 нафар (68,4%) бо маълумоти олӣ, 184 нафар (7,2%) бо маълумоти олии нопурра, 539 нафар (21,0%) бо таҳсилоти касбии педагогӣ ва 82 нафар (3,2%) бо таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки онҳо низ дар бахши 3-юми донишгоҳу донишкадаҳои дохили кишвар таҳсил карда истодаанд, фаъолият менамоянд. Бо мақсади такмили маҳорати касбӣ ҳар 5 сол омӯзгорон аз такмили ихтисос гузаронида мешаванд. Бо дарназардошти ин, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати касбӣ, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 386 нафар, аз ин шумора 16 нафар директорони муассисаҳои таълимӣ, 17 нафар муовинони директорон аз курси такмили ихтисос гузаронида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 94 нафар омӯзгор зиёд аз курси такмили ихтисос гузаронида шудаанд.

Бо мақсади таъмини мутахассисони ихтисосманд дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия барои солҳои таҳсили 2020-­2021 аз тарафи кормандони шуъбаи маорифи ноҳия дар донишгоҳу донишкадаҳои омӯзгории дохили кишвар бо хатмкунандагон ҷиҳати ба кор таъмин намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳия вохӯрию мулоқотҳо доир карда шудааст.

Дар соли таҳсили 2019-2020 тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 52 нафар ва бе роҳхат 25 нафар, ҷамъ 77 нафар мутахассисони ҷавоне, ки донишгоҳу донишкадаҳои олии кишварро хатм намудаанд, ҳозир шуда, ҳамаи онҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба ҷойи кор таъмин карда шудаанд.

Сифати таълим ва сатҳи дониши хонандагон яке аз рукнҳои асосии раванди таълиму тарбия маҳсуб ёфта, тибқи нақшаи кории шуъбаи маориф вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия пай дар пай мавриди санҷиш ва омӯзиш қарор дода мешавад. Омилҳое, ки барои баланд гаштани сатҳи дониши хонандагон сабаб мегарданд, ин фаъолияти дурусти гуруҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Баланд бардоштани дониши хонандагон ва таъмини сифати таҳсилот — ин таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ мебошад. Дар нуҳ моҳи соли 2020-ум 36 намуди китобҳои дарсӣ ба миқдори 62499 нусха, ки маблағи онҳо 1015521 сомониро ташкил медиҳад, ворид шуда, ба муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас гардонида шудааст.

Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади амалӣ гардидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми феврали соли 2020, №АП-1339 ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 оид ба гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як қатор корҳои муайян ва мақсаднокро ба иҷро расонидааст. Тибқи амри мазкур нақша-чорабиниҳои шуъбаи маориф таҳия гардида, барои иштироки омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дастрас гардонида шудааст. Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи шуъбаи маориф дар ҳайати Комиссияи тадорукотӣ даври якум моҳи апрели соли 2020 дар муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуда, дар он зиёда аз 300 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар даври дуюми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуда, зиёда аз 50 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар даври сеюми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки дар вилояти Хатлон баргузор гардид, иштирок намудаанд. Дар даври озмуни вилоятӣ Ҷабборзода Шаҳло — хонандаи синфи 4-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 аз рӯи номинатсияи хондан ва азёд кардани ашъори бачагона, Умарзода Идимоҳ — хонандаи синфи 11-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 аз рӯи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон ва ду нафар омӯзгорон — Толибова Малоҳат ва Садиров Кароматулло бо ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуда, ба даври озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд. Инчунин, Машрапов Амонхӯҷа — омӯзгори муассисаи таълимии №44, Розиқов Парвиз — хонандаи синфи 7-уми муассисаи таълимии №44, Раҷабова Сабрина — хонандаи Яйдаи №1, Ӯзбекова Миҷгона — хонандаи мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳия барои иштироки фаъолонаашон дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон сарфароз гардонида шудаанд. Инчунин, бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, такмили захираи луғавӣ дар назди шуъбаи маорифи ноҳия китобхона бо шумораи 2500 адад китобҳои бадеӣ аз осори шоирон ва нависандагони классику муосири тоҷик ташкил карда шудааст.

Қайд кардан зарур аст, ки имрӯзҳо баҳри амалӣ гаштани Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ 190 адад компютер ва 10 адад тахтаи электронӣ аз тарафи буҷаи маҳаллӣ харидорӣ карда шудааст, ки иҷрои нақшаи соли таҳсили 2019-2020 ба 100% баробар мебошад. Инчунин, дар нуҳ моҳи соли 2020-ум 36 адад компютер ва 71 адад принтер аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ харидорӣ карда шуда, дастраси муассисаҳои таълимии ноҳия гардонида шудааст. Айни замон муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар маҷмуъ бо 1602 адад компютер ва 206 адад принтер, 9 адад тахтаи электронӣ ва 17 адад проектор таъмин карда шудаанд. Инчунин, 51 муассисаи таълимӣ ба шабакаи Интернет пайваст мебошад, ки он ҳам асосан тавассути модем буда, фаъолияти интернетро то андозае дастрас менамояд.

Соли ҷорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 2838 нафар синфи 11-ро хатм намудаанд. Аз ин шумора 2376 нафар ҳуҷҷатҳои худро барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии дохили кишвар тавассути имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридаанд, ки 82,6%-ро ташкил медиҳад. Баъди ҷамъбасти имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1488 нафар (52,43%) ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии дохили кишвар дохил шудаанд. Аз рӯи ҳисоботҳои директорони муассисаҳои таълимӣ, 1488 нафар (53,3%) тибқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи квотаи Президентӣ 22 нафар, ба гуруҳҳои мақсаднок ва коллеҷҳо бе Маркази миллии тестӣ, аз он ҷумла, ба Коллеҷи тиббӣ 79 нафар, ба Коллеҷи омӯзгорӣ 83 нафар, ба литсейҳои касбии техникӣ 14 нафар, ба муассисаҳои қудратӣ 17 нафар, ба курсҳои кӯтоҳмуддат 459 нафар, ба хориҷи кишвар 21 нафар ва дар ҷамъ 2179 нафарро (76,7%) ташкил дода, дар истеҳсолот 659 нафар мондаанд, ки ба 23,2% баробар мебошад.

Шуруъ аз соли 1997 то соли 2020 тибқи квотаи Президентӣ аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маҷмуъ зиёда аз 361 нафар (214 нафар духтар ва 147 нафар писар) ба ихтисосу равияҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, техникию технологӣ ва кишоварзии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бе имтиҳон, аз рӯи суҳбат кабул карда шудаанд. Соли таҳсили 2019-2020 аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 22 нафар (11 нафар духтар ва 11 нафар писар) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар тибқи квотаи Президентӣ дохил гардида, айни замон таҳсил намуда истодаанд.

Комиссияи татбиқи Қонуни забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пайваста дар муассисаҳои таълимӣ рафти талаботҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро зери назорати қатъӣ қарор додааст. Аз ҷумла, баҳри беҳтар намудани ҳуҷҷатгузорӣ бо забони тоҷикӣ, роҳ надодан ба хатоҳои имлоӣ, омода намудани шиору навиштаҷоти тарғибгари сиёсати имрӯзаи давлат ва мантиқан дуруст будани онҳо, дар муҳлати муайян баргузор намудани ҷаласаҳои комиссия ва дигар тарафҳои сиёсати ҳуқуқии забони давлатӣ дар шароити имрӯза ба масъулини муассисаҳои таълимӣ маслиҳатҳои муфид дода шудааст. Инчунин, масъулини соҳа вазифадор карда шудаанд, ки ба масъалаи таъмини кабинетҳои фаннии забон ва адабиёти тоҷик, муҷаҳҳазгардонии онҳо бо аёниятҳо, шиору овезаҳои тарғибгари сиёсати имрӯзаи давлат, бехато будани навиштаҷот, риояи имлои забони тоҷикӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, татбиқи қонунн забон зери назорати доимӣ қарор дорад.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия айни ҳол 114 нафар омӯзгор, аз ҷумла 53 нафар зан аз фанни забони русӣ ва 75 нафар омӯзгор, аз ҷумла 48 нафар зан аз фанни забони англисӣ ба таълиму тарбияи хонандагон машғуланд. Дар ноҳия 61 синфи таълимӣ бо забони русӣ, 51 синфи таълимии забони англисӣ, 1 синфи лингафонӣ аз фанни забони русӣ ва 1 синфи лингафонӣ аз фанни забони англисӣ фаъолият дорад. Инчунин, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 бо теъдоди 865 нафар хонандагон аз синфҳои 1 то 11-ум бо забони русӣ фаро гирифта шудаанд.

Қайд кардан зарур аст, ки соли таҳсили 2019-2020 аз тарафи буҷаи маҳаллӣ аз фанҳои физика, география ва биология 105 номгӯи аёниятҳои таълимӣ ва лабараторӣ харидорӣ ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шудааст. Инчунин, дар нуҳ моҳи соли 2020 аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои таълимии лабараторӣ аз фанҳои физика, химия ва биология ба муассисаи таълимии №36 ройгон таъмин карда шудааст.

Барои ғанӣ гардонидани заминаи модию техникии муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳу сифати дониш алоқамандии бевосита дорад, тибқи дархости шуъбаи маориф аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила маводу воситаҳои таълимии замонавӣ, аз қабили китобҳои дарсӣ, китобҳои бадеӣ, дасурамалҳо, харита, компютер, принтер, тахтаи электронӣ ва проектор дастраси муассисаҳои таълимии ноҳия гардонида мешаванд.

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо аз падидаҳое мебошад, ки маҳз бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ таъсис дода шуд ва имрӯзҳо бо фаъолияти пурсамар дар дарёфти истеъдодҳо корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодааст. Дар ин давра Марказ ҷиҳати пурсамар гардонидани фаъолиятҳои худ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон ва соҳибмаълумот, роҳбарони маҳфилҳои математика, таърих, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, забони русӣ, забони англисӣ, география, химия, технологияи иттилоотӣ 8 воҳиди кории худро пурра гардонида, фаъолияти маҳфилҳоро ба роҳ мондааст.

Дар соли таҳсили 2019-2020 дар даври чоруми олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолона иштирок намудаанд. Дар ҷамъбасти олимпиадаи мазкур Мусоева Дилафрӯз — хонандаи муассисаи таълимии №44 сазовори ҷойи дуюм аз фанни таърих, Кузибаев Дилшод — хонандаи муассисаи таълимии №1 сазовори ҷойи сеюм аз фанни забони русӣ гардида, бо медал ва ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд.

Таҳсилоти иловагӣ дар соҳаи маориф қисми таркибии донишандӯзӣ ва интихоби касб маҳсуб ёфта, ба рушди қобилияту истеъдоди кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, қонеъ гардонидани майлу рағбат ва талаботи маънавии онҳо нигаронида шуда, он дониши хонандагонро пурра гардонида, барои интихоби касб замина мегузорад. Айни ҳол дар муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия 18 маҳфил, аз ҷумла, омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, рассомӣ, кашидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ, сабадбофӣ, гулпарварӣ, тоқидӯзӣ, ихтирокорони наврас ва монанди инҳо дар 92 гуруҳ бо фарогирии 920 нафар аъзо фаъолият доранд, ки 548 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тибқи нақшаи корӣ баҳри пурсамар намудан ва баланд бардоштани сифати корҳои тарбиявӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ озмунҳои «Чароғаки раҳнамо», «Ватанпарвар», «Ихтироъкорони наврас», «Маликаи Наврӯз», «Дастони моҳир», «Ҳунари ман зебост» гузаронидаааст, ки дар онҳо хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия пайваста фаъолона ширкат варзидаанд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмир, азнавсозии муассисаҳои таълимӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда истодаанд. Айни замон сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 ва 6 синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ҷамоати деҳоти Навобод, сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ дар ҷамоати деҳоти Узун, сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоии №59 ва сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти умумии асосии №22 идома дорад.

Бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси КОВИД-19 дар муассисаҳои таълимии ноҳия як қатор корҳои муайян ва мақсаднок ба иҷро расонида шудаанд. Пеш аз ҳама шуъбаи маориф оид ба пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, барои иҷро дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонидааст. Инчунин, директорони муассисаҳои таълимӣ вазифадор карда шудаанд, ки баҳри пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, оиди ба пуррагӣ риоя намудани меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ, таъмин намудан бо оби ошомиданӣ, ба микдори лозима таъмин намудани маводҳои хлордор, сари вақт гузаронидани дизинфексия ва риоя намудани меъёрҳои санитарию гигиенӣ чораҷӯӣ намоянд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Абдулло Юсуфзода дар суҳбат бо мо изҳор дошт: «Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 26.12.2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид ва солҳои 2020-2040 “Солҳои омӯзиши фанҳои дақиқ” эълон карда шуд, мо — кормандони соҳаи маорифро вазифадор менамояд, ки дар таълими фанҳои дақиқ, таъмини таълимгоҳҳо бо омӯзгорони фанҳои математика, физика, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ ва табиатшиносӣ эътибори асосӣ дода, дар баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон саҳмгузор бошем. Дар ин самт, маорифчиёни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат ифтихор доранду кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сазовори боварии Сардори давлат гарданд”.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here