Литсейи касбии алоқаи ш.Душанбе яке аз пурнуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ буда, сарнавишти худро аз мактаби ТФЗ (таҳсилоти фабрикавӣ-заводӣ), ки соли 1931дар Тоҷикистон аз тарафи Вазорати алоқаи РСС Тоҷикистон барои тайёр намудани кадрҳои  коргарии соҳаҳои алоқа ташкил карда шуда буд, оғоз намудааст.  Мавҷудияти мактаби ТФЗ дар ихтиёри Вазорати алоқа, ки барои як корхона мутахассис тайёр мекард ва омӯзиш ба таври бригадавӣ мегузашт, талаботи хоҷагии халқро бо ихтисосмандон пурра таъмин карда наметавонист. Бинобар ин моҳи июни соли 1941 Омӯзишгоҳи   косибии № 3 ш.Сталинобод ташкил карда шуд ва баъдтар ба Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 5 ш. Душанбе табдил дода шуд.

Бо соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо рушд соҳаи алоқаи кишвар бо фармони вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 1998 таҳти №159 Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 5 ш.Душанбе  ба Литсейи техникии алоқаи ш. Душанбе табдил дода шуда, бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятноки литсейҳои касбӣ — Литсейи техникии алоқаи ш.Душанбе  ҳамчун Литсейи касбии алоқаи ш. Душанбе  номгузорӣ шуд.

Дар литсейи мазкур дар айни замон 56 нафар устодони соҳибтаҷриба кору фаъолият менамоянд, ки 1 нафар дорои унвони аълочии маориф ва 4 нафар устодон дорои унвони аълочии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошанд.

Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанберо устоди соҳибтаҷриба Шуҳрат Бурҳонов роҳбарӣ мекунанд.

 

Ихтисосҳое, ки дар литсей омӯхта мешаванд

Литсейи касбии алоқаи ш.Душанбе аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисонро тайёр менамояд:

Радиомеханик оид ба таъмир ва хизматрасонии дастгоҳои радио ва телевизион; кабелчӣ-кафшергар; системаи компютерӣ ва интернет-технология; технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия; хизматрасонии техникӣ ва таъмири компютер; муҳосиб бо донистани кор бо компютер.

Вобаста ба ихтисосҳои номбурда 780 нафар донишҷӯён дар гуруҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 141нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

 

Хамкорӣ бо донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи касбии хориҷӣ

Литсейи касбии алоқа бо якчанд донишгоҳои олӣ ва миёнаи касбии  Федератсияи Русия воқеъ дар шаҳрҳои Пенза, Красноярск, Новосибирск ва Якутия ҳамкорӣ дошта, ҳамасола 15-20 нафар хатмкунандагони он ба воситаи маркази тестии худи муассиса ба муассисаҳои номбурда дохил мешаванд.

 

Дастовардҳо

Дар соли 2018 Литсейи касбии алоқаи ш.Душанбе  ба дастовардҳои зерин ноил гардидааст:

— бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе «Барои саҳми арзанда гузоштан дар тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш, мусоидати фаъол дар баргузории чорабиниҳои мақсадноки тарғиботиву ташвиқотӣ дар миёни ҷавонону наврасон»;

— бо Дипломи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои «Кабинети методии беҳтарин» дар байни муассисаҳои давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

— бо Ифтихорномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои «Беҳтарин кабинети тахассусӣ» аз рӯи ихтисоси «Системаи компютерӣ ва интернет-технология» дар байни муассисаҳои давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ.

 

Иштирок ва ғолибият дар олимпиадаҳо

Хонандагони Литсейи касбии алоқа дар олимпиадаҳои сатҳи ҷуҳуриявӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ иштирок варзида, борҳо ҷойҳои ифтихориро ба даст овардаанд. Аз ҷумла дар чандин мусобиқаҳои варзишии байни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ оид ба волейбол ҷойҳои аввалро  гирифта, сазовори ҷом ва ифтихорномаҳо гардидаанд. Инчунин дар вазни 65 кг хонандаи бахши дуюм Зиёев Довуд дар мусобиқаи байналмилалии муҳорибаи тан ба тан дар шаҳри Дубай ва Раҳмонов Абӯбакр дар мусобиқаи байналмилалии бокс, ки дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон шуда гузашт ҷои аввалро ишғол намуда, бо мукофотҳо ва ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

 

Усули таълим дар литсей

Дар литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе дарсҳои амалии таълимӣ- истеҳсолӣ дар баланд бардоштани касбияти донишҷӯён аз ҳама асосӣ ба ҳисоб рафта, бахше аз онҳо дар муассисаи таълимӣ ва бахши дигар дар корхонаҳои соҳавӣ гузаронида мешаванд.

Маъмурияти муассиса бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани дарсҳои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ бо якчанд корхонаҳои соҳавӣ, аз ҷумла корхонаҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК «Тоҷиктелеком», филиали ҶСК «Тоҷиктелеком» — Шабакаи телефонии шаҳри Душанбе, (дар асоси Шартномаи тарафайн байни Литсей ва ҶСК «Тоҷиктелеком»), КВД «Почтаи тоҷик», КФ «Почтамт» — и шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии телевизионии «Шабакаи аввал», «Сафина», «Баҳористон», «Ҷаҳоннамо», Маркази таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳои радиоэлектронии «Волна» ва дигар корхонаҳо, муассисаҳо ва ширкатҳои соҳавӣ шартномаи тарафайн ба имзо расонидааст ва донишҷӯён дарсҳои амалии истеҳсолиро дар корхонаҳои номбурда мегузаранд. Маъмурияти литсей рафти таҷрибаомӯзиро пурра назорат мебарад.

 

Китобхонаи литсей

Китобхонаи литсей дорои 3252 нусха адабиётҳои гуногун, аз ҷумла  адабиёти таълимӣ 1526 нусха, адабиётҳои тахассусӣ 560 нусха, адабиётҳои методӣ — илмӣ 61 нусха, адабиётҳои бадеӣ 1075 нусха ва ғайра мебошад, ки 780 нафар хонанда ва 56 нафар омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ аъзои китобхона мебошанд. Дар қироатхонаи китобхона 45 ҷои нишаст мавҷуд аст.

Барои гузаштани дарсҳои варзиш ва омодагии дифои ҳарбӣ толори варзишӣ ва майдончаҳои варзишӣ мавҷуд мебошад.

 

Пойгоҳи моддию техникӣ

Литсей дорои ду бинои таълимӣ буда, аз 29 кабинетҳои таълимӣ барои омӯзиши фанҳои ҳамагонӣ, умумитехникӣ ва тахассусӣ иборат мебошад. Биноҳои таълимӣ дуошёна буда, дар онҳо 29 синфхонаи таълимӣ, аз он ҷумла 15 кабинетҳои тахассусӣ, 14 синфхонаи фанҳои умумӣ, 1 кабинети  методию омӯзгорӣ, инчунин толорҳои варзишию  маҷлисгоҳ ва  китобхона мавҷуд мебошанд. Миқдори синфхонаҳои тахассусӣ ба  ихтисосҳои мавҷуда мувофиқат мекунанд.

Дар литсей барои омӯзиши технологияи тахассусии ҳар як ихтисос   кабинетҳо бо аёниятҳо ва воситаҳои техникӣ ҷиҳозонида шудааанд. Аз ҷумла 4 кабинет барои омӯзиши технологияи тахассусии ихтисоси  «Радиомеханик оид ба таъмир ва хизматрасонии дастгоҳҳои радио ва телевизион», 5 кабинет барои омӯзиши ихтисоси «Системаи компютерӣ ва интернет-технология», 1озмоишгоҳ барои омӯзиши ихтисоси «Кабелчӣ-кафшергар», 2 кабинет барои омӯзиши ихтисоси «Муҳосиб бо донистани кор дар компютер», 1кабинет барои омӯзиши ихтисоси  «Хизматрасонии техникӣ ва таъмири таҷҳизотҳои радиоэлектронӣ», 1кабинет барои омӯзиши ихтисоси «Технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия» фаолият менамоянд.

Ба хонандагони ятими кул аз тарафи муассисаи таълимӣ мунтазам дастгирии молиявӣ аз қабили таъмини сару либос расонида шуда, онҳо бо идрорпулӣ таъмин карда мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки талабот ба мутахассисони соҳаи алоқа зиёд буда, хатмкунандагони литсей пас аз супоридани аттестатсияи давлатии хатм, тибқи тахассусҳои амалкунанда дараҷаи тахассусӣ ва тибқи шартномаҳо бо корхонаҳои соҳавӣ ба кор таъмин карда шуда, зиёда аз 60%-и онҳо ба донишкадаҳои олӣ ва коллеҷҳои ҷумҳурӣ роҳ меёбанд. Зеро мутахассисоне, ки дар листейи мазкур омода карда мешаванд, пурра ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ буда, дар оянда метавонанд ба халқу Ватан хизмат кунанд.

 

Ба ҷои охирсухан

Омӯзиши мо нишон дод, ки маъмурияти Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии алоқа ҳама донишу малакаи худро ба он равона кардаанд, ки шогирдони онҳо чун мутахассиони хуб ба воя расида, дар рушди минбаъдаи алоқа саҳми арзандаи худро гузоранд. Бинобар ин ба хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ муроҷиат карда изҳор медоранд, ки довталабоне, ки ба муассисаи номбурда барои омӯхтани касбу ҳунар муроҷиат мекунанд, метавонанд ба он дохил шуда, ихтисосҳои соҳаи технологияи коммуникатсионию радиоэлектронӣ ва соҳаи иқтисодиётро аз худ намоянд, дар маҳфилҳои тахассусӣ ва варзишӣ иштирок намуда, соҳиби касбу ҳунарҳои муосир гарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи алоқаро яке аз соҳаҳои асосӣ дар рушду нумӯи кишвар медонанд.

Бинобар ин ҳар нафаре, ки мехоҳад соҳиби касби муосир ва донандаи хуби технологияи муосир гардад, «Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе» беҳтарин интихоб аст.

 

“МТЖТ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here