Истаравшани бостонӣ яке аз шаҳрҳои қадимаи ҳунармандон аст, ки дар он то имрӯз зиёда аз 150 намуди ҳунарҳои мардумӣ маъмул мебошад. Бешак, ҳунарҳое дар ин шаҳри куҳанбунёд то ҳанӯз ривоҷ ёфтаанд, ки дар дигар минтақаҳо шояд кайҳо ба боди фаромӯшӣ рафтаанд.
Аз ҷониби Пешвои миллат “Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019-2021ва ба ин васила дар ҳошияи иқдоми мазкур аз андоз озод гардидани ҳунармандон ба соҳибҳунарони шаҳри Истаравшан нерӯи тоза бахшида, барои дигарбора эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ мусоидат намуд. Ҳамакнун ҳунармандони шаҳри Истаравшан метавонанд дар хонаҳои худ ба эҳё ва бо тарзи муосир ташаккул додани ҳунарҳои мардумӣ машғул шуда, ҳамзамон, ба бисёр шогирдон ҳунари асили худро омӯзонанд.
Ҳунармандони шаҳри Истаравшан дар маҳсули ҳунари худ рамзу муъҷизаҳоеро ғунҷонидаанд, ки бинандаро дар ҳайрат мегузоранд. Яке аз ҳунармандони сӯзанидӯзу кашидадӯз рамзеро бо нӯги сӯзан тасвир карда, ба мо пешкаш намуд, ки дар он шохаи анор тасвир ёфта буд. Анор рамзи хушбахтӣ ва серфарзандӣ будааст.
Наимҷонзода Нигора — муовини раиси шаҳри Истаравшан бо тасдиқи гуфтаҳои фавқ афзуд: “Шукргузорӣ аз даврони Истиқлолияти Ватан мекунем, ки имрӯзҳо зери сиёсати хирадмандона, оқилонаву одилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизамон гул-гулшукуфон гашта, рӯз аз рӯз ободу зебо гардида истодааст. Мардуми сарбаланду некноми Истаравшани бостонӣ баҳри ободии диёри хеш ва дар маҷмуъ Тоҷикистони азизамон саъю талош менамоянд. Дар Истаравшани бостонӣ занони фаъол хеле зиёданд. Солҳои қаблӣ ҳатто ба вазифаи раиси комиҷроияи шаҳр ҳам занҳо интихоб шуда, ҳунармандиро низ тарк накардаанд. Аз ҷумла, Зуҳро Шодиева, Роза Ҳакимова, Фотима Шарифова, Зебӣ Маърупова, ки солҳои зиёд ҳамчун раиси комиҷроияи шаҳри Истаравшан софдилона фаъолият намудаанд. Дар ин росто Адолат Ғафурова низ аз бонувони фаъоли шаҳр шинохта мешаванд. Имрӯз ҳам онҳоро дар тамоми маъракаву чорабиниҳо даъват мекунем, аз таҷрибаи ғанӣ ва маслиҳатҳои муфидашон истифода мебарем”.
Гуфта мешавад, ки аз ҳисоби занон 28 нафар дар хизмати давлатӣ, 1701 нафар дар сатҳи кадрҳои роҳбарикунанда, 2 нафар зан ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва 2 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, инчунин 24 нафар ба ҳайси вакили Маҷлиси вакилони ҷамоатҳои деҳот фаъолият карда истодаанд.
Ба гуфтаи Н. Наимҷонзода, «дар қатори фаъолони истаравшанӣ ҳамчунин метавон аз Мавлуда Умарова, ки солҳои зиёд ҳамчун раиси Шӯрои занон шинохта мешуданд, аз Сабоҳат Ҷамолова — Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, аз Манзура Искандарова, Барно Ашрапова, Хосият Фозилова, Муборак Маъмурова ва дигар бонувони барӯманди диёр ном бурд, ки воқеан ҳам дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ заҳмат кашидаанд. Ин ҷо номи Роза Ҳакимоваро, ки воқеан ҳам ҳамчун раиси комиҷроияи шаҳри Истаравшан барои ободонии диёри хеш корҳои назаррасеро ба сомон расонида буд, мехоҳам махсусан қайд намоям. Мавсуф ҳанӯз дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ фабрикаи “Трикотаж”-ро ба кор андохта буд, ки дар он зиёда аз 4 ҳазор шаҳрвандон кору фаъолият мекарданд ва аксарашонро занону духтарони маҳаллӣ ташкил медоданд. Дар баробари ин, роҳбарони зиёдеро аз ҳисоби занон дар ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо дорем, ки меҳнатдӯсту поквиҷдон ва ростқавл мебошанд».
Муовини раиси шаҳри Истаравшан ҷиҳати омодагиҳо ба сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон зикр намуд, ки дар ин маврид нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шудааст, ки сохта ба истифода додани 450 иншоотро дар бар мегирад. Имрӯзҳо зиёда аз 250 адад иншооти ҳаётан муҳим мавриди баҳрабардории сокинон қарор гирифтаанд, ки дар татбиқи ин амал саҳми занони шаҳр албатта кам нест.
Ба қавли Н. Наимҷонзода, «дар арафаи 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Ҷавкандак, деҳаи Қалъачаи Баковул як маркази саломатӣ сохта ба истифода дода шуд, ки дар он утоқи хатна барои навзодон, ҳамчунин утоқ барои занони ҳомила мавҷуд аст. Дар ҷамоати деҳоти Чорбоғ бошад, варзишгоҳ ва майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабарддорӣ қарор гирифт, то ҷавонон ба ҳар гуна корҳои ношоиста даст назананду ба обутоби бадан машғул бошанд. Дар Рӯзи Президент бошад, як бинои ташхису табобатии хусусии 6-ошёна ба истифода дода шуд. Ин тасмимро мо минбаъд низ идома бахшида, дар тамоми ҷамоатҳо майдончаҳои варзиширо сохта ба истифода хоҳем дод.
Бояд қайд намуд, ки дар Осиёи Марказӣ ҳунари читгарӣ танҳо дар шаҳри Истаравшан побарҷо мондааст. Ҳунармандони шонатарош ва аҷубасози истаравшанӣ дар тамоми озмунҳо ҷоизаҳои баландро сазовор гаштаанд».
— Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки чанде қабл дар шаҳри Қӯқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ду нафар шонатарош ва қолинбофи истаравшанӣ дар озмуни ҳунармандон Тоҷикистони азизи моро муаррифӣ намуда, сазовори ҷойи аввал гаштанд. Дар байни 108 давлати дунё, ки аъзои ҳакамон аз давлатҳои хоириҷа буданд, ҳунармандони тоҷик Зарипов Содиқ ва Ҳамдамов Абдуқаҳор аз ҷониби Президенти Ӯзбекистон сазовори гирифтани 5000 доллар гаштанд. Албатта, ин боиси хушнудӣ ва ифтихори ҳамаи мост. Қайд кардан бамаврид аст, ки раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳунармандон таваҷҷуҳи бештар медиҳанд. Чунончи, аз ҷониби 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят озмунҳои гуногун баргузор мегарданд, ки ҳунармандони шаҳри Истаравшан ҳемеша сазовори ҷойҳои намоён ва бо маблағҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд. Аз ҷумла, ҳунарманди мисгарамон ҷойи аввалро ишғол намуд, ҳунарманди аҷубасоз бо маблағи 3 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуд. Ҳунармандони нонпазу қаннод дар вилоят сазовори ҷойҳои намоён гаштанд. Ҳунари ҳунармандони мо дар осорхонаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз кишвар низ ба намоиш гузошта шудааст. Чанде қабл аз ҷониби вазири фарҳанг муҳтарам Шамсиддин Орумбекзода барқия омад, ки ҳунари дастии ҳунармандони мо дар фестивалҳои хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Эрону Арабистон ба намоиш гузошта шавад,- илова намуд муовини раиси шаҳр ва афзуд: «Аҷубасозони шаҳри Истаравшан аз гил қаҳрамонони афсонавиро дар дег пухта месозанд, ки ин таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро бисёр ба худ ҷалб намудааст».
— Як моҳ қабл се нафар бонуи меҳнатдӯсти шаҳри Истаравшан аз ҷониби раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода сазовори гранти раиси вилоят ба маблағи 5000, 8000, 10000 гаштанд. Феълан ду нафарашон гулдӯзиву кашидадӯзӣ ва як нафари дигарашон пухтани таомҳои миллиро ба шогирдон меомӯзонанд. Соли гузашта низ 5 нафар бонувони шаҳри Истаравшан соҳиби гранти раиси вилоят гашта буданд. Занони атласу адрас ва қолинбофи Истаравшан низ аз гранти раиси вилоят баҳраманд шуда, дар хонаҳои худ ин ҳунарашонро ба шогирдон омӯзонида, онро ривоҷ дода истодаанд. Ҳамчунин, омӯзгори Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ Атамова Махфират ба Президенти муҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон вақти ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданашон ҷомаи хеле зебои бо дастони хеш тайёр намудаашро аз номи мардуми Истаравшан пӯшонидааст. Албатта, дар мавриди ҳунарҳои мардумӣ соатҳои зиёд метавон ҳарф зад. Вале зикри ҳамин нуктаро ҳам муҳим мешуморам, ки вақте тариқи телевизиони Русия эъҷози дастони ҳунарманди читгарамонро дидам, дар ҳайрат ҳам мондам. Инсон шавқ надошта бошад, ҳунарманд шуда наметавонад. Зеро як карбоси табииро тар намуда, аз ҳар гуна гиёҳҳо ва пӯсти анор рангҳоро офаридану рӯи матои сафед овардани қолаби нақшу нигорҳо меҳнати сангинро талаб мекунад. Ҳунари читгарии ҳунармандони Истаравшан, ки арзиши баланд дорад, аз ҷониби сайёҳони хориҷӣ низ баҳои баланд гирифт ва харидори худро имрӯз миёни онҳо аллакай пайдо намудааст. Гузашта аз ин, соле пеш дар Қалъаи Муғтеппа иди Ваҳдати миллиро бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифтем, ки дар онҷо зиёда аз 80 намуди ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла танӯрсозиву гаҳворасозӣ, мисгарӣ, кандакорӣ, оҳангарӣ, кундалрезӣ, кашидадӯзӣ, наққошӣ ва ғайра ба маъраз гузошта шуд ва баҳои баланд гирифт,- зикр намуд дар фароварди суҳбат Наимҷонзода Нигора.
Дар идомаи суҳбат Муминова Фирӯза — мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан қайд кард, ки «тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ борҳо таъкид намудаанд, «мо азму талош дорем, то барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем». Мо низ ҳамаи нақшаю барномаҳоро маҳз дар партави ана ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва татбиқ менамоем, зеро мардуми шарифи Тоҷикистон фаъолияти имрӯзаву фардои кишвар, аз ҷумла ҳифзи Истиқлолият, манфиатҳои миллӣ ва пояҳои давлатдориро баҳри таъмини оромии ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари азизамон ба зиммаи мо вогузор намудаанд. Боиси хушнудӣ ва сарбаландист, ки имрӯз Истаравшани бостонӣ ҳамчун шаҳри ҳунармандон дар тамоми миқёси ҷумҳурӣ ва хориҷ аз кишвар эътироф ва шинохта шудааст. Мо пеш аз ҳама аз бонувони фаъоли ҳунарманд ва занони собиқадори фаъоли худ фахр мекунем. Мо ифтихор дорем, ки бонувони шаҳри Истаравшан дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа бо азму ҷазм кору фаъолият бурда истодаанд. Дар ин радиф метавон аз зани сиёсатмадор Гулҷаҳон Бобосодиқова, аз Марҳабо Олимӣ, ки дар Кумитаи кор бо занон ва оила фаъолият карда истодааст, аз собиқадорон — Адолат Ғафурова, Барно Ашрапова, Сафарова Раъно, Фозилова Хосият, Юсупова Норӣ, Абдуваҳобова Муаззама, Анварова Сайёра, Раҳматова Дилрабо, Мухторова Матлуба, Искандарова Манзура, Норова Равшаной, Умарова Мавлуда, Собирова Зумрад ва монанди инҳо бо дилпурӣ ном бурд».
Дар баробари ин, ба қавли Фирӯза Муминова, шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан фаъолияташро баҳри дар амал татбиқ намудани фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, қонунҳои оид ба сиёсати занон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин супоришҳои мақомоти болоӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои марбута ба роҳ монда, дар ин самт силсилаи чорабиниҳоро тибқи нақша амалӣ намуда истодааст. Дар ин самт феълан шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан аз рӯйи панҷ барнома фаъолият бурда истодааст: Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нақши падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар баробари ин, шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан самти фаъолияташро хуб ба роҳ монда, алалхусус дар давоми нуҳ моҳи сипаригашта дар озмуну фестивалҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҳам ҷумҳуриявӣ ҷойҳои аввалро сазовор гардидааст, ки ин боиси ифтихори тамоми сокинони ин диёри бостонӣ мебошад.
Инчунин, дар давоми соли ҷорӣ шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар тамоми корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳои таълимӣ, Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, Литсейи касбӣ-техникӣ, Коллеҷи тиббӣ 130 маротиба вохӯриву мулоқот, аз он ҷумла 36 семинар-машварат, 12 мизи мудаввар, 12 конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор намудааст, ки дар тамоми ин чорабиниҳо занони фаъоли шаҳр бо диплому сипоснома ва ифтихорномаҳо сазовор гардидаанд.
Ҳамзамон, дар мавриди пешгирии зуҳуроти номатлубе чун содиршавии ҷиноят байни занону духтарон, сӯиқасд кардан ба ҷони худ корбарӣ рафта истодааст. Дар ҳамин ҳол, баҳри пешгирии падидаҳои номатлуб имрӯз бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан гуруҳи кории мушоҳидакорон ва гуруҳи кории “Шӯрои муросоҳо” дар тамоми ҷамоатҳову маҳаллаҳо таъсис дода шудааст. Ин гуруҳҳо барои бекор нашудани ақди никоҳи оилаҳои ҷавон ва пош нахӯрдани онҳо бо усули хона ба хона амал карда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва машваратӣ мегузаронанд.
Дар ин давра дар шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан 736 адад муроҷиати шаҳрвандон қабул гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, ки низ бо усули хона ба хона ба ҳар як шаҳрванде, ки бо масъалаҳои гуногун, аз ҷумла баҳсҳои оилавӣ муроҷиат мекунанд, гуруҳи корӣ ташкил карда шуда, ба хонаи муроҷиаткунанда равон карда мешавад, то бо вазъи оилавии ӯ шинос шаванд. Пас аз шиносоӣ дар ҳамонҷо бо ёрии равоншиносон ва ҳуқуқшиносон масъала ҳалли мусбати худро пайдо мекунанд ва ҷонибҳо ба созиш оварда мешаванд. Айни замон 69 оила ба созиш оварда шудааст ва дар оянда низ чунин иқдомҳо идома хоҳанд ёфт.
Ҳамчунин, бонувони ҳунарманди шаҳри Истаравшан дар тамоми чорабиниҳо, фестивал ва озмунҳо ширкат варзида истодаанд. Аз ҷумла, ба наздикӣ зери унвони “Корвони модарони ваҳдатофар” чорабинӣ баргузор гардид, ки бонувони барӯмандро аз тамоми ҷумҳурӣ дар шаҳри Истаравшан гирд овард. Дар давоми 3 рӯз меҳмонон аз мавзеҳои таърихии шаҳри Истаравшан дидан намуданд. Алалхусус, вохӯрӣ ва дидор дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ бо занони ҳунарманд, ки бо ҳунару истеъдоди баланди худ шуҳрат пайдо карда, бо маҳсули ҳунари дасти худ дар фестивал-озмунҳо ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд, басо хотирмон буд.
Ба гуфтаи Н. Наимҷонзода, «дар шаҳри Истаравшан Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ фаъолияти пурсамар пеш мебарад, ки дар он зиёда аз 11 намуди ҳунар омӯзонида мешавад. Аз ҷумла, ҳунарҳои заргарӣ, кандакорӣ, гулдӯзӣ, ороиши чӯб, ки бонувони шаҳри Истаравшан низ ба онҳо шавқи зиёд доранд. Ҳарчанд қаблан ҳунарҳои вобаста ба кандакориро мардон иҷро мекарданд, имрӯзҳо занони шаҳри Истаравшан низ ба ин ҳунар таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудаанд, ки миёни онҳо бисёр ҷавонон аз манотиқи дигар, аз ҷумла, аз Рашту Хатлону Бадахшон ҳам ҳастанд».
Қайд кардан бамаврид аст, ки фестивал-озмунҳои вилоятии атласу адрас, «Сад ранги чакан, «Ҷилваи рангҳо» «Хӯришҳои миллӣ ва муосир» дар шаҳри Истаравшан гузаронида мешаванд. Масалан, ҳунармандон Эркаева Зулфия ва Ризоқулова Мадина бо ҳунари худ ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд. Ба ғайр аз ин, вақте Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд сафари корӣ доштанд, зимни баргузории фестивали вилоятӣ яке аз нонпазҳои беҳтарини шаҳри Истаравшан Ибрагимова Марҳабо 40 намуд нонҳои болаззати худро муаррифӣ намуда, дастранҷаш аз тарафи Сарвари давлат баҳои баланд гирифт ва бо 2 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид.
Ҳамчунин, занони барӯманди Истаравшан дар фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок карда, аз тарафи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон Идигул Қосимзода бо диплом ва туҳфаҳои арзишнок сарфароз гардиданд. Дар баробари ин, яке аз бонувони истаравшанӣ дар озмуни «Чакомаи гесу» бо мӯйи думетраи худ дар вилоят ҷойи аввалро гирифт.
Ба гуфтаи Фирӯза Муминова, аз ҳисоби занон 7 нафар занону бонувони ҳунарманд ба гирифтани гранти раиси вилоят мушарраф гардида, айни ҳол сехҳои дӯзандагӣ, коргоҳи бофандагӣ таъсис дода, шогирдони зиёдеро дар ҷодаи ҳунаромӯзӣ тарбия намуда истодаанд. Ба монанди Ғафурова Нина, ки барои 20 нафар занону бонувони имконияти сухангӯиву шунавоиашон маҳдуд шароити кор фароҳам овардааст. Инчунин, Ҷӯраева Шириной бо таъсиси сехи адрасбофӣ бо номи «Чилдухтарон», кадбону Иброҳимова Марҳабо бо таъсиси ҷои корӣ барои 20 нафар занону бонувони хонашин дар маркази «Гулрез», Сулаймонова Муслима ва Норматова Рухсора бо таъсиси сехи адрасбофӣ ва армуғонсозӣ, сӯзанидӯз Сидиқова Мавлуда ва чакандӯз Мазбутова Фарида саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. 20 нафар бонувони ҳунарманди шаҳри Истаравшан низ барои гирифтани гранти раиси шаҳр пешниҳод шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, зимни суҳбат рассоми Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Истаравшан Хоҷакалонова Каромат зикр намуд, ки “дар шуъбаи фарҳанг 30 сол ба сифати рассом кор кардам. Шогирдони хеле зиёдеро тарбия намудам. Дастпарваронам академияро хатм карда, кор карда истодаанд. Қариб 6 сол мешавад, ки дар Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Истаравшан фаъолият карда истодаам. Унвони Аълочии фарҳанги Тоҷикистонро дорам. Як гуруҳи рассом-ороишгар дорам. Ба расмкашӣ аз синфи 6 сар кардам. Касби худамро бисёр дӯст медорам. Ин истеъдоди худодод аст. Агар илҳом пайдо шавад, аз сари кор соатҳои зиёд намехоҳам хезам. Табиати зебои диёрамон ба ман илҳом мебахшад. Композитсияҳои ман бештар дар мавзуҳои “Симои падар”, “Айёми кӯдакӣ”, “Наврӯзи аҷам” мебошанд. Умуман, ман дар ҳар ид як композитсияи нави худро пешкаш менамоям».
Зани дигари ҳунарманде аз шаҳри Истаравшан — Атамова Махфират зикр намуд, ки дар оилаи ҳунарманд тарбия ёфтааст. “Фаъолияти кориамро аз мактаб сар кардам. Қариб 10 сол мешавад, ки дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳриИстаравшан кор карда истодаам. Тайи 53 сол мешавад, ки бо касби ҳунармандӣ зиндагиамро пеш мебарам. Дар озмун иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал шудам, 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гирифтам. Ман ҳунар дорам. Ҳамчун як зани соҳибҳунар даҳҳо шогирдони боистеъдодро тарбия намудам”,- гуфт ӯ.
Дар идома тарроҳи Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Истаравшан Искандарова Насиба Азимовна зикр намуд, ки 18 сол боз ҳамчун омӯзгор ва роҳбари гуруҳи дӯзандагӣ фаъолият дорад. “Ман асосан касби дӯзандагиро дар шаҳри Санкт-Петербург аз худ кардам. Устодам Рустамова Юлия буданд. Дар давоми фаъолияти кориам садҳо шогирдро тарбия намудам. Ҳар сол дар курсҳои кӯтоҳмуддат ба 40 нафар дарс медиҳам. Асосан ба либосҳои миллӣ мароқ зоҳир менамоям. Мехоҳам, ки гулдухтарони тоҷик бисёртар либоси миллиро ба бар кунанд. Дар озмуни “Нигоҳи нав ба мӯди нав”, ки барои тарроҳони ҷавон барпо карда шуд, шогирдам Калонова Дилшода иштирок намуда, ҷойи намоёнро ишғол кард. Инчунин, дар озмуни вилоятии “Иди атласу адрас”, ки дар он раиси ҷумҳуриамон низ иштирок доштанд, либосҳои миллии дӯхтаи ман низ дар намоиш гузошта шуда буд”,- бо ифтихор зикр намуд ӯ.
“Бешак, модар калимаи муқаддас аст. Фақат бо таваллуд кардан кори модар тамом намешавад. Бояд тифлони худро дар руҳияи инсондӯстӣ, ватанпарварӣ, шахси даркор барои ҷамъият тарбия намоем…”. Ин андешаи акушер-гинекологи таваллудхонаи шаҳри Истаравшан Бобоева Гулчеҳра аст. Мавсуф мегӯяд, ки 33 сол боз дар таваллудхонаи мазкур фаъолият карда истодааст. Аз соли 2001 то 2005 ба ҳайси ҷонишини сардухтур оид ба табобати таваллудхонаӣ, аз соли 2005 то 2017 ба сифати сардухтури таваллудхона ва 2 соли дигар ҳамчун мудири шуъбаи якҷоягии модару кӯдак кор карда, аз соли 2018 сардухтури таваллудхонаи мазкур таъин гардидааст.
— Дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ таваллуд 4736 нафар буда, таваллуд дар хона 7 нафар, хавфи перинаталӣ 10 миқдор камтар шудааст. Таваллуди пеш аз муҳлат 131 ҳолатро ташкил медиҳад. Миқдори таваллуди хешутаборӣ кам ба назар мерасад. Ҳамааш асосан аз саломатии модарон вобастагӣ дорад. Аксарияти модарон бемориҳои камхунӣ, гурдаю ҷигар, зоб, инфексияҳо ё ягон норасоиҳои дигар доранд, аммо сари вақт табобат намегиранд. Бо ҳамин сабабҳо пеш аз муҳлат таваллуд мекунанд. Ҳуҷраи хатна дорем. Дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ 120 нафар кӯдаконро аз хатна гузаронида, солим ҷавоб додем. Духтарон ва писароне, ки издивоҷ кардан мехоҳанд, аввал аз духтур гузаронида шуда, баъд ба Хонаи ақди никоҳ мераванд. Ҳамчун духтури акушер-гинеколог барои модарону духтарони ҷавон тавсия медиҳам, ки бемориҳояшонро пинҳон надошта, сари вақт ба табибон муроҷиат намоянд. Танҳо дар ин сурат мо метавонем ба онҳо кӯмаки худро расонем. Агар дар вақти ҳомиладорӣ бемории онҳо муайян гардад ҳам, барои модару кӯдак бемориҳои сироятӣ, гурдаю ҷигар, зоб, инфексияҳои гуногун ё дигар норасоиҳо зарари худро мерасонанд. Хушбахтона, бемории вазнини хунравӣ байни занон дар солҳои охир кам шудааст. Ҳар як зани ҳомиладор аз рӯи фармони 162-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди духтури минтақавӣ гирифта шуда, аз ҷониби момодояҳо ва акушер-гинекологҳо оид ба ғизову гигиена, пешгирии аломатҳои хавфнок машваратҳо гузаронида мешавад.
Боиси хушнудист, ки бо ташкил намудани таваллудгоҳҳои минтақавӣ дар 5 минтақаи дурдаст, аз ҷумла Қалъаи баланд, Лакат, Чорбоғ, Ниҷонӣ, таваллуди занҳо дар хона кам ба назар мерасад. Набудани мошин дар минтақаҳои дурдаст айни ҳол аз мушкилоти ҳалталаби соҳа боқӣ мондааст, ки бо ҳамин сабабҳо сари вақт ба таваллудхонаҳо омада наметавонанду дар хона таваллуд мекунанд. Барои пешгирӣ намудани ин ҳолатҳо 25 кат дар таваллудхона ташкил шудааст, ки ин иқдом то андозае ба ҳалли масъала мусоидат менамояд,- мутмаин аст Бобоева Гулчеҳра.
Сафари кории хабарнигори МТЖТ ба шаҳри Истаравшан собит намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан татбиқи амалии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2020»-ро хуб ба роҳ монда, дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳр Амирхон Қурбонзода бо мақсади тараққиёти иқтисодиёт, рушди бештари ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин раванд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан минбаъд низ маҳз роҳнамоиҳои созандаи Сарвари давлатро сармашқи амалҳои созандаи худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор менамояд ва фаъолияташро идома мебахшад ва барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ҳамеша ҷаҳду талош менамояд.
Нигора САИДБЕКОВА, МТЖТ