Шамсуддин Исроилов 60 сол дорад ва дар деҳаи Чорсада-2-и ноҳияи Данғара зиндагӣ мекунад. Ӯ устои чӯб (гаҳворатарош, табақтарош, қошуқтарош, зинтарош), муаллим (муаллими синфҳои ибтидоӣ ва таълими меҳнат), фаъоли деҳа (ҳар навгонӣ ва дигаргуние, ки дар ҳаёти аҳли деҳа ба амал меояд, ҳатман бо ташаббуси ӯ сурат мегирад), ронанда (дар гузашта автобус, ҳоло таксист) мебошад.
Саргаҳ
11 сол пеш сокинони деҳаи “Сари пул”-и ноҳияи Нурободро бо сабаби зери оби НБО-и “Роғун” мондани деҳаашон ба ноҳияи Данғара, аниқтараш дар миёни деҳаҳои Чорсада ва Навободи ҷамоати деҳоти Лолазор нақшаи деҳаеро таҳрезӣ карданд ва кӯчониданд. Мардуми деҳаи “Сари пул” бо майли дил ба ин ҷо омаданд ва ҳар кадоме дар таҳкурсиҳои махсусе, ки НБО-и “Роғун” тарҳрезӣ карда буд, хона сохта, номи деҳаро Чорсада-2 гузоштанд. Бояд гуфт, ки дар деҳаи Чорсада-2 ба ҷуз сокинони деҳаи “Сари пул” боз чандин хоҷагиҳои осебдида аз ноҳияи Дарвоз ва дигар деҳоти гирду атроф хона бунёд карда, зиндагӣ доранд. Зиндагии тифоқона.
Деҳаи “Чорсада-2” миёни деҳаҳои Чорсада ва Навобод ҷойгир шудааст. Аз роҳи калон барои даромад ба деҳа се даромадгоҳ аст. Дигар пешопеши деҳаро ҷӯйи то қади одам баланд аз роҳ ҷудо мекунад. Ин ҷӯйи калон, ки аз чанд деҳаи поён то чанд деҳаи дигари боло об меораду мебарад, махсус барои обмонии заминҳои пахта аст. Аз ин об мардуми деҳа наменӯшанд. Ин ҷӯйҳое, ки аз қади одам баландтаранд, қисмат-қисмат буда, якеаш тақрибан 2-3 метр аст.
Хуллас, мо ба ноҳияи Данғара, ҷамоати деҳоти Лолазор, деҳаи Чорсада-2 сафар кардем ва бо акои Шамсуддин вохӯрда, қиссаи зиндагии 60-солаашонро шунидем.
Акои Шамсуддин — таксист
Қаҳрамони мо мегӯяд: “Соли 2009 моро аз деҳаи Сари пули ноҳияи Нуробод ба ноҳияи Данғара муҳоҷири дохилӣ карданд. Бар ивази замину хонаҳои доштаамон дар ҷойи нав ба мо 10-сотихӣ замин бо таҳкурсӣ ва миқдоре маблағ доданд. Аз деҳаи нав то маркази ноҳия тақрибан 15 километр роҳ аст ва ман дидам, ки дар деҳаи навбунёд барои харидани масолеҳи сохтмонӣ ва рӯзгор ба сокинон таксӣ бисёр даркор аст. Ман мушоҳида мекардам, ки мардуми деҳа ҳатто рӯзона то 2-3 маротиба ба маркази ноҳия равуо доштанд ва дар охир ба хулосае омадам, ки аз сари пулҳои боқимондаам як мошин харидорӣ намоям. Ҳамин тавр, ман мошин харидам ва таксисти Чорсада-2 — Данғара шудам”.
Гуфтан бамаврид аст, ки хати сайри Чорсада-2 — Данғара 15 километр буда, роҳкиро 5 сомонӣ аст. Табиист, ки агар ронандаи масир аз ҳарду тараф чорнафарӣ гирад, 40 сомонӣ кор мекунад ва 20 сомонӣ пули сӯзишворӣ ва 20 сомонии дигар дар фоидааш мемонад.
Акои Шамсуддин бошад, таксисти ғайриодист ва мисли дигар таксистҳо пушт-пушти мусофирон намегардад, балки ба вай муштариёни доимияш пайваста занг мезананду ба ҷойи лозимаашон сафар мекунанд. Иловатан, мардуми деҳаи Чорсада-2 дар дилхоҳ вақт ба акои Шамсуддин занг задаву ҳар чизе, ки аз бозор лозим доранд, хоҳиш мекунанд ва ӯ меорад. Ин чӣ тавр мешавад?
— Ман “таксӣ” нестам, балки тамоми ҳуҷҷатҳоям дурусту воқеан ҳам таксист ҳастам. Чун хати сайри мо дароз, сӯзишворӣ қимат ва роҳкиро арзон аст, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонӣ аз кори таксистӣ дар ин ҳолат фоидаи хуб ба даст орӣ ва рӯзгорро таъмин намоӣ. Аз ин сабаб ду рақами телефони ман доимо фаъол ҳастанду ҳар ҳамдеҳаам бемамоният дар вақти дилхоҳашон занг задаву ҳоҷаташонро арз мекунанд,- мегӯяд акои Шамсуддин ва илова мекунад:
— Якум, роҳи деҳа ба маркази ноҳия дароз буда, ҳар нафаре, ки аз бозор маводи кам харидорӣ карданӣ аст, ба ман занг мезанад, меорам. Дуюм, аз деҳаи мо ҳам ба мисли аксари деҳаҳои Тоҷикистон мардони зиёде ба муҳоҷирати меҳнатӣ равуо доранд, дар ин баробар, бархе аз онҳо бо номи ман ба хонаҳояшон пул мефиристанд ва ҳар ҳоҷате, ки аз бозор доранд, бароварда мекунам. Хуллас, таксистӣ айни ҳол барои ман хуб аст ва рӯзона аз 50 то 300 сомонӣ меёбам.
Акои Шасуддин — усто + муаллим
Тавре худи акои Шамсуддин мегӯяд, аввалин бор дар мактаб дар дарси таълими меҳнат чархбол сохта буд ва аз ҳамон вақт бо чӯб аз наздик “шинос”-у “дӯст” шуд. Пасон дар давоми хонандаи мактаби миёна буданаш ба табақу қошуқтарошӣ ҳаваси зиёд дошт ва каме беш аз рӯйи дил ин корро иҷро мекард. Вале мутаассифона, ба устоӣ нарасида, онро партофт ё ҷиддӣ нагирифт. Аниқтараш, барои ҷиддӣ машғул шудан ба кори устоӣ ба ӯ нафаре ё дастгире лозим буд.
Ҳамин тавр, вай ба хизмати ҳарбӣ меравад. Пас аз хизмати ҳарбӣ омада оиладор мешавад. Пас аз он бо падарарӯсаш ба ин кор ҷиддитар машғул шуда, аз эшон зинтарошӣ, гаҳворатарошӣ, қошуқу мухпар ва дигар лавозимоти рӯзгорро меомӯзад.
Дар ин миён акои Шамсуддин оилаашро мустақил карда, ба деҳаи дигар мекӯчад. Дар макони нави зист дар баробари устоӣ бо шаҳодатномаи таҳсили 10-сола муаллими синфҳои ибидоӣ шуда, ҳамзамон ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи ғоибонаи мактаби миёнаи касбӣ месупорад. Дар ин маврид акои Шамсуддин чунин мегӯяд:
— Аслан, ман синфҳои ибтидоиро дарс мегуфтам, вале мешуд ҳолатҳое, ки муаллимон дар дарсҳо иштирок карда наметавонистанд ва ман ба ҷояшон дарс мегузаштам. Дарсгузарии худам бисёр шавқовар буд. Дар хона аз чӯб бозичаҳои зиёд месохтам ва дар дарс медидам, ки бачаҳо пас аз соати якуму дуюм хаста шудаанд, ҳама бозичаҳоямро пешашон мегузоштам, ҳам дарс мехонданд ва ҳам бозӣ мекарданд. Ёдам ҳаст, ки рӯзе дар синфи 10 дарс доштам. Директор омад ва синфро орому маро дар партаи қафо китобхонон дида, гуфт: “Ман фикр кардам муаллим бо бачаҳо аз дарс гурехтаанд”. Ман бисёр паст ва ором дарс мегузаштам.
Ҳамин тавр, бо сабаби бо чӯб зиёд кор кардану ҳаракати кам намудан пойҳои акои Шамсуддин дард мебароранд ва устоияшро хотима медиҳад, зеро ба ӯ дигар духтурон иҷозат намедиҳанд. Вале то ба ноҳияи Данғара кӯчиданаш муаллимӣ мекунад.
Ҳунарҳои дигари акои Шамсуддин
Ҳамин марде, ки то ҳоло дар борааш қисса дорем, дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ ва устоияш боз фотоаппарат доштаву мардумро сурат мегирифт. Сурат мегирифт ва “плёнка”-и фотоаппараташро ба Душанбе мефиристод. Аз Душанбе шиносону рафиқон суратҳоро чоп карда, равон мекарданд ва ҳақи хизматашро гирифта, суратҳоро тақсим мекард. Ҳамчунин, суратгири мактаб ҳам буд. Баъди ин аз суратгирӣ ба операторӣ гузашт ва камера харида, тӯйгард шуд.
Наздики хайрухушамон акои Шамсуддин як машғулияти дигарашро кушод, ки воқеан ҳам барои мо аҷиб намуд. Ӯ гуфт:
— Солҳое, ки ҳоло ба деҳаҳо телефон нарафта буд, як ҳамдеҳаамон аз Русия омада гуфт, ки “телефонамро фурӯхтаниям ва ба пулаш тракторамро таъмир мекунам”. Ман телефонашро харидам. Дар 93 сомонӣ симкорти МЛТ гирифтам ва телефонамро ҷамъиятӣ кардам. Ҳамдеҳагон омада бо телефони ман ба фарзандону шавҳаронашон гап мезаданд. Бисёртар ҳамдеҳагоне, ки дар Русия буданд, маро мегуфтанд, ки “фалон соат хонаи мо рав, то ки ҳамроҳи хонаводаамон гап занем”…
Акои Шамсуддин дар он замоне, ки номёбӣ душвор буд, бар ивази миқдори гандуме ба мардум чунин хизмат мерасонид.
Хуллас, акои Шамсуддин дар деҳаи Чорсада-2 нафарест, ки доимо дар ҳаракат ва талоши таъмини рӯзгораш аст. Пас, месазад, ки бо нишон додани рӯзгори ибратбахшу пур аз талоши чунин нафарон ба ояндагони миллат мотиватсия диҳем.
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ