Инсон ба назар дили мусаффо дорад,
Дар як дили худ ҳазор дунё дорад.
То нест забони ӯ забони дили ӯ,
Ҳар як нигаҳаш дусад муаммо дорад.
Инсон мавҷуди хурдест, ки дар вуҷудаш олами бузурге ниҳон аст. Инсон фалсафаи наомӯхтаи таърих аст, ки дар масири қонунҳои нонавиштаи табиат камол меёбад. Асосан инсонро инсоният месозад ва инсон бошад, бо дасти худ ҳаёту табиатро.
Инсон манбаи қобилияти баланди ҳиссиёт аст. Инсон метавонад созад ва ё сӯзад, бозад ва ё бохт намояд. Дар ҳақиқат, инсон дар зиндагӣ муъҷизаи аз ҷониби Парвардигор офарида маҳсуб меёбад.
Аз шахсе пурсиданд:
— Инсон чӣ қадар зиндагӣ мекунад?
Он шахс дар ҷавоб гуфт:
— Аз азон то намоз.
Мардум дар ҳайрат монда, боз пурсиданд:
— Чӣ хел?
Он шахс гуфт:
— Вақте ба дунё меоем, дар гӯшамон азон мехонанд ва вақте аз дунё меравем, бар мо намоз мегузоранд. Пас, зиндагӣ чӣ қадар кӯтоҳ аст: «Фосилаи азон то намоз»…
Аммо дар ҳамин фосилаи андак, мо — инсонҳо фурсат меёбему ҳамдигарро меранҷонем, мегирёнем ва ҳатто аз байн ҳам мебарем.
Агар бо диди оқилона ба фалсафаи ҳаёти инсон назар афканем, пас дарёфт хоҳем кард, ки чӣ гуна шахсият будани инсон дар зери забонаш ниҳон аст. Инсон бояд аз ҷойи пой мондан, забонашро бештар диққат диҳад. Чунки забон мисли шамшери тез аст, хун нарезонида, инсонро мекушад.
Бо мурури замон инсонҳо тағйир меёбанд ва бисёриҳое ба миён меоянду бисёриҳои дигаре аз қайди ҳаёт мераванд. Бархе аз одамон иддао доранд, ки онҳое, ки рафтанд, барои ҳамеша рафтанд ва ниҳоят фаромӯш мешаванд. Лекин, инсонро дар ду ҳолат фаромӯш карда намешавад: яке аз дӯстдории зиёд ва дигаре аз нафрати зиёд.
Дар ҳаёти ҳаррӯзаамон, мо бо инсонҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки яке мулоҳизакор асту дигаре пургӯй ба назар мерасад. Аммо, кам инсонҳоеро дидаам, ки аввал андешаву баъд гуфторашон бошад.
Оқиле таъкид дошта: «Танҳо ганҷе, ки арзиши ҷустуҷӯ карданро дорад, ҳадаф аст». Пас, ҳар як инсони комилақлро дар зиндагӣ ҳадафе мебояд, ки дар заминаи он ҳаёти рангине дошта бошад. Чуноне ҳакими бузург Суқрот фармудааст: «Инсон агар донад, ки роҳи ростӣ чӣ аст, ҳаргиз ба роҳи бад намеравад». Ғайр аз ин, таълимоти ахлоқии инсон дар бештари маврид, дар мадди назари Афлотун қарор гирифтааст, ки роҷеъ ба ин масъала се асари хешро таълиф намудааст. И. Бунт мегӯяд, ки «идеал — барои инсон ҳамон фарде аст, ки барои бо ӯ баробар шудан, бояд кӯшид».
Ҳамин тариқ, аксари олимону оқилони давр инсонро мавриди омӯзиш қарор додаанд, ки Арасту низ аз қабили онҳост.
Умедҷон ЮНУСАЛИЕВ