Иброҳим Исмоилзод (Иброҳим Камолов) — хатмкардаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи устод Талабхуҷа Сатторов аз хурдсолӣ ба дарди нобиноӣ гирифтор шудааст. Бо вуҷуди ин, ба савту наво ва мусиқӣ завқи зиёд дошт. Ин қобилияти ӯро падараш дарк карда, ҳуҷҷатҳояшро пас аз хатми Мактаб-интернати нобиноён ва сустбиноёни шаҳри Ҳисор ба Коллеҷи санъати ба номи устод Аҳмад Бобоқулов супоридааст.

Номбурда ягона нафари нобино дар миёни толибилмони муассиса буда, пас аз хатми коллеҷ ҳуҷҷатҳояшро ба Консерваторияи миллӣ месупорад. Дилбастагӣ ба суруду мусиқӣ билохира ӯро ба саҳнаи бузурги ҳунар овард. Тамринҳои пайвастааш буданд, ки тавонист дар як қатор озмуну чорабиниҳо иштирок намояд.

Ӯ суруду мусиқиро дӯст медорад ва то имрӯз соҳиби чандин ҷоизаҳо гардидаасту дар байни ҳунармандони бинову солим ҳунарнамоӣ мекунад. Чанде паш дар жанри эстрадии “Номинатсияи сароянда”  сазовори ҷойи дуюм, барандаи ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” ва соҳиби диплом гардидааст, ки бевосита бо имзои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ тақдим гардидааст. Гарчанде аз қувваи босира маҳрум аст, вале хушҳол асту аз зиндагӣ дилмонда нест, аз пайи эҷоди таронаҳои нав ба нав аст ва зиндагиро бо тамоми ҳастиаш дӯст медорад. Ӯ месарояд:

Ай худо, дар дил ҳавасҳо доштам,

Дидани рӯи ҷаҳонро ман таманно доштам.

Таъни нобино мазан, дам зи биноӣ задан,

З-он ки нобино ба кори хештан бино бувад.

Басо ҳастанд, ки бо чашмони бино раҳгуманд, эй дӯст,

Зи беболии фитрат боли дӯши мардуманд, эй дӯст.

Басо ҳастанд қадри чашми биноро намедонанд,

Миёни кӯчаи ҳамвор ҳам афтону хезонанд.

Ҳамин мисраҳои устоди зиндаёд шодравон Гулназар Келдӣ буд, ки ӯро дар Тоҷикистон ва берун аз он муаррифӣ кард. Иброҳим Исмоилзод бо ҳамин суруд барандаи Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” гардид. Ӯ аз офарандаи матни ин суруд — Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ хеле зиёд миннатдор аст ва ба пайвандони устод дар мусибаташон аз Худованд сабри ҷамил хоҳон аст. Ӯ ба нафароне, ки ӯро дастгирӣ ва санъаташро қадр мекарданд, хусусан аз собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода изҳори сипос мекунад. Ҳамчунин, ба МИҲД-и вилояти Суғд, ки пеш аз паҳншавии бемории ҳамагири коронавирус дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои вилоят барномаи консертиашро баргузор ва дастгирӣ мекарданд, миннатдории хешро баён мекунад. Вақте ки Иброҳим соҳиби ҷоиза мегардад, пеш аз ин бемориҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чандин шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҳатто дар шаҳрҳои Самарқанду Бухорои ҳамсоякишвари ба мо дӯсти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барномаҳои консертӣ баргузор менамояд. Иброҳим аз дастгириҳои онҳо хеле миннатдор аст.

Иброҳим бо умеду дархост ба идораи нашрияи “Фараж” омад, то мардуми саховатманди кишвар агар тавонанд, ӯро шод гардонанд. Ӯ мегӯяд, китобҳое, ки барои нобиноён бо хати брайлӣ навишта шудаанд, хело каманду аз даврони шӯравӣ боқӣ мондаанд. Вай мехоҳад ҳамин китобҳоро ба шакли аудиоӣ гардонад ва дар ин самт ровии хуб ва сарпараст ҳам пайдо кардааст. Иброҳим дар ин роҳ аз саховатмандон хоҳиш дорад, ки ба қадри имкон ба ӯ кумаки худро дареғ надоранд.

Иброҳим дар вақти динишҷӯиаш аз сабаби набудани китобҳои зарурӣ барои нобиноён хеле азоб кашидааст, вале хушбахтона, ин мушкилиҳоро паси сар намуда, акнун мехоҳад маблағеро, ки ҳангоми иштирок дар озмун ба даст оварда буд, дар ҳамин роҳ сарф намояд, то баъдан ҳар нафаре, ки мислм ӯ нобино аст, тавонад аз ин китобҳо истифода барад. Ӯ орзу дорад, ки бо роҳбари ширкати “Талко” Шералӣ Кабир як маротиба аз наздик суҳбат кунад. Мегӯяд, ки агар рафту ӯ ба корхонаи “Талко” равад, шояд кормандон ба ӯ гӯянд, ки роҳбар нестанд ва ё иҷозаи вуруд надиҳанд, чун бисёре аз одамон нобиноёнро хуб намешиносанд ва дарк намекунанд.

Ин мисраҳо аз забони Иброҳим аст, ки барои ҳар яки мову шумо мебахшад:

Ба ҳама дидаи бедор таманно дорам,

Ба ҳама қалби пуранвор таманно дорам.

Ғаму дарди дили мо куҳи гаронро монад,

Ба шумо шодии бисёр таманно дорам.

Кам бувад азми ҷавонмардӣ дар ин дунёи пир,

Ҳар кӣ дасти мо бигирад, эй худо, дасташ бигир.

Ҳар нафаре, ки мехоҳад бо ин ҷавонмарди ҷасуру ботинрӯшан суҳбат намояд, метавонад бо рақамҳои 93-587-65-43 ё 918-62-61-55 дар тамос шавад.

Ҳасан ЁРОВ, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here