Ҳавои тираи тирамоҳӣ. Садои тандуру чароғак аз доманакуҳҳои деҳ ба гӯш мерасид. Мардум дар ташвиш, ҳама побанди кор. Ҳезум ғун медоштанд, бомгӯшаҳояшонро таъмир мекарданд, вале хонаи амаки Саттор чун ҳарвақта бетаъмир монда буд. Хонаҳои гилинаш аз бобою бобокалонҳо мерос монда. Мардум чунин хонаҳоро гардонида, аз нав, замонавӣ сохтаанд, вале амаки Саттор чунин имкониятро надошт. Ӯ бо асо роҳ мерафт.

Рӯзе садои тақ-тақи дарвоза баланд мешавад: “Амак, ҳой амаки Саттор! Ягон кас ҳаст?”. Ҳа, ин садои ҳамон мард, марде, ки аз район ба мардум нома меорад, нома аз фарзандон, фарзандони аҳли деҳа, ки дар хизмати модар — Ватан ҳастанд. Нафаре аз омадани ӯ шод мешуду нафаре ғамгин. Ин дафъа ӯ ба хонаи амаки Саттор барои чӣ омада бошад? Бале, ӯ барои фарзанди амаки Саттор даъватнома овардааст, барои хизмат, хизмати Ватан. Чӣ илоҷ, супориш. Аз комиссариати ҳарбӣ барои бисёр фарзандони аҳли деҳа даъватнома омада, онҳо бояд ба хизмати Ватан омода бошанд. Ҳа, аллакай писари амаки Саттор калон шудааст, мактабро дирӯз хатм карда, ӯ марди хона, ба падар хизмат мекунад. Аз ин пас ӯ хизматашро дар кишварҳои дур, дур аз аҳли хонавода адо хоҳад кард. Як духтар ва ду писар дорад амаки Саттор. Зоир ва Мунира ҳоло хурданд, онҳо аз модар сағира мондаанду дар тарбияи падари бемор мебошанд. Падар дар зиндагӣ такя ба ҳамин писараш, яъне ба Зафар дошт.

Амаки Саттор дарҳол дарвозаро кушод:

— Шамсиддин, биё. Биё, писарам!

— Салом, амак! Ана, гиред, роҳхат ба писаратон, пагоҳ ба идораи ҷамоат ҳозир шавад.

Бо шунидани ин сухан амаки Саттор нороҳат шуд ва дар даст асо як ба осмони абролуд нигариста, оҳе кашид.

— Амак, ман Шуморо мефаҳмам, вале чӣ илоҷ? Мактубҳо бисёранд, ман бояд равам, роҳам дур.

Пагоҳӣ барвақт Зафар бо падар ва додару хоҳаракаш хайрухуш намуд. Падар аз барои писараш мегирист:

— Писарам, маро танҳо намон, ман бе ту дар ин ду сол чӣ кор мекунам?

— Акаҷон, наравед, моро танҳо намонед,- зораву тавалло доштанд додару хоҳараки Зафар.

— Падарҷон, ман меравам, ин қарз аст барои ҳар як ҷавонмард, ашк нарезед, хоки поятон мешавам, падар. Бас аст, гардед, гардед аз роҳатон. Худо хоҳад бармегардам, ана мебинед, бо сари баланд бармегардам.

Бо ҳамин Зафар ба хизмати аскарӣ рафт. Аз байн чандин моҳҳо мегузаштанд, вай ба падар ва додару хоҳаракаш зуд-зуд мактуб мефиристод. Дар мактубҳояш аз ҳолу аҳволаш менавишт: “Падарҷон! Ин ҷо ҳама нағз, мо дар соҳили Баҳри Сиёҳ хизмат карда истодаем. Ин ҷо чунон зебо, забони русиро ҳам хуб омӯхтам ва дӯстони зиёде пайдо кардам. Аҳволатон чӣ хел? Додараку хоҳаракам чӣ хел? Падарҷон, аз ҳолу аҳволатон нависед. Бесаброна интизори мактубҳоятон ҳастам”.

Ана ҳамин хел Зафар ба падари хеш мактуб равон мекард, аз ҳолу аҳволи худ менавишт. Рӯзе падар бистарӣ гашт ва дере нагузашта аз олам гузашт. Зафар зуд-зуд нома менавишт, вале аз падар мактубе ба Зафар намерасид. Ӯ падарашро пазмон шуда буд, зуд-зуд ӯро дар хоб медид. Вале баъд падар дигар ба хобаш намедаромад, ҳайрон буд. Ба падар боз нома навишт, мактуб равон кард: “Падарҷон, барои чӣ наменависед, аҳволатон хуб аст, хона тенҷ аст, додараку хоҳаракам хуб ҳастанд? Хавотир шудам, охир се моҳ мешавад, ки аз Шумо мактуб нагирифтаам. Хизмат камтари дигар монд, ҳашт моҳ. Зуд бармегардам, ёдатон кардам, ёди додару хоҳаракам, шабҳо ба хобам медаромадед. Вале аз чӣ бошад, ки дер боз Шуморо дар хобам намебинам. Магар бемор шудаед? Дирӯз модарҷонам дар хобам даромада буданд, такрор ба такрор мегуфтанд, ки Зафарҷон, додару хоҳаракат туро мекобанд. Аз ин хобам хавотир шудам. Нависед. Ман интизори номаҳоятон!…”.

Баъди марги падар амакашон Раҳимбой додару хоҳари Зафарро ба хонаи худаш бурд. Ӯ заминдор буд. Аз субҳ то шом додар ва хоҳараки Зафар дар хонаи амакашон меҳнат мекарданд, азоб мекашиданд. Рӯзи дамгирӣ надоштанд. Писарак дар сардии зимистон ба биёбон рафта, то бегоҳ ҳезум ғун медошт, хоҳаракаш косаю табақ мешуст, хурд буду аз уҳдаи ин гуна корҳо намебаромад. Дастонаш аз хунукӣ каб-кабуд шуда буданд. Онҳо ҳарду интизорӣ мекашиданд, ки рӯзе бародарашон Зафар аз дар медарояд ва онҳоро оғӯш кашида, аз ин ҷо мебарад, ба хонаи худашон, хонаи падар. Мактубҳое, ки Зафар ба падараш равон мекард, ба дасти амакаш мерасиданд. Рӯзе хоҳаракаш Заррина хонаро рӯбучин карда, мактуби навиштаи охирини бародараш Зафарро ёфт. Азбаски ӯ хондаву навишта наметавонист, мактубро то омадани бародараш пинҳон дошт ва бегоҳ онро ба Зоир дод. Зоир, ки дар мактаби деҳа, дар синфи 5 мехонд, хондану навиштанро аз худ карда буд. Мактуби Зафарро хонд. Онҳо дар танҳоӣ гиристанд. Зоир ба хоҳараш Заррина гуфт:

— Ман ба акаҷонам мактуб менависам, бигузор донад, ки падарамон аз олам гузаштаанд, зудтар омада моро ба хонаи худамон барад.

Пагоҳи барвақт писарак қаламу қоғазе гирифта, рӯзи сиёҳи худаш ва хоҳарашро навишт: “Акаҷон, биёед, падарам аз олам гузаштанд. Моро аз дасти амакамон халос кунед, ба хонаи худамон баред. Зудтар биёед, амакам хонаи моро дар фурӯш мондаанд. Мо гуруснаем, зимистон омад, хунук мехӯрем, ману Заррина шабҳо дар коҳдон хобем. Акаҷон, биёед”.

Зоир мактуб навишта, ба идораи ҷамоат шитофт.

Дере нагузашта мактуб ба дасти Зафар расид. Навиштаҳои додаракаш Зоирро хонда, фарёд зад. “Падарҷон, вой падарҷон!”,- нолид ӯ бар марги падараш. Ногаҳ ҳамхизматаш Серёга аз дар даромад. Хизмати ӯ ҳам як ҳафта пас ба анҷом мерасид. Серёга аз Зафар пурсон шуд:

— Зафар, чӣ шуд? Чаро гиря мекунӣ?

— Падарам гузаштааст, Серёга, падарам!

Баъди як ҳафта Зафар ҷавоб шуду сӯи хонаи падараш не, балки ба хонаи амакаш Раҳимбой роҳ пеш гирифт. Ба хонаи амакаш расиду шах шуд: аз ҳавлӣ садои гиряи хоҳаракаш Заррина ба гӯшаш мерасид. Дарвозаро кушода дид, ки дар канори ҳавлӣ бечора хоҳаракаш ларзон-ларзон дар ин гуна ҳавои сард косаю табақ мешусту мегирист ва завҷаи амакаш аз дуруни хона сӯи ӯ дӯғ мезад: “Барои чӣ ту дер косаю табақҳоро мешӯӣ, ҳа, маймунча?! Боз финг-финг гиря мекунӣ! Майлаш, чиқадаре, ки мехоҳӣ, гиря кун. Шумо хаёл накунед, ки ба додатон касе мерасад! Шумо сағираҳои бесарпаноҳ, шукрона кунед, ки мо ба шумо як бурда нон медиҳем ва шояд имрӯз пагоҳ бошад, хабари марги Зафар меомадагист-ку! Ҳа-ҳа-ҳа!”.

Зафар аз суханони завҷаи амакаш ба ғазаб омаду тоқат накарда, ҷавоб гардонд:

— Ба даҳонат нигар, дунёро бе дарвоза набин, онҳо бесарпаноҳ нестанд, хоб дидед, ки хонаро мефурӯшед, ана ман омадам!!!

Завҷаи амакаш ӯро дида, дар ҷояш шах шуда монд.

— Биё, хоҳарҷон!,- Зафар хоҳарашро ба наздаш хонд.

— Акаҷон, ҷон, акаҷонакам,- хурсандии духтарча ҳадду канор надошт.

Зоир ҳам пайдо шуд. Зафар хоҳару бародарашро гирифта ба хонаи падариашон баргаштанд.

Фирӯз МИРЗОЕВ,

корманди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои

ҶТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here