Бо рушди илму техника ва зиёд шудани талабот ба ихтисосҳои муосири рақобатпазири меъёри ҷаҳонӣ, ки дар муассисаҳои олии касбии Федератсияи Россия омӯхта мешаванд, зарурият пеш омад, филиалҳои донишгоҳҳои бузурги Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҳои худро ба рӯи довталабон боз намоянд. Яке аз чунин филиалҳо Филиали яке аз бузургтарин ва маъруфтарин муассисаҳои олии ДМТТ «МИСиС»  (Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «МИСиС») мебошад, ки аз моҳи апрели соли 2012  дар шаҳри Душанбе фаъолияти худро оғоз намуд ва дар як муддати кӯтоҳ ба маҳбубтарин муассисаҳои олии Россия дар Тоҷикистон табдил ёфт. Филиали донишгоҳи мазкур дорои дараҷаи баланди кадрӣ буда, раванди таълимро дар филиал 95 нафар профессорону омӯзгорони тасвибӣ (штатӣ) ва ғайритасвибӣ таъмин менамоянд. Барои гузаронидани дарсҳо ғайр аз омӯзгорони тасвибии филиал, инчунин омӯзгорон аз ҳисоби мактабҳои олии техникии пешбари Федератсия Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони пешбари муассисаҳои истеҳсолӣ ва Пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шудаанд. Сифатнокии ҳайати омӯзгорон нишон медиҳад, ки бо дараҷаҳо ва унвонҳои илмӣ 61 нафар фаъолият менамоянд, ки ин 65,5 фоизро ташкил медиҳад. Филиали донишгоҳро доктори илмҳои кимиё, профессор,  Каримов Маҳмадкул Бобоевич роҳбарӣ мекунанд.

 

Заминаи моддию техникӣ

Филиали ДМТТ «МИСиС» дар Душанбе дорои заминаи бои моддию техникӣ буда, айни ҳол дар филиал 135 адад таҷҳизоти компютерӣ вуҷуд дорад, ки 102 адади он дар раванди таълим истифода карда шуда, ба шабакаи интернет пайваст мебошанд; Аз ҷумла, 7 озмоишгоҳ (озмоишгоҳҳои кимиё, кимиёи физикӣ, физикаи механикию молекулярӣ ва термодинамика; электромеханика ва электроника, барқ ва магнетизм, оптика, озмоишгоҳи технологияи ашёи минералӣ ва металлургия); 4 синфхонаи компютерӣ бо таҷҳизоти мултимедиявӣ; 2 синфхонаи забономӯзӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ ва хориҷӣ; 5 синфхонаи калон, ки ҳар яке аз онҳо 75 ҷойҳои нишастро фаро мегиранд ва бо маводҳои таълимии техникии мултимедиявӣ таъмин карда шудаанд.

Имрӯзҳо аз ҷониби филиал боз 2 озмоишгоҳи замонавии ба талаботи ҷаҳони муосир мувофиқ ташкил карда мешавад, ки ин барои гузаронидани таҳқиқот дар сатҳи ҷаҳонӣ шароит фароҳам меоварад.

Тамошои се синфхонаи информатика ва лоиҳакашии компютерӣ, зали хониш ва ду синфхонаи лексионии бо тахтаи электронӣ ва проектор ҷиҳозонида шуда, инчунин озмоишгоҳи технологияи ашёи минералӣ ва металлургия моро муътақид сохтанд, ки филиал миёни муассисаҳои олии кишвар ҷои хосаеро соҳиб аст ва донишҷӯён дар беҳтарин шароит ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

 

Ихтисосҳо

Дар филиал ҳоло бо 3 равияи калон аз рӯйи барномаҳои маълумоти олии касбӣ дар соҳаҳои металлургия, информатика ва техникаи ҳисоббарорӣ, иқтисодиёт таълим ба роҳ монда шуда, аз рӯи ихтисосҳои зерин муҳассилин ба таҳсил ҷалб карда шудаанд:

  1. Истеҳсоли металлҳои сиёҳ ва ранга;
  2. Маводшиносӣ ва технологияи мавод;
  3. Автоматикунонии системаи коркарди иттилоот ва идоракунӣ;
  4. Иқтисодиёт ва идоракунии саноат.

Шумораи донишҷӯёни филиал дар се самт дар шаклҳои рӯзона ва ғоибона  1070 нафарро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, 474 нафар дар шакли рӯзона ва 596 нафар донишҷӯ дар шакли ғоибона.

Дар ДМТТ «МИСиС» шӯъбаҳои магистратура ва аспирантура амал мекунад, ки дар магистратура зиёда аз 50 нафар аз рӯи 8 ихтисос ва дар аспирантура 7 нафар таҳсил мекунанд. Инҳо асосан ихтисосҳое мебошанд, ки дар Тоҷикистон имконияти тайёр кардани онҳо мавҷуд нест.

Дар баробари шаҳрвандони Тоҷикистон ҷалб намудани шаҳрвандони хориҷӣ низ ба таҳсил яке аз самтхои чиддии фаъолияти таълимӣ ва илмию инноватсионӣ дар доираи равобити байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Мунтазам аз кишварҳои Россия, Қазоқистон, Чин донишҷӯён барои гузаштани курсҳои махсус аз ихтисоси “Металлургия” ба филиал меоянд.

 

Ҳадафҳои филиал

— Ташаккули филиал ҳамчун маркази бавуҷудоии соҳаҳои илми муҳандисӣ, бунёди муҳити эҷодӣ, байналмилалӣ, омодасозии муҳаққиқон ва мутахассисони замонавӣ, ки дар ҳамкорӣ барои ҳалли муҳимтарин масъалаҳои илмию технологӣ ба манфиати тамоми инсоният қодир бошад.

— Ташаккули филиал чун филиали эътирофшуда дар қатори донишгоҳҳои  пешбари Тоҷикистон оид ба тайёр намудани мутахассисон дар соҳаҳои филизсозӣ (металлургия), иқтисодиёт, маводшиносӣ, нанотехнология, IT-технология ва технологияҳои муосир, ки дар саросари ҷаҳон шуҳрат дошта бошанд.

— Рушди муносибатҳои дуҷониба байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тайёр намудани мутахассисон ва кадрҳои илмии сифатнок ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир.

 

Вазифаҳои асосии филиал:

Таъмини қабули босифат; такомули раванди таълимӣ, бо истифодабарии технологияи муосири иттилоотӣ; таъмини сифати баланди тайёр ва ба кор таъмин намудани хатмкунандагон; рушди таҳқиқоти илмӣ: сармояҳо, бастани шартномаҳои хоҷагӣ, конфронсҳо, фаъолияти нашриявӣ ва ғайра; ташкили курсҳои касбии кӯтоҳмуддати иловагӣ бо додани шаҳодатномаи намунавӣ дар самтҳои гуногун; мустаҳкам кардани  пояи моддию истеҳсолӣ; рушди инфрасохтори иҷтимоӣ: маҷмааҳо, хобгоҳҳо, иншоотҳои варзишӣ ва ғайра; такмили сохтори филиал; кор оид ба иҷрои созишномаи байниҳукуматӣ; ба вуҷуд овардани шароит барои кушодашавии ихтисосҳои “Корҳои кӯҳӣ” ва “Металлургияи металлҳои сиёҳ, ранга ва металлҳои нодир”.

Ҳамаи инҳо яке аз масъалаҳои муҳим оид ба устувор намудани заминаи моддию  техникии филиал мебошанд.

 

Дастовардҳои илмии олимон

Омӯзгорони филиал ба сифати аъзоёни шӯроҳои диссертаатсионии докторию номзадии ВАК-и Федератсияи Россия ва Комиссияи олии аттестатсионии (КОА)  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Инчунин, дар филиал семинархои илмӣ аз фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ бо роҳбарии олимони ботаҷрибаи соҳа, докторҳо ва номзадҳои илм М. Б. Каримов, С. Қурбоншоев, З. Низомов, К. Нуров, Ф. Васиев, А. А. Нозимов, И. Р. Бобоев, А. Ш. Ҳаитов ва дигарон фаъолият доранд, ки барои тарбия  намудани олимони ҷавон мусоидат карда истодааст. Дар як сол 5 китоб ва васоити таълимӣ, 4 монография, 87 мақолаҳои илмӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва 115 дар хориҷ аз кишвар чоп шудаанд, ки ба як омӯзгори штатӣ ба ҳисоби миёна 5 маводи чопӣ рост меояд. Дар муқоиса бо донишкадаву донишгоҳҳои дигар ин нишондод баланд аст.

 

Дастовардҳои илмии донишҷӯён

Донишҷӯёни филиал борҳо дар олимпиадаҳои дохилӣ ваберунӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд. Аз ҷумла, ишғоли ҷои 3-юм дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни МТОК барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои ҶТ дар соли 2018» (донишҷӯи курси 2-и шӯъбаи информатика Назаров Маҳмадалӣ); ишғол намудани ҷои 3 аз фанни информатика дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни МТОК, ки дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Қурғонтеппа ба номи Н.Хусрав (донишҷӯи курси 2-и шӯъбаи информатика Назаров Маҳмадалӣ); иштироки донишҷӯёни курси 4-и ихтисоси «информатика» Раҳимов Рустам ва курси 4-и ихтисоси «металлургия» Ҷумаев Тухлӣ дар Конгресси байналмилалии ҷомеаи донишҷӯён (Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «МИСиС», ш. Москва, 11-14 октябри соли 2018)-ро мисол овардан мумкин аст, ки ифодагари сифати баланди таълиму тарбия дар филиал аст.

Филиали ДМТТ “МИСиС” дорои нашрияи соҳавии худ бо номи “Сталь и сплав” мебошад, ки ҳафтае як маротиба нашр мешавад.

 

Китобхона

Донишҷӯёни филиал аз фонди китобхонаи аз тарафи КВД «Коргоҳи мошинасозӣ» додашуда, истифода мебаранд, ки зиёда аз 40 000 нусха адабиётро дар бар мегирад. Инчунин, донишҷӯён аз китобхонаҳои электронии ДМТТ «МИСиС», китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази байналмилалии таълимии омӯзиши фосилавӣ, китобхонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ ва Маркази патенту иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.

 

Таҷрибаомӯзӣ ва дараҷаи ба кортаъминшавӣ

Аз суҳбат бо маъмурияти филиал маълум шуд, ки роҳбарият барои ташкил намудани кафедраҳо ва озмоишгоҳҳои базавӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани дарсҳои таҷрибаомӯзӣ бо як қатор корхонаҳо ва ташкилотҳо, аз ҷумла, бо КВД «Коргоҳи машинасозӣ»; КВД «Алюминии Тоҷик»; ҶСК «СП Анзоб», Комбинати металлургии Тоҷикистон, заводи Криолит дар ш. Ёвон, ҶСК “Тамохуш” — заводи гидрометаллургияи ш. Исфара, ҶСК “Зарафшон ва бо «Агентии стандартизатсия ва метрология» шартномаҳои ҳамкорӣ бастаанд.

Хатмкардагони филиал дар корхонахои саноатӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат фаъолияти самарабахш карда истодаанд. Хатмкардагоне, ки бо баҳои хубу аъло тахсил кардаанд, дар зинаҳои магистратура, ба ҳайси унвонҷӯю аспирантон ба таҳсили минбаьда дар донишгоҳҳо ва марказҳои илмии шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Новосибирск ва ғайра фаро гирифта мешаванд. Хатмкунандагони филиал инчунин метавонанд, дар дилхоҳ корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федратсияи Россия ба кор ҷалб карда шаванд.

 

Хобгоҳ ва маҷмааи варзишӣ

То соли 2018 хобгоҳ ва ҳуҷра барои гузаронидани дарсҳои варзиш вуҷуд надошт. Дарсҳо дар варзишгоҳи “Локомотив” гузаронида мешуд. Ба шарофати кӯшишҳои ректори донишгоҳ профессор Черникова А.А. ва дастгирии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид аз соли хониши 2018-2019 барои иҷораи хобгоҳ бо 200 ҷойи хоб шартнома баста шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2018 ҷудо намудани маҷмаии варзишии замонавиро ба ӯҳда гирифтааст.

Барои ҳамаҷониба гузаронидани дарсҳои таҷрибавии озмоишгоҳӣ аз фанҳои ихтисосии бакалаврӣ дар самти “Металлургия” ва гузаронидани аккредитатсия дар филиали ДМТТ “МИСиС” бо якҷоягии шарикони тоҷир, инчунин озмоишгоҳҳои Маводшиносӣ ва металлургия ба нақша гирифта шудааст.

 

Пешравии забони русӣ дар филиал

Дар филиал дарсҳои забони русӣ дар ҳама самтҳо гузаронида мешавад: “Фарҳанги сухан” барои донишҷӯёни соли якум ва “Забони ҳуҷҷатнигорӣ” барои донишҷӯёни курси дуввум. Дар курсҳои тайёрӣ дарсҳои забони русӣ дар ҳаҷми 170 соат гузаронида мешавад. Мунтазам дар филиал доир ба забони русӣ викторинаҳо, олимпиадаҳо, шабнишиниҳо ва иншо гузаронида мешавад. Бо мақсади татбиқ намудани “Барномаи давлатии такмили таьлим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”, дар доираи ҳамкорҳои судманди тарафайн бо Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи “Российский дом международного технического сотрудничества”-и  Москва, инчунин  Кумитаи алоқа бо кишварҳои хориҷии Санкт-Петурбург се маротиба курсҳои баландбардории ихтисоси омӯзгороне, ки фанҳои таьлимиро бо забони русӣ таьлим медиҳанд, баргузор ва ба омӯзгорон Сертификатҳои байналмиллалӣ супорида шуд.

 

Ба ҷои хулоса

Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «МИСиС» дар шаҳри  Душанбе алъон яке аз пурнуфузтарин муассисаҳои олӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои омӯзиши ихтисосҳои рақобатпазири сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаҳои металлургия, информатика ва техникаи ҳисоббарорӣ, иқтисодиёт ҳама шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Ҳар нафаре, ки мехоҳад дар самтҳои номбаршуда чун мутахассиси сатҳи ҷаҳонӣ тарбия гирифта, соҳиби дипломи яке аз пурнуфузтарин донишгоҳҳои Россия гардад, ба назари мо филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «МИСиС» дар шаҳри  Душанбе беҳтарин интихоб аст. Қабули донишҷӯён ба филиал ба воситаи ММТ амалӣ мегардад. Рамзи филиал дар ММТ 404 аст.

 

Холиқи Муҳаммадназар,

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here