Шахсе, ки фикр намекунад, бар ақли худ зулми бузург кардааст

Фикр ва ё андешаро ҳар рӯз қариб ҳар як шахс мекунад. Фикр кардан — ин худ аз саҳифаи хотирот чизеро ба ёд овардан аст. Баъзе шахсоне ҳастанд, ки фикр намекунанд. Корҳоеро, ки ба он даст мезананд, аз оқибати он андеша намекунанд. Ин гуна нафарон дар ҷомеаи имрӯз зиёданд. Кори ношоямеро ба анҷом мерасонанд ва дар охир пушаймон гаштаву ба андеша меафтанд ва афсӯс мехӯранду фикри зиёд мекунанд. Баръакс, инчунин дар ҷомеаи имрӯз бо нафароне низ вомехӯрем, ки кореро анҷом надода, аллакай фикри онро кардаанд ё реҷаи рӯз тартиб додаанду аз рӯи он кор мекунанд. Ин гуна нафарон дар ҷомеаи имрӯз пешгом ҳастанд ва ҳам донишманду тавоноянд. Вақти хешро беҳуда ба ҳар коре сарф намекунанд ва фикрронии хубе низ доранд. Ин гуна ашхосро мо қариб кам мушоҳида мекунему аз хислати онҳо бохабар мешавем. Шумо низ фикр мекунед? Вақти худро аз рӯи реҷаи рӯз сарф мекунед?

Фаридун САФАРЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here