Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов 15-уми марти соли 1971 дар асоси фармони Шӯрои вазирони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар заминаи факултети тарбияи ҷисмонии Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе (алҳол Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) ташкил ёфтааст.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар ташкил намудани сохторҳои Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, донишкадаҳои омӯзгорию тиббии Тоҷикистон ва собиқ Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бузург гузоштанд. Соли аввали таъсисёбии донишкада ба факултаи омӯзгорию варзиш ва 10 кафедраи ба соҳаи варзиш марбутбуда 620 нафар донишҷӯ қабул гардида, баъди чаҳор соли таҳсил аз ин теъдод соли 1975 230 нафар толибилм онро хатм намуданд.

Дар ибтидои фаъолияти худ дар донишкада ҳамааш шуда, 9 нафар номзади илм ба донишҷӯён таълим медоданд. Баъдан теъдоди аслии номзадҳои илм то ба 54 ва профессорон ба 11 нафар расида буд. Маҳз бо шарофати ҷидду ҷаҳди устодон ва меҳнати фидокоронаи онҳо ҷумҳурӣ дар ҷодаи варзиш бо иштироки фаъолонаи дастпарварони донишкада, ҳамзамон дастаҳои пурзӯри худ ба натиҷаҳои назарраси соҳа ноил гардид.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои варзишгарони ҷумҳурӣ сол ба сол афзун мегардад, ки ин ба он боис мешавад, ки соҳаи варзиши Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушду инкишоф ворид гардад.

Аз замони ташкилёбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон то соли 2009 инҳо ректорони ин боргоҳи бонуфузи варзишии кишвар буданд:

Умаров Тоҳир Умарович (1971-1975), Репа Федор Прокофевич (1975-1983), Ҳасанов Иброҳим Ризоевич (1983-1985), Сатторов Абдуҷаббор (1985-1986), Шукроев Камонбардор (1986-1994), Ҷобиров Бӯрихон Сафарович (1994-2001), Маҳмадов Абдураҳмон Наврӯзович (2001-2006) ва Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ (2006-2009).

Аз соли 2009 профессор Сафаров Шодӣ Асомуродович роҳбарии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимовро бар дӯш доранд. Ободиҳои ахири Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва дастовардҳои варзишгарони он, ки ҳамзамон узви дастаҳои мунтахаби варзишии кишвар ба ҳисоб мераванд таҳти роҳбарии ин марди фидоӣ сурат мегирад.

 

Дирӯзу имрӯзи донишкада

Марҳила ба марҳила вусъат пайдо кардани раванди таълиму тарбия дар донишкада ва вобаста ба талаботи рӯз афзудани шумораи факултаву шуъбаҳо, самту равияи ихтисосҳои нав ва дар ин замина афзудани  шумораи донишҷӯёну устодон низ аз баракати истиқлолият мебошад. Дар маҷмуъ, имрӯз донишкада ба яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимии мамлакат табдил ёфтааст ё ба ибораи дигар имрӯз донишкада анъанаи дерини падарону модарони ҷаҳоншинохта, нобиғаҳои варзиши ватаниро дар шакли нав ва руҳу равони тоза идома бахшида истодааст. Воқеан, бо ҳидояти Сарвари давлат ба донишкада дода шудани номи Қаҳрамони Ҷаҳон оид ба самбо Саидмуъмин Раҳимов воқеаи муҳим ва фаромӯшношуданӣ на танҳо дар ҳаёти донишкада, балки дар тамоми ҷумҳурӣ гардид.

Аз оғози фаъолияти худ, ки он соли 1971 нахуст чун Донишкадаи варзиш дар заминаи факултаи тарбияи ҷисмонии Институти педагогии шаҳри Душанбе таъсис ёфт, ин маркази тарбияву парвариш, махзани бузурги илму ирфон ва варзиш баланд бардоштани сатҳи маърифат, дониш, маънавиёти мардум ва бад ин васила бунёди ҷомеаи мутамаддин ва  рӯзгори шоистаро барои халқи мо ҳамчун вазифаи муқаддас ва рисолати  аслӣ ва таърихии худ шинохт. Кушодашавии нахустин ва ягона муассисаи олии варзишӣ дар кишвар (то айни замон) — Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон бешубҳа як воқеаи муҳим ва фараҳбахш дар ҳаёти маънавӣ-фарҳангӣ ва варзишии мардуми Тоҷикистон буд.

Тамаддуни варзиши тоҷик хеле қадимӣ бошад ҳам, бешубҳа ривоҷу  равнақи илми варзиш бевосита ба номи ин донишкада вобаста аст. Тамоми роҳи тайкарда ва таърихи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимовро аз замони таъсиси он то ба имрӯз шартан ба чунин давраҳо ё панҷ марҳилаи асосӣ ҷудо кардан мумкин аст, ки ҳар як марҳила хусусиятҳои ба худ хос, шаклу воситаҳо, имкониятҳо ва роҳу василаҳои хоси ҳаллу фасли мақсаду вазифаҳо ва нақшаҳои дар пеш истода, расидан ба ҳадафу маром, бартараф кардани муаммову мушкилот ва ғайраро дошта, аз якдигар бо миқёс, сифат, вусъат ва мазмуну мундариҷаи корҳо ва нақшаҳои амалишуда тафовут дошта бошад ҳам, вале дар маҷмуъ ҳар як марҳила дар байни худ пайванди ногустании таърихӣ дорад ва мантиқан идомаи якдигар мебошанд, якдигарро комилу пурратар месозанд ва бо шахсиятҳои нодиру нотакрор ва қаҳрамонҳои давронсози худ дар маҷмуъ як пайкараи зиндаи таърих, як манзараи умумии гузаштаи хеле ҷолиб, ҷозиб, пуршараф ва ибратангези донишкадаро дар назари мо ҷилвагар месозад. Ҳар як марҳила хишти наве ба бинои пуршукуҳи ин кохи маърифат ва илму ирфон, қадами наву тозае ба пеш, дастовардҳои нав ва нақшаву пешомадҳои нав ба сӯи фардои дурахшон аст.

Давраи якум солҳои 1971-1980-ро дар бар мегирад. Ин марҳила дар соли аввал бо таъсиси донишкада ва поягузории таҳкурсии он, пасисаркунии душвориҳо ва норасоиҳо, таҳкими пояи моддӣ-техникӣ, таълимӣ, илмӣ ба сифати маркази бузург ва боэътимоди тарбияи кадрҳои  баландихтисос хос аст.

Давраи дуюм-солҳои 1981-1990 донишкада дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла таълим, тарбия ва илм ба комёбиҳои зиёд ноил гардид. Марҳилаи  мазкур бо афзудани сафи устодону донишҷӯён, зиёд гаштани шумораи  омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта, таъсиси факултетҳо ва  кафедраҳои нав, баланд шудани сатҳу сифати тарбияи мутахассисони  ҷавон фарқ мекунад.

Давраи сеюм-солҳои 1991-2000 ба оғози солҳои Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Хусусияти хоси ин марҳила аз он  иборат аст, ки донишкада афзалиятҳои зиёд пайдо намуда, рисолат ва  аҳамияти он афзуда, дар сохтори он дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад.  Донишкада дар ин марҳила ба туфайли ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо, ҳам сифатан ва ҳам миқдоран босуръат инкишоф ёфта, дар иҷрои барномаи давлатии созмони мактабҳои миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҷорӣ намудани технологияи муосири таълиму тарбия саҳмгузор гардид.

Давраи чорум-солҳои 2001-2010-ро чун давраи камолоту хирад ва парвози баланди донишкада ва боз як марҳилаи нав — марҳилаи панҷумро аз соли 2011 то ба имрӯз ҳамчун марҳилаи сифатан ва мазмунан нав дар рушду нумӯи донишкада ҳисобидан, шояд саҳеҳтар бошад.

 

Донишкада дар даврони истиқлолият

Бо ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти донишкада чун дигар соҳаҳои кишвар саҳифаи нав — марҳилаи сифатан нав оғоз гардид. Ба ибораи дигар, даврони истиқлол як саҳифаи дурахшон, руҳу равони  тоза ва нерӯю тавони нав дар таърихи инкишофи донишкада гардид. Дар давоми бисту ҳашт соли соҳибистиқлолӣ мактабу маориф, вазъи  иҷтимоӣ ва сиёсию иқтисодии мамлакат густариш ёфт. Дар ин давра анқариб Тоҷикистон симои худро ба тамом дигар кард. Дар ҳамин  замина дастоварду натиҷаҳои варзишии мамлакат, аз ҷумла нишондиҳандаҳои донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов се чанд боло рафт гӯем, хато намешавад. Ин бесабаб нест: баъди ба даст овардани истиқлолият дар кишвар муносибат ба варзиш ҳамчун мактаби бузурги тарбия ва воситаи муаррифии давлати соҳибистиқлол мазмуну моҳияти нав пайдо кард. Ба шарофати сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи таркибӣ ва пураҳмияти арзишҳои фарҳангӣ гашта, рушду инкишоф додани он дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа муқаррар гашт. Сиёсати маорифпарварона, маънавиётгароёна ва  фарҳангпарваронаи Роҳбари давлат, таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамаҷониба  ва рӯзафзуни давлат ба илму маориф, мактаби олӣ ва зиёиён, ғамхориҳои зиёд ба соҳаи варзиш дар фаъолияти гуногунҷанбаи донишкада нақшу таъсири амиқ ва файзбахше гузошт.

 

Пояҳои моддиву техникӣ ва кадрии донишкада

Ҳоло донишкада дорои 5 факултет, 16 кафедра, 3 синфхонаи компютерӣ, 8 толори машқӣ ва 12 варзишгоҳ ва майдончаҳои тамринӣ, китобхонаи  дорои теъдоди васеи адабиётҳо ва китобхонаи электронӣ барои ҳамаи ихтисосҳо мебошад. Имрӯз донишкада ба як маркази бузурги омода намудани варзишгарони касбӣ, тайёр намудани омӯзгорон, мураббиён, доварон, афсарон, сайёҳон, куҳнавардҳо, воқеанигорони варзиш  мубаддал гаштааст. Айни замон беш аз 200 нафар устодону мутахассисони ботаҷриба дар донишкада кору фаъолияти пурсамар доранд. Теъдоди донишҷӯён бошад қариб ба 6500 нафар расидааст. Имрӯз аз ҷиҳати пешниҳоду таклифот ва ихтирооту кашфиёт аҳли илм ва устодони донишкада дар рақобатҳои илмӣ, табъу нашри китобҳои таълимӣ, барномаҳои ихтисосӣ, таълифи маҷмӯаю мақолаҳои илмӣ дар як саф бо дигар муассисаҳои олии кишвар қарор гирифтаанд.

 

Факултаву кафедраҳои донишкада

Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов факултаҳои «Омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ», «Тарбияи ҷисмонӣ», «Варзиш», «Сайёҳии куҳӣ» ва «Ғоибона» амал мекунад.

Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дорои 16 кафедра мебошад, ки инҳоянд:

Назария ва методикаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

Информатика, технологияи иттилоотӣ;

Назария ва методикаи шиноварӣ;

Назария ва методикаи намудҳои гӯштин;

Назария ва методикаи якҳарба ва камонварӣ;

Менеҷмент ва сайёҳӣ;

Назария ва методикаи гимнастика;

Анатомия ва физиология;

Назария ва методикаи бозиҳои варзишӣ;

Назария ва методикаи варзиши сабук;

Педагогика ва психология;

Назария ва методика баскетбол;

Назария ва методикаи футбол;

Забонҳо;

Назария ва методикаи намудҳои варзиши миллӣ;

Ҷомеашиносӣ;

Тибби варзиш;

Омодагии дифои ҳарбӣ.

 

Номбардорони донишкада

Агар ба рақамҳо рӯ орем, давоми 48 соли мавҷудияти худ ин боргоҳи  ягонаи олии варзишии кишварро беш аз 33 ҳазор нафар хатм кардаанд ва ин далели он аст, ки ҳайати кадрии донишкада аз уҳдаи тайёр намудани мутахассисони баландихтисос сарбаландона мебароянд. Баъдан, ба шарофати хатми ҳамасола шуҳрату эътибори донишкада дар байни сокинони шаҳру ноҳияҳо боз ҳам афзуд ва барои зиёд шудани  сафи хоҳишмандони таҳсил дар донишкада ва шумораи довталабон  мусоидат намуд ва бешубҳа сокинони кишвар мудом аз пирӯзию  сарбаландӣ ва муваффақиятҳои ҷолиби номварони варзиши ҷаҳонӣ  Зебунисо Рустамова, Андрей Абдувалиев, Саидмуъмин Раҳимов, Аҳтам Раҷабов, Иброҳим Ҳасанов, бародарон Юрий ва Михаил Лобановҳо, Анатолий Старостин, Гавҳар Пӯлодова, Вадим Соков, Хайрулло Назриев, бародарон Алишеру Рустам, Расулу Ҳаким Боқиевҳо, Гулсара Додобоева, Дилшод Назаров, Эрика Шиллер, Муқаддас Набиева ва ба инҳо монанд барҳақ ифтихор менамоянд, ки маҳз онҳо нахустин  алифбои варзишро аз донишкада омӯхтаанд. Имрӯз ному насаби бонувони варзишгар Албина Камолиддинова, Фирӯза Зубайдова, Лола Абдуллоева, хоҳарон Фотимаву Зуҳро Тағоеваҳо, Гулсара Додобоева, хоҳарон Надимаю Мадина Мирзоеваҳо, Лутфияю Фарида Қараеваҳо, Сабоҳат Исмоилова, Мавзуна Чориева, Шаҳло Насриддинова, Дилором Шерова  ва дигарон шоистаи таҳсин ва офаринҳост, ки онҳо дастпарварони ин боргоҳи муқаддас мебошанд.

Хушбахтона, имрӯз ҳам донишкада ҳамон анъанаи ғолибиятҳоро идома дода, ҳоло 150 нафар беҳтарин донишҷӯён аз рӯйи 15 намуди варзиш узвҳои пайвастаи тимҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар Бозиҳои тобистонаи 29 -уми олимпие, ки соли 2008 дар шаҳри  Пекини Ҷумҳурии мардуми Чин доир гардид, аз 15 нафар узви даста 9 нафари онҳоро маҳз дастпарварони донишкада ташкил медоданд. Ва фоли басо нек ҳам буд, ки байни онҳо хатмкардаи донишкада Расул Боқиев соҳиби зинаи сеюми Бозиҳои олимпӣ ва сазовори ҷоизаи биринҷӣ гардид. Барандаи медали Бозиҳои олимпӣ дар Лондон Мавзуна Чориева ифтихори на танҳо донишкада, балки саросари Тоҷикистон аст. Дастоварди Дилшод Назаров дар Бозиҳои навбатии олимпӣ на танҳо тоҷикистониён, балки кулли тоҷикони дунёро шод намуд. Дар соли 2017 ва 2018 мо шоҳиди ду қаҳрамонӣ — дастоварди бузургу беназири варзишии донишҷӯ ва дастпарвари ДТҶТ ба номи С.Раҳимов Беҳрӯз Хоҷазода ва Хушқадам Хусравов, ки мутаносибан баъди 42-43 сол дар риштаи гӯштини самбо корномаи варзишии ҷаҳонпаҳлавон С.Раҳимовро яке дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия дигаре дар шаҳри Бухарести Руминия такрору руҳи ӯро шод намуданд, гардидем. Ин дастоварди бузурги варзишии Беҳруз Хоҷазода ва Хушқадам Хусравов тамоми  хурду калони Тоҷикистонро шод намуд.

Имрӯз донишкада бо ғолибони мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, байналмилалӣ, минтақавию ҷумҳуриявӣ собиқ хатмкардаҳову дастпарварон ва донишҷӯёни ин боргоҳи муқаддас, аз қабилӣ Дилшод Назаров, Шералӣ Бозоров, Муҳаммад Абдураҳмонов, Парвиз Собиров, Шералӣ Достиев, Акмалиддин Каримов, Мақсадулло Ҷабборов, Анвар Юнусов, Галина Митяева, Сотиболдӣ Ҳайитов, Мурод Тӯйчиев, Дилшоду Фарҳод Восиевҳо, Абдурауф Мӯсоев, Умеда Ҷӯраева, Наргис Неъматуллоева, Нодира Мирзоева, Азизбек Гулов, Зарриншои Азиз, Баҳодур Қодиров, Фарҳоди Усмонзода, Фарҳод Қуралов, Лутфулло Розиқов, Хушвақт Назаров, Зиёратшо Баротов, Зоиршоҳ Пиров, Хисрави Иқболшоҳ, Низомиддин Сангов, Ганҷина Ҳабибуллоева, Шерзод Нормуродов, Бахтиёр Абдуллоев, Хушқадам Хусравов, Беҳрӯз Набиев, Лола Лиситса, Беҳрӯз Хоҷазода ва Хуршед Маҷидов, ки шаъну эътибори  кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошта истодаанд ва даҳҳо тани дигар ифтихор дорад.

Вақте сухан дар бораи дастовардҳои рӯзафзуни донишкада меравад, зарур аст, бо арзи сипосу эҳтиром ва ифтихор номи собиқ сарварони донишкада Тоҳир Умаров, Репа Фёдор, Иброҳим Ҳасанов, Камонбардор Шукроев, Абдуҷаббор Сатторов, Бӯрихон Ҷобиров, Абдураҳмон Маҳмадов, Абдулҳаким Розиқзодаро ёдовар шавем, ки дар  бунёд, рушду нумуъ ва баланд бардоштани шуҳрати донишкада хизматҳои шоиста намудаанд.

Тӯли солҳои охир бо роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафаров Шодӣ Асомуродович донишкада ба дастовардҳои муҳим дар таҳкими раванди таълим, илм, варзиш, корҳои тарбиявӣ ва таҳкими пойгоҳи таълимию илмӣ ноил гардид. Пеш аз ҳама дар раванди такмили сифати таълим дар донишкада бо мақсади тайёр намудани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ як қатор таӣйиротҳои куллӣ ба амал омаданд. Аввалан, компютеркунонии раванди таълим идома ёфта, ташкили марказҳои компютерӣ ва қабули санҷишу имтиҳонҳо тариқи тестӣ — ба воситаи компютер, таъсиси синфхонаҳои компютерӣ падидаи ҷавобгӯи талаботи замон мебошад. Дуввум, донишкада аз аттестатсияи давлатӣ бомуваффақият гузашт ва имрӯз ин боргоҳи   варзиш ва дониш барои тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои бакалавару мутахассис иҷозатнома дорад. Савум, дар як муддати кӯтоҳ масъалаи ташкили кафедра ва факултаҳои нав ҳалли худро ёфтанд. Чаҳорум, дар тӯли солҳои охир тағӣйиротҳои назаррас дар фаъолияти  илмиву варзишии ҳайати олимону омӯзгорони донишкада ба вуқуъ омаданд. Танҳо дар тӯли чор соли охир дар донишкада 4 симпозиуми байналмилалӣ, 9 конференсияи ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 40 конференсияҳои донишкадавӣ доир гардиданд.

Ҳамзамон боиси фараҳмандист, ки воқеанигори варзиш Мирзосафар Шамсиддинов дар ин боргоҳи илму варзиш ба ҳайси сухангӯи ректор солиёни зиёд кор мекунанд. Эшон пуле миёни донишкадаву ҷомеаи рӯзноманигории кишвар мебошанд. Мирзосафар Шамсиддинов пешаҳои наҷиби китобшинос, омӯзгор ва рӯзноманигорӣ дорад. Эшон муаллифи китобҳои варзишии «Машъалафрӯзи варзиш», «Варзиш саҳнаи нангу номус», «Абармарди ҷодаи варзиш», «Савганди паҳлавонӣ», «Қисмати Исмат», «Бадахшон бо ту бишносам» ва даҳҳо китобҳои дигари варзишӣ мебошад. Бо қалами ин нависандаи заҳматкаш 900 барномаҳои варзишӣ, муттаалиқанд. Эшон донандаи хуби соҳа, муҳаққиқ, кашшоф ва вориси масоили варзишӣ буда, барҳақ сазовори унвони воқеанигори варзиш мебошад.    

Ҳамзамон, вақте дар бораи бурду бохти донишкада, аз боби  муваффақиятҳо сухан меравад, бояд асосгузорони нахустпойдевори  алифбои онро пеши назар оварем. Дар ин маврид аз боби меҳнати  босубот ва арзандаи устодону кормандони дирӯзу имрӯзи донишкада, аз қабили Наим Турсунов, Абдулло Муродов, Тоҷимад Суярқулов, Сандон Анваров, Ғиёсиддин Қаюмов, Амирсултон Наботов, Гул Исоев, Тошбой Маркаев, Мирзоёр Ҷумъаев, Зиё Икромов, Назар Бедимоғов, Анатолий Арапенко, Борис Учаев, Владимир Виноградский, Арменак Калашян, Арнол Терказарян, Владимир Сидеренко, Хосият Умарова, Сафро Исмоилзода, Раҳматулло Довудов, Абдуҷалол Халилов, Ольга Сарокина, Тошмурод Мустафоқулов, Сафар Комилзода, Бӯрӣ Раҳматов, Ҳайитмурод Нуралиев, Дилором Каримова, Зариф Наимов, Саъдӣ Норов, Сайдаҳмад Баҳриддинов, Мирзосафар Шамсиддинов, Қурбонмамад Ғоибназаров, Шодимуҳаммад Шарифов, Мирзобоқӣ Шарифов, Иброҳим Яқубов, Баҳрулло Пиров, Зебо Деҳконова, Райҳона Холова, Карашма Бозхонова, Барно Холниёзова, Шарифа Саидова, Садаф Каримова, Аслиддин Муъминов, Баҳром Абдулҳамидов, Раҳмоил Шукуров, Бӯрихон Собиров, Давлат Нуралиев, Ҳабибулло Салимов, Ҳикматулло Зайдуллоев, Садриддин Сафаров, Маҳмадамин Қаюмов, Гулғунчабегим Мирмастова, Азалшо Шафоатов, Акрам Наҷмиддинов,  Сайидаъзам Сафаров, Алоҳида Холова, Раҳмоналӣ Сафаров, Абдукарим Тошпулотов, Холмурод Асоев, Саидҷон Восиев, Ҷамолиддин Сафаров, Абдуҷалил Абдурасулов, Тоҳир Самиев, Холмаҳмад Зафаров, Хуршед Ибайдуллоев, Ҷамшед Ибронов, Хуршед Қурбонов,  Мунаввар Саидова, Раҳмиддин Тошматов, Ҳабиба Норова, Хоҷаакбар Норов, Бахтиёр Камолов, Хуршед Раззоқов ва даҳҳо нафари дигар саҳифаҳо нависем, кам аст. Бешубҳа, рӯзгор ва корномаи ин фидокорони илму варзиш намунаи ибрат ва сабақи омӯзанда барои наслҳои имрӯзу фардо аст.

Феълан донишкада барои ба меъёрҳои ҷаҳонии таълиму тадрис мутобиқ сохтани тарбияи мутахассисон кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Ҳайати  омӯзгорону кормандони донишкада имрӯз ба оянда бо дилпурӣ ва эътимоди қавӣ назар андохта, фаъолияти худро барои тайёр намудани  мутахассисони баландихтисос ва лаёқаманду сазовор баҳри эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ равона кардаанд.

Бо сарфарозӣ метавон гуфт, ки ҷомеаи бисёрҳазорнафараи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов баҳри татбиқи ормонҳои миллат, баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, фарҳанг, тарбияи кадрҳои баландихтисосу садоқатманд пайваста кӯшиш намуда, баҳри ободӣ, шукуфоии Ватан ва ба як кишвари пешрафта, мутамаддин ва мутараққӣ табдил додани Тоҷикистон ва дарёфти мақоми шоистаи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ минбаъд низ хизмат хоҳанд кард. Дар маҷмуъ, бо эътимоди комил метавон қайд намуд, ки тамоми дастовардҳои донишкада- вусъати таълиму тарбия, афзудани теъдоди факултаҳо ва ихтисосҳо, таҳкими пояи моддӣ-техникӣ, таълимӣ- тарбиявӣ, варзишӣ ва нерӯи илмӣ-зеҳнӣ натиҷаи фаъолияти самарабахш ва анҷоми муваффақонаи рисолати мактаби олӣ дар шароити кунунӣ, комёбиҳои воқеан бузургу шоиста аз файзи истиқлол мебошанд.

«МТЖТ»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here