«Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун яке аз марказҳои бузурги таълиму тарбияи кадрҳои миллӣ дар рушди илму маориф ва фарҳанги кишвари соҳибистиқлоли мо нақши хоса ва бузург дорад. Зеро ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки дар он хатмкардагони донишгоҳ фаъолияти пурмаҳсул надошта бошанд».
Эмомалӣ РАҲМОН
Дар натиҷаи назарсанҷии аз тарафи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон гузаронидашуда қариб 77% пурсидашудагон хоҳиши хондан ё идома додани таҳсил дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро доштанд. Ин муваффақияти барҷастаи фаъолияти ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвақтзода Қобилҷон Хушвақт ва аҳли олимону устодони ин донишгоҳ мебошад. Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ректори Донишгоҳ муҳтарам Хушвақтзода Қобилҷон Хушвақт ва устодону донишҷӯёнро барои ноил шудан ба унвони «Донишгоҳи сол» ва «Ректори сол» табрику таҳният гуфта, ба эшон саломатӣ ва бурдбориҳо дар кору фаъолияташон хоҳонанд.
Ҳамчунин, дар ин назарсанҷӣ ҷойҳои дуюмро Донишгоҳи тиббӣ ва ректори он — доктори илми тиб, профессор Гулзода Маҳмадшоҳ ва Донишгоҳи аграрӣ ва ректори он Салимов Амонулло сазовор гардиданд. Ҷойҳои саввумро бошад, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва ректори он Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ректори он Амонзода Илҳом Темур, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва ректори он Шоҳиён Маҳмуд Эргаш ишғол намуданд.
Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аҳли олимону устодон ва толибилмони ин муассисаҳои таълимиро табрику муборакбод мегӯяд.
Воқеан, ин сухани пурҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи он аст, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар як давраи муайяни таърихӣ, яъне 72 соли фаъолияти пурарзиши худ, тавонист худро на танҳо ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии пешбар нишон диҳад, балки ба бузургтарин боргоҳи илму маърифати омодасозии мутахассисони баландихтисоси иқтисодиёти кишвар ва маркази бонуфузи илмӣ-таҳқиқотӣ табдил ёбад.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки аз давраи таъсисёбӣ то имрӯз ин боргоҳи илму маърифатро зиёда аз 130 000 мутахассисон хатм намудаанд, ки аз ин теъдод 70000 нафарро хатмкунандагони давраи соҳибистиқлолии мамлакат ташкил медиҳанд. Дар пешбурди раванди таълим ва омода намудани ин мутахассисон барои иқтисодиёти кишвар олимони барҷаста, ки нерӯи хеле қавии зеҳнӣ ва қобилияти баланди омӯзгорӣ доштанд, саҳми босазое гузоштаанд, ки имрӯз номи неки ҳар яки онҳо дар саҳифаҳои таърихи Донишгоҳ абадӣ сабт хоҳад шуд.
Дастпарварони ин боргоҳи илму маърифат имрӯз олимони барҷастаи сатҳи байналмилалӣ, ходимони илмию сиёсӣ, мутафаккирони варзида буда, дорои шуҳрату мақоми умумиҷаҳонӣ мебошанд, ки аксарияти онҳо дар вазифаҳои пурмасъули давлатӣ адои вазифа менамоянд.
Имрӯзҳо низ дар Донишгоҳ олимони варзидае фаъолият менамоянд, ки тамоми умри пуршарафи худро барои рушду нумӯи илму таълим бахшида истодаанд. Ин нерӯи бузурги илмӣ қодир аст, ки дар омода намудани мутахассисони баландихтисос ва инкишофи илмҳои мухталиф саҳми босазои худро гузорад.
Агар мо ба таърихи донишгоҳ назар афканем, дар оғоз теъдоди омӯзгорони Донишгоҳ аз 17 кормандони доимӣ ва 19 нафар омӯзгори соатбаъй иборат буд, ки 2 нафар унвони профессор ва 8 нафар унвони дотсентӣ доштанд. Ҳоло бошад, ин теъдод ба 1300 нафар расидааст, ки онҳо 13 нафар академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11 нафар узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 178 нафар докторони илм, 542 нафар номзадони илм буда, барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд. Қобили зикр аст, ки 53,1 фоизи омӯзгорони штатии донишгоҳро омӯзгорони унвони илмидор ташкил медиҳанд. Инчунин, дар донишгоҳ 529 нафар кормандони ёрирасон ва 424 нафар кормандони хоҷагӣ фаъолият менамоянд. Ин нерӯи бузурги илмӣ қодир аст, ки дар омода намудани мутахассисони баландихтисос ва инкишофи илмҳои мухталиф саҳми босазои худро гузоранд.
Маҳз ҳамин заҳматҳои омӯзгорони донишгоҳ боиси таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзгорону кормандони Донишгоҳи миллӣ гаштааст, ки танҳо соли сипаригашта ба муносибати ҷашнҳои давлатӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонидани омӯзгорону кормандони донишгоҳ гувоҳи ин гуфтаҳост. Аз ҷумла, ба “Медали хизмати шоиста” Сафармамадзода С. М. — муовини ректор оид ба илм, Раҳмонзода Ҷ. М. — муовини ректор оид ба тарбия, Ҳоҷиматова Г. М. — мудири кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии факултети филологияи рус, Гулов С. Н. — мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистика, Одинаев Р. — декани факултети механикаю математика, Шарифов Р. Я. — декани факултети таърих ва бо «Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Қосимзода С. С. — муовини сардори раёсати таълим, С. Эмомалӣ — декани факултети филология, Ғафуров Ш. Ҳ. — директори литсейи ДМТ, Табарзода О. С. — мудири кафедраи кибернетикаи иқтисодии факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ, Сатторов Р. Б. — профессори кафедраи ботаникаи факултети биология ва Файзуллозода Э. Ф. — декани факултети химия, Раҳмон Д. С. — декани факултети ҳуқуқшиносӣ ва Наврӯззода Г. — мудири кафедраи фармокагнозия бо “Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон” мушарраф гардиданд.
Донишгоҳи миллӣ тӯли фаъолияти хеш дар ташкил ва ташаккули дигар донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат шароитҳои мусоиди илмию таълимиро фароҳам оварда, имрӯз низ дар самти корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълиму тарбияи мутахассисони соҳибкасб бо ҳама муассисаҳои таълимии кишвар ва берун аз он дар ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд қарор дорад ва умед аст, ки ин ҳамкориҳо беш аз пеш густариш меёбанд.
Бо назардошти талаботи бозори меҳнат солҳои охир дар Донишгоҳ ихтисосҳо, кафедраҳо ва факултетҳои нав таъсис ёфта истодаанд, ки онҳо барои таъмини бозори меҳнат бо мутахассисон саҳмгузор мебошанд. Агар донишгоҳ бо 4 факултет, 13 кафедра ва 7 ихтисос ба фаъолият оғоз намуда бошад, дар оғози давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин теъдод ба 13 факултет, 83 кафедра ва 25 ихтисос расид. Ҳоло бошад, дар сохтори таркибии донишгоҳ 19 факултет бо фарогирии 118 кафедра, Институти илмӣ-тадқиқотӣ, Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони МТОК назди ДМТ, литсейи равияи табиию риёзӣ, китобхонаи илмӣ, китобхонаи электронӣ, 103 озмоишгоҳи илмию таълимӣ, 14 озмоишгоҳи илмию тадқиқотӣ, 10 маркази интернетӣ, 39 синфхонаи компютерӣ, 34 синфхонаи лингофонӣ, маркази биотехнологӣ, Парки технологӣ, маркази омӯзиши забонҳо, Институти Конфутсий, маркази табъу нашр, тарҷума ва баргардон, маркази тестӣ, технологияи иттилоотӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ, курси тайёрӣ, 4 толори варзишӣ, 7 хобгоҳ, 3 пойгоҳи таҷрибавӣ, осоишгоҳ ва бунгоҳи тиббӣ фаъолият менамоянд, ки дар таъмини бозори меҳнати ҷумҳурӣ ва берун аз он саҳми босазо гузошта истодаанд.
Раванди таълими донишгоҳ дар асоси талаботи Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ, нақшаҳои таълимӣ ва «Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2016, №19/24» ба роҳ монда шудааст, ки дар кафедра ва факултетҳои он барои таъмини иқтисодиёти мамлакат мутахассисони варзида омода карда мешаванд.
Дар донишгоҳ факултетҳои механикаю математика, физика, химия, биология, геология, иқтисод ва идора, баҳисобгирию иқтисодӣ, молиявию иқтисодӣ, фарматсевтӣ, тиббӣ, журналистика, забон ва адабиёти рус, забонҳои Осиё ва Аврупо, филология, муносибатҳои байналхалқӣ, таърих, ҳуқуқшиносӣ, фалсафа, факултети муштараки ДМТ бо МТОБ ва кафедраҳои умумидонишгоҳии педагогика, фалсафа, забони англисӣ, забонҳои олмонию фаронсавӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва назарияи иқтисодӣ фаъолият менамоянд.
Дар донишгоҳ аз рӯи 120 ихтисос дар зинаҳои таҳсилоти бакалавр, аз рӯи 84 ихтисос дар зинаи таҳсилоти магистратура ва 103 ихтисос доктор РhD, доктор аз рӯи ихтисос мутахассисон омода гардида, таҳсил дар гуруҳҳои таълимии донишгоҳ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Нақшаҳои таълимии ҳама зинаҳои таҳсилот мавҷуд буда, дар мувофиқа бо маркази таълимию методии ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, ба мавқеи иҷро вогузор карда шудаанд.
Теъдоди донишҷӯён 25736 нафар (18782 нафар дар шуъбаи рӯзона + 5537 нафар дар шуъбаи ғоибона, 1417 нафар магистрант ва докторантон)-ро ташкил медиҳад, ки аз шумораи умумӣ 7373 нафар дар гуруҳҳои буҷавӣ ва 18363 нафар дар гуруҳҳои шартномавӣ таҳсил менамоянд. Донишгоҳ дорои 19 бинои таълимӣ буда, дар биноҳои таълимӣ барои як баст (смена)-и таълимӣ ба донишҷӯён 12 168 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
Донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ба таври ҳамешагӣ мавриди таваҷҷуҳи раёсати донишгоҳ ва садорати факултетҳо қарор доранд. Тамоми паҳлуҳои фаъолияти донишҷӯёни мазкур дар донишгоҳ, аз ҷумла иштирок ба дарсҳо, натиҷаи таҳсил, ҷараёни сессияи санҷишию имтиҳонӣ, таъминот ва истиқомат дар хобгоҳ, ҷалб ба чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва илмӣ, озмуну олимпиадаҳо зери назорати бевоситаи раёсати таълими донишгоҳ қарор дорад. Донишҷӯёни тибқи квота таҳсилкунанда, асосан, ба машғулиятҳои дарсӣ давомоти қаноатбахш дошта, сессияи санҷишию имтиҳониро сари вақт ва бе қарз ҷамъбаст менамоянд.
Дар 19 факултети ДМТ дар 14 факултети донишгоҳ донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ дохил шуда, таҳсил мекунанд. Дар донишгоҳ айни замон 332 нафар донишҷӯён тибқи квотаи Президентӣ дохилшуда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз байни онҳо 164 нафарашон духтарон ва 168 нафарашонро писарон ташкил мекунанд.
Аз шумораи 332 донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президентӣ дар ДМТ таҳсил мекунанд, 217 идрорпулӣ мегиранд. Аз ин бармеояд, ки донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда сатҳи донишандӯзиашон хуб мебошад.
Дар донишгоҳ 139 ятими кулл ва маъюбон (гуруҳи 1, 2) мебошад, ки аз онҳо 94 нафарро ятимони кулл, 6 нафарро маъюби гуруҳи якум ва 39 нафарро маъюби гурӯҳи дуюм ташкил мекунад. Ба донишҷӯёни мазкур мунтазам кумаки моддӣ ва маънавӣ расонида шуда, ба онҳо стипендияи иҷтимоӣ ба маблағи 150,00 сомонӣ муқаррар шудааст. Тамоми ятимони кулл ройгон дар хобгоҳ истиқомат мекунанд. Дар хобгоҳи донишҷӯён 1605 нафар донишҷӯ зиндагӣ мекунанд, ки аз онҳо 545 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Аз ин миқдор 89 нафар ятими куллу бепарастор, нимятим ва 33 нафар донишҷӯи маъюб дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд.
Донишҷӯёни гуруҳҳои буҷавие, ки давраи аввали сессияи санҷишию имтиҳонии зимистонаро дар вақти муайяншуда супоридаанд, ба гирифтани стипендия мушарраф гардидаанд. Аз миқдори умумии донишҷӯён дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2019-2020 ба 2951 нафар донишҷӯ стипендия муқаррар карда шудааст.
Теъдоди донишҷӯёне, ки стипендияҳои номӣ мегиранд, дар донишгоҳ 42 нафарро ташкил медиҳад, ки тақсими стипендияҳо дар соли таҳсили 2020-2021 ба таври зайл мебошад: Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — 14 нафар, стипендияи Шӯрои олимони донишгоҳ — 6 нафар, стипендияи ба номи Исмоили Сомонӣ — 10 нафар, стипендияи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ — 1 нафар, стипендияи ба номи Садриддин Айнӣ — 1 нафар, стипендияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров — 2 нафар, стипендияи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ — 2 нафар, стипендияи ба номи Н. Ҳувайдуллоев — 1 нафар, стипендияи ба номи С. А. Раҷабов — 1 нафар, стипендияи ба номи И. Қ. Нарзиқулов — 1 нафар, стипендияи ба номи И. Д. Давлатов — 1 нафар, стипендияи ба номи Ҳ. М. Сафаров — 1 нафар, стипендияи ба номи М. Н. Назаршоев — 1 нафар.
Айни замон дар Донишгоҳ барои таъмини раванди таълим бо техника ва технологияи информатсионӣ ва иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ дар факултетҳо ва сохторҳои таркибии донишгоҳ 2365 адад компютер, 654 адад принтерҳои бисёрфунксионалӣ, 156 адад тахтаҳои электронӣ ва 224 адад видеопроектор мавриди истифода қарор доранд, ки омӯзгорон дар раванди машғулиятҳои дарсӣ аз онҳо самаранок истифода мебаранд. Таъмини Интернет дар донишгоҳ мувофиқи шартномаи дутарафа байни ДМТ ва контент-провайдери Интернет «ТАРЕНА» ва шабакаи ягонаи корпоративӣ бо ширкати “Вавилон-Т” ба роҳ монда шудааст, ки суръати таъмини Интернет 40 Мб/с-ро аз ҳисоби ҳарду ширкат ташкил медиҳад. Дар Донишгоҳ 1050 адад компютер ба шабакаи Internet пайваст мебошад.
Дастовардҳои илмии ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ имрӯз дар ҷумҳурӣ ва берун аз он дар сатҳи баланд арзёбӣ ва эътироф гардида истодаанд, ки мисоли ин мувофиқи маълумоти сомонаи elibrary.ru омӯзгорони донишгоҳ дар маҷаллаҳои илмии тақризшаванда зиёда аз 8000 мақолаи худро аз чоп бароварда, 3500 маротиба аз корҳои онҳо иқтибос оварданд ва “индекси Хирш”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар миқёси байналмилалӣ ба 30 баробар аст.
Донишгоҳ ба тарбияи кадрҳои илмӣ имрӯз диққати махсус дода, теъдоди Шӯроҳои дифоъро ба 22 адад расонидааст, ки аз онҳо 14 ададро Шӯроҳои миллӣ, 8 ададро Шӯрои назди Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия ва 2 ададро Шӯрои байнидавлатӣ ташкил медиҳад.
Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти ҷоизаи “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз рӯи 13 соҳаи илм баргузор мегардад, ки дастаи олимпии донишгоҳ бо ишғол намудани 4 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм дар байни тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар сазовори ҷойи аввал гардид.
Дар донишгоҳ ҷиҳати дар замири донишҷӯён бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ намудан ба муқаддасоти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода, омӯзгорони донишгоҳ дар дарсҳои тарбиявӣ мунтазам барои амалисозии ин мақсади наҷиб корҳои назаррас ба анҷом расонида истодаанд ва тасмим гирифтаанд, ки минбаъд низ мувофиқ ба талаботҳои рӯз корҳои тарбиявиро ба роҳ монда, барои дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои амалӣ меандешанд.
Ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шумор меравад. Роҳандозии ҳамкориҳои гуногунсамти илмиву таҳсилотӣ миёни ДМТ ва донишгоҳу марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ чун ҳамешагӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи раёсати донишгоҳ қарор дошта, ҳамвора кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки ин ҳамкориҳо тавсеа ёбанд. Ҳудуд ва доираи ҳамкориҳои берунмарзии донишгоҳ васеъ гардида, ҳамкориҳо бо кишварҳо ва ниҳодҳои нав ба роҳ монда мешаванд. Айни ҳол донишгоҳ бо 287 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ дошта, узви Донишгоҳи шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Донишгоҳи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) мебошад. ДМТ узви фаъоли Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Авруосиё, муассиси Ассотсиатсияи Донишгоҳҳои Осиё, муассиси Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ, узви Ассотсиатсияи байналмилалии омӯзгорони забон ва адабиёти рус (МАПРЯЛ) ва созмону консорсиумҳои дигари байналмилалӣ низ мебошад.
Яке аз самтҳои фаъолияти донишгоҳ — ин таҳкими ҳамкориҳо дар доираи созишномаҳои ба тасвиб расида мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи созишномаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Белорус (Донишгоҳи давлатии Белорус, Донишгоҳи давлатии технологии Белорус, Донишгоҳи давлатии Полотск, Донишкадаи давлатии байналмилалии экологии ба номи А. Д. Сахаров) дар Донишгоҳи миллӣ факултети муштараки ДМТ ва МТОКБ фаъолият менамояд. Бо назардошти он ки яке аз рисолатҳои калидии донишгоҳ ин омода намудани мутахассисони рақобатпазири ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат аз рӯи ихтисосҳои нав ва замонавӣ мебошад, донишгоҳ аз рӯйи 11 ихтисоси барои пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ зарурӣ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Белорус омода намудани кадрҳои замонавиро ба роҳ мондааст.
Бинобар сабаби хуруҷи пандемияи Covid-19 шумораи табодули академии устодону донишҷӯён ва муҳассилини донишгоҳ бамаротиб коҳиш ёфта бошад ҳам, вале раёсати донишгоҳ бо истифода аз имкониятҳои худ барои фиристодани донишҷӯён ва муҳаққиқон тамоми имкониятҳоро истифода намудааст. Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ 51 нафар барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи давлатии Белорус, Донишкадаи байналмилалии экологии ба номи А. Сахаров, Донишгоҳи давлатии Полотск фиристода шудаанд.
Бояд қайд намуд, ки дар донишгоҳ дар оғози соли таҳсил 873 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳайси донишҷӯ, магистр, докторант PhD, докторанти анъанавӣ, муҳаққиқ-коромӯз ва шунавандаи озод (забономӯз МОЗ) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Бо кӯшиши раёсати донишгоҳ сохтмони бинои дуошёна барои Институти Конфутсияи назди Донишгоҳ босуръат идома ёфта истодааст. Сохтмони хобгоҳи нави 12-қабата, ки бо маблағҳои донишгоҳӣ дар маҳаллаи Буни Ҳисорак сохта шуд, имсол бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар “Шаҳраки донишҷӯён” ҳоло сохтмони Маркази хизматрасонии маишӣ рафта истодааст, ки маҷмааи мазкур аз ҳаммоми занона ва мардона, ошхонаи донишҷӯён, сартарошхона, кошонаи ҳусни мардона ва занона ва хушкашӯӣ иборат мебошад.
Хулоса, раёсат ва аҳли омӯзгорону кормандони ин боргоҳи илму маърифат пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки баҳри татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амру фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи барномаю стандартҳои давлатии соҳаи маорифи кишвар ҷиҳати баланд бардоштани нуфузу эътибори Донишгоҳ кӯшиш намоянд ва тавонанд дар пешрафту татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат саҳмгузор бошанд.
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ