Замон дар ҳаракат аст! 

Ҳаракати беисти замон гоҳо чеҳраҳоеро ба мо муаррифӣ мекунад, ки бо гирифтани номашон дар пеши чашмамон як давраи комили таърих ба ҷилва меояд! Шояд ин давра ним аср ва ё шояд зиёда аз онро дарбар гирад. Мавқеъгирии шахсиятҳои сиёсӣ ба замона асароти худро гузошта, бо шевае мусбат ё манфӣ, ба ин ё он шакл ба гирдоби сиёсат ранг мебахшад. Аз замони Малика Томирису Исмоили Сомонӣ, Анӯшервони Одилу Бузургмеҳр ва даҳҳо шахсиятҳои дигар, ки замонаи эшонро дар баробари ба забон овардани номашон тасаввуроти комил дар мағзамон сурат мегирад ва таърих ба мо паём медиҳад, ки чеҳраҳои номбурда дар замони худ нақши мусбат ва ҳалкунанда бозида, дар садри рӯзгори сиёсии замонашон қарор гирифтаанд. Чунин шахсиятҳо бо таъсир гузоштан ба мавқеи сиёсии замон падидаҳои нави ҷомеасозе ба вуҷуд овардаанд, ки ҷонибдоронашон абадиянд.

Дар имтидоди замон ё таърих ба нудрат чеҳраҳое аз ҳаводиси пурталотуми таърих ба садри рӯзгор қадам медиҳанд, ки ҳузурашон нақши бориз ва мусбат дар ҷомеа дорад. Ин чеҳраҳо бо азхудгузаштагӣ ва канор гузоштани амбитсияҳои шахсиву сиёсӣ ё гуруҳиву ҳизбӣ ба ояндаи миллат бо дидаи навин  меандешанд ва фаъолиятҳои худро низ тибқи манифатҳо ва идеали миллӣ ҳамоҳанг мекунанд. Чунин чеҳраҳоро, ба фикри мо, аз ҷумла нуктае савқ медиҳанд, то ба ин роҳи пок бебокона ва ҷусурона қадам ниҳанд: миллатдӯстӣ ва ватанпарастӣ. 

Профессор Иброҳим Усмонов аз ҷумлаи чунин инсонҳои наҷиб ҳастанд, ки дар дарозои замон бомасъулият, шуҷоъатмандона ва бо ифтихор қадам ниҳода, барои сарфарозии миллату давлати худ кор кардаанд.

Мурур ба саҳифаҳои гузаштаи таърих нишон медиҳад, ки ин шахсият беш аз ҳама чиз дар фикри давлату миллат буда, барои пойдорӣ ва қави шудани қудрати тоҷикон дар арсаи минтақа ва ҷаҳон кушиш мекунад. Ин ба назари мо бояд ҳадафи ниҳоии ҳар як ватандӯсти асил бошад!

Дар арсаи сиёсат Иброҳим Усмонов шахси тасодуфӣ нестанд! Ин шахсият чӣ аз назарияпардозии сиёсӣ ё ба таъбири дигар гӯём стротегияофаринӣ шахсияти ботаҷриба, кордида ва таъсиргузоранд. Дар замони фаъолият дар арсаи сиёсӣ шуруъ аз солҳои 90-уми асри 20 то имрӯз мо мушоҳида мекунем, ки устод бо таҳаммулпазирии хос дар ташаккул додани фазои сулҳомези сиёсӣ дар Тоҷикистон қадам ниҳодаанд. Махсусан, хизматҳояшон дар раванди сулҳофаринии Тоҷикистон қобили арҷгузорист. Тавре аз гуфтаҳо ва навиштаҳо ва суҳбатҳои дар робита ба масъалаи сулҳ дарёфтем, тамоми нуктаи  фаъолияти эшон барои ба ҳам овардан ва созиш додани тоҷикон равона гардида буд. Фаъолияти устод дар КОМ баёнгари ин нақши барҷастаи устод аст. Шахсиятҳое, ки бевосита дар раванди сулҳофаринӣ ширкат доштанд, ҳатто тарафи мухолифин бемуҳобот аз нақши созишдиҳанда ва оштидиҳандаи профессор Иброҳим Усмонов ёд кардаву ёд мекунанд, ки ин далел аз росткориву ҳақиқатҷӯии эшон дар марҳала мебошад.

Дар ин ҷо ин нуктаро ёдовар мешавем, ки дар арсаи сиёсат ҳам донишманд Иброҳим Усмонов фақат зери мафҳуми як ҳадаф-тоҷикият ва ояндаи тоҷикон фаъолият намуда, барои бароварда шудани ин ормонҳои худ ҳамеша дар талошу кушиш намудаанд.

Професор Иброҳим Усмонов дар ҷомеа, пеш аз ҳама дар байни қишри зиёӣ, хусусан ҷомеаи журналистӣ ба ҳайси устоди журналистон ва назарияпардози соҳа(илм)-и журналитика шинохта шудааст. Мо як гуруҳ донишҷӯёни факултаи журналистика бо тавсияи устодони дигари журналистика дарсҳои рӯзноманигориро  аз китобҳои профессор Усмонов фаро гирифтем ва дар баҳсҳо ҳам ҳамеша рӯйи гуфтаҳо ва масъалаҳои тарҳкардаи Иброҳим Усмонов баҳс мекардем ва ҳосили ин баҳсҳо худшиносӣ ва худогоҳии мо гардид. Гурӯҳи мо шояд аз ҳама зиёд ба масъалаи таърихи тоҷикон ва ҳувияти миллатамон дилбастагӣ дошт. Ин дилбастагӣ ба таърих бо мутолиаи навиштаҳои олимони тоҷик, ба хусус Иброҳим Усмонов ва баҳс дар атрофи андешаҳои таърихнигорон, ки аксаран дар дарси устод Қироншоҳ Шарифзода ба миён меомад, дар қалби мо ҷо гирифт.Сабаби ошноии мустақими мо бо профессор Иброҳим Усмонов ва оғози ҳамкориҳо дар солҳои баъдӣ низ Қироншоҳ Шарифзода буданд. Бо шурӯи ҳамкорӣ ва аз наздик ошно шудан бо устод Иброҳим Усмонов андешаи мо дар мавриди хислат, андеша, рафтор, кирдор ва принсипи фаъолияти эшон комил шуд. Ростӣ, устувор будан дар мавқеи худ, самимӣ будан дар рафтор бо инсонҳо, арҷ ниҳодан ба дӯстиву рафоқат ва пуштибонӣ намудан аз ҷавонони донишманд муҳимтарин хислатҳоеанд, ки мо дар шахсияти профессор Иброҳим Усмонов дарёфтем.

Гоҳо зиндагонӣ дар назари инсон чунин бад менамояд, ки дили инсон аз ин рӯзгор сард мегардад ва гоҳо мешавад, ки инсонҳои бо ту ҳамнишин бо рафтор ва кидори некӯ ва панддиҳанда инсонро аз ин дилсардӣ берун оварда, ба зиндагӣ хушбин месозанд. Пас инсонҳои некманиш рӯзгорро дар назари одам хуб ва муҳаббат доштан ба инсонро дар замири инсон бедор мекунанд. Ба зиндагӣ хушбин будан ва ба оянда бо назари мусбат нигоҳ кардан яке аз муҳимтарин хислати мунҳасир ба фарди устод аст.

Профессор Иброҳим Усмонов дар ҳавзаи соҳаи журналистика беш аз ҳар ҳавзаи дигар фаъолияти босамар ва таъсиргузор доранд. Фаъолияти илмии эшон дар соҳаи журналистика як саҳифаи дурахшон аст, ки ниёз ба нақд ва пажуҳиш дорад, аммо фаъолияти амалии эшон дар шакл додан ва ниҳодана намудани самти фаъолияти журналистӣ барҷастатар аст. Яке аз вижагиҳои шинохти устод аз фаъолияти журналистикаи касбӣ он аст, ки ба журналистикаи ҳангомаҷӯ эътимод надоранд ва фаъолияти журналистиро дар асоси ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳақиқатнигорӣ бо такя ба далелу аснод ва ғайра тасаввур мекунанд. Ростӣ, таҳриф накардани факт, дастбурд назадан ба андеша ва суҳбатҳои мусоҳиб яке аз муҳимтарин тавсеяҳои устод ба журналистони ҷавон ва мо шогирдонашон аст, ки ин принсипи фаъолиятро аз устод омӯхтем.

Бадбахтона, мо дар замони донишҷӯӣ имкони ширкат дар дарсҳои Иброҳим Усмоновро наёфтем, зеро он замон устод дигар дарс намедоданд, аммо ифтихори шиносоӣ ва ҳамкорӣ  бо эшон ба мо имкон дод то аз маҳорату таҷриба ва тавсеаҳои устод баҳраманд шавем.

Яке аз боризтарин хислат ва принсипи фаъолияти устод ба назари мо дар озод будани эшон аст. Профессор Иброҳим Усмонов ба андешаи мухолиф арҷ мегузоранд ва ҳеҷ вақт ба тарафи муқобил ва ё андешаи мухолифи худ бо таъриз ё писханд ва ё шеваи диктатурона посух намегӯянд. Ин шеваи рафтори устод замоне дар назди мо бармало шуд, ки мо дар ташкил ва гузаронидани маҳфилҳои фонди “Гуфтугӯи тамаддунҳо”, ки мубтакири он Иброҳим Усмонов буданд, ширкат кардем. Вақте дар ҷараёни маҳфил баҳсҳо тезу тунд мешуд ва мо бо эҳсоси нигаронӣ ба суйи устод Шарифзода менигаристем, эшон бо нигоҳе мегуфтанд, устод Усмонов худ ин баҳсро ором мекунанд, бепарво бошед! Воқеан бо як сухан ҷараёни ноороми баҳсро муътадил мекарданд, ки ин аз маҳорати баланди устод Иброҳим Усмоновро дар маҳфилҳо нишон медиҳад.

Дар ҷомеаҳои демократӣ фикру андешаҳои гуногун вуҷуд дорад ва ин яке аз бунёди аслии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушди он ба шумор меравад. Кишварҳои ғарбӣ бо доштани руҳияи гуногунашдешӣ ба қуллаи демократия ва рушд расиданд ва мутассифона дар кишвари мо ҳанӯз ин падида пурра роиҷ нашудааст. Иброҳи Усмонов агарчи тарбиятдидаи мактаби Шӯравӣ буданд, ки идеологияи сотсиалистӣ бунёди онро шакл медод, вале шеваи амалкард ва бархурд бо мухолифони андешаашон гувоҳ бар ин аст, ки демократитар аз ҳар демократе ба шумор мераванд. Баъзе инсонҳо аз модар озод зода мешаванд ва ин хислат дар тору пудашон танида мешавад. Ба назари мо хислати озодагӣ дар вуҷуди устод Иброҳим Усмонов сиришта шудааст. Ин ҳарфҳо таърифи хушку холӣ нест, балки ҳақиқатест, ки мо дар ҷараёни ҳамкорӣ бо устод инро кашф кардем.

Мардони озода на ҳама вақт дар ҷомеа қадр мешаванд, балки гурӯҳе ё тоифаи таҳаммулнопазир пайдо мешаванд, ки ин чеҳраҳо ё ин гурӯҳҳои озодипараст ва озодихоҳро мавриди ҳадаф қарор медиҳанд. Иброҳим Усмонов низ аз ин сел ё боди вайронгар дар амон набуданду нестанд. Ва дар бисёр мабоҳис чӣ илмӣ ва чӣ сиёсӣ ангушти ишоратҳои бедалел ва ноҷои мунтақидонро мебинем, ки гоҳу ногоҳ ба сӯйи устод дароз мешавад. Як нуктаи дигар дар фаъолияти таърихнигориву сиёсатмадории Иброҳим Усмонов собит аст, ки устод ҳама вақт дар тарозуи дифоъ аз ҳувияти тоҷик ва манофеи олии миллат қарор доштанду доранд.

Мо новобаста аз тамоюлоти сиёсӣ ва идеологӣ чеҳраҳои озодипараст ва озодаи тоҷикро арҷ мегузорем. Мутассифона, зеҳнияти имрӯзаи мо тоҷикон ба хато шакл гирифтааст. Мо чеҳраҳоро дар мизони тамоюлоти идеалогӣ, сиёсӣ, гуруҳӣ, маҳаллӣ бармекашем, ки ин кори дурусте нест. Дар байни ҳар гуруҳ, қишр, тоифаи сиёсӣ чеҳраҳое ҳастанд, ки шоистаи қадрдониянд ва онон барои миллат хидмат кардаанд. Бо ин нигоҳ, агар ба фаъолиятҳои Иброҳим Усмонов нигоҳ кунем, дарк мекунем, ки устод дар замони султаи коммунизм бо диди миллигароӣ қадам ниҳода, манофеи миллӣ ва пуштибони аз ҳуввияти миллиро аз идеологияву дигар тамоюлоти сиёсиву гуруҳӣ тарҷеҳ додаанд. Танҳо барои мисол ин далелро зикр мекунем, ки устод Иброҳим Усмонов аз ҷумлаи аввалин чеҳраҳое буданд, ки дар дифоъ аз забони тоҷикӣ дар нашрияҳои даврии онвақта мақола нашр намунданд. Навиштаҳо, суханрониҳо ва мусоҳибаҳои Иброҳим Усмонов дар заминаи дифоъ аз таърих ва ҳуввияти тоҷикон далели боризи ин гуфтаҳо ҳастанд.

Ҷое хонда будем, ки барои чеҳра будан дар оянда ахлоқ муҳимтарин асл ва ҳатто муҳимтар аз нубуғи инсонӣ хоҳад шуд. Вақте ба саҳифаи рӯзгори Иброҳим Усмонов назар меафканем, мебинем, ки ин сухан бе ҳикмат набудаааст.  Иброҳим Усмонов дар канори дониш ва нубуғе, ки доранд, ахлоқи писандида ва ибратбахшашон шахсияташонро комил мекунад. Оила ва фарзандони тарбиятнамудаашон мояи ифтихор ва сармояи зиндагиашон аст ва ин барои ҳар як инсон муҳимтарин сарвати  зиндагист.

Ҳоло, ки дар синни мубораки 70 қадам мегузоранд ва агар ба саҳифаҳои гузаштаи рӯзгорашон нигоҳ кунанд, афсус нахоҳанд хурд, ки “беҳуда лаҳзаҳои зиндагиам нагузаштаанд”. Мо устодро ба солрӯзи мелодашон табрик намуда, умри дароз ва рӯзгори босаодатро таманно дорем! 

Кристина Бородавко

Сипеҳри Кароматулло

Мазбут Қосимов

Саъдиддин Мирзоев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here