Самараи неки даврони Истиқлолият

Солҳои 1992-1993 барои кишвари ба тозагӣ соҳибиистиқлол гаштаи Тоҷикистон давраи мураккабе буд. Новобаста ба идома ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ, буҳрони сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ, касодии маънавӣ дар ҷомеа мардуми шарифи тоҷик, хосатан, қисмати маънавиятпарвари он чароғи илму маърифатро фурӯзон кард. Дар ин давра дар минтақаҳои мухталифи кишвар муассисаҳои нави таълимиву илмӣ созмон ёфтанд, ки аз фитрати маънависози мардуми тоҷик далолат мекарданд. Аз ҷумла бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, №364 аз 5 августи соли 1993, қарори Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) №98 аз 31 марти соли 1994 таъсис ёфтани донишгоҳ ба ҳайси маскани тайёр кардани кадрҳо дар самтҳои ҳуқуқшиносӣ, идоракунӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ, соҳибкорӣ, молия, системаи ахборӣ ва амсоли ин самтҳои умдаи хоҷагии халқи мамлакатамон аз падидаҳои ҷолиби таърихи навини маорифи кишвар маҳсуб мешаванд. 

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон самараи неки даврони Истиқлолият буда, имрӯзҳо дар арафаи таҷлили 25-солагии таъсиси махзани илму маонӣ қарордорад. Донишгоҳ имрӯз дар партави таваҷҷуҳи беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳанӯз  дар мусоҳиба дар маҷаллаи «Деловой мир» 24.01.1995 зикр карданд: “Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ислоҳоти қонунгузорӣ «маркази зеҳнӣ» гардида, дар соҳаҳои соҳибкорӣ, фаъолияти тиҷоратӣ ва ҳуқуқи байналхалқӣ мутахассис тайёр мекунад бо ташаккули ҳамаҷиҳатаи самтҳои фаъолияти худ дар равнақу шукуфоии низоми таҳсилоти олии касбии мамлакат ҳамчун боргоҳи маърифат ва маскани тарбияи наслҳои созандаву мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замон мавқеи устувор ва шоистаи худро касб кардааст. ”

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди амалӣ гардидани ислоҳоти соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, беҳдошти раванди таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таҳсилот таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ҷиҳати амалинамоии ин нақшаҳо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили ҷашни 15- солагии таъсисёбии донишгоҳ, 09.09.2008 бори нахуст ба донишгоҳ ташриф оварда, санги асоси ин боргоҳро гузоштанд. Зимни суханронӣ дар назди устодон ва шогирдон зикр карданд: “Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳарчанд ҷавон аст, мо метавонем мавҷудияти ин боргоҳи маърифатро ҳосилу самараи неки соҳибистиқлолии кишвар маънидод намоем. Зеро, ин махзани маърифат баробар бо марҳалаи нави таърихи мамлакат-Истиқлолияти давлатӣ ба фаъолият оғоз намуда, ҳастии он бо назардошти ниёзҳои ҷомеаи навин ва талаботи кунунии таҳсилоти олӣ пайрезӣ шудааст”. Сарвари давлат бори дуввум ба муносибати ба истифода супоридани бинои нави таълимии донишгоҳ 05.08.2011 ба остонаи ин даргоҳи муқаддас ташриф оварда, ба дастовардҳои ҳайати устодон ва муҳассилини донишгоҳ баҳои баланд дода, таъкид карданд: “Итиминон дорам, ки раёсат ва ҳайати профессорону устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар самти тақвияти корҳои илмӣ, таълимӣ ва тарбияи кадрҳои сазовор дучанд саъю талош намуда, дар мустаҳкам гардидани пояҳои давлати соҳибистиқлоламон саҳми худро мегузоранд”.

 

Факултетҳо ва ихтисосҳои донишгоҳ

Дар донишгоҳ шаш факултет амал мекунад: ҳуқуқшиносӣ, бизнес ва идоракунӣ, молия, инноватсия ва телекоммуникатсия, сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, баҳисобгирӣ ва андоз. Таҳсил дар ДДҲБСТ пурра тариқи шартномавӣ ба роҳ монда шудааст. Аммо, барои донишҷӯёни лаёқатманду фаъол, аз ҷумла ғолибони озмуну олимпиадаҳо ва донишҷӯёни ятиму бепарастор ва маъюб имтиёзҳо мавҷуданд. Дар баробари гирифтани Стипендияи раёсати донишгоҳ чунин донишҷӯён аз маблағи таҳсил пурра озод карда мешаванд.

Таҳсил дар намуди рӯзона ва фосилавӣ аз рӯи 33 ихтисос: WEB-дизайн ва графикаи компютерӣ, системаҳои автоматикунонидашуда, технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт), технологияи иттилоотии ҳисоби бухгалтерӣ, технологияи иттилоотию идоракунии телекоммуникатсионӣ, хадамоти гумрукӣ, молия ва қарз, кори бонкӣ, андоз ва андозбандӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, аудит ва ревизия, иқтисодиёт, иқтисодиёти ҷаҳонӣ, иқтисодиёт ва идора дар корхона, идораи давлатӣ, маркетинг, менеҷмент, бизнес-маъмуриятчигӣ, таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (сайёҳии байналмилалӣ), таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (муносибатҳои сиёсии берунӣ), таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (робитаҳои иқтисодии берунӣ), ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқшиносӣ, фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, санҷиши судӣ, идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, ҳуқуқи иқтисодӣ, муносибатҳои байналмилалӣ (дипломатия), сиёсатшиносӣ, сиёсатшиносӣ (фаъолиятисиёсӣ-ҳуқуқӣ), таърих (сиёсатшиносӣ) ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол дар донишгоҳ шумораи умумии донишҷӯён 7013 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин дар шуъбаи рӯзона 4228, дар шуъбаи ғоибона 2496 ва дар магистратура 289 нафар таҳсил доранд. Ҳамзамон, дар  донишгоҳ 99 нафар шаҳвандони хориҷӣ, асосан шаҳрвандони Ҷумҳуриҳои Туркманистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон таҳсил менамоянд.

 

Ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо донишгоҳҳову донишкадаҳои ватаниву хориҷӣ

Донишгоҳ бо 65 муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳои гуногун бастааст. Шартномаҳои ҳамкорӣ бо 32 муассисаи илмию таълимии Федератсияи Русия, 8 муассисаи ватанӣ, 7 муассисаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 4 муассисаи Ҷумҳурии Қирғизистон, 2 муассисаи Латвия, 2 муассисаи Украина, 3 муассисаи Қазоқистон, 1 муассисаи Ҷопон, ИМА, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Финляндия, Белорусия, Хитой, Ҳиндустон ба имзо расидаанд. 

 

Номбардорони донишгоҳ

ДДҲБСТ сиёсати дурусти омода кардани кадрҳои болаёқатро ба роҳ мондааст ва дар ин самт дастовардҳояш сол то сол афзун мегардад. Натиҷа ин аст, ки дар соли сирпаришудаи 2018 низ чун солҳои қаблӣ донишҷӯёни донишгоҳ дар як қатор олимпиадаҳои сатҳи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ фаъолона ширкат варзида, бо маҳорату сатҳи саводнокии худ обрӯю нуфузи ин боргоҳи маърифатро боло бардоштанд. 

Дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки санаҳои 15-16.03.2018 баргузор гардид, сазори ҷойи аввал гардидани Қаҳҳоров Умед, дар даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22-23.06.2018) ҷойи дуюмро ишғол кардани Аджихалилова Заррина, дар озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин таҳти унвони “Тоҷикистон минтақаи ҷолиби сайёҳӣ” бахшида ба Соли сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ сазовори ҷойи аввал гардидани Ҷӯраев Худойшукур, дар Озмуни байналмилалии “Кори илмии беҳтарин”, ҷамъияти илмии “Мир науки” мақоми аввалро соҳиб гардидани Ҷабборова Муҳиба, дар Озмуни вилоятии «Беҳтарин хонандаи китоби бадеӣ дар соли 2018» ғолибият ба даст овардани Оростамоҳ Қодирзода дастовардҳое ҳастанд, ки танҳо дар як соли охир ба даст омадаанд.

Танҳо дар соли 2018 6 нафар устодон ва 3 нафар аспирантон ва унвонҷӯёни донишгоҳ рисолаҳои илмиашонро ҳимоя намудаанд.

Ҳамзамон, дар озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ дар соли 2018» се нафар донишҷӯи донишгоҳ фаъолона иштирок карда, бо дипломҳои дараҷаҳои гуногуни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. 

 

«ДОНИШҶӮӢ СОЛ-2018»

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол -2018” Каримова Нозила аз байни донишҷӯёни тамоми муассисаҳои олии кишвар сазовори ҷойи дуюм дониста шуд. Дар озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд бошад, Ҷабборова Муҳиба сазовори ҷойи якум гардид. Ҳамзамон, санаҳои 26-27 декабри соли 2018 Ҷабборова Муҳиба гирандаи Стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуд, ки ба ӯ Шаҳодатнома ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми 2043 (ду ҳазору чилу се) сомонӣ тақдим карда шуд. Дар соли хониши 2018-2019 24 нафар донишҷуён ва 2 нафар хонандагони литсейи донишгоҳ гирандагони Стипендияи раёсати донишгоҳ ҳастанд.

 

ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ

Ҷавонони донишгоҳ дар баробари таҳсил дар риштаҳои гуногуни

мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон боло мебардоранд. 

Чунончи, Қурбонов Фаридун ва Рабиев Маҳмадрашиддар Чемпионати Ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия, Ахмедҷонов Фирдавс ва Қодиров Ҷонибек дар Чемпионати Ҷаҳон оид ба муҳорибаи ҷанги дастӣ дар шаҳри Тулаи Федератсияи Русия, Икромов Седиброз, Давлатзода Маҳмадраҷаб, Сақоиев Кароматулло, Боқизода Пирмуҳаммад дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ фаъолона иштирок карданд, ки ба шарафашон Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон парафшон гардид. 

 

УСУЛҲОИ САМАРАБАХШИ ДАРСҲОИ ТАҶРИБАВӢ

Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дар амал татбиқ намудани Қонуни ҶТ «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» бо ташкилоту муассисаҳо ҳамкории судманду воқеиро ба роҳ монд, бо 118 адад корхонаю ташкилотҳо шартномаи ҳамкориро ба имзо расонидааст. 

Бо мақсади иттилоъ пайдо намудан доир ба ташкилоту муассисаҳо дар донишгоҳ базаи иттилоотии корхонаву ташкилотҳо таъсис дода шуда, аз ҷониби донишҷӯён буклетхо тайёр карда шудааст, ки он минбаъд барои робита, шиносоӣ бо ташкилотҳои мазкур ва интихоби макони таҷрибаомӯзӣ мусоидат менамояд. Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии донишҷӯён, такмили дониш, омӯзиши таҷрибаи кории мутахассисон, фаъолияти муассиса, робитаи кории доимӣ бо ташкилотҳои ҳамкор ва омӯхтани таҷрибаи аввалини касбӣ як зумра чорабиниҳо доир гардид, ки аз ҷумла дар факултетҳои донишгоҳ вохӯрӣ, намоишгузаронӣ дар ташкилот, машваратҳои сайёр бо донишҷӯёни хатмкунанда гузаронида шуданд.

 

ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ…

Президенти кишвар дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ, ки 26.12.2018 ироа гардид низ таъкид карданд: “Мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бе саробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем”. Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ғамхории доимӣ фаро гирифтани донишҷӯёни комилан ятим тадбирҳои амалӣ меандешад. Аз ҷумла дар соли 2018 15 нафар донишҷӯёни ятим, ки дар донишгоҳ таҳсил менамоянд аз  пардохти маблағи таҳсил пурра озод карда шудаанд. 

Дар арафаи Моҳи шарифи Рамазон ин донишҷӯён маводи хӯрока (асал), ба ифтихори таҷлили 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли нави мелодии 2019 мадади яквақтаи пулӣ ба миқдори 200 (дусад) сомонӣ ёрӣ расонида шуда, дастархони идона ороста гардид. Ҳамзамон, дар Ҳамоиши ҷумҳуриявии ятимони кулл, ки санаи 20.04.2018 таҳти унвони «Пешвои миллат-ғамхори ятимон» ин донишҷӯён иштирок намуданд ва бо хӯроки яквақтаина таъмин карда шуданд. 

 

ТАМАННИЁТИ САБЗ

Ба довталабоне, ки хоҳиши интихоби ихтисосҳои хубу замонавӣ, сифати баланди донишу таҳсилотро доранд, ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ки имконият ва шароити хуби таҳсил дар аудитория, лабораторияҳои муҷаҳҳазу барҳаво бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ, интернет, китобхонаи илмӣ ва электронӣ; баҳрабардорӣ аз низоми мукаммали шабакавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, марказҳои компютерӣ ва тестӣ, марказҳои омӯзиши Аврупо  ва забонҳо, парки технологӣ, варзишгоҳ, хобгоҳи замонавӣ ва шароити хуби фароғату таълим; машғулият бо иштироки устодони варзида ва соҳибтахассус; ҷалби олимону устодон аз хориҷи кишвар ба раванди таълим, имконияти идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ, кор бо барномаҳои байнайналхалқӣ, табодули доимӣ ба давлатҳои Қазоқистон ва Русияро пешниҳод менамояд, даъват менамоем. Рамзи донишгоҳ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 110 қарор дорад.

 

«МТЖТ»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here