(Базлаи бофазл)

Чорибой ҷавонмарди чорпаҳлуи чор кас медидагӣ ва чор ишкелаш бутун буда, чор даҳан не, чордаҳ даҳан гап мезанаду ба махлуқи ба чор танга намеарзидагӣ чор тарафат қибла гуфта метавонад, дар чорсӯйи зиндагӣ ягон бор бо шигифт бо чашми чор бечора намондааст, ходимонашу корафтодагон худашон чор фулусаке оварда медиҳандаш, худаш чораандешу чорагар аст, дар чор дақиқа чора меёбад, дар чордевор не, дар қасри чорқабатаву чоргунбазаи пур аз чизу чора зиндагӣ дорад, баъзе ҳуҷраҳояш саросар чоройинаанд. Соҳиби чорбоғе бо бӯстонсарои чорбурҷа дар соҳили дарёи хурӯшони Чороба аст, дар умри чорякасрааш чор маротиба хонадор шудаасту чаҳор фарзанд дорад, ки бо модаронашон рондаасту калониаш чорсола аст, алҳол дар орзуи дӯшизаи чордаҳсолаи амсоли моҳи чордаҳшаба буда, чун нияташ амалӣ шудан дорад, дар фойтуни сап-сафеди чораспаи боз ҳам сафед сайругашти базмӣ карда, дар оҳанги чорзарба чорқарс дастафшону пойкӯбон ба рақс даромаданист ва дар чорболишт чорпаҳлу зада, шарбати чордоруро нӯши ҷон мекунаду чорта дами беғам мезанад, чорчархаи чордараи беҳтаринро ба чорсӯйи зиндагӣ тозонда метавонад! Дар ҷевони кошонаҳояш як рафи оинабандиро китобҳо зеб медиҳанд, эҳтимол чорсад дона бошанд, динӣ будани мазмуни китоби “Чаҳор китоб”-ро, ки дар ҷойи намоён гузошта шудааст, медонад. Ягона китобе, ки аз аввал, аз байн ва аз охир яксаҳифагӣ мутолиа кардааст, “Чор дарвеш” мебошад. Воқеан, худ низ муаллифи чор маҷмӯаи чорсадсаҳифагӣ аст, ҳатто варақҳои яке аз асарҳои хешро дар байни чор ангушту нарангушт дошта, фиррас сафҳа зада лаззат бурдааст, ки дар натиҷа чор сония гузаштааст. Барояш дар чор саҳифаи компютерӣ маърӯза омода месозанд, ки дар чаҳордаҳ дақиқа хонда мешавад, метавонад матни тайёрро дар чор дақиқа қироат кунад, дар мобайни маърӯзахонӣ фузулияшро нишон додан хоста, таваққуф мекунаду чор ҳарфи берабт мегӯяд, ки чорёри маддоҳаш сухани бикр гӯён қарсак мезананд. Ба гуфти худаш, чорзону мешинад, аммо дар назди ҳар касу нокас чорқат намешавад. Ба бар кардани либоси махсуси амирону подшоҳон-чорқабро меписандад. Метавонад, домони корафтодагонро бо чормағз пур кунад, ки чӣ гуна гирдакон будани он вобаста ба толеи ниёзмандон аст. Чор рамаи мешҳои чорӣ дорад ва моҳе як бор аспи ҷавмасташро бо чорабзоли гаронбаҳо зин зада, чорнаъл чорхез занонда чарогоҳаш ва замини кишташро, ки чоряккорони чоруқпӯш хурраму обод кардаанд, аз назар мегузаронад. Чунон чорзабон аст, ки тоҷирони чорбозоргардро дар ҷояшон чормех мекунад, яъне метавонад, аз даҳ нуҳро бизанад ва ба яки боқимонда низ шарик шавад. Ҳикматеро кашф кардааст, ки то ба ҳол касе нагуфтааст: “Моли худам-аз худам, моли дигарон низ аз худам!” Воқеан, мегӯянд, ки дар мавзеъҳои Чоркӯҳ, Чортеппа, Чилучорчашма ва Чормағзак нишеману маъшуқа дорад. Қанд занад! Тавонад-дарнамонад!

Дар чор иқлим муридон дар хизматаш камар бастаанд, ки онҳоро нотавонбинон косалес, силамуштоқ, лаганбардор, тамаллуқпеша, чоплус, хушомадхоҷа ҳаромтамаъ, чорчашм, чарбзабон, каҷназар, чорзабон, лаббайгӯяк ва ғайра меноманд. Яке аз онҳо метавонад фахр кунад, ки писараш ба мисли писари Чорибой бемор шудааст, дирӯз завҷааш бо зани Чорибой бо телефон дар ин бора хабар доду чораҳои табобаташро пурсид, хайрият, хонуми раис гапро дароз накарда, телефонашро зуд хомӯш кард, вагарна ин мӯйдарози кутоҳақл чор соат гап зада, пули муриди вафодорро бо чоршоха бод медоду ба сари хами шавҳар чормағз мешикаст.

Чорибой корчаллони муваффақу чорасозу ботадбир аст, аз ин боис деги чоргӯшаи бузургаш ҳамеша билиқ-билиқ дар ҷӯш аст, дар баробари деҳқони номдор будан чорводори комгор аст. Рамаашро гуфтем, гову  гӯсола, бузу бузғола ҳам дорад, ки рӯзҳои чоршанбеи ҳар ҳафта ин подаашро ҳам хабар мегирад.

Агар пурседаш: “Корҳоят чӣ хел?” Дар ҷавоб ё чор мегӯяд ё хуб. “Барои чӣ панҷ неву чор?” гӯед, чунин посух мешунавед: “Чор хуб аст, аз хуб боло ба ғайр аз муҳобот чизе нест. Ҳосили ҷамъу зарби ягон адади якхела панҷ намешавад, вале ду ҷамъи ду ва ду зарби ду чор мешавад”. Ин формулаи ӯст, ки танҳо худаш мефаҳмад, шоҳидон ва ҳатто бархе аз муридонаш медонанд, ки мардак чор амалро нағз иҷро карда метавонад, масалан, зарбу ҷамъ карданро дӯст медорад, аммо амалҳои тарҳу тақсимро чашми дидан надорад. Агар пора — пора кунад санги хора, дари чора ҳам ба чорагар баста нест.

Дар ин олами чоррӯза, ки аз чор унсури ба ҳам зид таркиб ёфтааст, агар чун Чорибой чораҷӯю чорабин шавӣ, туро вуҷуд дошт не, балки зиндагӣ кард мегӯянд.

Ҳаким Алӣ, ш.Ҳисор

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here