Зиндагӣ воrеан ҳадяи бузурги худовандист, ки ба инсон дода мешавад то бубинад, ки ин ганҷи бебаҳоро дар чи масире ва бо чи ҳадафе сипарӣ мекунад. Инсонҳое ҳастанд, ки ин неъмати бебаҳо ва ҳадяи пурарзиши Худовандиро дар ҳадди бояду шояд ва ҳар лаҳзаи пурrимати онро ба мисли дурдона судманд истифода мекунанд. Аммо барои ин ҳар ду гуруҳ ин амр мустасно нест, ки ҳамин умри гаронмоя ба мисли оби равон гузарону нобаргаштанист. Чунончӣ шоир мефармояд: «Умр асту бад-он сон гузаронӣ гузарад…». Вале хушо ба ҳоли он нафароне, ки бо дарки амиrу диле оганда аз ишrу муҳаббат ин неъмати пурарзиши Худовандиро дар масири рушду такомул ва омӯзиш додану тарбияи бани башар сарф намудаанд ва ҳамин аъмоли некашон номи накӯи ононро ба фармудаи Ҳофизи Шерозӣ дар китоби абадият барои ҳамеша сабт намудааст:
Ҳаргиз намирад он ки дилаш зинда шуд ба ишr,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.
Ростӣ, чаро дар ин асри нанотехнологияву кашфи курраҳои дуродури манзумаи хуршедӣ ин сайёраи кучаки мо — Замин, ки маскун дар онем, ниёзи бештар ба одаму одамгарӣ ба вуrуъ омадааст? Оё башар дар андешаи он аст, ки дигар ин охирин дастовардҳои илмию фаннию технологӣ, ки ҳатто дар баъзе бахшҳо ба ҷои инсон андеша мекунанду тасмим мегиранд, халои фитрӣ, фикрӣ, инсонӣ ва отифии башарро ҷойгузин мешаванд? Ва оё он кишварҳои аз лиҳози саноатию технологӣ пешрафтаи ҷаҳон, ки сокинони худро аз лиҳози жению нажодшиносӣ бартар меҳисобанд, аз назари отифаву эҳсос ва замири поки инсонӣ дучори инҳирофоту сардаргумӣ нашудаанд? Ба андешаи ман, бале. Ҳаргиз ва ҳеҷ чизе ҷойи одаму одамгариро нахоҳад гирифт. Ва ин амр пеш аз ҳама бармегардад ба хиради азалие, ки дар тинату ботини нохудогоҳи мо нуҳуфтааст ва ба rавли Саъдии бузургвор:
Одамиро одамият лозим аст,
Удро гар бӯ набошад, ҳезум аст.
Ва маҳз ҳамин хислатҳову наҷобатҳои инсонӣ аст, ки дар шоҳроҳи бузурги маънавият барои расидан то ба ҳадди инсонӣ раҳнамуни мо ҳастанд. Ба хусус он афроде, ки маҳз ҳамин ахлоrи ҳамидаву некӯро доранд ва ба маънои комил «Инсон» муаррифӣ мешаванд, чун чароғи роҳнамои башар дар тӯли таърихи инсоният рӯшангари гузаштаву имрӯз ва ояндаи бани башар будаанд, ки барои абадият номи некашон чун наrш бар санг ҳак мешавад.
Воrеан як нафар аз он ҳазорон родмардоне, ки Ватан ба онҳо барои ҳамеша ифтихор дорад ва зикри хайрашон ба rавле «як аз ҳазор» дар боло рафт ва ба маънои томи калима «набераи ҳаrиrии Абӯабдуллоҳи Ҷаъфар бинни Муҳаммади Рӯдакӣ» мебошанд, шахси бузург, инсони комил, фарди ҳамида, профессори зиндаёд Абдусаттор Мухторов мебошанд. Дар бораи ҷанбаҳои инсонӣ, ахлоrӣ, илмӣ ва фарҳангии ин марди бузургвор, тағои меҳрубонам ҳарчи бигӯям, фикр мекунам боз ҳам кам аст. Кору пайкор ва хизматҳои шоистаи ин донишманди фарҳехта, ки тайи солиёни дароз дар бахшҳои гуногуни идорию омӯзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чашми хираду ҷаҳонбини аҳли фарҳангу адаб ва маънавият мисли нур медурахшад, муаррифгари шахсияти эшон мебошад. Ба гуфтаи бузургони сухану андеша:
На ба мансаб бувад баландии мард,
Баски мансаб шавад ба мард баланд.
Инҷониб, ки тайи солҳои зиёд ифтихори ҳамкорӣ ва шогирдии ин марди наҷибу ҳалимро доштам, бо rотеияти том метавонам бигӯям, ки ҳар лаҳзаи сипаришудаи умрам бо номбурда мисли гавҳари ноёбе буданд ва ман мисли як ғаввосе будам, ки дар умrи дарёи маърифаташон ба дунболи дурдона мегаштам ва ҳамарӯза яке беҳтар аз дигареро сайд менамудам. Ҳатто бузургии эшон то бад-он ҳад буд, ки масири зиндагии моро ба мисли шамъ рӯшанӣ меандохтанд, то мо низ ба rуллаи маrсуд бе газанд бирасем. Воrеан он кас бо дили софу накӯ ва меҳрубонашон барои мо дӯстону ҳамкорон ба мисли чароғе буданд, ки ҳамеша ба самти нуру зиё моро роҳнамоӣ мекарданд ва фикр мекунам, ки ин байти шоир воrеан дар мавриди эшон бисёр сидr мекунад:
Роҳи равшан зи бузургони куҳансол биталаб,
Обҳо соф дар айёми хазон мегардад.
Абдусаттор Мухторов як инсони бисёр rадршинос буданд. Ҳамеша дар бораи афроди некноме, ки кучактарин некиро дар ҳаrrи эшон карда бошанд, бо некӣ ёд мекарданд. Махсусан аз академикҳои маъруфи ҷумҳурӣ Юсуф Носиров, Моёншоҳ Назаршоев, Зариф Раҷабов, ки рисолаҳои номзадӣ ва докториашонро Абдусаттор Мухторов таҳти роҳбарӣ ва мусоидати онҳо дифоъ намуда буданд, пайваста ёдовар мешуданд. Ин хислати rадршиносӣ ва ба некӣ ёдовар шудан аз устодону дӯстону ҳамкорон дар ҳаrиrат яке аз дарсҳои дигари зиндагии Абдусаттор Мухторов барои мо маҳсуб мешавад. Аз ҷумла зикри хайри ҳамкурсонашон Асадулло Саъдулоев, Асламшоҳ Раҳматуллоев ва Ҳасанбой Дӯстов ҳамеша сари забонашон буд ва ҳикоёти ҷолибу рангину суханҳои шоиста гуфта, аз даврони ҷавонию донишҷӯияшон ёдовар мешуданд ва ман чунин эҳсос мекардам, воrеан тавре дар урфият мегӯянд «дӯсти наздик беҳ аз хеши дур» рост будааст. Вале мутаассифона, аждаҳои аҷал дӯсти аз ҳама rаринашон Асламшоҳ Раҳматуллоевро чанд сол пештар ба коми худ кашида буд, ки бори сангини ин талафот ҳамеша rалби Абдусаттор Мухторовро ҷариҳадор намуда буд.
Чун Абдусаттор Мухторов дар баробари донишманду фарҳехта будан дар дӯстиву рафоrат низ гули сари сабад буданд, бинобар ин аз rишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, бо генералҳо Сафаров Тоҳир Қурбонович ва Камолов Саиданвар Қосимович дӯстии самимӣ доштанд, ки он мунҷар ба ҳамкорӣ дар рӯзномаи «Ватанпарвар» гардида буд.
Аммо дар бораи меҳнатдӯстии номбурда бояд зикр намоям, ки хеле серталаб буданд. Хуб дар ёд дорам, боре аз иҷро шудан ё нашудани коре аз ман пурсон шуданд ва ман ҳам дар посух гуфтам, ки ҳанӯз фурсат ҳаст ва шумо нороҳат набошед. Номбурда пас аз таҳаммулу андеша ба ман нигоҳи тааҷҷубомез намуда, дар бораи rиматтарин неъмат будани «ваrт» таъкид намуданд ва нахуст ин масали тоҷикӣ «ваrт рафт, наrд рафт»-ро ёдоварӣ намуда, сухани худро бо байти зерин хулоса намуданд:
Ғофил машав зи умр, ки чун киштие дар об,
Истода менамояду чун тир меравад.
Ҳамон тавре ки боду борону ҳодисаҳои мудҳиши табиӣ ба табиат хасорат ворид мекунанд, ба инсон низ шунидани хабари нохуш ва махсусан даргузашти фарзандону пайвандон зарари руҳии бисёр амиr мерасонад. Аз ҷумла, хабари нохушоянди даргузашти фарзандону пайвандонашон дар соли 2000 дар ағбаи Анзоб, rомати тағоямро хам намуд. Воrеан дили инсон бояд аз санг бошад, то ки чунин мусибатҳо бар рӯяш асар нагузоранд.
Имрӯз, ки тағои муҳтарам дар байни мо нестанд, чи rадар хуб дарк мекунам, ки номбурда бо ин суханони нек чи чизро дар назар доштаанд. Ва агар зинда буданд, ба наздашон мерафтам ва дубора шогирди мактаби ҳаётии он кас мешудам. Хуб медонем, ки аз инсонҳои бузург чи чизе ба мерос мемонад, ҳамон мероси гаронбаҳои илмӣ, яъне эҷодиёти онҳо, ки хушбахтона, шахсан худи ман ба ин сарвати арзишманди маънавии эшон дастрасӣ дорам ва ҳамарӯза барои худам аз ин ганҷина чизҳои арзишманди маънавӣ дарёфт менамоям.
Марҳум Абдусаттор Мухторов, ки худ як донишманди бисёр пурталош буданд, ҳамеша ба мо таъкид мекарданд, ки даст аз талошу кӯшиши расидан ба ҳадафамон барнадорем. Ҳатто масали осиёву донаро мисол оварда, ин байти Сайидои Насафиро замзама менамуданд:
Рӯзӣ насиби кас ба нишастан намешавад,
Бояд чу осиё зи пайи обу дона рафт.
Ва ҳамзамон ба ҳар яки мо талrин менамуданд, ки агар маrсадеро дунбол мекунем, ҳаргиз набояд аз масири расидан ба он мунҳариф шавем. Зеро расидан ба ҳадаф ниёзманди тасмимгирии rатъист. Боре ба яке аз ҳамкорони нисбатан ҷавонтарамон ин пандро ёдовар шуданд ва гуфтанд, ки ин суханро ҳамеша дар хотир дошта бош то ба маrсади ниҳоият бирасӣ: «Агар ҳар рӯз роҳатро иваз кунӣ, ҳаргиз ба маrсад нахоҳӣ расид». Номбурда дар тарбияи шогирдон дар соҳаи илм хеле пурмаҳсул фаъолият намудаанд. Хелеҳо таҳти роҳбарии эшон рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ кардаанд ва ба унвони намуна метавонам бигӯям, ки яке аз онҳо донишманди бисёр муваффаr Сайфулло Муллоҷонов мебошад, ки таҳти роҳбарии ин устоди бузург рисолаи докторӣ дифоъ намуда, имрӯз бо талошу кӯшишҳои зиёд номбардори воrеии Абдусаттор Мухторов гардидааст. Шахси дигаре, ки ҳамеша аз инсонияту меҳрубониҳои ин устоди арҷанд зикри хайри ҳамешагӣ менамоянд, Субҳон Кошонов, раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон-Пайванд мебошанд. Аз забони номбурда борҳо шунидаам, ки мегуфтанд «Абдусаттор Мухторов воrеан ҷони одам буданд».
Тавре болотар зикр намудам, барои ҳар фарди оrилу огоҳу донишманд ва махсусан устоди воrеиям Абдусаттор Мухторов замон, ваrт ва ҳатто ҳар лаҳзаи умр хеле арзиш дошт. Боре зимни наrли ҳикояте аз рӯзгори Абуалӣ ибни Сино ёдовар шуданд ва афзуданд, ки ӯ бо шогирдонаш ҳини сафар ҷойе барои хӯрдани хӯрок нишастанд ва се нафар шогирдон бо ҳам сухане гуфтанду хандиданд ва ҳамин лаҳза устодашон ба гиря даромад. Шогирдон аз устоди худ чунин ранг гирифтани ҳодисаро пурсон шуданд ва Сино фармуд, ки ман барои он лаҳзае, ки шумо бидуни ёд гирифтани чизе бо ханда сипарӣ кардед, мегирям. Пас аз он Абдусаттор Мухторов таъкид намуданд, ки мо низ бояд ҳамчун пайравони Шайхурраис ваrтшиносу масъулиятшинос бошем, зеро ваrт дар андешаи мо нест ва ин мо ҳастем, ки бояд дар андешаи истифодаи беҳина аз он бошем ва дар таrвияти суханашон ин байтро rироат намуданд:
Рӯзии ҳаррӯза аз Яздон гирифтан муфт нест,
Гарчи рӯзӣ медиҳад, рӯзе зи умрат мебарад.
Бале, ба худ андешидам ман он замон. Чи rадар бардошти олимона ва судманд барои пешбурди зиндагии маънавии ҳар инсон аст ин байт. Вале имрӯз, ки профессор Абдусаттор Мухторов дар байни мо нестанду аз дунёи фонӣ ба дунёи боrӣ реҳлат намудаанд, моҳияти суханон ва абёти замзама намудаашонро ҳоло дарк мекунам. Яъне рӯзии худро аз Яздон гирифтан кори саҳл будааст, аммо муфт набуданаш яқинам шуд, вале бо чи қимате… Оё фалак ин рӯзиро бо нархи андак харид? Оё фурӯхтани умре чунин бобаракат арзиш дошт ва оё нархи ҳақиқии он пардохт шуд? Албатта, ҳаргиз не!
Дӯст, ҳамкор, устод ва тағоям профессор Абдусаттор Мухторов дар баробари доштани ҳамаи арзишҳои баланди инсонӣ, на танҳо аз лиҳози илмию маънавӣ, балки аз лиҳози ахлоқи ҳамидаи инсонӣ низ дониши хуби дунявӣ ва иттилооти динӣ ҳам доштанд. Борҳо рӯйи масъалаҳои ухравӣ гуфтугӯ доштем ва ҳаргиз ноумед набуданд ва ин байтро борҳо замзама мекарданд ва фикр мекунам, ки ояндаро rабл аз сафари ҳамешагии бебозгашт барои худашон тарсим карда буданд:
Гарчӣ роҳест пур аз бим зи мо то бари дӯст,
Рафтан осон бувад ар воқифи манзил бошӣ.
Номбурда ки профессори соҳаи таърих буданду аз лиҳози забон низ ба пояи баланди илмӣ расида буданд, ба таърихи гузаштагонамон, адабиёти модариамон хеле арзиш қоил буданд. Борҳо шунидаам, ки мегуфтанд боигарии мо мардуми тоҷик доштани забони нобу шеърӣ ва ширини тоҷикист ва ҳар тоҷике бояд дар баробари худшиносии миллӣ ва таърихӣ, шеършиносу шеърдон низ бошад ва ин байт борҳо вирди забонашон буд:
Чашме, ки надорад назаре ҳалқаи дом аст,
Ҳар лаб, ки сухансанҷ набошад, лаби бом аст.
Аммо тавре медонем, ба фармуди паёмбари ислом Муҳаммад (с) «Ҳар ҷисми зиндае чашандаи марг аст» ва ҳамаи мо инсонҳо низ аз ин амри муҳим мустасно нестем. Хабари нохушоянди даргузашти тағоям ва дӯсти азизамон профессор Абдусаттор Мухторов барои худи ман хеле риrатовару дардовар буд. Нохудогоҳ пас аз шунидани ин хабари нохуш мегуфтам «Марг бар марг, ки чунин инсонеро бо худаш бурд». Даргузашти ин марди хирад ҳатто барои илми тоҷик низ талафоти бениҳоят бузург маҳсуб мешавад, вале хушбахтона осори боrимондаи илмии эшон то андозае ин талафоти бузургро ҷуброн менамояд. Бо даргузашти чунин бузургоне фикр мекунам, ки шоир чи rадар воrеъбинона ин маъниро дар байти зерин бозгӯ намудааст:
Гулчини рӯзгор аҷаб бо салиқа аст,
Чинад ҳамон гуле, ки ба рӯзгор намуна аст.
Имрӯз ҳарчанд профессор Абдуссатор Мухторов олами фониро падруд гуфтанду дар байни мо нестанд, вале ҳаргиз хотироти некашон аз зеҳни ҳамаи он дӯстону ҳамкорону шогирдон, ки солҳои зиёд бо ҳам кору фаъолият доштем, зудуда нахоҳад шуд. Он кас як инсони комил буданд ба тамоми маъно ва бо ғаму шодии ҳамаи ҳамкорон, дӯстон, наздикону хешу табор шарик буданду ҳамнафас. Дастоварду бурдборӣ ва ғаму шодии ҳар якеро аз они худ медонистанд. Дар дил орзуҳои бисёр доштанд, аз ҷумла таҳия намудани китобҳои илмию тарбиявӣ ва ғайра, ки бисёре аз ин орзуҳояшонро дар ҳаёт амалӣ намуданд. Ва тавре ки дар урфият мегӯянд «дунё ба умед», эшон низ умедҳои дигаре доштанд барои беҳбуд бахшидани ҳаёти илмии кишвар, вале мутаассифона замон чунин имконро барои он кас надод ва он ормонҳои ношукуфтаро бо худашон ба хок бурданд. Аммо ману дигар дӯстону ҳамкорон ҳама мутмаинем, ки профессор Абдусаттор Мухторов бо он ҳама ниятҳои неки инсонӣ ва ботинии худ дар Фирдавси барин маъво хоҳанд гирифт ва мо ҳамеша дуо мекунем, ки охираташон ободу қабрашон пурнур бод.
Номи некатон дар rалби мо дӯстону фарзандонатон барои ҳамеша боқӣ хоҳад монд тағоям, дӯст ва ҳамкори муҳтарам, профессор Абдусаттор Мухторов. Ёдатон ба хайр бод!
Ҳиммати мардона мехоҳад гузаштан аз ҷаҳон,
Юсуфе бояд, ки бозори Зулайхо бишканад.

Фаррухи Ҳусейн

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here