Ё андешаҳо дар ҳошияи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо

Ҷиҳати муҳофизати манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар, таъмин намудани нуфузи бештари суннатҳои фарҳангиву арзишҳои миллӣ, умри дубора бахшидан ба ҷашну ойинҳои писандидаи халқ ва беш аз пеш мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории тоҷикон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дувоздаҳ сол пеш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида буд.

Ҳанӯз 24-уми майи соли 2007 Сарвари давлат ин санадро, ки дар самти ба низом даровардани маросиму ҷашнҳои миллӣ, дунявӣ ва динӣ дар ҷомеа бояд нақши нозудуданӣ мегузошт, ба ҳайси нахустин қонуни миллии танзимкунандаи ойину анъанаҳои халқу миллат муаррифӣ намуда, таъкид карда буд: «Мо имрӯз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму ойинҳои халқӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо ба раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем».
Оё бо гузашти дувоздаҳ сол бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки қабули қонуни мазкур дар ҷодаи ҳифзи анъанаҳои неки мардумӣ, ҳалли мушкилоти ҳаётан муҳими ҷомеаи тоҷикон нақше гузошт ё на? Оё ин санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки бояд таҷассумгари орзуву омол, арзишҳои наҷиби ахлоқиву фарҳангӣ ва таърихиву динии мардуми кишвар бошад, ҷараёни ҷашну маърака ва урфу одатҳоро дар мамлакат ба низом дароварда тавонист? Пӯшида нест, ки ҳар як қонун бо гузашти айём ва тақозои шароити бамиёномадаи давр ба тағйиру иловаҳо ниёз пайдо мекунад. Ба Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» то кунун бо хоҳишу дархости сершумори аҳолии кишвар ду маротиба тағйироту иловаҳо ворид гардид. Нодидагириҳо ва саҳлангориҳои баъзе ашхос, ки ҳанӯз боиси коҳиш ёфтани амалидошти ин қонун шуда истодаанд, оё зарурати аз нав даровардани тағйиру иловаҳоро дар он ба миён намегузорад?
Ба саволҳои фақуззикр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷавоби аниқу амиқ ва мушаххас дода буд ва дастандаркорон ҷиҳати амалишавии гуфтаҳои ӯ бояд талош меварзиданду бас. Ба қавли ташаббускори ин санади меъёрии ҳуқуқӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «бо гузашти як даҳсола маълум шуд, ки қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод».
Даҳ ё дувоздаҳ сол дар нигоҳи таърих як мижа заданро монаду бас. Сарвари давлат изҳор намуд, ки қонуни танзим дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ зарурат ва аҳамияти худро ба ҷомеаи Тоҷикистон собит сохта, ба сифати ҳимоягари манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар баромад намуд. Ҳамон замон ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки татбиқи пурраи аҳкоми қонун дар оянда фарқияти ҷойдоштаи урфу одатҳоро дар маҳалҳои гуногуни кишвар аз миён бурда, боиси ба шаклу низоми ягона даромадани анъанаҳои миллиамон мегардад.
Қабули қонун ва пиёда намудани талаботи он ба мардум нишон дод, ки урфу одат, расму ойин, ҷашну маъракаҳоро, ки рукнҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд мебошанд, ба танзим даровардан мумкин аст. Дар қатори андешида ва амалӣ кардани тадбиру чорабиниҳои дигари манфиатбахш ва бо ҳамин роҳ дур андохтани маъракаҳои серхарҷу дабдабанок, ҳангоматалабу исрофкорона он метавонад яке аз омилҳои муҳими паст кардани сатҳи камбизоатӣ гардад. Дар навбати худ, аз ин ҳисоб беҳтар гардидани вазъи молиявии хонаводаҳо, боиси бештар таваҷҷуҳ зоҳир кардани волидайн ба таълиму тарбияи фарзандон, касбомӯзӣ ва гирифтани маълумот барои онҳо мешавад. Гузашта аз он, шаҳрвандон метавонанд маблағҳои сарфашударо барои мусоидтар намудани шароити зисту зиндагӣ, бунёду обод гардондани манзил, харидани нақлиёту ҷиҳози техникию электронии замонавӣ ва дигар амволи муҳими рӯзгор масраф намоянд.
Бо қабули қонуни танзим бақайдгирии кӯдакони навзод низ танзим гардида, оиладоршавии садҳо ҷавонписарону ҷавондухтарон, ки аз сабаби душвории молиявӣ оиладор шуда наметавонистанд, баргузор шуданд, ҳарчанд дар ду се соли охир шуморааш коҳиш меёбад. Туфайли ин қонуни муҳим масъалаи сабти никоҳ ҳалли мусбиро молик шуд. Қонун ҷанбаи инсондӯстона ва хайрхоҳонаро касб намуд. Баъди қабули он дар кишвар эҳсонкорӣ ва баргузории маъракаҳои хайриявӣ ба ҳукми анъана даромад. Як зумра инсонҳои сахопеша ҳамвора ҷиҳати дароз намудани дасти мадад ба дармондагону корафтодагон саъю талош меварзанд.
Ду сол пеш Президенти кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси олии мамлакат Вазорати маориф ва илмро вазифадор намуда буд, ки дар қатори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши ҳатмии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ба барномаи муассисаҳои таълимӣ ворид намояд. Дар он вақт ҷумҳурӣ молики 3865 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ буд ва 603 муасисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 94724 нафар кӯдак фаъолият менамуд. Агар то соли таҳсили 2006-2007 дар зинаи таҳсилоти умумӣ ҳамагӣ 1 миллиону 600 ҳазор, дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 63 ҳазор ва таҳсилоти олии касбӣ 146 ҳазор нафар ба таҳсил фаро гирита шуда бошанд, пас дар соли 2016-2017 дар зинаи таҳсилоти умумӣ 1 миллиону 950 ҳазор, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 100 ҳазор ва олии касбӣ 190 ҳазор нафар ҷалб шудааст, ки нишонаи равшани татбиқи қонун ва натиҷаву самараи неки он мебошад. Ду сол пеш зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони тоҷик дар беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ба омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар машғул буданд. Албатта соли гузашта дар тамоми намуди таълимгоҳҳо миқдори арқоми зикршуда бояд болотар рафта бошад. Ҳукумати кишвар тадбирҳои вобаста ба татбиқи қонуни мазкурро давра ба давра амалӣ мекунад ва иҷрои саривақтии онҳоро назорат ва таъмин месозад. Аммо дар баробари ин ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиёиён, падарону модарон, калонсолон, ҷавонону бонувон ва дигар гуруҳҳои ҷомеа низ вазифадоранд, ки дар амалисозии ин қонун бевосита саҳмгузор бошанд.
Имрӯз низ доир ба пурзӯр намудани назорати иҷрои қонун, тақвият бахшидани кори комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ, нокифоя будани фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ, ҷудо намудани вақти гузаронидани маъракаҳо дар мавсими сол, дар доираи оила барпо кардани хатнасур ва аз рӯзи ҳаштуми таваллуд то бистрӯзагӣ дар муассисаҳои табобатӣ анҷом додани хатна, сабукиҳо андохтан дар маросими дафн ва ғайра аз тарафи намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа тариқи хаттӣ ё шифоҳӣ дар ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ фикру мулоҳиза ва пешниҳодот баён мешаванд ва бешубҳа омӯзишу баррасии онҳо барои комилтар намудани санад минбаъд низ ба манфиати кор аст. Дар робита ба ин, масъулини мақомоти марбутро лозим аст, ки дар ҷамъоварӣ ва муҳокимаи афкори умум ташаббуси беандоза ва ҳисси масъулият зоҳир созанд.
Замоне ки вазъи ҷаҳонишавӣ тезутунд аст, олами сармоядорӣ дучори буҳронҳо мегардад, тамаддунҳо ҷиҳати бақо дар талошанд, нақши қонуни зикршуда дар ҳимояи манфиати мардуми ҷумҳурӣ ва риояи қатъии қонунҳои соҳавӣ ногусастанист.
Дар ҳақиқат, бояд қайд намуд, ки ягон қонуни дигар дар як муддати кӯтоҳи амалишавӣ ба мардум ва давлат ба дараҷаи чашмрас мадади моддӣ, маънавӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ надодааст, чунонки қонуни танзим. Ин аст, ки қонуни мазкур аз ҳисоби давлатҳои дигар, аз ҷумла кишварҳои ҳамсоя ҳаводорони худро пайдо кардааст ва он мавриди омӯзиши мутахассисони дахлдори ин кишварҳо гардида, татбиқаш дар соҳа роҳандозӣ мешавад.
Бо вуҷуди дастовардҳои қонун дар соҳа, чунонки Пешвои миллат таъкид кардааст, «на ҳамаи онҳо (ҷашну маъракаҳо) бо арзишҳои милливу мазҳабии мо мутобиқат доштанд». Ҳанӯз ҳам вақти амиқтар таҳқиқ кардани баъзе урфу одат ё идҳои машҳур дармеёбем, ки мо худ нафаҳмида расму ойинҳои бегонагонро ҳамчун арзишҳои миллию мазҳабӣ қайд менамоем.
Имсол дар қатори бутпарастону даҳриёну ину он дар манотиқи Тоҷикистон пайравони мазҳаби ҳанафия иди Соли нави мелодиро пуршукуҳу боҳашамат қайд карданд. Ду се моҳ пештар дар вазорату муассисаҳо, корхонаву ташкилот ва хонаводаҳо барои «сазовор» пешвоз гирифтани як рӯзаки таърих ҳама, хурду калон, марду зан ва мусулмону ғайримусулмон дар тараддуду ташвиши беандоза буданд. Ба давуғеҷи онҳо нигариста, ба хотир мақоли машҳури «Як рӯз бошу хурӯс бош» мерасид. Ниҳоят доиркунии Соли нав, ки барои мо арзиши миллӣ надорад ва бешубҳа боиси хароҷоти ҳангуфт, исрофкорию зиёдаравӣ ва ташвишҳои марбут ба он гардид, «хушу хурсандона» гузашт. Бо ибораи дигар, вақтхушии якрӯзии мо барои ҷалоли хештан ва дигарон хотирмон буд. Аз кадом тараф? Дар он мо бо ёру ошно аз наздик муносибату муомила кардем, таъби болидаамон ва ҳузурамон ба атрофиён руҳбаландӣ бахшид, касеро оғӯш гирифтем, бӯса кардем ва вақтхушиҳое, ки соли нав бароямон пешниҳод намуд, бо як ҷаҳон ҳавас «фурӯ» бурдем. Вале дар қайди шӯру мастӣ ба хотир наовардем, ки чанд рӯзе пештар тоҷирони ноинсоф ҷиҳати бисёртар пул кор кардан бо фурӯхтани ашёву нишонаҳо ва туҳфаҳои ночиз, вале қиматбаҳои соли навӣ моро гӯл заданд, шишаҳои машруботӣ хушк шуданд, чандин тан зери таъсири нӯшокиҳои спиртӣ ва маводи нашъамандӣ дар хона ба ҳам ҷанг карданд, ба ҳамдигар зарбу захм расониданд, ба беморхона афтоданд ва бархе паси чанбари фармони нақлиёт ба табрикоти дигарон нарсида, дар роҳ дучори садама гаштанд. Ҳайфо, мо баъзан ҳақиқати талхро бо дурӯғи ширин омехта мекунем ва фаромӯш мекунем, ки мисли сомирӣ ибодати Ҳақро ба парастиши гӯсолаи тиллоӣ иваз кардаем.
Бешубҳа, на ҳамаи ҷашнгирандагони Соли нав ба нуқтаи назари инҷониб розӣ буда метавонанд ва мумкин аст гӯянд, ки дар қайд кардани соли нав бадие нест. Вале, ба фикри мо, донистани таърихи ҷашни дӯстдоштаашон шояд онҳоро ба андеша водор намояд. Урфу одатҳои солинавӣ аз куҷо реша мегиранд? Аз идҳои қадимии бутпарастон. Маъхазҳои қадимӣ нишон медиҳанд, ки ҷашни солинавӣ дирӯзакак пайдо нашудааст, онро ҳанӯз дар ҳазорсолаи сеюми пеш аз мелод бобулиён қайд мекарданд ва миёнаҳои моҳи март дар давоми 11 рӯз доир мегашт ва дар қатори ба ҷо овардани урфу одатҳои алоҳида қурбонӣ намудани одамон расм шуда буд. Румиён низ муддате чанд ин идро моҳи март ҷашн мегирифтанд. Вале соли 46-уми эраи мо қайсар Юлий Сезар фармон интишор кард, ки он бояд 1-уми январ қайд карда шавад, ин рӯз ба худо Янус-худои ҳар гуна оғозҳо ва ҳосилот бахшида шавад. Тибқи шаҳодати маъхазҳо, дар ҷараёни доиршавии ид одамон ба ғайри амалӣ кардани маросимҳои хурофотӣ, ба айшу ишрат, аз ҷумла содир кардани бадкорию бадахлоқии ҷинсӣ дода мешуданд.
Баробари даромадани соли нав, марду зан дар гирди арчаи бузургтарини ҷангал ҷамъ меомаданд, аз миёни издиҳом бокираи нозанинеро интихоб ва забҳ мекарданд, дили ҳанӯз гарму задаистодаи духтарро ба тори арча гузошта, аъзои дигарашро дар шохаҳои дарахт меовехтанд, сипас ба айшу ишрат дода мешуданд. Ҳамин тавр, расми ба худо Янус, ки моҳи январ аз номи ӯ бармеояд, амалӣ мегардид. Бо гузашти айём қурбонӣ намудани духтари бокира дар иди соли нав аз миён рафта, нищонаҳои он иваз шуда бошанд ҳам, вале ситораи тори арча ва ороишоти шохаҳои он нишоне аз узвҳои бадани ӯ мебошанд. Бобои Барфӣ (ё худ Дед Мороз) ва Барфак (Снегурочка) имрӯз пайгири ҳамон Януси козиб ва духтари бокираи сияҳрӯз мебошанд. Дар қомуси «Ҷаҳони маданияти рус» ишора мешавад, ки ҷашни зикршуда аз иди Сатурналияи румиён, ки ба худои зироат-Сатурн бахшида мешуд, маншаъ мегирад.
Пешвои мазҳаби ҳанафия Имоми Аъзам азоро се рӯз маҳсуб донистааст. Лекин дар ҷумҳурӣ баъди гӯронидани майит ҳанӯз ошкору ниҳон аз ҷониби азодорон маросими сею ҳафту бисту чилу сол гузаронида мешавад ва дар ҷараёни сол танҳо-танҳо, ҷуфт-ҷуфт ва гуруҳ-гуруҳ омадурафти фотиҳахонон ба хонаи мурдадор идома мекунад. Албатта, изҳори ҳамдардиву тасалло ба азодор хислати наҷиби инсондӯстӣ ва ифшои меҳру муҳаббати одамӣ ба ҳамдигар аст, вале хуб мешуд, ки он саривақт баён карда шавад. Ҳамчунин таомули меҳмоннавозии тоҷикона намегузорад, ки ҳар каси омада бо лаби хушк баргардад, аз ин рӯ азодор дастархон мекушояд ва муроот мекунад, ки ин ба хароҷоту масрафкории иловагӣ оварда мерасонад. Дар қолаби як мақола ҳаллу фасл кардани масъалаҳои марбут ба дигар маъракаҳои доиршаванда, аз қабили душанбегию сешанбегию чоршанбегӣ, азоимхонӣ, фолбинӣ, найрангбозӣ, ҷашнгирии зодрӯзи пайғамбарону одамони қаторӣ имкон надорад. Аҷиб аст, ки дар дини шайтонпарастӣ (сатанизм) иди аз ҳама муҳим-ин зодрӯзи ягон шахс аст. Барои чӣ? Барои он ки шайтонпарастон ҳар як одамро худо меҳисобанд, дар мавриде, ки худи шахс ҳам худро чунин меҳисобад. Аз ин рӯ, ҷашн гирифтани зодрӯзи ягон кас маънои ҷашн гирифтани ягон худоро дорад. Албатта, аксари одамон чунин назари худбинона надоранд. Дар китоби «Сарчашмаи ҷашнгирии зодрӯз» гуфта мешавад, ки «агар дигар идҳо дилхушӣ бахшанд, зодрӯз бошад, ҳисси худбинонаи шахсро зиёд мегардонад».
Пас чӣ бояд кард, то аз олудаҳои урфу одатҳои зараровари паҳнгашта, ки боиси хароҷоти зиёдатӣ, исрофкорию зиёдаравӣ мегарданд ва ё аз арзишҳои наҷиби миллӣ нестанд, полуда гардем? Болояшон мулоҳиза бояд намуд.

Азизмуроди АЛИАКБАР

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here