«Бо хости падару модарам ба шахси интихобнамудаашон ба шавҳар баромадам. Шавҳарам яккаписар буд. Кȳшиш менамудам, ки ҳам хушдоманам ва ҳам шавҳарамро аз худ розӣ намоям. Зиндагиам хуб пеш мерафт ва фикр намекардам, ки тақдирам чунин мешавад. Пас аз муддате муносибати хушдоманам нисбати ман дигар шуд ва кȳшиш менамуд, ки муносибати шавҳарамро низ бо ман сард намояд. Кȳшишҳои хушдоманам бенатиҷа намонд. Дар муддати кȳтоҳ муносибати шавҳарам бо ман ба куллӣ тағйир ёфт. Баъд аз чанд моҳи оиладорӣ ҳомиладор шудам ва фикр мекардам, ки бо омадани фарзандамон зиндагиамон хуб мешавад, аммо… Ҳар лаҳза муноқишае ба амал меомад ва билохира маро ба хонаи падару модарам равон намуданд. Даврони ҳомиладориро танҳо аз сар гузаронидам. Фарзандамро таваллуд кардаму тȳли чор моҳ мешавад, ки ин падари «меҳрубон» фарзандашро надидааст ва аз ȳ хабаре ҳам нагирифтааст»,- мегȳяд ҷавондухтаре, ки як сол нагузашта, ҳаёти оиладориаш вайрон шудааст.

Асоси пойдории оила аз мавҷуд будани муҳаббат дар он маншаъ мегирад. Барпо намудани оила инсонро ба масъулиятҳои ҷиддӣ водор месозад. Имрȳзҳодар ҷомеа вайрон гардидани оилаҳои ҷавон ба назар мерасад, ки боиси нигаронист.

Дар давоми фаъолияти кории худ Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор якчанд омилҳо ва сабабҳои пош хȳрдани оилаҳои ҷавонро муйян намудаанд, аз қабили набудани меҳру муҳаббат байни зану шавҳар, никоҳи барвақтӣ, вазъи саломатӣ, нодуруст истифода бурдани телефони мобилӣ, дахолати волидайн ба зиндагии фарзандон ва ғайра. Ин омилҳо боис мегарданд, ки оилаҳои ҷавон аз ҳам пош хȳранд.

Дар мавриди дахолати волидайн ба зиндагии фарзандон ва муноқишаҳои байни оила сокини шаҳри Душанбе Раҷабгул чунин ибрози ақида намуд: «Замоне, ки духтар ба шавҳар мебарояд, ȳ ба дунёи дигар ворид мегардад. Муҳити дигар, оилаи дигар ҳатман ба ȳ таъсир мерасонад ва ин ҳангом ȳ ба роҳнамо ниёз дорад, то тавонад аз уҳдаи ҳама кор барояд. Модари шавҳарро мебояд, ки аз рȳзи аввал ȳро ҳамчун келин не, балки чун духтари хона қабул намуда, бо меҳри модарона усулу равиши хонаро фаҳмонад. Роҳу равияи зиндагии ҳар хонавода аз ҳам фарқ мекунад. Баъзан инро дарк накарда, ба духтар ҳангоми сар задани иштибоҳаш суханони дағал мегȳянд. Дар урфият мегȳянд: «Аз хурдон хато, аз бузургон ато». Агар бо ҳалимию оромиш барои ислоҳи хатояш кȳшиш намоем, келин ҳам дарк карда, ба гапи калонсолон амал хоҳад кард».

Назару андешаҳо дар ин мавзуъ гуногунанд. Доир ба ин масъала равоншинос, мудири кафедраи «психологияи умумӣ ва масъалаҳои оилавӣ»-и Донишгоҳи омȳзгории ба номи Садриддин Айнӣ Заррина Кенҷаева чунин ибрози ақида намуд: «Дар фаъолияти кориам бо бисёр ҳолати пошхȳрии оилаҳои ҷавон вохȳрдам. Имрȳзҳо духтарони ҷавон бар он ақидаанд, ки хушдоманашон дар нисбаташон рашк дорад. Албатта, ин ақида нодуруст аст. Ҳангоми ислоҳ накардани камбудиҳои худ ва забон наёфтан бо оила духтар айбро ба дȳши дигарон бор мекунад. Вақте модар мехоҳад баъзе иштибоҳотамонро ислоҳ намояд ва ба роҳи дуруст равонаамон созад, барои баъзе нафарон ин амал писанд нест. Аз рȳзи аввал духтар бояд кȳшиш кунад, ки дили аъзои оиларо ба даст оварад. Агар аз як тараф иштибоҳ сар занад, тарафи дигар низ ҳатман ба хато роҳ медиҳад ва дар ин миён кибру ғурури якравонаи ҳарду тараф ғалаба хоҳад кард. Мегȳянд меваи сабр ширин аст. Садоқату вафодории зан — ин сабурии ȳ мебошад».

Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки сабаби асосии вайрон гардидани оилаҳои ҷавон — ин омода набудани онҳо ба ҳаёти мустақилона мебошад. Дар ҷомеаи имрȳза бо таъсири омилҳои беруна ҷавонони мо ҳассос гардидаанд. Шахсе, ки бо ҳиссиёт кореро иҷро мекунад, ба иштибоҳ роҳ медиҳад. Ҷавонон пеш аз оила барпо намудан бояд донанд, ки ҳаёти мустақилона пастию баландӣ дорад, мушкилӣ ва дилсардиҳо дорад. Ба ҳамин хотир барои таҳаммул намудану тай кардани нишебу фарозҳои зиндагӣ омода буданашон зарур аст.

Падару модарро мебояд, ки пеш аз хонадор кардани фарзандон аввал онҳоро соҳибкасб намоянд. Чунки шахси бомаърифат ва соҳибкасб метавонад оиларо идора карда, мустаҳкам нигоҳ дорад.

Сардори шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидҷон Шарифхоҷа зимни суҳбат дар мавриди фаъолияти Кумита ва омори расмии ҷудошавии оилаҳо дар шаш моҳи аввали соли равон чунин қайд намуд: «Оила дар ҳама давру замон муқаддас ва рукни ибтидоию асосии давлат ҳисобида мешавад. Аз ин рȳ, барпо намудани оилаи комил ва мустаҳкам вазифаи аҳли ҷомеа мебошад. Дар шаш моҳи соли 2020 дар қайди давлатии ақди никоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 29955 нафар сабти ном гардидаанд, ки дар муқоиса ба соли 2019-ум 3310 нафар кам мебошад. Аз шумораи зикршуда 5486 нафар аз ҳам ҷудо гардидаанд, ки назар ба соли 2019-ум 579 нафар кам мебошад. Сабаби дигари пошхӯрии оилаҳо — ин никоҳи бармаҳал мебошад. Дар соли 2020 мо 190 нафарро тибқи қарори суд ба никоҳи бармаҳал иҷозат додем. Ҳарчан синни ақди никоҳ дар ҷумҳурӣ аз 18-сола боло муқаррар гардидааст. Дар Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омадааст: «Дар таълиму тарбияи фарзанд падару модар новобаста аз он, ки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, уҳдадории баробар доранд». Ҳангоми ҷудо шудани оилаҳо фарзанд аз оилаи комил маҳрум мегардад. Тибқи маълумоти шашмоҳа, 5356 нафар кȳдакон аз оилаи комил маҳрум шудаанд».

Ҳарчанд шумораи ҷудошудагон нисбат ба соли гузашта 579 нафар кам аст, аммо қонеъкунанда нест. Оила асоси пойдории давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ҷомеае, ки дар он оила мустаҳкам бошад, он ҷомеа солим рушд хоҳад кард. Рукни асосии ҷомеаро маҳз оила ташкил медиҳад. Ҷомеае, ки дар он институти оила мустаҳкам нест, ба нокомӣ ва мушкилоти зиёд оварда, оқибатҳои пош хȳрдани оилаҳоро ба вуҷуд меорад.

Хулоса, ҳар ҷавонро мебояд, ки пеш аз оиладор гардидан масъулияти ҷиддӣ доштани онро дарк намояд ва барои пеш бурдану мустаҳкам намудани оила омода бошад. Бояд ҳар яки мо дарк намоем, ки оила муассисаи муқаддас буда, дар он афроди ҷомеа ба воя мерасанд. Донистани ҳақу ҳуқуқи ҳамдигар низ барои устувор нигоҳ доштани оила муҳим аст.

Нуқра МУНАВАРОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here