Ба назар чунин мерасад, ки дар вилояти Суғд соли равон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иқдомҳои зиёде пиёда шудаанд. Бо мақсади ҷалби сайёҳон ва пуштибонӣ аз соли рушди сайёҳӣ нахустин коре, ки дар ин вилоят анҷом дода шуд, бо ташаббуси Раиси ҳукумати вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар чандин шаҳри вилояти Суғд, аз ҷумла Исфара, Истаравшан, Хуҷанд ва Панҷакент шӯъбаи кор бо рушди сайёҳӣ ташкил карда шуд. Ин иқдом боис гардид, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ чандин ширкатҳои нави сайёҳӣ ба таври фаъолона ба кор шурӯъ намоянд. Ба ҳамаи ширкатҳои навтаъсис ва то имрӯз фаъолияткунанда дастур дода шуд, ки дар ҳама минтақаҳои сайёҳӣ таваҷҷӯҳи асосиро пеш аз ҳама ба бунёди инфрасохтори нави сайёҳӣ, пешкаши хизматрасониҳои босифату дастрас равона кунанд. Инчунин ба тамоми кумитаҳо ва идораҳои давлатӣ супориш дода шуд, ки вобаста ба соҳаи фаъолияти худ ба ширкатҳои сайёҳӣ кӯмак намоянд.
Шояд иқдомҳои гуногун ва супоришҳои раиси вилоят боис шуданд, ки соли равон якбора дар се шаҳри ин вилоят Хуҷанд, Панҷакент ва Истаравшан яктогӣ меҳмонхона сохта ба истифода шуд ва вуруди сайёҳон низ ба ин вилоят афзоиш ёфт. Тибқи гузориши Нӯъмон Абдуғаффорзода Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар рӯйхати хатсайрҳои аз ҳама маъруфе, ки дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, сайёҳон аз ҳама бештар хатсайрҳои водии Зарафшону Ҳисор, Суғду Ховалинг, Балҷувон в Норакро зиёрат карданд.Ба рӯйхати беҳтарин хатсайрҳои сайёҳӣ ворид шудани вилояти Суғд ва аз ҷумла қаторкӯҳҳои водии Зарафшон беҳуда нест. Зеро вилояти Суғд бо табиати зебо ва қуллаҳои осмонбӯсаш сол ба сол таваҷҷӯҳи сайёҳони хориҷиро бештар ба худ ҷалб мекунад.
Тадқиқи мо низ нишон дод, ки таваҷҷӯҳи бештари сайёҳони хориҷиро дар вилояти Суғд пеш аз ҳама Искандаркӯл, Ҳафткӯл, Кӯли Аловиддин, Кӯли Калон, қуллаи сарбафалаккашидаи Чимтарға, шаҳраки Саразм, мақбараи маликкушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва садҳо минтақаҳои дигар ҷалб менамоянд.
Иқдоми «Самак» ва «Фараж»
Бояд гуфт, ки ҳафтаномаҳои «Самак» ва «Фараж» бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо иқдоми худ маводҳои зиёдеро чоп намуда, дар шумораҳои гузаштаи худ оид ба хатсайрҳо ва мавзеъҳои зиёди сайёҳии вилояти Суғд аз қабили Кӯли Калон, Кӯли Аловиддин, Зиёрат, Кӯли Бибиҷаннат, Кӯли Чимтарға ва чандин қуллаҳову сайргоҳҳо маълумот пешниҳод намуда буд. Дар шумораи навбатӣ тасмим гирифтем, ки дар бораи ду кӯли мӯъҷизанок ва хеле машҳури қаторкӯҳҳои Фону Зарафшон «Искандаркӯл» ва «Ҳафткӯл» маълумот диҳем. Зеро ин ду кӯли бузург аз беҳтарин ва сершумортарин хатсайрҳои сайёҳӣ буда, сайёҳони зиёдеро ошиқи худ гардонидаанд.
«Ҳафткӯл» ё «Ҳафт мӯъҷиза»
«Ҳафткӯл» яке аз зеботарин минтақаҳоест, ки бо ҳафт кӯли рангобаранги худ ҳар як сайёҳро мутаҳайир месозад. Дараи «Ҳафткӯл», маҷмӯи кӯлҳоеро дорост, ки дар шимоли Тоҷикистон дар водии Зарафшон ҷойгир буда, ба ёдгориҳои беназири Тоҷикистон шомил карда шудааст. Силсилакӯҳҳои мушкилгузар ва яхпӯш, ки сарчашмаи асосии пайдоиши даҳҳо дарёчаҳои шӯх гардидаанд барои пайдоиши кӯлҳои зиёде дар ин минтақа асос гузоштаанд. «Ҳафткӯл» дар баландии 2139, 3 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, бо номи Марғузор машҳур аст. Сабаби Марғузор ном гирифтани мавзеи «Ҳафткӯл» дар он аст, ки кӯли аз ҳама калонттарин дар инҷо «Марғузор» ном дошта, дарозиаш — 4,5 км, чуқуриаш 45 метр ва ҳудуди умумиаш 1,16 км² — ро ташкил медиҳад.
«Ҳафткӯл» — ро инчунин «Ҳафт мӯъҷиза», «Ҳафт зебосанам» ва ё «Ҳафт зебосанами Шинг» ном мебаранд, ки воқеан аз дидани онҳо ба мӯъҷиза будани он ҳеҷ шакке намемонад. Ба истиснои он ки «Ҳафткӯл» хеле мавзеи зебою дилфиреб дорад, то ба ин мавзеъ роҳи мошингард низ сохта шудааст. Сайёҳон аз Самарқанду Хуҷанд ва Душанбе бо нақлиёт то «Ҳафткӯл» омада, аз ҳамин ҷо ба хатсайрҳои гуногун тақсим мешаванд. Аз дараи Ҳафткӯл сайёҳон ба воситаи ағбаи Тобасанг ба «Кӯли Калон», «Искандаркӯл» ва самтҳои дигар сафар мекунанд.
Ба «Ҳафткӯл» аз самти шимол 4 дарёчаи шӯх ҷорӣ мешавад, ки ҳар яке то 10 километр дарозӣ доранд. Аз поён ба боло ҳар як кӯле ки вомехӯред, хеле зебову диққатҷалбкунанда буда, кӯли аз ҳама поёнӣ дар баландии 1598 метр аз сатҳи баҳр, дуюм 1701 ва кӯли аз ҳама баландтарин дар баландии 2400 метр ҷойгир шудаст. Миёни мардум чунин ҳарфҳое мавҷуданд, ки ҳар нафаре, ки яке аз кӯлҳои онро зиёрат карда, ба кӯлҳои дигар наздик мешавад, бо болотар баромадан ва дидани кӯли навбатӣ хушбахтии бештареро ба даст меорад.
Яке аз кӯлҳои «Ҳафткӯл» «Миҷгон» ном дошта, бо зебоӣ ва ранги ғайриоддии обаш аз дигар кӯлҳо фарқ мекунад. Кӯли мазкур аз дарёчаи пуртуғёни Шинг сарчашма гирифта, бо тамошои воридшавии он ба «Мижгон» ҳар бинанда дар шигифт мемонад. Зеро рӯди шӯх бо ҳама туғёнаш баробари ворид шудан ба кӯли Миҷгон гӯё, ки ба куллӣ ором мешавад ва осоиш меёбад.
Кӯли мазкур низ чун даҳҳо кӯлҳои дигари Тоҷикистон таърих ва ривояти пайдошавии худро дорад. Тибқи ривоятҳо гӯё замоне дар ин дара оҳангаре зидагӣ доштааст. Ин марди оҳангар соҳиби ҳафт духтар будааст, ки дар ҳусну ҷамол ҳамто надоштаанд. Рӯзе аз рӯзҳои фасли тобистон ҳокими пире аз инҷо гузашта ба духтари аз ҳама хурдии оҳангар Мижгон ошиқ мешавад. Падари духтар розӣ мешавад, ки духтарро ба ҳоким ба занӣ диҳад, вале духтар комилан муқобили издивоҷ бо амир мешавад. Барои он ки бо инкори худ Мижгон ҳокимро наранҷонад, бо нияти халосӣ аз ӯ шарти худро монда, мегӯяд:
— Ман зани ту мешавам, ба шарте, ки ту дар ин мавзеъ барои ман қасри тиллоии афсонавӣ бунёд кунӣ.
Духтар боварӣ дошт, ҳоким аз ӯҳдаи иҷрои ин шарт намебарояд. Вале ҳокими мӯйсафед, ки ошиқи шайдо буд, ҳама корро як сӯ монда, дар давоми 40 рӯз қасри тиллоии афсонавиро месозад. Ин барои ҳама як мӯъҷиза буд. Духтар вақте мефаҳмад, ки шарти ӯ иҷро шудаву дигар баҳонае барои рад намудани хоҳиши ӯ намемонад, дар рӯзи тӯй болои қаср баромада, бо либоси арӯсӣ худро аз боми қаср ба поён мепартояд. Дар ҷое, ки ӯ меафтад кӯле ба амал меояд, ки онро Мижгон меноманд. Шаш кӯли дигаре, ки дар Ҳафткӯл пайдо шудаанд, гӯё аз ашки шаш хоҳари ӯ ба амал омадаанд.
Яке аз кӯлҳои дигари Ҳафткӯл «Ҳушёр» ном дорад. Тибқи ривоятҳо кӯли мазкур ба он хотир «Ҳушёр» номида шудааст, ки дар атрофи он пештар морҳои заҳрдор зиёд будаанд ва одамони ба зиёрати ин мавзеъ омадаро пешакӣ огоҳ мекардаанд, ки дар назди фалон кӯл ҳушёр бошед ва ҳамин тавр ин кӯл унвони «Ҳушёр» ба худ касб мекунад. Кӯли дигар, ки «Ҳазорчашма» ном дорад, аз ҳисоби чашмаҳои зиёд ва ҷӯйборҳои хурд пайдо шудааст. Ин кӯл аз дарёчаи шӯхи Ҳисор ва Дарахти Сурх сарчашма мегирад.
Бяод гуфт, ки «Ҳафткӯл» на танҳо бо кӯлҳои муъҷизанок, балки бо ҷойҳои муқаддасаш низ фарқ мекунад ва ин муқаддасот боиси он шудааст, ки ҳар сол сайёҳони зиёде ба зиёрати он оянд.
Искандаркӯл
Дар кӯҳистони Зарафшон 60 кӯл ҷой гирифтааст, ки ҳар кадом дар алоҳидагӣ беш аз як гектар масоҳатро ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 12 кӯл дар ҳавзаи Искандардарё воқеъ буда, миёни онҳо «Искандаркӯл» шӯҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст. Ин кӯл дар ноҳияи Айнӣ, дар қисмати шимолии силсилакӯҳҳои Ҳисор ва каторкӯҳҳои Фон дар баландии 2195-2200 м (аз сатҳи баҳр) ҷойгир шуда, аз 86 то 72 метр умқ, 3,2 км дарозӣ, 1,5 км паҳноӣ ва 14,5 км доира дорад. Оби кӯл тобистон то + 18 дараҷа гарм шуда, дар зимистонҳои сарду хунук як мебандад. Кӯли мазкур номи худро аз номи Искандари Мақдунӣ, ки дар шарқ бо номи Искандари Зурқарнайн машҳур аст, гирифтааст. Гӯё Искандари Мақдунӣ ҳангоми юриши худ аз Ҳинд ба Осиёи Миёна, маҳз ба воситаи ҳамин кӯл гузашта бошад.
Таҳқиқи илмии «Искандаркӯл» аз соли 1841 оғоз ёфта, то ҳол давом дорад. Таърихнигорон бар он андешаанд, ки Искандаркӯл дар маъхазҳои таърихию географӣ бо номи Айн, Маҷмаъ, Дарёжа, Ҷай ва Таран ёд шудааст ва дар ҳеҷ маъхазе дар асрҳои қадим ва ми¬ёна бо номи «Искандаркӯл» дучор наме¬шавад. Кӯл бо номи Искандаркӯл пас аз саёҳати аввалини муҳандисону муҳаққиқони рус дар соли 1841 пайдо шудааст.
Кӯли мазкур дар миёни кӯҳҳо ҷойгир буда, аз дарёҳои Саратоғ, Ҳазормеч, Сарима ва инчунин чандин дарёчаҳои дигар сарчашма мегирад. Ҳамаи ин дарёчаҳо ба кӯл рехта, дар Искандаркӯл як дарё шуда, ҷорӣ мешаванд, ки он низ номи Рӯди Искандаркӯлро гирифтааст. Болотар аз «Искандаркӯл» кӯл бо номи кӯли «Замин» ҷойгир шудааст, ки аз оби дарёчаи Серима пур мешавад. Кӯли мазкур нисбат ба Искандаркӯл хурдтар буда, ҳамагӣ 300 метр масофа ин ду кӯлро аз ҳамдигар ҷудо менамоянд.
Болотар аз ин ду кӯл шаршараи бузурге аз баландии кӯҳ ҷорӣ мешавад, ки бинобар баландӣ ва паҳноии бузургаш онро «Ниагараи Фон» ном мебаранд. Шаршараи «Ниагараи Фон» ба дараи хеле танг ҷорӣ шуда, 43 метр баландӣ дорад. Обе, ки ба сангҳо бархӯрда то поён ҷорӣ мешавад, фаввораҳоеро ба амал овардааст, ки комилан чун шири сафед ҷорӣ мешаванд. Дар қисми болоии он майдончае барои тамошо сохта шуда, ҳама сайёҳон ҷоришавии оби шаршара ва фаввораҳои онро маҳз аз ҳамин майдон тамошо мекунанд.
«Искандаркӯл» дорои базаи сайёҳӣ бо хеле инфрасохтори хуб аст. Дар замони шӯравӣ ҳатто мансабдорони баландпояи Шӯравӣ вақте ба Тоҷикистон меомаданд, ҳатман аз ин мавзеъ дидан намуда, маҳз дар ҳамин ҷо истироҳат мекарданд. Ҳар сол ба ин минтақа даҳҳо ҳазор сайёҳон аз хориҷи дуру наздик меоянд.
Кӯли мазкур низ чун «Ҳафткӯл» ривояти пайдоиши худро дорад. Тибқи ривояте Икандар ҳангоми сафари худ ба Ҳинд ба муқобилияти аҳолии деҳоти ин мавзеъ рӯ ба рӯ мешавад, ки ба ӯ таслим намешаванд. Он гоҳ ӯ дастур медиҳад, ки самти оби дарёро тағйир дода, деҳа ва мардумашро дар об ғарқ намоянд. Ҳамин тавр «Искандаркӯл» пайдо мешавад.
Ривояти дуюм он аст, ки ҳангоми ба ин дара ворид шудан аспи Икандар бо номи Бетсевал оби хунуки кӯлро нӯшида, бемор мешавад. Баъди чанд рӯзи беморӣ ин асп шифо ёфта, ногаҳон мегурезад ва ба баландӣ баромада, худро аз ҳамон ҷо ба ин кӯл мепартояд. Искандари гирён чанд рӯз тоқат карда, ҷанговарон ва аспҳояшро ба ҷои дуртар мебарад. Тибқи ривоятҳо гӯё ҳар моҳ ҳангоми ним шудани моҳ Бутсевал аз кӯл баромада сайр мекунад. Вақти баромадани ӯ қисми болоии об ҷудо шуда, аз он як аспи сафед дар иҳотаи аспҳо ба берун меояд.
Дар баробари кӯлҳо ва дарёчаҳову чашмасорони зебо, дар доманакӯҳхои Искандаркӯл растаниҳои даштӣ, арчазорони зебо ва маргузорҳои алафӣ вомехӯранд, ки табиатро боз ҳам зеботар кардаанд.
Хулоса бояд иқрор шуд, ки табиати зебову афсонавӣ ва мӯҷизаҳои Ҳафткӯлу Искандаркӯл дар ҳеҷ тасвире намегунҷанд ва бо нақл кардан поён нахоҳад ёфт. Ҳар ки мехоҳад аз мавзеъҳое гузар кунад ва дар ҷойҳое сайр кунад, ки табиати зебо, чашмасорони мусаффо ва кӯлу кӯҳсори дилфиреб дошта бошад, бояд ба сайри Ҳафткӯлу Искандаркӯл барояд.
Холиқи Муҳаммадназар,
МТЖТ