Хабари сӯхтор дар бозори маъруфи “Султони Кабир” субҳи барвақти 25-уми январ одамони зиёдеро ба ташвиш овард. Шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ ҳар кадом навору аксҳоеро аз ин ҳодиса пахш мекарданд. Вале, хушбахтона, сӯхтор хомӯш карда шуда, иловатан, тибқи гуфтаи роҳбарияти бозори мазкур, фаврияту кордонии кормандони мақомоти милитсия имкон додааст, то аз дуздиҳои эҳтимолии молу коло пешгирӣ карда шавад.

Бояд гуфт, ин оташсӯзии дуюм аст, ки дар бозори мазкур сурат мегирад. Моҳи июни соли 2018 низ дар ин бозор 21 мағозаву дӯкон ба коми оташ рафт. Гап сари бозоре меравад, ки ба хулосаи таҳлилгарон, яке аз бозорҳои беҳтарин ва мувофиқ ба талаботи муосир аст. Зеро тартибу низом дар ин бозор аз хеле бозорҳои дигар фарқ мекунад.

Бубинед, дар ҳамин чанд соли охир дар чанд бозори Тоҷикистон сӯхтор ба амал омад ва чандборӣ? Чандин бор дар бозори калонтарини Тоҷикистон — “Корвон”, бозори марказии шаҳри Кӯлоб ҳам ду ё се маротиба, бозори Фархор ҳам ду бор. Дар бозорҳои шаҳрҳои Турсунзодаву Шаҳритус ҳам ин гуна фалокатҳо пеш омад. Бозори Данғара ҳам як бор оташ гирифт… Масъулин пас аз омӯзиш як хулоса медиҳанд: расиши кӯтоҳи ноқилҳо. Агар чунин аст, ба ин кӣ гунаҳкор? Чаро масалан аз ниҳоди сӯхторхомӯшкунӣ напурсем, ки барои чӣ ҳолатҳои садамавиро пешгирӣ накардаанд? Онҳо ку аз рӯи маълумоте, ки пахш мекунанд, гӯё ҳар замон аз бозорҳо ҳам дидан намуда, ба гуфтаашон, камбудиҳоро ошкор менамоянд.

Раиси бозори “Султони Кабир” Авазхон Кабиров зимни суҳбат бо мо пас аз ин сӯхтор ҳам гуфт, ки тибқи маълумоти ошкоршуда ин оташсӯзӣ якбора пеш омадааст: «Саҳари барвақт, вақте навбатдор “рубилник”-ро фаъол намуд, ин ҳодиса рух дод. Резини гофра, ки барои печонидани ноқилҳо ва нагузаронидани қувваи барқ истифода мешавад, мисли резин сӯхт ва ҳамин тавр чанд дӯконро фаро гирифт. Ман ба вазири корҳои дохилӣ, муҳтарам Рамазон Раҳимзода миннатдории худро мерасонам. Маҳз бо дастгирии он кас ва муовинҳояшон, ки ҳамагӣ дар ҷойи ҳодиса ҷарор доштанд, оташ ба зудӣ хомӯш карда шуд. Як чизи дигарро бояд махсус таъкид намоям, ки зиёда аз 100 нафар кормандони  ОМОН ҳам ба ҷои ҳодиса омаданд. Инро барои он махсус таъкид менамоям, ки дар чунин ҳолатҳо имкон дошт баъзе одамони худобехабар  аз ин офат ва парешонии одамон истифода карда, ба дуздиву ғорати моли мардуми бе ин ҳам зарардида машғул шаванд».

Ин ташвиши роҳбари бозор дар ҳақиқат метавонад ҷо дошта бошад. Яъне шубҳаву гумонҳои мардум дар ин бора, ки ин гуна сӯхторҳоро маҳз ҷинояткорону дуздон амалӣ мекунанд, то аз ҳисоби бадбахтии дигарон киса пур намоянд, ҷо дошт. Дар назарсанҷиҳои фейсбукӣ ва посух ба саволи он ки “Чаро дар бозорҳои Тоҷикистон зуд — зуд сӯхтор сурат мегирад?”, ҷавобҳои гуногун садо доданд. Бархеҳо гуфтанд, ки ин метавонад кори рақибони моликони бозорҳо бошад. Фақат як бор буд, ки дар оташсӯзии бозор гунаҳкорро дар одамон дида бошанд. Моҳи январи соли гузашта дар бозори марказии ноҳияи Панҷ сӯхтор ба амал омад. Ҳафтаномаи мо — “Фараж” ҳамон вақт навишт, ки Азим ном сокини ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳияи мазкур, ки дар Русия қарор доштааст, аз занаш дар хиёнат гумонбар шуда, пас аз баргаштан, баъди як муноқишаи оилавӣ аз ғояти рашк бозорро оташ задааст ва аз ҷониби кормандони милиса боздошт шудааст. Ҳамсари ин мард дар бозор дӯкони фурӯши либосҳои бачагона дошта, чанд сол боз ба тиҷорат машғул будааст. Дар натиҷаи сӯхтор дар маҷмуъ 10 мағозаи пластикӣ, ки соҳибкорон ба фурӯши либосу хӯрокворӣ сарукор доштаанд, ба коми оташ рафт, ки ҷамъи зарарро 50 000 сомонӣ ҳисоб карда буданд.

Андешаҳои дигар ҳам дар мавриди зуд — зуд сар задани сӯхтор дар бозорҳо ҷо доштанд. Масалан соли 2012 вақте бозори “Корвон” сӯхт, мардум сахт норозӣ шуда, ба кӯчаҳо рехтанд. Таҳлилгарон гуфтанд, ки агар раиси собиқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба пеши издиҳоми ошуфта намебаромаду алангаи хашми онҳоро паст намекард, имкон дошт ин сӯхтор ба як ҳодисаи сиёсӣ табдил ёбад. Қисмати сӯхтаи “Корвон” ҳамон сол дар муддати як моҳ аз нав сохта шуд. Ба соҳибкорони ҷабрдида баъзе имтиёзҳо доданд.

Дар ҳақиқат баъд аз ҳар сӯхтор дар бозорҳои Тоҷикистон суоли аслӣ ин мешавад, ки амволи нобудшудаи соҳибкоронро кӣ ҷуброн мекунад? Бештари соҳибкорон дар оташсӯзиҳои қаблӣ мегуфтанд, ки амволашонро суғурта накардаанд. Аммо аксарашон мегӯянд, ки ё аз бонкҳо қарз доранд, ё амволи фурӯширо насия гирифтаву ҳоло аз соҳибони мол қарздоранд. Ин як мавзӯи ҷиддист.

Авазхон Кабиров, дмректори бозори “Султони Кабир”вақте ин масъаларо ба ӯ пеш овардем, гуфт дар ин масъала набояд мушкиле пеш ояд: «Ин дар ҳақиқат як масъалаи ҷиддист. Дар бозори мо беш аз 1700 соҳибкор фаъолият доранд. Шукр, савдогаронамон одамони хубанд, моро ҳам мефаҳманд, ҳамчуноне мо онҳоро. Мо якҷоя маслиҳат кардем, ки барои ҳалли мушкили қарзҳояшон дар якҷоягӣ тадбир меандешем. Иншоаллоҳ, ин масъала дар муддати як сол ҳалли пурраи худро пайдо мекунад».

Мо бовар дорем, ки ин суханони роҳбари бозор самимист ва аз ҷониби савдогарон ҳам барои ҳамин дуруст фаҳмида шуд. Зеро, то ҳоло шикояте аз савдогарони ин бозор паҳн нашудааст.

Ҷамила Мирбозхонова, “Фараж”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here