Паёми Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама гӯшаву канори мамлакат бо хушнудӣ қабул гардида, баҳри иҷроиши он ҷаҳду талош доранд.
Дар Паём омадааст: «Ман ба қудрати созандаи халқи азизам итминони комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо бо заҳмату фаъолияти аҳлонаи худ дар ояндаи наздик мушкилотеро, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлатамон вуҷуд дорад, бартараф мекунем ва барои мардумамон шароити боз ҳам беҳтару сазовор месозем».
Баҳри некӯаҳволии мардум, дастрасии маҳсулоти ниёзи мардум, таъминоти хоҷагӣ бо хӯрока бозорҳо хизмат мерасонанд. Дар соли сипаригашта бо фармони раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ раисони бозорҳои калонтарини шаҳр — собиқ «Шоҳмансур» ва «Деҳқон» аз вазифаашон канор рафтанд. Чунки дар бозорҳои номбурда сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ на он қадар хуб буд. Нарху наво дар бозорҳо боло рафта буд, тозагии бозорҳо ба талабот ҷавобгӯй набуд, одоби муошират риоя карда намешуд. Раисии бозори «Деҳқон» ба зиммаи марди чашми кордон, хушмуомила ва хоксор, нисбати камбудиҳо серталаб Назаров Сунатулло Алиакбарович гузошта шуд.
Қобили зикр аст, ки тӯли чанд муддат бо дастгирии раиси шаҳр дар бозори «Деҳқон» тағйироти назаррас ба амал омад. Дар даромадгоҳи бозор ярмаркаи фурӯши маҳсулоти деҳқонӣ ташкил карда шудааст, ки нархи ҳар маҳсулот навишта шудааст ва ба он мудом назорат карда мешавад. Тартиботи кории бозор хеле хуб шуда, тозагиаш беҳ гардидааст. Нархи маҳсулоти ниёзи мардум нисбати дигар бозорҳо арзон аст. Одоби муошират беҳ гардида, деҳқонон озодона дар гӯшаи деҳқон фаъолият мекунанд, аксари маҳсулот нархномаи худро доранд ва аз рӯи сифаташон фурӯхта мешаванд.
Чанде пеш оид ба пешравиҳои кор дар бозори «Деҳқон» бо ҷонишини раиси бозор Мастон Шарипов ҳамсуҳбат гардидам. Номбурда қайд намуд, ки «мо масъулони бозор ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем, то маҳсулоти бозор босифат бошанд ва бо нархи арзон фурӯхта шаванд. Барои деҳқонон шароит муҳайё сохта, кӯшиш мекунем, ки худи деҳқон маҳсулоташро фурӯшад. Ҳамрӯза нархи маҳсулотро назорат намуда, кӯшиш мекунем, ки маҳсулоти ниёзи мардум ҳарчи арзонтар дастрас гардад ва ба аҳолӣ фурӯхта шавад. Масалан нархи як килограмм гӯшт дар бозори мо вобаста ба сифаташ аз 26 сомонӣ то 36 сомонӣ фурӯхта мешавад ва дар ҳама нуқтаҳои гӯштфурӯшӣ нархнома навишта шудааст. Картошка аз 3 то 3,5 сомонӣ, сабзӣ аз 0,8 то 1,5 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ҳамаи маҳсулоти бозор нархномаи худро доранд ва аз болои он масъулон назорат мебаранд. Баҳри боз ҳам беҳ шудани кор, фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ ва арзонии нарх дар бозор аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода бурда, умед дорем, ки талаботи муштариёнро қонеъ гардонем».
Боварӣ дорем, ки кормандони бозори «Деҳқон» нарху наворо нисбати бозорҳои дигари шаҳр ба танзим оварда, ба сифати маҳсулот диққат медиҳанд, одоби муоширатро сайқал медиҳанд, тартиботи муайянро ҷорӣ мекунанд, ба тозагии гирду атроф диққат дода, ба фурӯши маҳсулоти бесифат хотима мегузоранд.
Баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои раиси шаҳр, нишондодҳои Паёми Пешвои миллат ба кормандони бозор бурдборӣ ва комёбиҳо орзу дорем.
Ҷамолиддини ҶАЛОЛИЁН