Соли 2019-ум аз вилояти Хатлон ҳудуди 90 ҳазор тонна пиёз ба хориҷи кишвар содирот шудааст. Аммо имрӯз нархи он дар бозорҳои вилоят аз се сомонӣ боло рафтааст.

Ҳамроҳ Раҳимов — сардори Раёсати иқтисодии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон ба хабарнигори “Фараж” гуфт, ки соли гузашта кишоварзони вилояти Хатлон дар майдони 9 ҳазору 193 гектар замин кишти пиёз гузарониданд, ки аз он беш аз 300 ҳазору 710 тонна ҳосил ҷамъоварӣ кардаанд.- Ин нишондиҳанда дар қиёс ба соли 2018-ум 7 ҳазору 429 тонна бештар мебошад,- илова кард Ҳ. Раҳимов.

Ҳарчанд, ба гуфтаи ин масъули Сарраёсати кишоварзии вилоят, истеҳсоли пиёз афзоиш ёфта бошад ҳам, аммо нархи он дар бозорҳои вилоят низ боло рафтааст.

Аз рӯи пурсишҳое, ки мо дар бозорҳои маркази вилоят — шаҳри Бохтар гузаронидем, ба ҳолати 10-13-уми январ нархи як килограмм пиёз 3 сомонию 30 дирамро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, болоравии нархи пиёз сокинони вилоятро ба ташвиш овардааст. Зуҳро — сокини ноҳияи Кӯшониён гуфт, ки моҳе пеш як килограм пиёзро бо нархи 1 сомониву 50 дирам харидорӣ мекард, вале ҳоло нархи як килограми он 3 сомониву 30 дирам арзиш дорад.

Донишҷӯе, ки худро Меҳробшо ном бурд, афзуд, ки “барои мо донишҷӯён бо нархи 3 сомониву 30 дирам харидорӣ намудани як килограмм пиёз мушкил аст. Аммо аз ноилоҷӣ онро харидорӣ мекунем. Агар нархи он мисли пештара 50 дирам ё як сомонӣ шавад, хело хуб мешавад”.

Раҷабмоҳ — сокини ноҳияи Вахш низ аз болоравии нархи пиёз бо нигаронӣ қайд намуд, ки “хонаводаи мо дар як моҳ ҳудуди 20 килограмм пиёз итеъмол менамоянд. Пештар пиёзро бо халта харидорӣ мекардам, зеро як сомонӣ арзиш дошт. Ҳоло бошад, нархи он хело гарон шудааст. Дигар бо нархи имрӯза наметавонам мисли пештара бо халта харидорӣ кунам. Аз ҳамин сабаб, 8-10 килограмм мегирам”.

Раҷабмоҳ мегӯяд, ки ҳамарӯза тариқи шабкаҳои телевизионӣ аз сохтмони даҳҳо сардхонаҳо хабар медиҳанд. “Агар чунин бошад, чаро дар ин сардхонаҳо маҳсулотро захира намекунанд, то дар чунин рӯзҳо бо нархҳои дастрастар ба фурӯш бароранд?”,- мепурсад ин мусоҳиби мо.

Фурӯшандаҳои бозорҳо дар суҳбат қайд карданд, ки “мо пиёзро бо нархи гарон аз деҳқон харидорӣ мекунем ва имкони паст кардани нархи онро надорем. Агар нархро паст кунем, зарар мебинем”.

Омили баланд шудани нархи пиёзро сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун Пирназар Пиров аз гарон шудани нархи сӯзишоворӣ ва нуриҳои минералӣ арзёбӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ, деҳқонони ноҳия соли гузашта дар майдони 2 ҳазору 596 гектар пиёз кишт намуда, аз он беш аз 100 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ намуданд. Имсол бошад, майдони киштро деҳқонони ноҳия ба 3 ҳазору 721 гектар расонидаанд.

Сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Фирӯз Юсуфзода яке аз сабабҳои гарон шудани нархи пиёзро дар содироти он ба хориҷи кишвар арзёбӣ намуд. Бино ба маълумоти пешниҳоднамудаи ин раёсат, рӯзи 13-уми январи соли 2020 дар бозорҳои ҶДММ “Ҳоҷӣ Шариф” ва ҶДММ “Фаровон”-и шаҳри Бохтар нархи як килограмм пиёз аз 2 сомониву 30 дирам то 3 сомонӣ будааст.

Воқеан, мақсад аз ташкили сардхонаҳо захираи маҳсулоти кишоварзӣ ба хотири давоми сол бо нархҳои дастрас таъмин кардани бозорҳо бо ин маҳсулот аст. Агар чунин аст, пас бояд масъулин дар ин самт бо хоҷагидорону соҳибкорон корҳои ташвиқотию тарғиботиро бештар кунанд. Дар ин сурат, шояд нархи маҳсулот дар бозор муътадил нигоҳ дошта шавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here