Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон бо мақсади татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти хешро дар асоси қонунҳои амалкунандаи соҳавӣ, дастуру супоришҳои Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии Тоҷикстандарт, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳа, ки бевосита ба ҳифзи бозори истеъмолӣ аз воридшавии молу маҳсулоти пастсифат, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон нигаронида шудаанд, ба роҳ монда, дар давоми соли 2020 корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.

Аз тарафи мутахассисони шуъбаи НД дар МАС ҷиҳати дастгирии истеҳсолоти ватанӣ ва мусоидат ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунандаи ватанӣ соли гузашта дар маҷмуъ дар 185 корхонаву сехҳои истеҳсолӣ (субъектҳои хоҷагидор) семинарҳои омӯзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, онҳо бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ таъмин карда шудаанд. Дар ин давра дар 441 ҳолат ба молу маҳсулоти корхонаву сехҳои истеҳсолӣ ва мағозаҳову нуқтаҳои савдо сертификати мутобиқат дода шудааст.

Ҷиҳати санҷиши сифат аз тарафи мутахассисони шуъба аз корхона, сехҳо, мағозаву нуқтаҳои савдо 3834 намунаи маҳсулоти хӯрокворӣ ба озмоишгоҳи санҷиши маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзии Марказ ворид карда шудааст.

Аз ҷониби шуъбаи НД дар КСВ дар корхонаву сехҳои истеҳсолӣ 98 семинарҳои омӯзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аз рӯи регламенти техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ гузаронида шуда, дар 686 ҳолат ба молу маҳсулоти корхонаву сехҳои истеҳсолӣ сертификати мутобиқат дода шудааст.

Ҷиҳати санҷиши сифат аз тарафи мутахассисони шуъба аз корхона, сехҳо, мағозаву нуқтаҳои савдо 558 намунаи маҳсулоти сохтмонӣ ба озмоишгоҳи санҷиши маҳсулоти сохтмонии Марказ ворид карда шудааст, ки дар 7 ҳолат маҳсулоти ғайристандартӣ дарёфт карда шудааст.

Аз тарафи мутахассисони шуъбаи НД дар СС дар ин давра дар 82 корхонаву сехҳои истеҳсолӣ семинарҳои омӯзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар 553 ҳолат ба молу маҳсулоти корхонаву сехҳои истеҳсолӣ сертификати мутобиқат дода шудааст.

Ҷиҳати санҷиши сифат аз тарафи мутахассисони шуъба аз корхона, сехҳо, мағозаву нуқтаҳои савдо 55 намунаи маҳсулоти саноати сабук ва 114 намунаҳои нуриҳои минералӣ ба озмоишгоҳи санҷиши нуриҳои минералӣ ва маҳсулоти кимиёвии Марказ ворид карда шудааст, ки дар 8 ҳолат маҳсулоти ғайристандартӣ дарёфт карда шудааст.

Дар ин давра аз тарафи шуъбаи баҳодиҳии мутобиқати Марказ ба маҳсулоти корхонаву ташкилот ва соҳибкорони алоҳида 2773 адад сертификати мутобиқат дода шудааст, ки аз он 963 адад воридотӣ, 104 адад содиротӣ ва 1706 ададро сертификати мутобиқат барои маҳсулоти дар бозори дохилии вилоят фурӯхташаванда ташкил медиҳад.

Инчунин, дар ин давра дар озмоишгоҳҳои Марказ ҳамагӣ 8055 намунаи молу маҳсулот мавриди ташхис қарор дода шуда, аз ин миқдор 6279 ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ, 876 ташхиси маҳсулоти сохтмонӣ, 160 ҳолат нуриҳои минералӣ ва маҳсулоти кимиёвӣ, 740 ташхиси маҳсулоти нафтӣ мебошад.

Мутахассисони шуъбаи нозироти савдо дар ин давра ҳамагӣ 1074 санҷиш гузаронидаанд, ки аз ин миқдор 866 санҷиш ба нуқтаҳои савдо, 95 санҷиш ба хӯроки умумӣ, 8 санҷиши анбор, 1 санҷиши тарабхона, 79 санҷиш ба НФС ва НФГМ ва 25 санҷиш ба бозорҳоро ташкил медиҳад.

Аз тарафи шуъбаи шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ аз аввали сол то инҷониб ба 11 номгӯи хизматрасониҳо 3425 шаҳодатномаҳо ба иҷозати фаъолияти хизматрасонӣ дода шудааст, ки 2661 адад ба нуқтаҳои савдо ва бозорҳо, 279 адад хӯроки умумӣ, 112 адад таъмири мошинҳо, 53 адад сартарошхона, 160 адад НФС, 103 адад НФГМ, 7 адад табъу нашр, 36 адад хизматрасонии ихтиёрӣ ва 14 адад меҳмонхона рост меояд.

Шуъбаи назорати давлатии воситаҳои ченак фаъолияти хешро тибқи нақшаи санҷишҳо, ки бо назардошти талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” таҳия ва тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи мутахассисони шуъбаи назорати давлатии воситаҳои ченак дар 153 корхонаву ташкилот ва соҳибкорони алоҳида назорати 39300 адад воситаҳои ченак гузаронида шудааст. Аз ин миқдор 30902 адад бо муҳлати санҷиши мутобиқатӣ ва 8398 адад воситаҳои ченаки корношояму таъмирталаб ошкор гардидааст.

Аз тарафи масъулини бахши низоми идоракунии сифат ва шуъбаҳои назоратии Марказ дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷиҳати ҷорисозии низоми идоракунии сифат тибқи талаботи стандарти байналмилалии ИСО 9001-2015 корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.

Дар маҷмуъ, аз тарафи ҳамаи шуъбаҳои назоратии Марказ дар давоми соли 2020 ҳамагӣ 1074 санҷиш гузаронида шуда, нисбати 898 нафар соҳибкорон ва масъулини субъектҳои хоҷагидорӣ барои ба фурӯш баровардани молу маҳсулоти ғайристандартӣ, муҳлати истеъмолиашон гузашта, фиреби истеъмолкунандагон, риоя накардани қоидаҳои хӯроки умумӣ, савдо ва хизматрасонӣ ба маблағи 221710 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.01.08 №467 «Оид ба расонидани кумаки моддӣ ба ятимхонаҳо ва бепарасторон» аз ҳисоби Марказ ва кормандон дар маҷмуъ ба маблағи 30760 сомонӣ кумак расонида шудааст. Марказ пайваста дар ин самт ба ҷамъиятҳои маъюбон, нобиноён ва дигар ташкилоту ҷамъиятҳои муроҷиаткунанда вобаста ба шароити молиявӣ кумакҳои худро мерасонад.

Дар ин давра ба Марказ 17 адад аризаҳои шикоятӣ ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар муҳлати муқарраршуда тариқи мусбат ҳал карда шудаанд. Бояд зикр намуд, ки муроҷиати шаҳрвандон тариқи “Телефони боварӣ”-и 3-61-69 меафзояд.

Ба гуфтаи директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон муҳтарам Исматулло Саъдуллоев, “Марказ фаъолияташро дар оянда дар тамоми самтҳо пурзӯр намуда, тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон назорати сифати тамоми молу маҳсулот, аз ҷумла воридоти маҳсулоти хӯроквориро дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ, ҷойҳои нигоҳдорӣ ва фурӯши онро дар бозори дохилӣ, тибқи талаботи регламентҳои теникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ва қонунҳои амалкунанда ба роҳ монда, бозори истеъмолиро аз воридот ва фурӯши молу маҳсулоти пастсифату ғайристандартӣ ва барои саломатии шаҳрвандон хатарнок эмин нигоҳ дошта, вазифаву масъулияти бар дӯши мақомот вогузоргардидаро дар сатҳи зарурӣ иҷро менамояд”.

МТЖТ

«ТОҶИКСТАНДАРТ» ОГОҲ МЕКУНАД!

 Истеъмолкунандагони гиромӣ!

Ҳангоми харидории ҳама гуна маҳсулот, бахусус маводи хӯрокворӣ ва таому нӯшокиҳои гуногун ҳатман ба сифатнокию муҳлати кафолат, рӯзи истеҳсол, муҳлати истеъмоли онҳо ва дақиқию низоми воситаҳои ченак (тарозуҳо) диққати ҷиддӣ диҳед. Ҳамзамон, пеш аз харидорӣ аз фурӯшандагон сертификати мутобиқати маҳсулотро талаб кунед.

Аз харидории молу маводи шубҳанок худдорӣ намоед ва дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои истеъмолиатон (фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ, фурӯши маҳсулоти муҳлати истеъмолиаш гузашта, кам чен кардан, кам баркашидан ва ғайра) ба Агентии Тоҷикстандарт муроҷиат намоед.

Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев 42/2

Тел: 2-33-68-69, 2-33-44-99

Рақами вайберӣ: 988-50-22-22

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here