Ё чаро 10 шаҳру ноҳия нақшаи андозро иҷро карда натавонистанд?
Дар вилояти Хатлон давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ 10 шаҳру ноҳия аз уҳдаи иҷрои пурраи нақшаи қисми даромади буҷет набаромадаанд, ки масъулон омилҳои онро гуногун арзёбӣ карданд. Новобаста аз он, ки 10 шаҳру ноҳияи вилоят нақшаи андозро иҷро накардаанд, вале дар маҷмуъ нақшаи қисми даромади буҷаи вилоят 100% иҷро шудааст.
Бино ба маълумоти Раёсати андози вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Хуросон, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Панҷ, Шаҳритус, Левакант ва Норак дар даҳ моҳи соли ҷорӣ натавонистаанд нақшаи қисми даромади буҷетро иҷро кунанд.
— Шаҳру ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Ёвон, Носири Хусрав, Кӯлоб, Муъминобод, Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор, Данғара, Темурмалик, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин ва Балҷувон дар ин давра аз 100 то 131 дарсади қисми даромади буҷеташонро иҷро карданд,- илова намуданд аз ниҳоди мазкур.
Аз Раёсати андоз инчунин хабар дода шуд, ки ба замми иҷро нашудани даромади буҷет дар 10 шаҳру ноҳия қисми даромади буҷети вилояти Хатлон дар умум 100,8 дарсад таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 1 миллиарду 236 миллиону 635,5 ҳазор сомонӣ 1 миллиарду 246 миллиону 392,7 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки ин аз нақша 9 миллиону 757,3 ҳазор сомонӣ бештар аст.
Андозро сари вақт пардохт намекунанд
Сардори Нозироти андоз дар шаҳри Бохтар Изатулло Мансурзода тасдиқ кард, ки дар ин давра қисми даромади буҷети шаҳр ҳамагӣ 90 дарсад иҷро гардидасту халос. “Қисми даромади буҷети шаҳри Бохтар дар даҳ моҳи соли 2020-ум 136 миллиону 587,5 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки он 122 миллиону 473,9 дарсад иҷро гардида, ба буҷет 14 миллиону 113,6 ҳазор сомонӣ кам ворид карда шуд. Бақияи қарзи андоз аз ташкилоту идораҳо ва корхонаҳои шаҳр 9 миллиону 369 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин омил боиси сари вақт иҷро нашудани қисми даромади буҷети шаҳр гардидааст”,- илова кард ӯ.
Манбаъ афзуд, ки омили дигари иҷро нашудани андоз — ин бемории сироятии коронавирус ва сари вақт пардохт нагардидани андоз аз ҷониби баъзе ташкилоту идораҳо ва корхонаҳо мебошад.
Изатулло Мансурзода зикр кард, ки ҳоло Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар дар назди андоз беш аз 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, КФД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳр 368 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Қамар Тавар” 326 ҳазор сомонӣ, Чойхонаи “Роҳат” 106 ҳазор сомонӣ, Кооперативи тиҷоратии “Нуриддини Абӯбакр” 35 ҳазор сомонӣ, филали Муассисаи давлатии илмии Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 120 ҳазор сомонӣ, Раёсати истифодабарии оби нӯшокии вилояти Хатлони Муассисаи давлатии “Сарраёсати Тоҷикобдеҳот” 66 ҳазор сомонӣ ва ба ин монанд даҳҳо корхонаву ташкилотҳои дигар аз андоз қарздор мебошанд.
— Агар онҳо сари вақт андозҳои худро пардохт кунанд, қисми даромади буҷети шаҳр пурра таъмин хоҳад шуд,- гуфт номбурда.
Омилҳо гуногунанд
Сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Панҷ Ализода Шараф низ гуфт, ки дар ҳақиқат қисми даромади буҷети ноҳия дар 9 моҳи соли ҷорӣ 2 миллиону 693 ҳазору 900 сомонӣ иҷро карда нашуд. “Дар умум, қисми даромади буҷети ноҳияи Панҷ 21 миллиону 171 ҳазору 983 сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки он бештар аз 18 миллиону 478 ҳазор сомонӣ иҷро карда шуд, ки ин омилҳои худро дорад. Яке аз сабабҳои иҷро нашудани қисми даромади буҷети ноҳия сари вақт пардохт нашудани андоз аз ҷониби баъзе ташкилоту хоҷагиҳо мебошад”,- қайд кард ӯ.
Манбаъ зикр кард, ки айни замон Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия аз андоз беш аз 1 миллион сомонӣ, Хоҷагии тухмипарварӣ 2 миллиону 162 ҳазор сомонӣ, Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия 428 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд.
Омили дигари иҷро нашудани қисми даромади буҷети ноҳияро ин шахси масъул дар истеҳсоли ками пахта дар худи ноҳия арзёбӣ кард. “Дар ноҳияи Панҷ имсол ғундоштани 14 ҳазору 600 тонна пахта ба нақша гирифта шудааст, ки тақрибан 1 ҳазору 100 тоннаи он дар худи ноҳия коркард шуда, боқимондааш аз ноҳия берун мешавад. Агар ҳамаи пахтаро корхонаи худи ноҳия коркард кунад, наздики 6 миллион сомонӣ ба буҷет даромад ворид мешавад”,- бо нигаронӣ гуфт роҳбари Нозироти андоз дар ноҳияи Панҷ.
Зикр карда шуд, ки ҳоло бақияи қарзи андоз дар ноҳияи Панҷ 5 миллиону 678 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки 30 дарсади он ба хоҷагии тухмипарварӣ рост меояд.
“Мо наметавонем андозро иҷро кунем”
Раҷаббек Саидов — мудири бахши баҳисобгирии даромадҳои Нозироти андоз дар ноҳияи Ҷомӣ низ тасдиқ кард, ки дар даҳ моҳ онҳо натавонистаанд қисми даромади буҷети ноҳияро пурра иҷро кунанд: “Омилҳои сари вақт иҷро нашудани қисми даромади буҷети ноҳия гуногун аст. Ба ҳолати 1-уми ноябри соли 2020 қарзи андозҳо 11 миллиону 392 ҳазору 832 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбати аввали сол 3 миллиону 263 ҳазору 114 сомонӣ зиёд гардидааст. Ин асосан аз ҳисоби ташкилоту идораҳо ва корхонаҳои буҷетӣ нисбати аввали сол 1 миллиону 176 ҳазору 972 сомонӣ зиёд гардидааст. Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ҳудуди 2 миллион сомонӣ бақияи қарзи андоз дорад, ки ҳамагӣ дар ин давра 100 ҳазор сомонӣ пардохт кардааст. ҶДММ “Баракати Ҷомӣ”, ҶДММ “Зотпарвари баракати Ҷомӣ” ва КТП “Баракати Ҷомӣ”, КФД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” 250 ҳазор сомонӣ қарздор аст, ки моҳона 5-10 ҳазор сомонӣ ҷудо мекунад. Корхонаи обтаъминкунии Меди Баҳор бошад, 600 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад, ки моҳона 15-20 ҳазор сомонӣ пардохт мекунад. Хоҷагии ниҳолпарварии Рустами Абдураҳим, заводҳои пахтаи ҶДММ “Сафо”, ҶДММ “Навобод”, ҶДММ “Файзи Ҷомӣ”, ки ду-се сол боз аз кор мондаанд, беш аз 200 ҳазор қарздор мебошанд, ки сол то сол аз ҳисоби онҳо қарзи андоз дар ноҳия афзоиш ёфта истодааст. Барои баргардонидани қарзҳо нисбат ба 110 корхонаву ташкилотҳо қарор қабул карда шудаст, ки ин ҳам бошад, натиҷаи дилхоҳ медиҳад, зеро мо метавонем суратҳисоб ва хазинаҳои онҳоро маҳкам кунем”.
Ҳамчунин, ӯ илова кард, ки “нақшаи қисми даромади ноҳияи Ҷомӣ хело зиёд аст ва мо имкони иҷро кардани онро надорем. Зеро имсол танҳо ду заводи пахта фаъолият карданд, ки онҳо низ мавсимӣ мебошанд. Аз ин ду корхона моҳи гузашта 330 ҳазор сомонӣ рӯёнидем, ки ин бениҳоят кам аст”.
Ба ҷойи кам зам карданд
Дар Раёсати андози вилоят гуфтанд, ки ҳоло дар вилояти Хатлон бақияи қарзи андоз беш аз 191 миллиону 845 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта беш аз 20 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Масъулони ташкилоту идораҳо, корхонаву хоҷагиҳо ва дигар андозсупорандаҳоро зарур аст, ки сари вақт маблағҳои андози худро пардохт намоняд, то қарздорӣ ва қафомонии музди меҳнат дар ташкилоту идораҳо пайдо нагардад.