Пандемияи COVID-19 талаботҳои навро барои пешбурди қариб ҳама намуди тиҷорат дар саросари ҷаҳон илқо мекунад. Якҷо бо коршиносони ЮНИДО, корхонаҳои Тоҷикистон роҳҳои зуд ва самаранок мутобиқ шуданро ба воқеиятҳои нави бозор ҷустуҷӯ намуда, кӯшиш менамоянд, ки муносибати боэътимодро байни роҳбарият ва кормандони ширкатҳои бенефитсиар ба роҳ монанд.
Дар қиёси болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ва инчунин кам шудани фурӯши маҳсулоти корхонаҳои қолинбофӣ, роҳбарияти корхонаҳо маҷбур мешаванд, ки барои дастгирии вазъи молиявии кормандони худ чораҳои зиддибӯҳронӣ андешанд. Дар ин робита, мутахассисони ЮНИДО барои кормандони корхонаҳои «Гулдастон», «Ороста», «Шоҳдурвон» ва «Шероз» дар шаҳри Душанбе ва Хуҷанд доир ба ҳисоб кардани арзиши аслии маҳсулоти қолинӣ дар давраи буҳрон тренинг баргузор намуданд.
«Ҳоло, вақте ки нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба таври назаррас боло рафтааст, хоҳиши маоши баландтар гирифтани кормандони ширкатҳо аз мақсад дур нест. Бештар аз ҷониби онҳо ба унвони роҳбарият дар мавриди боло бардоштани нархи маҳсулоти онҳо ва музди меҳнат пурсишҳо сурат мегирад»,- мегӯяд Абдқаҳҳор Ҳамдамов, коршиноси лоиҳаи ЮНИДО оид ба қолинбофии дастӣ.
«Афсӯс, набудани сайёҳон ва коҳиши умумии талабот ба қолинҳои дастӣ дар бозори дохилӣ аксар корхонаҳои Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳонро дар ҳолати вазнин қарор додааст. Бо дарки фаврияти ин масъала ва ҳамзамон норасоии назарраси иттилоот, мо тренинг баргузор намудем, ки дар рафти он ба кормандон дар бораи чӣ гуна ташаккул ёфтани арзиши ҳар як маҳсулот ва ё ба ғайр аз ҳақи кори мутахассис ба он кадом мавзеҳо дохил мешаванд, нақл карда, як равиши зеҳнӣ дар мавриди он, ки чӣ гуна дар чунин шароити душвор бе расонидани зиён ба кормандон метавон истеҳсолотро нигоҳ дошт, барпо кардем»,- меафзояд ӯ.
Дар рафти тренинг инчунин саволҳо дар мавриди он, ки чӣ гуна ба арзиши аслии маҳсулот меҳнати як корманди оддӣ ва ё мутахассиси ботаҷриба дохил карда мешавад ва инчунин чӣ гуна хароҷотҳоро ҳангоми кор дар хона кам карда метавонем, баррасӣ гардиданд. Инчунин ба иштирокчиён имконият дода шуд, ки бо коршиносони ЮНИДО стратегияҳои идоракунии вақтро дар соҳаи қолинбофии дастӣ ва тарзҳои нигоҳ доштани мувозинат байни кор ва хонаро муҳокима намоянд.
Яке аз омилҳои муҳимтарини нигоҳ доштани устуворӣ дар корхонаҳо, ба гуфтаи коршиносон, дар шароити имрӯза — ин ба роҳ мондани муносибатҳои боэътимод байни роҳбарият ва кормандон мебошад, ки ин имкон медиҳад ҷойҳои кориро нигоҳ дошта, истеҳсоли маҳсулоти қолинии нодирро ҳатто дар давраи буҳрон тақвият диҳем.