5712953 доллар сарф шуд, аммо ба деҳконони шаҳристонӣ чӣ навъи картошка пешниҳод карданд?

Як гуруҳ кишоварзони ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ба мо бо масъалаи аҷибе муроҷиат карданд. Дар назари аввал як мавзӯи оддист, аммо онҳо гуфтанд, ки ифшои номашон метавонад боис ба мушкилоти ҷиддӣ дар фаъолияташон гардад. “Деҳқони бечора чӣ дорад, ки боз моро кашокаш кунанд?”,- мегӯянд бо алам онҳо.

Гап сари чист?

Дар ин ноҳия дар доираи ислоҳоти институтсионалӣ Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии «Нури Шаҳристон»-ро бо саҳмдории 23 нафар ташкил мекунанд. Бо нияти хайр. Ба онҳо соли равон, тибқи лоиҳа 30 тонна картошкаи “тухмии дараҷаи элитаи навъи Red Scarlet аз рӯи шартнома дода мешавад. Аммо дертар, яке аз агрономҳои лоиҳа ба масъулини Вазорати кишоварзӣ маълумот медиҳад, ки картошкаи додашуда ба касалии фитофтороз дучор гардидааст. Намояндаҳо меоянд, ташхис мегузаронанд ва гӯё ҳеҷ касалии замбурӯғӣ ва бактериявиро ошкор накарда, деҳқононро мутмаин менамоянд, ки картошкаро бе ягон фикр ба замин шинонанд. Саҳмдорон ба ин ҳарфҳо бовар карда, бо риояи талаботи қоидаҳои агротехникӣ картошкаро ба замин мекоранд. Вале картошкаи шинондашуда дар минтақаҳои Чашмасор, Хурамдара, қишлоқи Фирдавсии ҷамоати Шаҳристон нашъунамои зарурӣ намеёбад.

Деҳқонон зуд ба шубҳа меафтанд: агар ин тухмии “элита” мебуд, чаро чунин иттифоқ пеш омад?

Деҳқонҳо мегӯянд, ки онҳо тухмиро бо риояи талаботи зарурӣ ва дар вақти муайяншуда кишт карда буданд. Воқеан, онҳо дар майдон ду навъи картошка кишт карданд: як навъи пешпаз ва як навъи миёнапаз.

Мушкил дар тухмии картошкаи пешпаз будааст, ки ҳоло фақат як ё ду лунда картошка дораду бас. Картошкаи миёнапаз бошад,ҳоло дар ҳолати хуби давраи сабзиш қарор дорад.

Пас чӣ хулоса кардан мумкин?

Яъне тухмии ин картошка “Элита” нест?

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти аз Вазорати кишоварзӣ ба даст овардаи мо, маблағе, ки барои ин тухмӣ масраф шудааст, андак нест — 5712953 доллар, ки имсол аз ҷониби лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо барои шинондани картошка ба ноҳияи Шаҳристон ва Чашмасор ҷудо гардид.

Шояд муаммои ин қазия ба ҳамин маблағи ҳангуфт бармехӯрад, вагарна дар ибтидои овардани ин тухмӣ мутахассисону агрономҳо мушаххас карданд, ки картошкаи ба онҳо пешниҳодшуда аслан тухмӣ набуда, ғизоист. Масъулини лоиҳа бошанд, пофишорӣ карданд, ки он картошкаи тухмии “Элита” аст ва ҳосили хуб хоҳед гирифт.

— Мо ба онҳо бовар кардем, чун намояндагӣ аз як ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ мекарданд. Дар натиҷаи ин зудбоварӣ мо акнун зарари зиёди молиявиву ҷисмониву равонӣ хоҳем гирифт. Охир барои кишти ин картошка меҳнати бисёр ва қувваи кории зиёд сарф шуд. Аммо натиҷа чӣ мешавад?,- ҳасрат мекунанд кишоварзон.

Саволи аввалине, ки пас аз ин ҳолат ба миён меояд, як аст: аз иваз кардани тухмии картошкаи элитаи ҳоландӣ, ки дар ҳуҷҷатҳо зикр шудаасту амалан ба ҷои он картошкаи куҳнаи навъи хӯрданиро пешниҳод кардаанд, кӣ манфиат дидааст? Масъулияти зарари кишоварзонро кӣ ба зимма мегирад?

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Амонулло Салимзода зимни суҳбат бо мо гуфт, ки аз ин мушкил огоҳ аст. “Кормандони мо дар ҳайати комиссия ҳангоми тақсимот иштирок намуда, баъди шикояту овозаҳо ба ин минтақа сафар карда, диданд, ки воқеан картошкаи шинондашуда самараи хуб ба бор наовардааст. Масъулин ҳарчанд баҳона пеш оварда, мушкилро ба ҳавои номусоид нисбат доданӣ мешаванд, мо мутмаин нестем. Ҳоло аз онҳо талаб кардем, ки ҳуҷҷатҳоро ба мо дар асоси факту далелҳои мушаххас пешниҳод кунанд. Интизори ин маълумотҳоем”- гуфт вазир.

Ба гуфтаи вазир, як мушкили дигар ин аст, ки онҳо ҳаққи дахолат дар раванди озмунро (тендер) надоранд. “Новобаста аз ин, ба масъулони лоиҳа қаблан номи деҳқонон ва хоҷагиҳои муваффақи картошкапарвари ин минтақаро дода будам, то ҳамкорӣ намоянд. Аммо баъд маълум шуд, ки интихоби онҳо дигар будааст. Бубинед, масъулин баҳона боду ҳавои номусоидро пеш оварданӣ мешаванд. Аммо, масалан дар Нуробод, ки ҳоло нашъунамои картошка аз ин тухмӣ хуб аст, чаро мушкиле пеш наомад?”,- мепурсад вазир Салимзода.

Дар ҷараёни таҳқиқи мавзуъ ба мо маълум шуд, ки роҳбарони лоиҳа зимни ҷаласаҳои онлайнӣ ҳамеша ишора мекардаанд, ки “ин картошкаи мо нест, балки он аз дигар ташкилотҳои хориҷӣ ба он ҷо фиристонида шудааст”. Гуфта мешавад, дар ин маврид номи ташкилоти MSDSP гирифта мешуд.

Аммо масъулини созмони MSDSP дар посух ба мо гуфтанд, ки дигар ташкилотҳои рушд низ дар соҳаи кишоварзӣ саҳмгузор мебошанд, аз ҷумла Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимои манотиқи куҳистон. Аммо маъсулини ин ташкилот қайд намуданд, ки дар давоми 2 соли охир дар самти таъминоти картошкаи тухмӣ ягон фаъолият дар ноҳияҳои номбурда надоранд.

Гуноҳро ба гардани бегуноҳ бор кардан ҳам гуноҳ аст охир, ки ҳам дар шариати ислом ва ҳам мутобиқи қонунҳои амалкунандаи кишварамон нобахшиданист.

Олег Гучгелдиев, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон, ки масъули лоиҳа аст, дар посух ба саволи мо, ки чаро чунин мушкил пеш омад, посух дод, ки чунин иттилое надорад ва ҳамоно бо боварӣ мегӯяд тухмии фиристодаи онҳо ба Нурободу Шаҳристон навъи ҳоландии Red Skarlet аст. “Мо ҳамаи асноди заруриро дар даст дорем. Ҳангоми супурдани ин тухмиҳо мо ҳамроҳи роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо шахсан дар ноҳияи Нуробод иштирок доштем. Ҳамаи халтаи тухмиҳо муҳр доштанд ва онҳоро дар ҳузури масъулини Вазорати кишоварзӣ, мақомоти маҳаллӣ ва роҳбарони хоҷагиҳо боз кардем. Аксҳое низ аз ҷараёни ин маърака бардошта шудаанд. Аммо дар Шаҳристон иштирок накардам. Пас бо боварӣ гуфта метавонам, ки мушкиле дар тухмӣ нест ва агар ҳосили хуб ба даст наояд, ё картошка нашъунамои хуб надорад, ин шояд ба боду ҳаво дахл дошта бошад”,- мегӯяд Гучгелдиев.

Аммо ба саволи мо, ки манзури онҳо аз боду ҳаво чист, ӯ боз баръакси гуфтаи худ ишораи акнун дигар кард: “Шояд деҳқонон худашон натавонистанд реҷаи обёриро риоя кунанд”.

Вале суоли муҳим ин аст, ки наход як минтақаи картошкапарвари куҳистон аз уҳдаи парвариши он набарояд?

Дар идома пурсидем:

— Пас мешавад тахмин зад, ки халтаи тухмиҳоро баъдан иваз кардаанд?

— Шояд. Аммо ин савол ба мо иртибот намегирад. Онро аз намояндагони кооперативҳо бояд пурсид.

Ба пурсишҳои дигари мо дар бораи мавқеъгириҳои ин созмон ба мактуби аз ҷониби як ташкилоти зертобеи Бунёди Оғохон — MSDSP ба онҳо расида Гучгелдиев  посух дод, ки “мо ду ташкилоти хориҷӣ ҳамеша барои манфиати кишвари Тоҷикистон фаъолият мекунем”.

Воқеан, хабари тақсимоти картошка дар ноҳияи Нурободро мо аз сомонаи Иттиҳоди Аврупо пайдо кардем, ки воқеан бо ҳузури ду роҳбари ташкилотҳои хориҷӣ сурат гирифтааст. Аксҳое ҳам аз ин маърака ҳаст. Вале хабару акси ҳамчунинро ҳангоми тақсимот дар Шаҳристон ёфтан аз ин сомона имкон надорад. Яъне он ҷо фақат ҳайати комиссия бидуни онҳо иштирок кардааст?

Хулоса, муаммоҳои тухмии “Элита” бисёр, аммо манфиатдори аслӣ кист?

Доллари бисёр барои ин лоиҳа гӯё сарф шуд, аммо чаро худи картошкаи зиёдро интизор набошем?

Саволи асосӣ барои деҳқони тоҷик ва истеъмолгарони “нони дуюм” — картошка ҳамин аст, на чизи дигар…

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here