Бақияи қарзи андоз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон то якуми ноябри соли 2019 андаке бештар аз 173 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин омил боиси ташвиши масъулони нозироти андоз гардидааст.

Шамс Сафарзода — сардори шуъбаи ситонидани қарзи андозҳои Раёсати андози вилояти Хатлон маълумот дод, ки 21 шаҳру ноҳия бақияи қарзи андозро дар 11 моҳи соли равон назар ба аввали соли равон 9,3 миллион сомонӣ кам кардаанд. “Аммо дар ду шаҳру як ноҳия бақияи қарзи андоз ба ҷои кам кардан зиёд шудааст. Шаҳри Норак 1,6 миллион сомонӣ, Левакант 477,2 ҳазор сомонӣ, Шаҳритуз 522,4 ҳазор сомонӣ, ки дар қиёс ба аввали сол зиёд шудааст”,- илова кард ӯ.

Ба иттилои ин масъул, бақияи қарзи андоз дар шаҳри Бохтар 6 млн 64,6 ҳазор сомонӣ, Кӯшониён — 20,1 млн сомонӣ, Вахш — 12,5 млн сомонӣ, Хуросон — 2 млн 625,2 ҳазор сомонӣ, Дӯстӣ — 5 млн 715,9 ҳазор сомонӣ, Қубодиён — 6,3 млн сомонӣ, Ҷ. Балхӣ — 8,2 млн сомонӣ, А. Ҷомӣ — 7 млн 912,9 ҳазор сомонӣ, Ҷайҳун — 3,1 млн сомонӣ, Панҷ — 5 млн 593,2 ҳазор сомонӣ, Шаҳритуз — 5 млн 71,3 ҳазор сомонӣ, Ёвон — 7,6 млн сомонӣ, Носири Хусрав — 1 млн 592,2 ҳазор сомонӣ, Левакант — 3,5 млн сомонӣ, Кӯлоб — 19 млн 311,3 ҳазор сомонӣ, Муъминобод — 2 млн 38,9 ҳазор сомонӣ, Восеъ — 8 млн 989,2 ҳазор сомонӣ, М. С. А. Ҳамадонӣ — 6 млн 555,4 ҳазор сомонӣ, Фархор — 10 млн 12,8 ҳазор сомонӣ, Данғара — 8,4 млн сомонӣ, Темурмалик — 8 млн 639,6 ҳазор сомонӣ, Ховалинг — 4 млн 976,8 ҳазор сомонӣ, Шамсиддин Шоҳин — 3 млн 404,4 ҳазор сомонӣ, Балҷувон — 1 млн 543,6 ҳазор сомонӣ ва дар шаҳри Норак 3 миллиону 874,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Гуфтаҳои Шамс Сафарзодаро мутахассиси бахши ситонидани андозҳои Нозироти андози ноҳияи Восеъ Тоир Одинаев тасдиқ карда, гуфт, ки дар ноҳияи Восеъ 26 миллион қарзи андоз ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 17 миллиону 516,3 ҳазор сомониаш қарзҳои мушкилситон ҳастанд.

Қарзҳои андоз бештар ба Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ 1 миллиону 316 ҳазор сомонӣ, КТ” Бахт-82” — 510 ҳазор сомонӣ, КТ “Ҳулбук” — 450 ҳазор, ҶСП “Восеъ” — 378 ҳазор ва дигар корхонаву ташкилот рост меоянд, ки барои ситонидани ин қарзҳо тамоми чораҳо андешида шудаанд.

Ҳамчунин, дар ноҳияи Кӯшониён низ 53 миллион қарзи андоз мавҷуд аст, ки аз он 33 миллионаш қарзи мушкилситон ба ҳисоб меравад. Дар ин бора аз нозироти андози ноҳия ба мо хабар доданд. Ба иттилои расида, бештари қарзҳои мушкилситон ба корхонаҳои ҶДММ “Ховар тиҷорат”, ҶДММ “Бохтариён-2013”, ҶДММ “Сабо ЛТД”, ҶДММ “Хуросон-2013”, ҶДММ “Абӯбакри Асҳоб”, ИБА ба номи Бобоҷон Ғафуров, ҶДММ ТАКХ “Киропол экспрес ”, КИ “Камолидини Бурҳонидин”, “Холов Акмал”, ҶДММ “Нафиса М” ва ҶДММ “Истиқлолият 2015” рост меоянд.

Ҳамчунин, аз ниҳоди мазкур маълумот доданд, ки зиёда аз 20 миллион қарзи дигар ба ташкилоту идораҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар муштариёни андоз, аз ҷумла ба кооперативҳои тиҷоратии “Чапаев” ба андозаи беш аз 1 миллиону 160 ҳазор сомонӣ, “Партсъезд” — 444 ҳазор, “Серғайрат” — 173 ҳазор, “Гулистони Ғайрат” — 335 ҳазор, “Крупская” — 85 ҳазор, “Диловариён” — 27 ҳазор, Ҳалими Қаландар — 124 ҳазор, Киров — Бохтар — 103 ҳазор, “Сарват-2011” — 363 ҳазор, “Саховат-2011” — 503 ҳазор, “Фирӯз” — 202 ҳазор ва ба “Мансур-1” 109 ҳазор сомонӣ рост меояд.

— Шуъбаи “Тоҷиксодиротбонк” беш аз 118 ҳазор сомонӣ ва корхонаи “Ресандаи Хатлон” 354 ҳазор сомонӣ бақияи қарз доштаанд. Хоҷагии оби ноҳия 5 миллиону 470 ҳазор, КВД “Шабакаи обёрӣ” 614 ҳазор, Корхонаи истифодабарандагони оби нӯшокии деҳот 158 ҳазор, КФ об ва канализатсия 30 ҳазор сомонӣ аз андоз қарздоранд,- гуфт манбаи мо аз Нозироти андози ноҳияи Кӯшониён.

Дар ҳамин маврид сари вақт рӯёнида нашудани қарзи андоз сабаби ба муҷозот кашидани роҳбарони чанде аз нозироти андози шаҳру ноҳия гардидааст.

Ба гуфтаи сардори шуъбаи кадрҳои Раёсати андози вилояти Хатлон Рухшона Шириналиева, барои саривақт иҷро накардани нақшаи андоз, бемасъулиятӣ ва дигар омилҳо дар 11 моҳи соли равон ҳашт нафар сардорони нозироти андози шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз вазифаҳои хизматиашон озод карда шуданд. Аз ҷумла, сардори нозироти андози шаҳри Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритуз, Вахш, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.

Ӯ гуфт, ки танҳо дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тайи 11 моҳ се маротиба сардори нозироти андози ин ноҳия иваз карда шуд. Ҳамчунин, дар шаҳри Бохтар дар ин давра ду роҳбари нозироти андоз аз вазифа озод шуданд. Сабаби ин иҷро нашудани нақшаи андоз мебошад.

— Ҳамчунин, барои бемасъулиятӣ, ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ ва назорати дуруст набурдан аз болои зердастон сардорони нозироти андози шаҳри Левакант, ноҳияҳои Кушониён, Вахш, Қубодиён, Шаҳритуз, Ёвон, Носири Хусрав, Хуросон, Ҷайҳун, Панҷ, Данғара, Кӯлоб, Восеъ, Ҳамадонӣ, Ховалинг, Ҷалолиддини Балхӣ, Балҷувон ва Шамсиддини Шоҳин аз ҷониби Кумитаи андоз ба муҷозоти интизомӣ кашида шуданд,- изҳор дошт Шириналиева.

Аз оморҳои пешниҳодшуда ба хулосае омадан мумкин аст, ки аз иваз кардани сардорони нозироти андози шаҳру ноҳияҳо вазъ ба таври назаррас тағйир наёфтааст. Пас, шояд сабабҳои пайдошавии қарз дар дигар ҷост?

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, “ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here