Нозироти андоз дар шаҳри Исфара дар семоҳаи аввали соли 2020 бо дастгирии бевоситаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати андоз дар вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар давраи ҳисоботӣ як қатор корҳоро ба иҷро расонидааст.
Иҷроиши қисми даромади буҷет
Иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷет дар семоҳаи аввали соли 2020 бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 101% таъмин гардида, ба ҷои 35 млн 400 ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинигардида ба буҷет 35 млн 754 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 354 ҳазор сомонӣ ва нисбати маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта ҷамъоварӣ гардида ба маблағи 5 млн 469 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ аз рӯи контингенти умумӣ аз ҳисоби андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба ба андозаи 97% таъмин гардида, ба ҷои 27 млн 840 ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинигардида ба буҷет 27 млн 79 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 761 ҳазор сомонӣ кам ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта воқеан ҷамъоварӣ кардашуда 3 млн 693 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Инчунин, иҷроиши нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 115% таъмин гардида, ба ҷои 7 млн 560 ҳазор сомонӣ амалан 8 млн 675 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ворид карда шудааст, ки нисбати нақша 1 млн 115 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта воқеан ҷамъоварӣ кардашуда 1 млн 776 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Бақияи қарзи андозҳо
Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1-уми марти соли 2020 маблағи 9 млн 876 хазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ ба андозаи 8 ҳазор сомонӣ кам мебошад.
Дар соли 2019 вобаста ба муқаррароти фасли 5, боби 12-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури методӣ «Дар бораи маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо» бо мақсади кам кардани бақияпулиҳои андозсупорандагони қарздор як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла, ба андозсупорандагони қарздор дар ин давра 131 адад ба маблағи 264,5 ҳазор сомонӣ огоҳиномаҳо равон намуда, маводҳои 31 андозсупорандагони қарздор барои баррасӣ ва қабули қарор ба Раёсати андози вилоят пешниҳод шуда, аз ин ҳисоб нисбати 31 андозсупоранда 34 қарор ба маблағи 423,0 ҳазор сомонӣ қабул карда шуда, аз рӯи қарорҳои қабулгардида 344,0 ҳазор сомонӣ бақияи қарзи андозҳо ба буҷетҳои дахлдор ситонида шуда, дар маҷмуъ 81%-и иҷроиши маблағҳои қарорҳои қабулшуда таъмин карда шудааст.
Нозироти андоз кӯшиш намуда истодааст, ки фаъолияти худро дар самти кам намудани бақияи қарзи андозҳо ва ислоҳ кардани камбудиҳо пурзӯр намуда, барои таъмини иҷроиши нақшаи андозҳо, кам кардани бақияпулӣ, роҳ надодан ба афзоиши қарзи андозҳо ва таъмини иҷрои қарорҳои қабулшуда чораҳои ҷиддӣ андешад.
Дар се моҳи соли 2020 аз тарафи Нозироти андоз дар доираи ваколатҳои ба зиммаи мақомоти андоз вогузоргардида ва тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати андозсупорандагоне, ки ба ҳуқуқвайронкуниҳои андоз роҳ додаанд, 195 адад протоколҳои маъмурӣ ба маблағи 288,7 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудааст. Аз ин ҳисоб ба буҷет ба маблағи 229,8 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки 79,6 фоизи иҷроиши ситонидани маблағҳои ҷаримаҳоро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригашта шумораи протоколҳои маъмурӣ 10 адад зиёд шудааст. (Дар соли 2019-ум шумораи протоколҳои маъмурӣ 185 адад, маблағи 287,7 ҳазор сомонӣ, 45% фоизи иҷроиши ситонидани маблағҳои ҷаримаҳоро ташкил дода буд).
Дар ҳудуди шаҳри Исфара ба ҳолати 01.04.2020 ҳамагӣ 1649 адад мошинаи назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ дошта насб карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ бошад, иҷроиши нақша 105% таъмин када шуда, дар нуқтаҳои савдо, хизматрасонӣ ва корхонаҳои ҳудуди шаҳри Исфара 63 адад мошинаҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи ТИЭ насб карда шудааст. Дар як вақт барои вайрон намудани қоидаҳои истифодабарии МНХ-и дорои хотираи ТИЭ 43 нафар андозсупорандагон (аз он ҷумла, 16 адад шахси ҳуқуқӣ ва 27 соҳибкорони инфиродӣ) ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 111,3 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шудаанд.
Корҳои назоратӣ
Аз тарафи кормандони масъули Нозироти андоз дар доираи ваколатҳои ба зиммаи мақомоти андоз вогузоргардида як қатор корҳои назоратӣ анҷом дода шудааст. Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ тибқи Фармоишҳо ва Амрномаҳои алоҳидаи сардори Нозироти андоз гуруҳҳои корӣ ҷиҳати гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ таъсис дода шуда, 3 маротиба дар 61 нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии шаҳру ҷамоатҳо санҷиш гузаронида шудааст. Дар натиҷа ба андозаи 128,6 ҳазор сомонӣ маблағҳои иловагии андоз ҳисоб карда шудааст. Нисбати андозсупорандагон 33 адад протоколҳои маъмурӣ ба маблағи 27,6 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудааст. Инчунин, 5 нуқтаи савдо бо МНХ дорои хотираи ТИЭ таъмин карда шудааст. Соҳибкорони нав бақайдгирифташуда 25 нафар бо патентҳои нав таъмин карда шудаанд. Шумораи коргарони кироя 3 нафар зиёд карда шудааст.
Шумораи муоинаи хронометраҷӣ дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар ин давра 12 ададро ташкил додааст. Даромади умумии ин андозсупорандагон тибқи эъломияҳои пешниҳодгардида 191,6 ҳазор сомониро ташкил намуда, баъд аз гузаронидани муоинаи хронометражӣ муомилоти андозбандишавандаи онҳо ба маблағи 361,9 ҳазор сомонӣ баробар карда шудааст, ки фарқияти мусбати он 170,3 ҳазор сомонӣ мебошад. Дар ин давра 3 нафар коргарони кироя зиёд карда шуда, дар натиҷа 12 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 32,4 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудааст.
Инчунин, дар ин давра нисбати 228 андозсупорандаҳо ба маблағи 1 млн 17,6 ҳазор сомонӣ назорати камералӣ анҷом дода шудааст. Аз он ҷумла, шахсони ҳуқуқӣ 40 адад ба маблағи 380,5 ҳазор сомонӣ, соҳибкорони инфиродӣ 184 адад ба маблағи 597 ҳазор сомонӣ ва шахсони воқеӣ 4 адад ба маблағи 40,1 ҳазор сомонӣ.
Ҳамзамон, дар фаъолияти 34 андозсупоранда хариди назоратӣ гузаронида шуда, ба онҳо барои дуруст истифода набурдани МНХ ба маблағи 85,8 ҳазор сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст ва аз ҳисоби ин ҷаримаҳо ба буҷет 55,2 ҳазор сомонӣ рӯёнида шудааст. Шумораи харидҳои назоратӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6 адад зиёд мебошад.
Корҳои фаҳмондадиҳӣ
Мавзуҳои асосии семинар-машваратҳо аз риояи муқаррароти қонунгузории андоз, пардохти бақияпулиҳои андоз, пардохти андозҳои маҳаллӣ, пардохти андозҳои ҳатмии маҳаллӣ, оид ба стандартҳои ягонаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, гузариш ба пешниҳоди эъломияҳо тариқи электронӣ, тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №451 аз санаи 31.12.2012 иборат мебошад ва Фармоиши Раиси Кумитаи андоз дар бораи тасдиқи Кодекси одоби касбии кормандони мақомоти андоз.
Дар маҷмуъ, дар 9 семинар наздик ба 600 нафар андозсупорандагон иштирок намудаанд. Инчунин, дар 9 ҷамоат ва 3 шаҳракҳо вохӯрӣ ва машваратҳо вобаста ба азнавбаҳисобгирии амвол аз молу мулки ғайриманқул, замин ва нақлиёт аз шахсони воқеӣ гузаронида шудааст.
Оид ба тартиб додани санадҳои муқоисавӣ бо андозсупорандагон дар муҳлатҳои семоҳа ва нимсола корҳои фаҳмондаҳӣ гузаронида, пешниҳоди андоз аз даромади шаҳрвандон ва хизматчиёни давлатӣ бо воситаи наворҳои телевизионӣ ва радиои Исфара ба самъи шаҳрвандон ва андозсупорандагони шаҳру ноҳия расонида шудааст.
Инчунин, дар фаъолияти ҳаррӯзаи Нозироти андоз аз тарафи роҳбарият ва кормандони масъули он ба ҳамаи муроҷиаткунандагон вобаста ба саволҳои шифоҳии онҳо сари вақт ҷавобҳои саҳеҳ дода мешавад. Дар давраи ҳисоботӣ ба унвонии Нозироти андоз 644 адад мактубҳо ворид шуда, шумораи мактубҳои содиротӣ бошад, 364 ададро ташкил додааст. Инчунин, шумораи муроҷиатҳои шифоҳӣ 20 адад ва хаттии шаҳрвандон дар ин давра 166 ададро ташкил дода, ба ҳамаи онҳо сари вақт ҷавобҳои саҳеҳ гардонида шудааст.
Ҳамзамон, вобаста ба тағйироту иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №451 ба намудҳои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона, ки фурӯш, иҷрои кор ва хизматрасонӣ вобаста ба онҳо аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод будан корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Ба гуфта сардори Нозироти андоз дар шаҳри Исфара, муҳтарам Мирзоев Шуҳрат Уктамович, “4-уми майи соли 1995 баҳри таъмини молиявии институтҳои давлатдорӣ дар вазъияти басо муташанниҷ, ки ҷумҳурӣ қарор дошт, доҳии тоҷикони ҷаҳон, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати Ҳукумати кишвар Кумитаи андозро ташкил намуданд, ки оянда нишон дод, ки ин қарори басо оқилонаю дурандешона будааст. Зеро, бе таъмини буҷети давлатӣ ягон субекти давлат вуҷуд дошта наметавонад. Гузашта аз ин, давлат уҳдадориҳои худро пеши шаҳрвандони худ бо додани маоши кормандони идораҳои буҷетию пардохти нафақаи пиронсолию маъюбӣ ва идрорпулиҳои донишҷӯиву хонандагон ба иҷро расонида, дар як вақт уҳдадориҳои худро пеши ташкилотҳои байналмилалӣ ба сомон расонида, фаъолияти пурсамари сохторҳои қудратию мудофиаро таъмин менамояд. Давоми 25 соли мавҷудияти Кумита, ки ҳамагӣ 3 рӯз пеш дар вазъияти карантинӣ мо рӯзи таъсисашро қайд намудем, Кумитаи андоз, ки бунёдгузору меъмораш — Пешвои муаззам чун дигар сохторҳои ҳукумати кишвар дар ҷои холӣ, аз сифр бунёд кардаанд, ба натиҷаҳои беназири корӣ ноил гардидааст. Маҳз дар раванди корҳои ободонии Пешвои муаззами миллат роҳбарияти Кумитаи андоз ва раёсатҳои он дар вилоятҳо давоми 10-12 соли охир мақомоти андозро ба яке аз муқтадиртарин идораҳо табдил доданд, ки саҳми раиси ҳозираи Кумитаи андоз муҳтарам Давлатзода Нусратулло Муқим ва командаи корияшон басо калон мебошад”.
— Имрӯз кормандони мақомоти андоз дар беҳтарин шароити муосири кории сатҳи ҷаҳонӣ ва беҳтар аз он фаъолият намуда, барои ба қайди давлатӣ гирифтан ва пешниҳоди эъломияю ҳисоботҳо ба соҳибкорон тамоми шарту шароити лозима муҳайё карда шуда, имрӯз тоҷику соҳибкори тоҷик аз утоқи кории худ истода, ба дилхоҳ дархосту саволҳои худ ҷавоб гирифта, метавонад тариқи онлайн аз вазъияти папкаи электронии худ, ки дар нозирот маҳфуз мебошад, бо коди махсуси худ даромада шинос гардад. Роҳбарият низ кори ҳар як кормандро тариқи электронӣ назорат карда, дилхоҳ семинар ва ё конфронсро тариқи электронӣ мегузаронад ва дилхоҳ соҳибкор ва ё шаҳрванд тариқи телефони 151 ба савол ё дархости худ аз тарафи мутахассисон ҷавоб мегирад,- афзуд ӯ.
Ба қавли Шуҳрат Мирзоев, кормандони Нозироти андоз дар шаҳри Исфара дар фаъолияти кории худ дар семоҳаи аввали соли 2020 ба натиҷаҳои хуби корӣ ноил гардида, иҷроиши нақшаҳои буҷетиро ба андозаи 101% таъмин намуда, ба ҷои 35 миллиону 400 ҳазори нақша 35 миллиону 754 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ намудаанд, ки 354 ҳазор сомонӣ зиёд аз нақша мебошад. Инчунин, кормандони Нозироти андоз дар шаҳри Исфара иҷроиши нақшаи андози ғайрибуҷетиро низ ба дараҷаи 115% ба иҷро расонида, ба ҷои 7 миллиону 560 ҳазори нақша 8 миллиону 675 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ намудаанд, ки аз нақша 1 миллиону 115 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 776 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
— Дар умум, дар тамоми самтҳои фаъолияти корӣ кормандони Нозироти андоз дар шаҳри Исфара ба натиҷаҳои хуби корӣ ноил гардидаанд, ки саҳми ҳамаи кормандонро ман қайд карда, миннатдории худро баён мекунам. Дар ғанӣ гардонидани буҷаи шаҳри Исфара саҳми соҳибкорони ҶДММ “Бозори Ориён” (роҳбараш Улмасов Нарзулоҷон), ҶДММ “Нури Исфара” (роҳбараш Нуруллоев Файзулло) ва Ҷамъияти матлуботи шаҳри Исфара (роҳбараш Убайдуллоев Забиуллоҳ) калон буда, соҳибкорони ин корхонаҳо дар вақташ пардохтҳои давлатиро ба сомон расонида, қарзи шаҳрвандии худро пеши Ватан бо сари баланд ба иҷро мерасонанд. Гарчанде имрӯзҳо вазъият аз сабаби коронавирус каме вазнин шуда бошад ҳам, зиёд соҳибкорони бонангу номуси шаҳри бостонии Исфара азм доранд новобаста аз муваққатан қатъ кардани фаъолияташон дар ҷавоб ба хизматҳои арзандаю дастгириҳои беназири соҳибкорон аз тарафи Пешвои муаззами миллат Э. Раҳмон ва пардохтҳои давлатиро пардохт намуда, номи неку ҷавонмардии исфарагиро боз ҳам баланд мебардоранд, ки мо аз ин иқдоми соҳибкорону тоҷирон басо миннатдорем. Кормандони мо дар моҳҳои минбаъдаи соли 2020 камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, тамоми имкониятҳои мавҷудбударо самаранок истифода бурда, аз иҷрои таъмин намудани қисми даромади буҷети давлатӣ баромада, барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо пайваста чораҳои мушаххас ва тадбирҳои судманд меандешанд,- гуфт дар анҷом Ш. Мирзоев.
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ