Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари давлатӣ тӯли чанд соли охир таҳти сиёсати пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷорӣ намудани фишангҳои нави идоракунии самараноки ислоҳоти иқтисодӣ ва молиявӣ чораҳои зарурӣ андешида истодаанд, ки онҳо тадриҷан мавқеъ ва сохтори иқтисодии моро дар самти рушди низоми мустақил, худкифоя ва соҳибистиқлол таъмин менамоянд.
Бояд қайд намуд, ки мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи нишондиҳандаи муътадили якрақама нигоҳ доштани меъёри таваррум ба ҳисоб меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соли ҷорӣ дар тағйирёбии сатҳи нархҳо таъсири омилҳои ғайримонетарӣ асосӣ буда, ба он бештар омили пешниҳодот, коҳишёбии истеҳсол ва пешниҳоди ками маҳсулоти алоҳидаи хӯрокворӣ ва омилҳои мавсимӣ таъсир расонд. Дар баробари ин, тағйирёбии қурби асъор дар аввали сол дар натиҷаи сармоякунонии бонкҳои муаммодор то андозае фишорҳои таваррумиро зиёд намуд. Вале новобаста аз таъсири манфии омилҳои берунӣ ва фишорҳои қурбию таваррумӣ, татбиқи сиёсати шаффофи монетарӣ ҷиҳати ба эътидол овардани тағйирёбии қурби пули миллӣ, нигоҳдории қобилияти харидории пули миллӣ ва барқарор намудани фаъолияти солими низоми бонкӣ чораҳои мушаххас андешида шуда, таваррум дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда истодааст. Дар ин самт пеш аз ҳама фишангҳои монетарӣ, аз ҷумла меъёри бозтамвил истифода бурда шуда, сатҳи он то 16,0 фоизи солона муайян карда шуд. Ҳамзамон, ҷиҳати таъмини мувозинатии талаботу пешниҳодот дар бозори асъор, танзими ҳаҷми пардохтпазирӣ ва кам намудани сатҳи долларикунонӣ меъёри фоизи захираҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ то 3,0 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ то 9,0 фоизи солона муқаррар карда шуд.
Дар нуҳ моҳи соли 2017 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо дарназардошти идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо, рушди низоми молиявӣ ва бозори аввалияи коғазҳои қиматнок 133 музоядаи коғазҳои қиматнок баргузор карда шуда, ҳаҷми фурӯши коғазҳои қиматнок 6,0 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 млрд сомонӣ ё худ 2,0 маротиба зиёд мебошад.
Дар баробари ин, бо мақсади муътадил гардонидани вазъи бозори дохилии асъор ва кам кардани фишорҳо ба қурб, маҷмуи чораю воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, аз он ҷумла дахолатҳои бевоситаи асъорӣ анҷом дода шуд.
Дар натиҷаи андешидани сиёсати фаъоли зиддитаваррумии монетарӣ, таъмини вазъи боэътидоли бозори дохилии асъор ва қурби асъор ва дар баробари ин афзоиши ҷамъоварии ҳосили тирамоҳии сабзавот ва пешниҳоди он, сатҳи таварруми солона дар моҳи сентябр то 6,7 фоиз коҳиш ёфт. Таҳлилҳо ва арзёбӣ нишон медиҳанд, ки дар ҷамъбасти соли 2017 сатҳи таварруми солона дар доираи нишондиҳандаи якрақама ва мақсаднок то 7,0 фоиз нигоҳ дошта мешавад. Дар солҳои 2015 ва 2016 низ сатҳи таваррум мувофиқан 5,1 фоиз ва 6,1 фоизро ташкил дода, он дар маҷмуъ дар доираи нишондиҳандаҳои барои рушди иқтисодиёт мусоидаткунанда таъмин карда шуд. (Тибқи мушоҳидаҳо, болоравии сатҳи таваррум дар ин солҳо дар баъзе давлатҳои ҳамсоя намоён буда, он то ададҳои дурақама, яъне зиёда аз 10 фоизро ташкил медод).
Қурби расмии пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА аз аввали соли 2017 то санаи 30-юми сентябри соли ҷорӣ ба андозаи 11,7 фоиз коҳиш ёфта, новобаста аз пешбиниҳои бархе аз иқтисодшиносон, ки то 15 сомонӣ боло рафтани қурбро арзёбӣ мекарданд, қурби пули миллӣ барои 1 доллари ИМА 8,8 сомониро ташкил дод. Татбиқи чораҳои мазкур имконият дод, ки фарқияти назарраси дар байни қурбҳо мавҷудбуда ба маротиб кам шуда, хариду фурӯши асъори нақд аз бозори ғайрирасмӣ ба бозори расмӣ баргардонида шавад. Дар баробари ин, баландшавии қурби нақдии доллари ИМА ва зиёдшавии фарқияти байни қурбҳои расмӣ ва мубодилавӣ боздошта шуд.
Дар ин давра ҳаҷми захираҳои софи байналмилалӣ ва захираҳои умумии хориҷӣ нисбат ба аввали сол мувофиқан 2,4 ва 2,2 маротиба афзуда, нишондиҳандаи устувории сатҳи захираҳои умумии хориҷӣ аз 2,6 то ба 5,6 моҳи воридотӣ расонида шуд, ки чунин нишондиҳанда қаблан дар иқтисодиёти кишвар мушоҳида нашудааст.
Бо мақсади ҷоннок ва васеъ намудани имкониятҳои сиёсати монетарӣ, инчунин ташаккул ва таъсирбахш намудани механизми фишангҳои фоизии сиёсати пулию қарзӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ислоҳоти сохтории навро пайваста бо истифода аз таҷрибаи амалиётии муосири татбиқи сиёсати монетарӣ амалӣ намуда истодааст. Дар натиҷа, санадҳои меъёрии танзимкунандаи фишангҳои нав ва доимамалкунандаи монетарии бо пули миллӣ ифодаёфта, аз қабили қарзҳои шабонарӯзӣ (овернайт), қарзҳои рӯзона (интрадей), музоядаҳои қарзӣ (7 ва 14-рӯза) ва пасандозҳои шабонарӯзӣ ҷорӣ ва дар амал татбиқ карда шуд.
Вобаста ба ин, дар нуҳ моҳи соли 2017 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам тавассути фишангҳои қарзӣ дар ҳаҷми 380,5 млн сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ҷудо гардид.
Бо мақсади табдил додани меъёри бозтамвил ба меъёри фоизи калидӣ ва нишондиҳандаи асосноки инъикоскунандаи мавқеи сиёсати монетарӣ дар бозори пулӣ, меъёрҳои фоизии ҳамаи фишангҳои болозикр бо меъёри бозтамвил пайваст карда шуданд. Ин имконият медиҳад, ки механизми трансмиссионии алоқамандии меъёри бозтамвил бо меъёри ниҳоии фоизӣ ташаккул дода ва пурзӯр карда шавад.
Ҳамзамон, истифодаи фишангҳои мазкур тавассути ташкили платформаи савдои электронии байнибонкии “Thomson Reuters”, пайвастшавӣ ва оғоз кардани кори низоми электронии савдо ба роҳ монда шуда, он барои таъмини шаффофият, фаврият ва дастрасии беҳтари ташкилотҳои қарзӣ ба фишангҳои монетарии ҷалб ва пешниҳоди пардохтпазирии Бонки миллии Тоҷикистон шароит фароҳам овард.
Ҷиҳати муайяннамоии самтҳои асосии пулию қарзӣ ва асъорӣ дар давраи миёнамуҳлат, “Стратегияи сиёсати пулию қарзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ба тасвиб расонида шуд, ки он масъалаҳои густариши ислоҳоти институтсионалӣ, таъсирбахшии фишангҳои монетарӣ, вусъатдиҳии бозори пулӣ ва дигар ҷабҳаҳоро барои гузариш ба реҷаи нави татбиқи сиёсати пулию қарзӣ — ҳадафгирии таваррум ва ба ин васила ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳоро дар бар мегирад.
Бо мақсади таҳкими дараҷаи самаранокии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонки танзимгар, инчунин таъсирбахшии сиёсати пулию қарзӣ, баланд бардоштани эътимоднокӣ ба он як қатор ислоҳот, аз қабили такмили раванди таҳия ва татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, рушди воситаҳои нави азнавмаблағгузорӣ ва механизми истифодаи меъёри бозтамвил, идоракунии босамари пардохтпазирии кӯтоҳмуддати низоми бонкӣ, ташкили низоми электронии байнибонкӣ бо пули миллӣ, оптимизатсияи сиёсати қурби асъор, идораи захираҳои байналмилалӣ ва диферсификатсияи он, баланд бардоштани сатҳи идоракунии корпоративӣ дар ташкилотҳои қарзӣ, татбиқи рукнҳои бонкдории нав ва шаффофи ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ, пурзӯр ва самарабахш гардонидани назорати низоми бонкӣ, ҷорӣ намудани талаботҳои (BCBS II) Кумитаи Базел оид ба Назорати Бонкӣ дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, беҳтар намудани услуби баҳодиҳӣ ва идоракунии хавфҳои низом, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ, такмили раванди шаффофият ва ахборотдиҳӣ, таҳия ва такмили моделҳои риёзӣ-иқтисодӣ ҷиҳати дурнамосозии нишондиҳандаи асосии макроиқтисодӣ, такмилдиҳии фаъолияти Кумитаи сиёсати пулию қарзии БМТ, Кумитаи инвеститсионии БМТ ва таҳкими идоракунии хавфҳо барои баҳодиҳии амалиётҳои асъорӣ, ҳавасмандкунии истифодаи пули миллӣ ва дедолларизатсиякунонии иқтисодиёт, иваз намудани низоми байнибонкии пардохтии амалкунанда ба Низоми муосири автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо (НАБИМ) ва Палатаи автоматишудаи клирингӣ амалӣ шуда истодааст, ки ин аллакай самараи худро нишон дода истодааст.
Шуъбаи матбуоти БМТ