Сovid-19 дар зиндагии мардум хело тағйироти ҷиддӣ ворид кард ва ин махсусан ба буҷаи оилаҳо таъсири манфии худро расонд. Ширкатҳои хурду бузург низ аз зиёни ин вирус эмин намондаанд.

Соли 2020-ро мардум соли даҳшатзо мехонанд ва ҳама ба умеди онанд, ки соли 2021 ба зудӣ аз ин бало халосӣ меёбанд. Дар ин росто одамоне пайдо шуданд, ки вазъи баамаломада аз ин вирус барояшон чун манбаи даромад шуд.

Воҳимае, ки Covid-19 овард, зиндагии мардумро то андозае душвор сохт, нархи наво дар бозорҳо боло рафт. Хоса, нархи ниқоби якбомасраф, ки дар дорухонаҳо аслан як сомонӣ буд, то се-чор сомонӣ шуд. Ниқобҳои бисёрмасрафро то бист сомонӣ ҳам фурӯхтанд. Нархи яклухти ниқобҳои якбормасраф дар бозори “Корвон” 40 дирам аст. Ниқобҳои бисёрмасраф аз як сомонӣ то се сомонӣ арзиш доранд. Ҳоло нархи ниқобҳои одӣ дар дорухонаҳо ба асли пешини худ баргаштааст.

Оё шумо медонед, ки барои ворид шудан ба бозори калонтарин дар Душанбе, яъне “Корвон” (ва дигар нуқтаҳои савдо) бояд “чипта” харед?

Манзарае аз фурӯши ниқобҳо дар атрофи бозори “Корвон”-и Душанбе тиҷорати хурди сердаромадест. Дар даромадгоҳи ин бозор муҳофизон нафареро, ки бо худ ниқоб надорад, ба бозор даромадан намемонданд. Харидор маҷбур аст, ки муштарии ин тиҷорати хурд шавад. Харид, соҳиби “чипта” шуд, акнун метавонад бемамониат вориди бозор шавад. Касе талаб намекунад, ки ниқобҳо ба рӯй кашида шаванд, муҳим онро бо худ дошта бошанд.

Ҳарчанд дар назди дарвозаҳои бозор ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ коргарони бозор гӯё аҳамият медиҳанд, аммо дар дохили бозор касе ба ин қоидаҳо риоя намекунад ва касе ҳам масъул нест

Бозори “Корвон” аз бозорҳои бузурги пойтахт аст. Дар давраи ҳамагир шудани коронавирус маъмурияти бозор метавонист, ки бо ширкатҳои ниқоббарорӣ шартнома бандад ва мизоҷонеро, ки бо худ ниқоб надоранд, ройгон бо ниқоб таъмин кунад. Маъмурият уҳдадор аст, то бехатарии муштариёнро таъмин кунад, зеро бидуни онҳо бозор, ки фаъолият намекунад.

Хайёми КОМИЛҶОН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here