Болоравии шадиди нархҳои маводи сӯхт тайи як ҳафтаи охир сокинони пойтахтро ба изтироб овардааст, зеро ин метавонад ба баландшавии нархи молҳои дигар боис шавад. Тамоюли гароншавии нархи сӯзишвории автомобилӣ дар ҷумҳурӣ аз худи оғози сол мушоҳида мешавад, аммо бо фарорасии баҳор ин раванд боз шадидтар шуд.
Навъи аз ҳама арзони бензин (АИ-92) тайи ду моҳи аввали сол дар Душанбе 15% гарон шуд: аз 6,5 то 7,5 сомонӣ барои 1 литр. Шурӯъ аз оғози март нархи ин навъи бензин боз 4% боло рафта, ба 7,8-7,9 сомонӣ барои 1 литр расид. Ба ибораи дигар, суръати афзоиши арзиш дар моҳи гузашта дар қиёс бо моҳҳои январ-феврал ду маротиба зиёд шудааст.
Болоравии нархи роҳкиро дар нақлиёти мусофирбар ҳанӯз ба назар намерасад, аммо бо мурури афзоиши минбаъдаи нархи сӯзишворӣ ин ногузир аст. Мусофирбарони хусусӣ дар пойтахт ҳар қатраи маводи сӯхтро акнун сарфа мекунанд, то ки хароҷоти худро кам намоянд.
Нархи навъҳои нисбатан гаронарзиши бензин (АИ-95 ва АИ-98), сӯзишвории дизелӣ, гази моеъ низ афзудааст. Қисми асосии сӯзишвориро ба минтақаҳои кишвар аз пойгоҳҳои нафтии пойтахт мебаранд, ки ин, вобаста ба дурии роҳ, ба арзиши он дар минтақаҳо боз 8-10%-ро зам мекунад.
Агар, масалан, навъи «мардумии» бензин дар Душанбе 7,8 сомонӣ бошад, дар Суғд онро 8,2 сомонӣ мефурӯшанд, дар ноҳияҳои дурдасти ВМКБ на кам аз 8,50 сомонӣ.
Болоравии нархҳои маводи сӯхтро таъминкунандагон бо зиёд шудани нархҳои ҷаҳонӣ ба нафт ва пас аз ин боло рафтани нархҳо дар корхонаҳои коркарди нафти Русия рабт медиҳанд, ки аз он ҷо ба ҷумҳурӣ ҳиссаи бештарини сӯзишворӣ оварда мешавад. Маҳсулоти нафтии Русия сар аз соли 2013 ба Тоҷикистон бо шартҳои имтиёзнок (бо меъёри содиротии сирфӣ) пешкаш мешавад. Яъне, бо ҳамон шартҳое, ки барои кишварҳои аъзои Иттиҳоди авруосиёии иқтисодӣ муқаррар гардидаанд.
Сӯзишворӣ аз куҷо меояд?
Тоҷикистон маводи сӯхтро аз Русия бо ҳамон шартҳое мегирад, ки барои кишварҳои аъзои Иттиҳоди авруосиёии иқтисодӣ муқаррар гардидаанд. Лекин нархи чакана дар Душанбе 40% аз Бишкек зиёдтар аст. Масалан, 1 литр бензини навъи АИ-92 дар Бишкек имрӯз 50 сент (5,7 сомонӣ) арзиш дорад, аммо дар Душанбе – 70 сент (8 сомонӣ). Ин фарқ аз ҳисоби боҷҳои гумрукӣ дар марзи Тоҷикистон ба вуҷуд меояд, ки дар Қирғизистон вуҷуд надоранд, зеро, тавре гуфтем, Қирғизистон бо Русия ба фазои ягонаи гумрукӣ дохил аст. Ғайр аз ин, сарбории андозбандии дохилӣ дар Қирғизистон нисбатан сабуктар аст. Барои мисол, меъёри андоз ба арзиши иловагӣ дар Тоҷикистон 18%, дар Қирғизистон 15% аст. Мувофиқи маълумоти таъминкунандагони тоҷикистонӣ, ҳиссаи андозҳои дохилӣ дар арзиши хариди бензин 50%, дар сӯзишвории дизелӣ 33%, дар гази моеъ 31%-ро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, тафовут дар арзиши сӯзишворӣ дар байни ду кишвар аз ҳисоби хароҷот барои интиқол тариқи роҳҳои оҳан ташаккул меёбад, ки масофаи он то Бишкек нисбат ба Душанбе камтар аст. Дар натиҷа, далелҳои қочоқи сӯзишворӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон вуҷуд доранд, ки андозаи онҳо, тибқи баъзе маълумотҳо, то 30% аз талаботи умумии ҷумҳурии моро ташкил медиҳад.
Арзиши нафти навъи Brent ба оғози соли 2021 қариб 25% афзуд ва ба санаи 8 марти соли ҷорӣ бори аввал ба сатҳи токовидӣ расида, аз ҳадди $71 барои баррел гузашт.
«Сабаби асосӣ тадриҷан барқарор шудани иқтисоди ҷаҳонӣ пас аз бӯҳрони коронавирусӣ аст. Эпидемия ҳанӯз ба охир нарасидааст, аммо талабот ба нафт болоравии устувор нишон медиҳад: баҳори соли 2020 нархи нафт чоряк ҳиссаи худро аз даст дод, аммо пас боз ин бохтро ҷуброн кард ва дар маҷмӯъ дар давоми сол камтар аз 10% коҳиш ёфт”,- менависанд расонаҳои Русия.
Афзоиши нархи маҳсулоти нафтӣ то, ба камӣ, охири моҳи ҷорӣ аз сабаби зиёд шудани талабот дар арафаи корҳои кишоварзии баҳорӣ пешгӯӣ мешавад.
Ғайр аз ин, таъмингарон афзоиши нархи чаканаи маводи сӯхтро дар фурӯшгоҳҳои ҷумҳурӣ ба андозаи 16,6% афтидани қурби асъори миллӣ дар муқобили доллар дар соли гузашта рабт медиҳанд.
«Масъала дар он аст, ки сӯзишвориро бо доллар мехарем ва, мутаносибан, ҳисоби ҳамаи хароҷотҳои худро аз корхонаи коркарди нафт то нуқтаи бензинфурӯшӣ бо ин асъор анҷом медиҳем. Аз ин сабаб тағйирёбии қурб ба нархи чакана бо сомонӣ таъсир мерасонад»,- гуфт роҳбари яке аз ширкатҳои сӯзишворирасон, ки аз зикри номаш худдорӣ намуд.
Арзиши бензини навъи АИ-92-ро ба оғози соли 2021 бо нархи он дар соли 2010 муқоиса намуда, дарёфтан мумкин аст, ки дар ин байн нарх ба ҳисоби сомонӣ беш аз ду маротиба афзудааст, аммо бо доллар, баръакс, 14% коҳиш ёфтааст (аз $0,77 соли 2010 то $0,66 дар соли 20-21).
«Мушкили асосӣ дар ташаккулёбии нарх дар он аст, ки даромадҳоро дар ҷумҳурӣ мо бо сомонӣ мегирем, аммо хароҷотамон барои воридоти қариб ҳамаи молу маҳсулоти ниёзи аввал бо доллар аст. Ва то замоне, ки мо аз воридот вобаста мемонем, аз болоравии нархҳо халосӣ надорем», – гуфт дар идома манбаъ.
Ба сабабҳои дар боло зикршуда ӯ мушкили интиқоли маҳсулоти нафтиро аз Қазоқистон илова намуд. Бояд гуфт, ҳоло ин танҳо ба гази моеъ дахл дорад, ки беш аз 90% ба Тоҷикистон аз ин кишвар ворид мегардад. Мушкилӣ дар он аст, ки яке аз се корхонаҳои калони қазоқистонӣ – ККН Атирау – аз сабаби камбудиҳои техникӣ истеҳсоли гази моеъро боздошт. «Корҳо таъмирӣ то охири моҳи март идома хоҳанд дошт», – хабар медиҳад АИ «Казинформ».
Дар омади гап:
Тоҷикистон ҳамасола аз Русия, бо назардошти теъдоди нақлиёти автомобилӣ ва сарфи миёнаи солонаи маводи сӯхт, 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтии имтиёзнок дархост мекунад, аммо ҳатто 500 ҳазор тонна нафтро аз ҳаҷми дархосткардааш намегирад. Мутахассисон инро ба қочоқи нафт аз Қирғизистон вобаста медонанд. Сарфи назар аз ин, тибқи омори расмӣ, аз ФР ба Тоҷикистон то 90% маҳсулоти нафтӣ интиқол дода мешавад. 10% дигар ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон рост меояд.
Гази моеъ, баръакс, 90% аз Қазоқистон гирифта мешавад, ҳаҷми боқӣ аз Русия ва Ӯзбекистон оварда мешавад.
Айни замон дар Қазоқистон дар марҳилаи муҳокимаи ҷамъиятӣ масъалаи манъи содироти маҳсулоти нафтӣ тариқи нақлиёти автомобилӣ қарор дорад, ки то 19 март идома хоҳад кард. Тибқи нақша, амри манъ давоми шаш моҳ эътибор хоҳад дошт.
Оқибатҳои имконпазир
Болоравии нархҳои маводи сӯхт боиси ба ташвиш омадани на танҳо ронандагону мошиндорон, балки пиёдагардон низ шудааст. Одамон аз таҷрибаи талхи шахсии худ дар хотир доранд, ки ин ҳол маъмулан ба ҳамёнҳои онҳо зарба мезанад ва инро бо дарназардошти аҳволи мушкили аҳолии кишвар метавон ба қатори зарбаҳои дардовартарин нисбат дод. Инҷо на танҳо афзоиши эҳтимолии арзиши мусофирбарӣ ва боркашонӣ, балки нархҳои дигар молҳо низ пешгӯӣ мешавад, зеро хароҷоти интиқол ба арзиши ниҳоии ҳар маҳсулот зам ва ба дӯши харидорон бор мегардад.
“Гароншавии нархи маводи сӯхт одатан таконе барои афзудани арзиши молҳои истеъмолии дигар мегардад, зеро хароҷоти интиқол дар ташаккулёбии ҳар нарх саҳмгузор аст. Тоҷирон, агар сарф зиёд шавад, онро ба нарх зам мекунад”, — мегӯяд соҳибкор Зокир Шарипов.
Ӯ чунин мисолро овард: фарз мекунем, деҳқон ба фурӯшгоҳи сӯзишворӣ даромад, то ки барои интиқол додан ва фурӯхтани маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳр ба мошинаш бензин резад. Эҳтимол, ӯ тамоман дар бораи баланд бардоштани нархи маҳсулоти худ фикр намекард, лекин нархномаи нав дар фурӯшгоҳ, ҳеҷ набошад, ӯро ба андеша водор мекунад.
Таҳлилгарон бар онанд, ки болоравии нархҳои сӯзишворӣ ба бахши бинокорӣ низ таъсири худро мерасонад, зеро интиқоли маҳсулоти сохтмонӣ тариқи нақлиёт дар ин бахш банди муҳими хароҷотро ташкил медиҳад.
Иқтисодшинос Саидаҳмад Соҳибов ақида дорад, ки дар вазъияти ҷорӣ давлат метавонист ба соҳаи таъмин бо маводи сӯхт тариқи кам кардани андозбандии интиқоли навъҳои аз ҳама серталаби сӯзишворӣ кӯмак кунад. “Ин ягона роҳест, ки тавассути он пеши роҳи боло рафтани нархҳои маводи сӯхт ва дар оқибат молҳои дигарро низ гирифтан мумкин аст”, — қайд кард мутахассис.
Ба ақидаи вай, нархеро, ки фароҳамоварандагон ба арзиши аслӣ зам мекунанд, санҷидан лозим аст, вале нафт ин лаҳзаҳо бо суръати барои даҳсолаи охир беназир гарон шуда истодааст ва, бо эҳтимоли зиёд, нархҳое, ки дар фурӯшгоҳҳои мо муқаррар мекунанд, асоснок мебошанд. “Агар давлат нархро боздорад, ин метавонад боис ба бадшавии боз бештари вазъ дар бозор шавад. Агар фароҳаморандагон даромади барояшон лозимро гирифта натавонанд, аз овардани маводи сӯхт худдорӣ мекунанд. Дар ин сурат, дар бозор норасоии он ба вуҷуд меояд, ки ҷояшро қочоқчиён пур карданӣ шуда, нархро боз баландтар мебардоранд”, – шарҳ дод ӯ.
Корхонаи коркарди нафти Данғара
Тоҷикистон аслан тамоми ҳаҷми маҳсулоти нафтии даркориро барои қонеъ намудани талаботи дохилӣ ворид мекунад. Ҳанӯз соли 2018 дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» сохтмони корхонаи калони коркарди нафтро оғоз карда буданд, ки иқтидори лоиҳавии он 1,2 млн тонна нафтро ташкил медиҳад.
Иншооти мазкурро ширкати чинии «Dong Yingheli Investment and Developmen» бино кард, ки корхонаи фаръии Ширкати миллии нафтугазии Чин (CNPC) мебошад.
Дар нақша буд, ки дар марҳилаи аввал корхона сӯзишвории дизелӣ, инчунин бензини тамғаи АИ-80, АИ-92 ва битуми сохтмонӣ истеҳсол мекунад. Дертар истеҳсоли тамғаҳои аврупоии бензин – Евро-4 ва Евро-5 интизор мерафт. Аммо оғози кори корхона ҳар гоҳ мавқуф гузошта мешуд ва, инак, он то ҳанӯз ба кор дароварда нашудааст.
Тирамоҳи соли гузашта ноиби сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлатӣ-хусусӣ дар Душанбе аз бекор хобидани корхона норозигӣ баён кард.
Намояндагони ширкати чини «TK-oil», ки дар чорабинӣ ширкат меварзиданд, қайд намуданд, ки сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии корхона пурра ба охир расонда шудааст. Мушкилӣ, ба гуфти онҳо, дар набудани бозори фурӯши маҳсулот аст. Дар вохӯрӣ аниқ накарданд, ки зери ин шарҳ, яъне «набудани бозори фурӯши маҳсулот» чӣ дар назар дошта мешавад.
Аммо ҳанӯз се сол пеш мутахассисон сахт шубҳа доштанд, ки сохтмони корхонаи коркарди нафт дар кишваре, ки кони нафт надорад, ба мақсад мувофиқ бошад. Масалан, иқтисодшиноси мустақил Сафар Аюбов он замон ба АИ «Азия-Плюс» гуфта буд, ки ин навъ корхонаҳоро маъмулан кишварҳое бунёд мекунанд, ки захираҳои кофии нафт доранд. Зимнан, ҳар қадар он ба кон наздиктар бошад, ҳамон қадар хубтар аст.
«Модоме тасмим гирифтанд дар ҳудудҳое созанд, ки аз конҳо дур ҷойгиранд, лоақал фикри хобондани лӯлаи интиқоли нафтро бояд мекарданд, то ки истеҳсолот фоидаовар шуда тавонад. Тоҷикистон захираҳои кофии нафт надорад, барои гузарондани лӯла аз кишварҳои дигар бошад, маблағҳои азим лозиманд. Аз ин сабаб онро тариқи нақлиёт интиқол додан даркор мешавад, аммо ин, бо дарназардошти дарозии роҳ ва боҷи баланди содиротӣ барои ашёи хом дар кишварҳои содиркунанада, коркарди онро бесамар мегардонад»,- гуфт ба «АП» иқтисодшиноси мустақил Сафар Аюбов.
Ӯ қайд намуд, ки истеҳсолотро ташкил кардан мумкин аст, вале арзиши аслии он ба дил шубҳа мекорад. «Метарсам, ки нархи ниҳоии маҳсулот хеле гаронтар аз сӯзишвории воридшаванда мешавад», – хулоса кард ӯ.
Дилшод Шарифов