Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи бозори истеъмолии мамлакат аз воридшавии молу маҳсулоти пастсифат, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва таъмини ченаки ягона дар соли 2020 корҳои мушаххасро ба сомон расонидааст.
Дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ дар давоми соли 2020 бо мақсади баланд бардоштани сифат ва таъмини бехатарии маҳсулоти ватанӣ, таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот корҳои фаҳмондадиҳӣ бо субъектҳои истеҳсолӣ вусъат дода шуда, дар ин давра аз тарафи мутахассисон дар корхонаҳои истеҳсолӣ 2219 маротиба корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба талаботи регламентҳои техникӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва стандартҳои байналмилалӣ амалӣ карда шудааст. Дар раванди гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ мутахассисон субъектҳои хоҷагидорро бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ таъмин намудаанд.
Дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ бо мақсади мусоидат ба рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ таҳияи стандартҳои кишоварзӣ идома ёфта, дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд тавзеҳоти стандарти «Зардолуи тару тоза — FFV-02» ва стандарти «Гелос — FFV-13» таҳия гардида, лоиҳаи стандартҳои мазкур барои баррасӣ ба аъзои гуруҳи кории минтақавӣ пешниҳод карда шудааст. Рӯзҳои 25-26-уми ноябри соли 2020 ҷаласаи кории минтақавӣ тариқи видеоконференсия баргузор гардида, дар кори он стандартҳо ва тавзеҳоти нуқсонҳои сифатии меваҳо, ки аз тарафи гуруҳҳои кории миллӣ таҳия шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Аз ҷумла, стандартҳо барои хурмои хушк, донаи зардолу, чормағзи тозакардашуда ва тавзеҳоти нуқсонҳои сифатӣ барои зардолуи тару тоза, ангур ва тарбуз, ки аз ҷониби гуруҳи кории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Агентии Тоҷикстандарт) таҳия гашта буданд, мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.
Дар робита бо татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъи воридоти равғани нахл ба Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1-уми майи соли 2020, №260 бо мақсади таҳлил ва омӯзиши ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ҷиҳати таҳия намудани санади меъёрии техникӣ оид ба маҳсулоти хӯрокворие, ки дар истеҳсоли он истифодаи равғани нахл пешбинӣ гардидааст, мутахассисони Агентӣ дар гуруҳи кории байниидоравие, ки дар назди Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, иштирок намуда, дар ин замина лоиҳаи Стандарти давлатии СТҶТ 1114-2020 «Равғани нахли софкардашудаи хушбӯйгардонидашуда барои саноати хӯрокворӣ» таҳия гардида, баъд аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор тибқи фармоиши Агентии Тоҷикстандарт қабул карда шудааст.
Бояд қайд кард, ки ҷиҳати дастрасии субъектҳои хоҷагидор ба маълумот доир ба ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ (стандартҳои давлатӣ, регламентҳои техникӣ) бо дарназардошти талаботи замони муосир дар Агентӣ барномаи низоми «Махзани электронии стандартҳо» омода шудааст ва минбаъд ҳар субъект имкон дорад, ки аз ин низоми электронӣ самаранок истифода бурда, оид ба ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ маълумот дастрас кунад. Айни ҳол ин махзан бо вебсайти Fehrist-standart.tj дар шабакаи интернетӣ фаъол мебошад.
Бо мақсади мусоидат ба воридотивазкунии маҳсулоти ватанӣ ва беҳтар намудани сифати дӯхти либоси мактабӣ дар мавсими истеҳсоли ин маҳслуот моҳҳои июл ва августи соли 2020 аз тарафи мутахассисони Агентӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба талаботи СТ ҶТ 1110-2018 «Либоси мактабӣ шартҳои техникӣ» дар корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ вусъат дода шуда, корхонаҳо бо стандарти мазкур таъмин гаштаанд. Тибқи маълумоти марказҳои зертобеъ дар қаламрави ҷумҳурӣ айни ҳол дар 52 коргоҳу корхонаи истеҳсолии либоси мактабӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ амалӣ гашта, нисбати маҳсулоти истеҳсолии онҳо корҳои сертификатсионӣ ба анҷом расонида шудааст.
Дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат (сертификатсияи молу маҳсулот) дар давоми соли 2020 дар самти дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва зиёд гаштани истеҳсолоти маҳсулоти дохилӣ як қатор корҳо амалӣ шудаанд. Барои сари вақт анҷом додани корҳои сертификатсионӣ нисбати молу маҳсулоти содиротӣ дар Агентӣ навбатдорӣ ташкил карда шудааст, ки дар рӯзҳои ид ва рӯзҳои истироҳатӣ низ дархости соҳибкорон қабул карда мешавад. Барои соддагардонии расмиёти содироти маҳсулот арзиши корҳои сертификаткунонии маҳсулоти ғизоӣ кам карда шуда, барои дар муҳлати камтарин ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ва кӯтоҳ намудани вақти ташхис тадбирҳои амалӣ андешида шудаанд ва дар ин бобат барои соҳибкорон монеа вуҷуд надорад. Барасмиятдарории корҳои сертификаткунонӣ барои молу маҳсулоти содиротӣ дар давоми як рӯз амалӣ карда мешавад.
Дар доираи амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» 15-уми феврал дар шаҳри Кӯлоб бо масъулини мақомоти назоратӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ, 17-уми март дар шаҳри Душанбе бо масъулини мақомоти назоратӣ, 19-уми март бо масъулини марказҳои ташхисии минтақавии Рашт ва Лахш дар ноҳияи Рашт, 1-2-юми апрел дар шаҳри Бохтар, 2-юми сентябр дар шаҳри Хуҷанд ва 15-уми сентябри соли 2020 дар шаҳри Хоруғ семинари омӯзишӣ баргузор карда шудааст.
Дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ аз тарафи мутахассисон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади ба танзим даровардани меъёрҳои сифат ва бехатарии маҳсулоти рангубори ороишӣ лоиҳаи Регламенти техникии «Бехатарии маҳсулоти рангубор» таҳия шудааст. Лоиҳаи ниҳоии он бо дарназардошти пешниҳодоти тарафҳои манфиатдор 24-уми ноябри соли 2020 бо истеҳсолкунандагон мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади мусоидат ба рушди маҳсулоти гӯшти мурғи воридотивазкунандаю ба содирот нигаронидашуда мутахасиссони Агентӣ якҷоя бо мутахассисони соҳа ва ҶДММ «Рушди парандапарварӣ» ҳуҷҷати меъёрии техникӣ — шарти техникии ШТ 9841ҶТ 030030615-001-2020 «Тухми мурғ барои чӯҷабарории сунъӣ — Шартҳои техникӣ»-ро таҳия намудаанд ва шарти техникии мазкур тибқи тартиби муқарраргардида дар феҳристи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии «COVID-19» мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт дар якҷоягӣ бо масъулини соҳа аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи шартҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ниқобҳои таъиноти гигиенӣ, муҳофизатӣ ва маишии истеҳсолӣ — ШТ 8400 ҶТ 030000230 — 001-2020», «Маҳлулҳои антисептикӣ — Шартҳои техникӣ» ШТ 9182 ҶТ 030000230 — 002-2020» ва «Комбинезонҳо ва либосҳои болопӯши таъиноти муҳофизатии истеҳсолӣ — Шартҳои техникӣ ШТ 8570 ҶТ 030000230 — 003-2020»-ро таҳия намудаанд, ки ҳамчун ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии истифодашаванда дар истеҳсолоти ватанӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд ва ҳуҷҷатҳои мазкур тариқи ройгон барои истифода дар истеҳсолот ба марказҳои зертобеъ дастрас карда шудаанд.
Дар самти назорати бозори истеъмолӣ дар ин давра фаъолият тақвият дода шуда, вобаста ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъекҳои хоҷагидор» бо мақсади таъмини риояи ҳуқуқҳои истеъмолкунадагон ва ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридшавии маҳсулоти пастсифат аз тарафи нозироти савдо дар қаламрави ҷумҳурӣ дар 6853 субъекти хоҷагидор санҷиш ва назорати қоидаҳои савдо (хизматрасонӣ) гузаронида шудааст. Аз теъдоди умумии санҷишҳои гузаронидашуда 6528 адад санҷиши нақшавӣ, 305 адад ғайринақшавӣ ва 20 адад санҷиши такрорӣ мебошад.
Бояд қайд кард, ки дар соли 2020 аз ҷониби нозирон бо роҳбарони як қатор бозорҳои шаҳри Душанбе оид ба риояи қоидаҳои савдо ва хизматрасонӣ, назорати нархи масулот ва ҳолатҳои риоя накардани қонунгузории ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон вохӯриҳо гузаронида шудааст.
Дар соҳаи стандартикунонӣ мутахассисон бо кумитаҳои техникӣ оид ба таҳияи стандартҳо дар сатҳи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои аъзои ИДМ амалкунанда ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондаанд.
Дар самти фароҳам овардани замина барои рушди устувори соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва идомаи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи баланди омодагӣ таҷлил намудани ин ҷашни бузурги миллӣ нақша-чорабиниҳо доир ба корҳои ободониву созандагӣ дар Агентӣ ва марказҳои вилоятию минтақавии он тасдиқ гардида, корҳои мушаххас амалӣ мешаванд.
Тибқи қарори ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои аъзои ИДМ дар соли 2021 гузаронидани озмуни навбатии «Дарёфти Ҷоизаи ИДМ барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ» ба нақша гирифта шудааст.
МТЖТ
«ТОҶИКСТАНДАРТ» ОГОҲ МЕКУНАД!
Истеъмолкунандагони гиромӣ!
Ҳангоми харидории ҳама гуна маҳсулот, бахусус маводи хӯрокворӣ ва таому нӯшокиҳои гуногун ҳатман ба сифатнокию муҳлати кафолат, рӯзи истеҳсол, муҳлати истеъмоли онҳо ва дақиқию низоми воситаҳои ченак (тарозуҳо) диққати ҷиддӣ диҳед. Ҳамзамон, пеш аз харидорӣ аз фурӯшандагон сертификати мутобиқати маҳсулотро талаб кунед.
Аз харидории молу маводи шубҳанок худдорӣ кунед ва дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои истеъмолиатон (фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ, фурӯши маҳсулоти муҳлати истеъмолиаш гузашта, кам чен кардан, кам баркашидан ва ғайра) ба Агентии Тоҷикстандарт муроҷиат кунед.
Нишонӣ: ш. Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев 42/2
Тел: 2-33-68-69, 2-33-44-99
Рақами вайберӣ: 988-50-22-22