Мусоҳиба бо муовини директори филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода

— Филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар асоси шартномаи консессионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдории роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанокро ба зимма дорад. Сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсул ва эътирофи зарурату  манфиати мавҷудияти «IRS»  ҳанӯз ҳастанд ашхосе, ки моҳияти ин иқдомро дарк накардаанд. Ба сифати шахси солиёни зиёд дар вазифаҳои масъули ин бахш фаъолиятдошта бигӯед, ки консессия, яъне чӣ?

— Фаъолияти консессионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои миллӣ дар асоси принсипҳои қонуният, фоидаи тарафҳо, дахолат накардан ба фаъолияти хоҷагидории консессиядор ва бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифода ва ҳифзи табиат, қаъри замин, об, ҳавзаи дарёҳо ва кӯлҳо, бехатарии экологӣ ва санитарию гигиенӣ, суғурта, таъминоти иҷтимоӣ ва ҳифзи меҳнат сурат мегирад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо» муносибатҳои вобаста ба консессияро танзим намуда, салоҳияти мақомоти давлатӣ, шарт ва тартиби ба консессия додани объектҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои консессиядор, иҷро ва муҳлати шартномаи консессия, инчунин кафолати дастгирии фаъолияти консессиониро муайян менамояд.

Тибқи муқаррароти ин қонун, консессиядор ҳуқуқ дорад, ки  тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз талаботи шартномаи консессионӣ дар қаламрави мавриди истифодааш биною иншоот, роҳҳои фаръӣ, роҳҳои васеи мошингард ва хатҳои алоқаи телеграфу телефон ва ғайраҳо созад, дар мувофиқа бо конседент ва ҳангоми мусбӣ будани хулосаи экспертизаи экологӣ ба таркиби молу мулк тағйирот дарорад, дар объектҳои консессионӣ корҳои азнавсозӣ, васеъкунӣ ва азнавтаҷҳизонии техникиро, ки арзиши онҳоро зиёд мегардонад, анҷом диҳад ва  барои эҳтиёҷоти объекти консессионӣ ва кормандон молу мулк ва маводи зарурӣ ворид намояд.

-Ч ун аз ҳуқуқи консессиядор ёдовар шудед, бароямон ҷолиб аст, ки уҳдадориҳои шахси ҳуқуқии мавриди назар  кадомҳоанд?

— Консессиядор уҳдадор аст, ки  шартҳои шартномаи консессиониро риоя намояд, фаъолияти хоҷагии худро танҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва шартномаи консессионӣ амалӣ намояд, баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба роҳ монад, молу мулк ва объектҳоеро, ки дар асоси шартнома ба ӯ дода шудаанд, дар муҳлати муқарраршуда ба конседент баргардонад, инчунин, баъд аз  анҷоми муҳлати амали шартномаи консессионӣ ва ё қатъ шудани он молу мулки худро ихтиёрдорӣ намояд, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист риоя намояд ва  дигар уҳдадориҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ кардааст, иҷро намояд.

Дар доираи талаботи қонуни мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкатҳои муътабари хориҷӣ ду шартномаи консессионӣ бастааст, ки натиҷаҳои ин иқдом қобили таваҷҷуҳанд.

— Манзури шумо кадом шартномаҳо аст? 

— Соли 2002 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати энергетикии «Помир энержи» шартномаи консессионӣ ба муҳлати 25 сол ба имзо расид, ки он ба пешрафти минбаъдаи ин корхона такони бузург бахшид. Яке аз мақсадҳои ин шартнома дар тӯли 25 сол аз нав таҷдиду барқароркунии тамоми шабакаҳои ҳудуди ВМКБ аз ҷониби Ширкати энергетикии «Помир энержи» аз зердастгоҳ то барқароркунии хатҳои пастшиддату баландшиддат иборат буд.

Ҷоиз ба зикри алоҳида, аст, ки ширкат дар амалӣ гардидани шартномаи мавриди назар ба комёбиҳои зиёд ноил гаштааст. Шартномаи дигари консессионӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» баста шудааст.  Дар асоси ин шартнома механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ҷорӣ гардид.

— Дар оғози фаъолият мунаққидони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кам набуданд, аммо  баъдтар назари аксарият  нисбат ба ширкати зикршуда мусбат гардид. Чаро?

— Мусбат гардидани назари мардум ба фаъолияти «IRS» дар навбати аввал ба фаъолияти пурмаҳсул ва масъулиятшиносии роҳбарият ва кормандони он рабт дорад. Лозим ба ёдоварист, ки солҳои аввали фаъолият мардум то андозае норозӣ буданд. Бегуфтугӯ, ки марҳилаҳои аввали ислоҳот ва амалигардонии чунин лоиҳаҳо мушкилот, ба монанди истифодабарандагони роҳро ба миён меорад. Монеаҳои дигар аз тарафи баъзе намояндагони сохторҳои давлатӣ низ эҷод мегардид. Бо мурури вақт ин низом натиҷаҳои мусбат ба бор оварду мардум низ боварӣ ҳосил намуданд, ки пули пардохтнамудаашон барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад.

Мунаққидон иддао доштанд, ки асоси ин роҳ пеш аз ҳисоби давлат сохта шудаасту чаро онҳо барои истифодааш маблағ пардохт намоянд? Вақт нишон дод, ки ин тадбир оқилона буда, пеш аз ҳама, барои беҳдошти ҳолати роҳи стратегии кишвар муҳиму саривақтӣ ба ҳисоб меравад.

— Мавҷуд набудани роҳи алтернативӣ бо вуҷуди зиёд шарҳу тавзеҳ ёфтанаш то кунун боиси “нигаронӣ”-и баъзе ба ном коршиносон аст. Шумо чӣ назар доред? 

— Будани роҳи алтернативӣ ҳарчанд яке аз талаботи классикии ҷоринамоии истифодаи пулакии роҳ аст, вале ҳатмӣ нест, зеро ҳар як кишвар махсусиятҳои худро дорад. Ман низ бо мутахассисоне ҳамфикрам, ки гуфта буданд дар минтақае, ки роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок ҷойгир аст, бунёди роҳи алтернативӣ қобили қабул нест. Онҳое, ки чунин иддао доранд, шояд аз махсусиятҳои ин минтақа бехабаранд. Ҳақ ба ҷониби онҳое аст, ки гуфтаанд  “роҳи Душанбе – Чанок аз лиҳози кӯҳсор ва релефи ҷойгиршавӣ нозукиҳои худро дорад, ки  мавҷудият ва истифодаи роҳи алтернативиро зери суол мебарад”. Масалан, замони муваққатан қатъ гардидани ҳаракат тариқи нақби «Истиқлол» мо шоҳид будем, ки шаҳрвандон кӯшиш мекарданд бо ҳар роҳу васила тариқи нақби зикршуда гузаранд, на бо роҳи пешинаи ағбаи Анзоб. Дар сурати мавҷудияти роҳи алтернативӣ аз он нафарони ба қадри беҳтарин неъмат – вақт намерасида шояд истифода баранд. Аз ҷониби дигар, бо истифодаи роҳи алтернативӣ шаҳрвандон бо назардошти хароҷоти сӯзишворӣ, фарсудашвии автомобил ва ғайра бо мақоли халқии “хасис ду маротиба пардохт мекунад” мувоҷеҳ мешаванд.

— Коршиносон ба он назаранд, ки  аслан ягон роҳ бепул нест…

— Комилан дуруст аст. Истифодабарандагон бо роҳу василаҳои гуногун дар нигоҳдории роҳ саҳм доранд. Масалан, бо роҳи супоридани андоз дар самтҳои гуногун, ки охирон аз тарафи давлат барои бунёд ва истифодаи роҳҳо сарф мешаванд. Дар ин самт таҳким бахшидани ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ, корхонаву шахсони алоҳида ба манфиати кор хоҳад буд. Зарурат ва манфиати фаъолияти «IRS» шаҳодати ин гуфта аст.

— Шумо қаблан, аз ҷумла, замони фаъолият минҳайси муовини вазир ва вазири нақлиёт бо фаъолияти филиали ширкати мавриди назар аз наздик ошно будед. Ба он андеша, ки «IRS» рисолати хешро дар робита ба нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанок дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро мекунад, розиед?

— Бале. Далелҳое, ки моро ба дурусти ин андеша муътақид мекунанд, хеле зиёданд. Барои мисол, ҳанӯз дар марҳилаи аввали фаъолият барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд пеш бурдани фаъолият зиёда аз даҳҳо миллион доллари ИМА сармоягузорӣ шуда, минбаъд, ин нишондиҳанда бамаротиб афзоиш ёфта, дар ин замина пойгоҳи техникии филиали ширкат ба 210 техникаву механизм расонида шуда, дар ҳар минтақа корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонӣ бунёд гардид. Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои муътабари байналмилалӣ, аз ҷумла, «Тексидел» зимни фаъолият технологияи муосир мавриди истифода қарор гирифта, ин раванд бемайлон идома дорад.

Муҳим он аст, ки сарфи назар аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, болоравии сатҳи таваррум ва амалӣ гардидани як силсила ибтикор, аз ҷумла, бунёди плазаҳои нав, харидории техникаҳои пуриқтидор, бунёди корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таъмири куллии зиёда аз 100 километр роҳ, ширкат ба боло бурдани тарофаҳо иқдом накард.

Бар замми ин, роҳбарияти ширкат барои аҳолии шафати роҳ системаи гузариши имтиёзнокро муайян ва ҷорӣ намуд, ки ҳоло  маблағи ниҳоӣ ба 50 то 93  фоиз аз нархномаи муқарраргардида баробар мебошад.

Дар ёд дорем, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок  як идда пешгӯӣ карданд, ки нархи роҳкиро дар масири мазкур баланд мегардад. Баръакси ин гуфта, нархи роҳкиро хеле поён рафт.

Ҷоиз ба зикр аст, ки фаъолияти асосии ширкат на дар плазаҳои толлингӣ, балки дар масири роҳи мошингард ба роҳ монда шудааст. Ҳар рӯз садҳо мутахассиси соҳибтаҷриба – устоҳои роҳ бо кумаки техникаи махсусгардонида ба тозакунӣ, таъмир машғул буда, ҳар як ваҷаби роҳро ҳифз мекунанд, то сифати он барои солҳои тӯлонӣ нигоҳ дошта шавад.

Таъмиру таҷдид зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад. Барои мисол, ҳамасола то 40 ҳазор тонна асфалт харҷ мешавад.

Қобили зикр аст, ки «IRS» аз ҷониби ширкатҳои ватаниву хориҷӣ эътироф гардида, ҳамкориро бо Ассосиатсияи байналмилалии пулҳо, туннелҳо ва роҳҳои пулакии автомобилгард, Агентии ҷопонии кооператсияи байналмиллалӣ, Бонки рушди Осиё, Бонки Ҷаҳонӣ, Шӯрои байнидавлатии роҳсозони ИДМ ва ғайра густурда ба роҳ мондааст.

Азбаски механизми толлингии идоракунии роҳҳо барои минтақа иқдоми нав аст, кормандони «IRS» баъзан бо фаҳмиши нодуруст, арзу шикоят ва изҳороти дурушт дар мавриди фаъолияти ширкат рӯ ба рӯ мешуданд. Ҳоло вазъият комилан дигар ва тавре болотар гуфтем, назари аксарият ба фаъолияти филиали ширкат мусбат аст. Барои мисол, вақтҳои охир теъдоди шахсоне, ки баъд аз сафар аз тариқи роҳи Душанбе – Чанок арзи сипоси хешро ба роҳбарият ва кормандони филиали ширкат барои масъулиятшиносӣ мерасонанд, рӯ ба афзоиш аст.

Мусоҳиб Далери Абдулло,

журналист

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here