Ватан беҳтарин неъмати илоҳӣ барои ҳар як нафари соҳибватан аст. Ватани ман — ин Тоҷикистони азизам ва гаронтарин сармояам аст. Дӯст доштани Ватан яке аз нишонаҳои имон аст ва он ҳиссиёти ширинеро ба миён меорад.

Ривояте ҳаст, ки чун Худо оламро офарид, барои ҳар як халқу миллат забон ва макони муайянеро аз рӯи замин баҳри зиндагӣ карданашон ҷудо карда додан хост. Бо ҳамин мақсад ба фариштагонаш хабар дод, то аз ҳар кадом халқу миллат намояндаеро ҳозир намоянд. Ҳамин тавр, барои ҳар як миллат давлати алоҳида ҷудо карда дода шуд. Тамоми дунёро тақсим карданд, вале халқияти тоҷик аз ин бехабар монд. Чун тоҷикон аз ин огоҳ шуданд, аз даргоҳи Худованд талаб намуданд, то барояшон заминеро ҷудо намояд. Вале тақсимот аллакай ба охир расида буд. Ҳамин тавр, Худованд ин бандаҳои худро бенасиб гузоштан нахост ва як гӯшаи Биҳиштро ҷудо намуда, барояшон ҳадя намуд.

Дар ҳақиқат ҳам Тоҷикистони ман монанди биҳишти рӯи замин аст. Вақте ки дар дил ишқи Ватан ҷӯш мезанад, инсон наметавонад як лаҳза ҳам аз он дур бошад.

Аз устоди даврони мактабиам ҳикояте шунида будам, ки бароям бисёр таъсирнок буд. Ҳикоя дар бораи ду ҷавоне қисса мекард, ки дар охирҳои солҳои 80-уми асри гузашта баъд аз адои хизмати ҳарбӣ дар мамлакатҳои СССР ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштанд. Чун ҷавонҳо аз ноҳияҳои атрофи вилояти Хатлон буданд, хатсайри Москва — Душанбе онҳоро сараввал ба Душанбе овард. Ҳамин тавр, онҳо наздики нисфирӯзӣ ба Душанбе расиданду баъди нисфирӯзӣ ба хонаҳояшон баргаштан хостанд. Он рӯз ҳаво ниҳоят сард буд ва фасли дай ҳукмронӣ мекард, вале онҳо ба ҳамаи он сардиҳо нигоҳ накарда, ба зодгоҳашон мерафтанд. Ҳамин тавр, роҳи мошингардро бе монеа пушти сар карданду барои расидан ба деҳаҳояшон ҳамагӣ боз якчанд километр роҳи куҳӣ монда буд ва шаб аллакай фаро расида. Аммо маҳз меҳру муҳаббати волидон, дӯстону пайвандон онҳоро намегузошт, ки ба душвориҳои роҳи пур аз барф фикр кунанд ва беихтиёр ба сӯйи худ мекашид. Ҷавонҳо дар аввал сардиро таҳаммул карданд, вале сардии аз ҳад зиёд ва боридани барфи хушк торафт қувваташонро аз байн мебурд. Яке аз ҷавонон ба дигарӣ пешриҳод мекунад, ки «биё, ҷӯраҷон, ин дарёчаро гузарем, дуртар аз он деҳаест ва дар он як шиноси ман зиндагӣ мекунад, шабро онҷо рӯз карда, фардо боз роҳамонро идома медиҳем». Аммо ҷавони дуюмин розӣ намешавад. Ҳарчанд дӯсташ бисёр исрор мекунад, вале ҷавон розӣ намешавад. Ҷавони якум чун мебинад, ки дӯсташ нияти бо ӯ рафтан надорад, паноҳашро бар Худо карда, худаш ба тарафи деҳа меравад.

Рӯзи дигар ҷавони якум ҳангоми ба роҳ баромаданаш дучори ҳодисаи даҳшатборе мешавад. Ӯ тақрибан ду километр дуртар аз маконе, ки бо рафиқаш хайрухуш карда буд, дар зери дарахте ҷасади карахтшудаи дӯсти ҷавонмаргашро мебинад ва дар дил садҳо бор афсӯс хӯрда, бар худ маломати онро мебарад, ки чаро рафиқашро маҷбуран бо худ ба деҳа набурд ва гузошт, ки дар чунин ҳавои сард танҳо бимонад…

Ман ҳангоми шунидани ин нақл, ки ҳақиқат дошт, андеша мекардам, ки агар он ҷавон бо дӯсташ ба он деҳа рафта, шабро рӯз мекард, чунин ҳодиса рух намедод. Аммо фикр мекунам, ки шояд ӯро ишқи зодгоҳаш ба самти худ кашида, оқибат ҳалок намуд.

Ман боре ҳам то имрӯз ба хориҷа сафар накардаам ва ҳолати ҷудоӣ аз ватанро шояд хуб намедонам, вале дар хурдӣ зуд-зуд бо модарам ба пойтахт меомадему наздики як ё ду ҳафта мемондем. Рӯзҳои дар пойтахт буданам мисли як сол менамуд. Гарчанде бо шавқи кӯдакона ба пойтахт меомадам, бо вуҷуди ин, мехостам зудтар ба зодгоҳ, ба назди ёру дӯстон баргардам. Лаҳзаҳои ба зодгоҳ баргаштанам бисёр пурҳаяҷон мешуданд, дилам сахт-сахт метапид. Махсусан лаҳзаҳое, ки нақлиёти кирояшуда вориди деҳаамон мешуд, шиддати тапиши қалби кӯчаки ман меафзуд.

Ҳоло калон шудаму нисфи зиёди рӯзҳои ҳаётамро дар пойтахт мегузаронам, вале ҳар вақти баргаштан ба зодгоҳ ҳамон ҳиссиёти кӯдакиам боз маро пайгирӣ мекунад. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳо ман ишқи Ватанро эҳсос мекунам.

Сарвинози САЙДАЛӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here