Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар соли 2020 ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ таъмини рушди устувори иқтисодиёт, пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ вобаста ба таъсири омилҳои беруна, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, таъсиси коргоҳҳои нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва афзунгардонии потенсиали содиротии шаҳр, рушди соҳаҳои сохтмон ва шаҳрсозӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, ривоҷи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, азхудкунии заминҳои нав, рушди ҳунарҳои дастӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додааст.

Вазъи иҷрои буҷет

Дар соли 2020 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии шаҳр маблағи 2 миллиарду 930 миллион сомониро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ 107,4 дарсад, кишоварзӣ 101,8 дарсад, сармоягузори 144,8 дарсад ва хизматрасонии пулакӣ 108,5 дарсад афзоиш дошта, гардиши савдои чакана ба андозаи 95,7 дарсад таъмин гардидааст.

Дар соли 2020 нақшаи қисми даромади буҷети маҳалли бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 100,7 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 137 миллион сомонии дар нақша пешбинигардида, 138 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинигашта 1 миллион сомонӣ ва нисбат ба соли 2019 маблағи 9,4 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар соли 2020 ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 49,5 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинигашта 757,4 ҳазор сомонӣ зиёд, ё ин ки 101,6 дарсад таъмин гардидааст.

Талаботи нафақа дар ин давр 73,8 миллион сомонӣ ва шумораи умумии нафақагирон 22 ҳазору 255 нафарро ташкил дода, андозаи миёнаи нафақа дар ин давра ба 207 сомонӣ баробар шудааст.

Дар шаҳри Ҳисор шумораи соҳибкорони инфиродӣ ба 1-уми январи соли 2021 7929 нафарро ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 520 нафар зиёд гардидааст. Аз ҷумла, шумораи соҳибкорони инфиродие, ки бо патент фаъолият доштанд, ба 2879 нафар баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 398 нафар зиёд мебошад. Шумораи субъектони бо шаҳодатнома фаъолиятдошта 1040 ададро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ мутаносибан 69 адад афзудааст. Ҳамчунин, шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ ба 4010 адад расонида шудааст, ки 53 адад нисбати соли 2019 зиёд мебошад.

Дар соли 2020 ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ шаҳр 2300 нафар шаҳрванд муроҷиат намуда, аз ҳисоби муроҷиаткунандагон 1712 нафар ҳамчун корҷӯй дар мақомоти шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шуданд.

Мувофиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли 2020 дар шаҳр бо ҷойи корӣ таъмин намудани 1356 нафар шаҳрванди корҷӯй ва бекор ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1-уми январи соли 2021 аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 1356 нафар бо ҷойи корӣ фаро гирифта шудаанд, ки аз он 307 нафар бо кори доимӣ, 383 нафар бо кори хонагӣ, 595 нафар бо ҷойи кори мавсимӣ ва 71 нафар бо шуғли соҳибкорӣ таъмин карда шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷӯён 10 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронида шуда, тавассути ин ярмаркаҳо 78 нафар корҷӯён ва бекорон бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин гашта, 149 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ дастгирии табақаҳои камбизоат ва маъюбону ятимон мебошад. Дар шаҳр 3 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият дошта, шумораи бошандагон ба 1-уми январи соли 2021 772 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, дар ин давра барои пешгирии бемории сироятии Ковид-19 ба 5617 оилаи камбизоат ва маъюб 2,4 миллион сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт шудааст.

Кишоварзӣ ва истифодаи замин

Дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони шаҳр ба маблағи 773,8 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол кардаанд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 101,8 дарсад таъмин гардид.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи растанипарварӣ 562,1 миллион сомонӣ ва дар соҳаи чорводорӣ 211,6 миллион сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш мутаносибан ба 102,1 ва 121,6 дарсад баробар гардид.

Баҳри таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои кишт барои ҳосили соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр дар майдони 19 ҳазору 259 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки аз он 12 ҳазору 300 гектар ба хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ ва 6 ҳазору 959 гектар ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд. Дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ майдони кишти ғалладонаи тирамоҳӣ 3 ҳазору 658 гектар ва замини кишти зироатҳои баҳорӣ 2 ҳазору 307 гектарро ташкил намуда, нақшаи дурнамои кишти баҳорӣ 103 фоиз иҷро гардидааст. Ҳамагӣ дар майдони 5 ҳазору 167 гектар ғалладонагиҳо (бе ҷуворимаккаи дон) кишт гардид, ки аз он 4 ҳазору 427 гектарро кишти гандум ташкил медиҳад.

Дар соли 2020 кишоварзони шаҳр дар майдони 1214 гектар пахта, 630 гектар картошка ва 2 ҳазору 259 гектар сабзавот кишт карданд.

Соли 2020 дар шаҳр истеҳсоли сабзавот 60 ҳазору 407 тонна, картошка 9 ҳазору 646 тонна, полезӣ 3 ҳазору 314 тонна, мевагиҳо 20 ҳазору 42 тонна, ангур 27 ҳазору 862 тонна, гӯшт 6 ҳазору 428 тонна, шир 27 ҳазору 645 тонна, тухм 32,3 миллион дона ва асал 40,2 тоннаро ташкил намудааст, ки нисбат ба соли 2019 сабзавот 3 ҳазору 88 тонна, полезӣ 282 тонна, гӯшт 1 ҳазору 336 тонна, шир 473 тонна, тухм 21,3 миллион дона, асал 1 тонна зиёд гардид.

Истеҳсоли ғалладонагиҳо 26 ҳазору 842 тонна, аз ҷумла гандум 15 ҳазору 162 ҳазор тонна ба ҳисоб гирифта шуда, нисбат ба ҳамин даври соли сипарӣ мутаносибан 670 тонна афзоиш ёфтааст.

Ҷиҳати иҷрои «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020» бунёд намудани 2 ҳазору 966 гектар боғу токзори нав, аз ҷумла 1 ҳазору 164 гектар боғи ангур ба нақша гирифта шуда, дар ин замина қарори дахлдори раиси шаҳр ба тасвиб расидааст.

Мувофиқи дурнамо соли 2020 дар масоҳати 2 ҳазору 966 гектар бунёди боғу токзори нав пешбинӣ гардида, то ин марҳала дар 2 ҳазору 77 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст.

Ҳамзамон, бо мақсади таъмини аҳолии шаҳр бо меваю сабзавоти тару тоза дар давраи зимистон 9 гармхона дар самти парвариши сабзавот ва 4 гармхона дар самти парвариши лимӯ фаъолиятро ба роҳ мондаанд. Майдони умумии кишти сабзавот дар гармхонаҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии шаҳр ба 6 гектар расонида шудааст, ки аз он 2,6 гектар помидор, 2,4 гектар бодиринг ва 1 гектар дигар зироатҳо мебошад.

Саноат ва энергетика

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки аксарияти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр нисбат ба соли гузашта мусбат арзёбӣ гардида, рушди устувори иқтисодию иҷтимоии шаҳр таъмин гардидааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2020 ба 261,7 миллион сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш бо дарназардошти нархҳои амалкунанда дар сатҳи 107,4 фоизи ҳамин даври соли сипаригашта таъмин гардид. Дар даври ҳисоботӣ аз 74 корхонаи саноатӣ фаъолият намуданд.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои муассир дар самти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуда, дар соли 2020 истеҳсоли гӯшти паранда ба 462,4 тонна (100%), маҳсулоти ширӣ ба 115,3 тонна (149%), шири безараргардонидашуда ба 106,6 тонна (100%), қубурҳои металлӣ ба 1808 тонна (136%), профилҳои оҳанӣ ба 5136,6 тонна (100%) расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2019 мутаносибан аз 100 то 150 дарсад зиёд мебошад.

Дар соли 2020 дар шаҳр 11 корхонаву коргоҳи нав бо 230 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Корхонаҳо асосан дар соҳаҳои саноати масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ ва дӯзандагӣ таъсис дода шуда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуда истодаанд.

Боиси ифтихор аст, ки коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар назди ҶСК «Авитсенна», корхонаи бастубанди ҷуворимакка ҶДММ «Ситабр-Агро» ва корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Комрок Интернейшнел» бо иштироки Пешвои миллат ифтитоҳ ёфта, ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи саноат мусоидат менамояд.

Дар соли 2020 шабакаи барқи шаҳр ба миқдори 346 миллион килловат соат нерӯи барқ ба маблағи 81,7 миллион сомонӣ қабул намуда, ҷамъоварии маблағ дар соли 2020 ба маблағи 67,1 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки 82,1 дарсадро ташкил медиҳад. Барқи истифодашуда дар ин давра аз ҷониби аҳолӣ маблағи 48,1 миллион сомониро ташкил намуда, пардохти маблағ ба 42,6 миллион сомонӣ, ё ин ки 88,6 дарсад баробар гардидааст ва нисбат ба соли 2019 пардохти барқ аз ҷониби аҳолӣ 18,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соли 2020 дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию истеҳсолӣ тадбирҳо андешида шуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 56,2 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шудаааст. Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ дар ин давр дар ҳаҷми 84,4 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки мутаносибан баробари 396,7 ва 144,8 дарсади нишондиҳандаи соли сипаригашта мебошад.

Илова бар ин, корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 77,1 миллион сомонӣ иҷро гардида, ба маблағи 111,1 миллион сомонӣ корҳои пудратӣ ба итмом расидааст. Дар соли 2020 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 33,4 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин даври соли гузашта дар сатҳи 223,5 фоиз таъмин гардид.

Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми майи соли 2018, таҳти рақами АП 1059“Дар бораи ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатииҶумҳурии Тоҷикистон” ва баҳри бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ин санаи таърихӣ дар шаҳр 767 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда дар давраи  ҳисоботӣ 422 иншоот сохта ба истифода дода шуд, ки аз он дар соли 2018 — 47 иншоот, дар соли 2019 — 157 иншоот ва дар соли 2020 — 218  рост меояд.

Ба ғайр аз нақша-чорабинӣ, давоми соли 2021 дар рӯзҳои Наврӯзи ҷаҳонӣ боз 111 иншоотҳои гуногуни сохташуда, ба истифода дода мешавад.

230 иншооти гуногуни сохташаванда, то ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода хоҳанд шуд. Ба ғайр аз 767 иншооти ҷашнӣ иловатан дар тамоми 12 ҷамоати деҳот 169 синфхонаи иловагӣ, 38 бунгоҳи тиббӣ, 34 майдончаи варзишӣ, 3894 дона ивазкунии симчӯбҳои фарсуда, 293 ҳазору 560 метр ивазкунии ноқилҳои барқӣ, 153 дона трансформаторҳои барқӣ, 20 ҳазору 834 метр асфалткунии роҳҳо, 266 ҳазору 509 метр сангрфаркунии роҳҳо, шинондани 19 ҳазору 548 дона дарахтони ҳамешасабз, 32 ҳазору 25 метр латоку бетонкунии ҷӯйборҳо, насби 4035 симчӯби равшанкунандаи кӯчаҳо, кандани 62 чоҳи амудии нав, кашидани 98 ҳазору 529 метр хатҳои оби нушокӣ, 185 ҳазору 510 метр ҷӯйю каналҳо аллакай тоза карда шудаанд.

Дар баробари сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ дар ҳудуди шаҳр корҳои ободонию созандагӣ, аз қабили иваз намудани симчӯбу ноқилҳои  барқӣ сангфаршкунӣ ва бетонпушкунии кӯча ва роҳҳои деҳаҳо, таъмиру рангуборкунии деворҳои хонаҳои баландошёна ва деворҳои хонаҳои истиқоматӣ  дар шаҳраку деҳот босуръат идома дорад.

Аз ҷумла, то давраи ҳисоботӣ 129 км роҳҳо сангфарш, 8,4 киллометр кӯчаву роҳҳои деҳаҳо бетонпӯш, дар масофаи 17,1 киллометр асфалтпуш карда шуда, дар  соли 2021 низ  мувофиқи нақша аз ҷониби соҳибкорон ва аҳолӣ  зиёда аз 30 киллометр роҳҳоии маҳаллаҳо асфалтпӯш карда мешаванд. Инчунин, 141 адад сутуни равшанидиҳанда, 1200 метр қубури обгузар ва дар масоҳати 2,4 киллометр ҷуйборҳои бетонӣ насб карда шуданд.

Бо мақсади  боз  ҳам вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар бораи эълон намудани 300 рӯзи ободонӣ қарори раиси шаҳри Ҳисор аз 11-уми январи соли 2021 таҳти рақами 3 ба тасвиб расидааст.

 Илм ва маориф

Дар самти иҷтимоиёт махсусан, рушди соҳаи маориф, фарҳанг таъмини ҳифзи тандурустии аҳолӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ташвиқи арзишҳои миллӣ, ки самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату ҳукуматамонро ташкил менамоянд, дар давраи ҳисоботи корҳои муайяне роҳандозӣ гардидааст.

Дар 138 муассисаи таҳсилоти умумӣ, гимназияю литсейҳои шаҳр 74 ҳазору 154 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Шумораи омӯзгорони шаҳр 4430 нафар буда, аз онҳо 2577 нафар бо таҳсилоти олӣ, 243 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 1569 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус фаъолият мебаранд. Илова бар ин, шумораи омӯзгорони маълумоти олидошта зиёд гардида, 52 фоизи шумораи умумии омӯзгоронро ташкил намудаанд.

Бо мақсади пурра ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон дар соли 2020 зиёда аз 80 синфхонаи иловагӣ, як бинои нав барои 120 нафар кӯдак дар назди муассисаи томактабии “Садбарг” ва бинои муассисаи томактабии хусусии “Кабутар” барои 250 нафар кӯдак сохта ба истифода дода шудааст.

Айни замон, дар назди муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр корҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва сохтмонӣ дар 87 адад синфхонаҳои иловагӣ идома дошта, то ҷашни 30-солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд.

Таъмини иҷрои Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳти назорати доимӣ ва айни замон дар муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр 1744 адад компютер ва 377 адад принтер мавриди истифода қарор доранд.

Дар муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр 180 адад кабинети фанҳои табиӣ-риёзӣ, 659 адад синфкабинет, 73 адад проектор, 46 адад тахтаи электронӣ, 1768 адад компютер, 105 адад лаборатория мавҷуд мебошад.

Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ 10 нафар хонандагони шаҳр сазовори медал гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта 6 нафар зиёд мебошад.

Соҳаи тандурустӣ

Дар  муассисаҳои сохтори  госпиталии шаҳр 8 беморхона ва 2 беморхонаи минтақавӣ фаъолият дошта, дар муассисаҳои мазкур 578 кат мавҷуд мебошад.

Дар муассисаҳои мазкур 114 нафар табиб, 519 нафар ҳамшираи миёнаи тиббӣ, 272 нафар ҳамшираи хурди тиббӣ ва 107 нафар дигар кормандони тиб ба мардум хизмат мерасонанд.

Вобаста ба авҷи бемории сироятии “COVID-19” дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми марти соли 2020, таҳти рақами АП-1365 “Дар бораи ташкили чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши касалиҳои сироятӣ амри раиси шаҳри Ҳисор аз 20-уми марти соли 2020, №46 ба тасвиб расида, ситодӣ шаҳрӣ таъсис дода шуда, 6 маротиба ситодҳои корӣ гузаронида, барои назорати доимӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар  маркази  саломатии шаҳрӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  ва дигар шаҳру ноҳияҳо ҳамарӯза соатҳои 7-и субҳ ва 17-и бегоҳӣ тариқи видео- онлайн суҳбатҳои мутахасисони соҳа ва натиҷагири аз ҷараёни корҳо анҷом дода мешавад.

Ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти коронавируси “COVID-19” барои харидорӣ ва захира кардани маводи лозима, аз қабили маҳлулҳои антисептикӣ, хлори хока ва обӣ, дастгоҳҳои безараргардонии дастӣ харидорӣ гардида, таъмини ҳайати шахсӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо сохторҳои дахлдори шаҳр бо мақсади риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, худдорӣ кардан аз мулоқоти наздик ва тамоси бевосита, таъмини ҳолати санитарию эпидемиологии хонаҳои истиқоматӣ, пӯшидани ниқоб ва дарёфти шахсони ҳароратбаланд ва нишонаҳои бемориҳои шадиди роҳҳои нафасдошта, аз ҷониби гуруҳҳои корӣ бо усули “Хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

 Кор бо ҷавонон ва варзиш

Айни ҳол дар шаҳр 231 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 2 варзишгоҳ, 126 майдончаи варзишӣ, 99 толор, 3 ҳавзи шиноварӣ ва 1 маҷмааи варзишӣ фаъолият доранд. Дар соли 2020 дар маҷмӯъ 7 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 2 толори варзишӣ, 4 майдончаи варзишӣ ва 2 ҳавзи шиноварӣ аз ҳисоби соҳибкорон мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар сатҳи шаҳр мусобиқаҳо гузаронида шуда, аз рӯйи натиҷаҳои мусобиқаҳои шаҳрӣ дастаи варзишгарони шаҳр барои иштирок дар мусобиқаҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, соҳиби 481 медали тилло, 233 медали нуқра ва 289 медали биринҷӣ гардиданд.

Ба гуфтаи узви Маҷлиси миллӣ раиси ноҳияи Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода:

“Гарчанде, шаҳри Ҳисор таърихи беш аз сеҳазорсоларо доро бошаду дар гузашта бо номҳои Шумон, Ҳисори Шодмон ва ғайра машҳури олам бошад ҳам, тӯли ин таърих касе барои ин шаҳр хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро на ин ки барои ин шаҳри бостонӣ, балки барои кулли Тоҷикистони азиз ва ин миллати бузург накардааст, чунки маҳз ин абармарди миллат буданд, ки дар мушкилтарин вақт барои ин давлату миллат зимоми давлатдории кишвари тозаистиқлолро ба даст гирифта, метавон гуфт, чун меъмори эҳёи ин давлат кулли институтҳои давлатдориро аз сирф бунёд намуда, давоми 30 сол кишварро, ки дар вартаи нестшавию ҷангҳои дохилӣ қарор дошт, ба яке аз давлатҳои амнтарини сайёра табдил доданд. Гузашта аз ин, имрӯз Тоҷикистони азиз пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, он рӯз дур нест, ки бо ба иҷро расидани ҳадафи чоруми стратегӣ  — саноатикунонии босуръати кишвар, кишвари мо дар қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор хоҳад гирифт. Пешвои миллат аз ҳар роҳбару вазиру кабир ҳамеша хизмати содиқона ба давлату миллатро талаб мекунанд. Ин аст, ки имрӯз дар Ҳисори Шодмон тамоми мардум аз пайи ободонӣ буда, то ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар маҷмуъ бояд тибқи нақша-чорабинӣ 767 иншооти ҷашниро сохта ба истифода диҳем, вале гарчанде, ки аллакай беш аз 8% иншоотро пурра мавриди истифодабарӣ қарор додем, аммо иловатан боз дар ҳудуди 12 ҷамоат беш сад иншооти дигар сохта истодаем.

Кулли мардуми шаҳру деҳоти Ҳисори Шодмон аз баракати Истиқлол шодмон буда, ба Пешвои муаззами худ арҷ мегузоранд.”

С. Ҳайдар,
МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here