Коршиносон мегӯянд, ки ташкили ин намуди хизматрасонӣ метавонад то 90 фисад сатҳи фасодро коҳиш диҳад. Аммо Тоҷикистон барои ин низом чӣ имконе дар ихтиёр дорад?
«Ҳукумати электронӣ низоме мебошад, ки ҳамаи мақомоти давлатиро муттаҳид намуда, ба онҳо шароит фароҳам меорад, то бо истифода аз шабакаи компютерӣ гардиши ҳуҷҷатҳои электронии байниидоравиро таъмин созанд, ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хизматрасониҳои давлатӣ пешниҳод кунанд ва ё арзу шикоятҳои онҳоро баррасӣ намоянд».
Парвина Ибодова — раиси Ассосиатсияи интернет-провайдерони Тоҷикистон моҳияти ин равандро дар яке аз суҳбатҳояш чунин тавзеҳ додааст: “Ҳукумати электронӣ — ин як фазо, як системае ҳаст, ки мардум аз тариқи интернет ва дигар воситаҳои электронӣ бо ҳукумат робита мекунанд, аз фаъолияти вазорату ниҳодҳо иттилоъ мегиранд. Барои мисол, пардохти пули об, газ, барқ ва ғайраро аз тариқи интернет анҷом медиҳанд ва ҳатто метавонанд тариқи интернет ба идораи дахлдор иттилоъ пешниҳод карда, шаҳодатномаи таваллуди фарзанд ва ё шиносномаи худро бидуни саргардонӣ ва навбатпоиҳо бигиранд”.
Ба гуфти роҳбари Маркази ҷумҳуриявии ташаккули маърифатии зиддикорупсионии Тоҷикистон Алиакбар Абдуллоев, асли ҳукумати электронӣ ба он равона шудааст, ки “омили инсонӣ” дар муносибатҳо коҳиш меёбад, ё аз байн мераваду ҳамин тавр заминаҳо барои фасод аз байн мераванд: “Маълум аст, ки вақте корафтода бо хизматчии бевиҷдони давлатӣ вомехӯрад, албатта пора пешниҳод мекунад. Ин мансабдор барои ҳамин корафтодаро бо баҳонаҳои гуногун водор менамояд, ки ба ришвадиҳӣ омода шавад. Бо дарназардошти ин, Гурҷистон, ки қаблан фасодзадатарин ҷумҳурӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт, имрӯз бо ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ ин падидаи номатлубро аз байн бурд”.
Намояндагони сохторҳои мубориза бо фасод дар Тоҷикистон низ ба ин назаранд, ки бо роҳандозии ин усули кор имкон дорад сатҳи фасод дар кишвар бамаротиб коҳиш дода шавад.
— Ман мутмаинам, ки агар дар Тоҷикистон идораҳои хизматрасонии пулакии назири САҲШ, БДА, мизҳои шиносномадиҳӣ ва дигарон ба низоми электронӣ гузаранд, сатҳи коррупсия 90-95 фоиз коҳиш меёбад,- иброз намуд сарнозири Раёсати муносибатҳои байналхалқӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Маҷидӣ дар маҳфили журналистикаи иқтисодии «Тавозун».
Президент Эмомалӣ Раҳмон низ дар паёму вохӯриҳои мухталифи худ ҳамеша таъкид менамоянд, ки бояд ҳарчи зудтар ба ин низом гузашт. Зеро, «дар марҳилаи имрӯза бо истифода аз усулҳои «Ҳукумати электронӣ» ҳарчи васеътар ҷорӣ намудани коргузорӣ ва ба сатҳи сифатан нав бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад”.
Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон барои роҳандозӣ намудани ин механизми кор қадамҳои аввалини худро гузошта истодааст. Дар ин самт «Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронии ҶТ”, Қонун «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» қабул шуда, ба ҷуз он дар фасли дуюми «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар ҶТ барои солҳои 2013 -2020 » низ ташаккули ҳукумати электронӣ ва дастрасӣ ба иттилоот махсус зикр шудааст.
Ба гуфтаи масъулини Палатаи ҳисоби ҶТ, имрӯз танҳо дар се ниҳод — андоз, гумрук ва молия ҷузъиёти ба низоми электронӣ гузаштан идома дорад, ки дар натиҷа имконоти коррупсионӣ бамаротиб кохиш ёфтаанд.
Сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ мисолҳои мушаххасе дар ин маврид пешниҳод намуд. Ӯ мегӯяд, ки масалан дар бахши андоз соли 2017 агар 28 ҷиноят ба қайд гирифта шуда бошад, соли сипаригашта он 6 адад камтар шуд. Дар сохтори гумрук бошад, ҷинояти коорупсионӣ дар соли 2018 то 50 фисад назар ба соли 2017 камтар гардид.
Бино ба маълумоти сомонаҳои интернетӣ, кишвари ба мо ҳамсарҳаду ҳамсоя — Ӯзбекистон аз рӯзи ба даст овардани истиқлолият ҷорӣ намудани ҳукумати электрониро зарур донист ва имрӯз аллакай 68 фисади хизматрасонии давлатии он электронӣ шудааст. Дар ин кишвар Портали ягонаи хизматрасониҳои интерактивии давлатӣ ташкил шуда, ҳам кори мардумро сабуку дастрас намуд, ҳам сатҳи ришвахории мансабдоронро коҳиш дод.
Тибқи маълумоти расона ва созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои аз ҳама пешрафта дар ин замина инҳо маҳсуб меёбанд: ИМА, Германия, Австрия, Корея, Эстония.
Дар Гурҷистон, ки яке аз кишварҳои муваффақи пасошӯравӣ дар мубориза бо коррупсия ба ҳисоб меравад, таҳти унвони «Дом юстиция -это Ваш дом » ниҳоди вижа таъсис додаанд. Дар он тамоми хизматрасониҳои давлатӣ муттамарказ буда, дар муддати хеле кӯтоҳ мардум метавонанд тариқи интернет ҳуҷҷатҳои лозимаро ба даст оранд.
Масъули Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон Раҷабмурод Толибов мегӯяд, ки “дар кишвари мо низ таъсиси портали ягонаи хизматрасонии давлатӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло баррасии Қонун “Дар бораи хизматрасонии давлатӣ” идома дорад”.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон ба ин назаранд, ки яке аз роҳҳои зуд даст ёфтан ба ҳукумати электронӣ — ин дастрасии арзону сифатнок ба интернет дар кишвар аст. Мутаассифона, айни замон дар ин бахш Тоҷикистон муваффақияти зиёдро соҳиб нест, чун аз маълумоти расонаи интернетӣ, аз 15 то 40 фисади аҳолӣ дастрасӣ ба интернет доранд ва аз рӯи суръат он тибқи таҳқиқоти ташкилоти хориҷии Speedtest Global index аз моҳи январи соли ҷорӣ дар ҷои охирон, яъне 137, баъди Ҷумҳурии Афғонистон аст. Аз ҷиҳати қимматаш бошад, бино ба таҳлили ташкилоти Worldwide mobile data pricing, бо арзиши $ 4,84 барои як Гегабайт дар ҷои 103-юм байни 230 давлати дунё қарор дошта, миёни Иттиҳоди давлатҳои мустақил бошад, мақоми пеш аз охирро соҳиб шудааст.
Мадина ПОЧОЕВА