Ватан, бо шунидани исмат вуҷудамро ҳиссиёте фаро мегирад, ки гӯё аз нав зинда мешавам. Ва танҳо боиси таппиши қалбам туӣ. Дар роҳи садоқатат кӯшиш менамоям, то нохалафе қадам ба хоки покат нагузорад. Ҳамеша аз зебоиву сарсабзиат сухан мегӯям, то абадӣ зебо бошӣ.

Имрӯз, ки дар фазои сулҳу субот, ваҳдату истиқлолият зиндагӣ дорем, ин вазифаи мост, ки чун гавҳараки чашм аз ту муҳофизат намоем. Замоне буд, ки нохалафон туро озор доданд. Мардуми Тоҷикистон марҳалаи вазнини солҳои аввали истиқлолиятро паси сар намуда, баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пайваста талош меварзанд. Асоси мустаҳкамӣ амалӣ намудани тадбирҳои созандаву бунёдкориҳо, ҳукмфармо будани сулҳу салоҳ дар ҷомеа, якдигарфаҳмӣ ва якдилии мардум, ҳамзистии ҳамаи сокинон ба шумор меравад. Дар музаффариятҳои бадастомада ҳиссаи Қувваҳои Мусаллаҳ басо назаррас аст, зеро Артиши миллӣ кафили боэътимоди соҳибистиқлолӣ, бехатарии кишвар ва ягонагии марзу бум маҳсуб меёбад. Албатта, давлати соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, соҳиби Артиши миллӣ ва қувваҳои мусаллаҳ шуданаш лозим аст. Артиши миллӣ дар роҳи ҳифзи истиқлолият, таъмини якпорчагии мамлакат, ҳимояи осоиштагӣ ва меҳнати бунёдкоронаи мардум, тарбияи ватанпарастии ҷавонон нақши муҳим мебозад. Фарзандони қаҳрамонатро ҳалок сохтанд. Аз миёни қаҳрамононат фарзандони фарзонаат дар талош буданд, то туро обод созанд ва ҳамеша ободат бинанд. Шояд баъзеашон ваҳдату ягонагиатро надиданд, аммо туро соҳибистиқлол сохтанд. Вақте ки сухан дар бораи ҳифзи Ватан меравад, беихтиёр қиссаҳо оид ба корномаи Шераку Спитамен, Абӯмуслиму Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ ва дигар қаҳрамонон ба ёдамон мерасанд. Темурмалик Ватанро чӣ гуна дӯст медошт, меҳри ӯ нисбат ба меҳан чӣ гуна буд?! Ӯ чӣ қадар барои ҳимояи Ватан ранҷу заҳмат кашид, барои аз хоки Ватан несту нобуд кардани душман бо шариконаш ҷонбозиҳо кард, барои сарпаст намудани душман хуни гарми хештанро дареғ надошт. Дар муҳорибаҳо ба душман рӯ ба рӯ истода, муқовимат нишон дод, охирин қатраи хунашро барои озодии Ватан нисор кард. Эҳсоси ин корнамоиҳо, донистани роҳи пуршарафи аҷдоди қаҳрамонамон, ҷасорату садоқати онҳо нисбат ба Ватан боис мегарданд, ки дар қалби ҳар як ҷавонмарди тоҷик муҳаббат нисбат ба Меҳан, ҳимояи марзу буми кишвар аз хурӯҷи қувваҳои беруна ба маротиб боло равад.

Ватан, маро дар оғӯши гармат ба камол расонидӣ. Ба ман илм омӯхтӣ. Тамоми бурду бохтам дар канори ту буд. Билохира, маро омӯзгор намудӣ, то ба фарзандони азизат илму адаб омӯзонам. Дар ҷодаи ватандориву ватандӯстӣ, сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ ҳимоятгарашон бошам. Ва махсусан, аввалин вазифае, ки ба дӯшам гузоштӣ, ин буд, ки ба қаҳрамононат омӯзонам, ки Ватан чӣ маъно дорад.

На ҳар шаҳрванде, ки дар дохилат зиндагӣ менамояд, маънои туро дарк месозад. Ватан ишқу муҳаббат аст, ишке, ки болотар аз ҳама чиз ва муҳаббате, ки бепоён аст. Сазовортар аз он ҳастӣ, ки мешуморамат.

Зикри дили ман ҳамеша номи Ватан аст,

Авроди забони ман каломи Ватан аст.

Ман восифи ишқи Ватани маҳбубам,

Феҳристи китоби ман мароми Ватан аст.

Васфи ту чандон бузург аст, ки бо чандин ҳарф ба итмом намерасад, бо иброз сохтани ҳиссиёте поёнпазир намегардад. Ман омӯзгорам ва ин вазифаи ман аст, ки шогирдонам, яъне фарзандонатро дар ишқи ту тарбия созам. Бо Ватан буданро барояшон омӯзонам. На танҳо инҳо, балки ба онҳо фаҳмонам, ки сутуни мамлакатанд. Танҳо фарзанди ин ватан нестанд, онҳо пояи ин кишваранд. Агар яке аз онҳо ба шикасте дучор шавад, боқимонда низ оҳиста-оҳиста аз байн мераванд.

Мо — омӯзгорон бояд ҷавононро, ки қишри фаъоли ҷомеа ҳастанд, дар руҳияи ватандорӣ тарбия намоем ва сафи ошиқони ватанро зиёда гардонем. Ҳар он вақте, ки якеро тарбияи нодуруст медиҳем, гӯё нисфе аз мамлакатро рӯ ба завол мениҳем. Оромиву шукуҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ватандории ҳар як сокини он вобаста acт. Aгар Ватан орому осуда буда, дар саросари он cyлҳу субот ҳукмрон бошад, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум меафзояд.

Гулнигор НЕКУШОЕВА,

омӯзгори МТМУ №100, ноҳияи Шоҳмансур

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here